Сурхондарё яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, маркази он шаҳри Термиз аст. Вилоят дорои 13 ноҳия аст: Ангор, Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Музработ, Олтинсой, Сариосиё, Термиз, Узун, Шеробод, Шӯрчӣ, Қизириқ, Қумқӯрғон. Дар ин вилоят ҳамчунин 8 шаҳрак ба мисли Бойсун, Деҳнав, Ҷарқӯрғон, Термиз, Шарғyн, Шеробод, Шӯрчи, Қумқӯpғон низ мавҷуд аст, ки онҳо тобеи ноҳияҳо мебошанд. Дар аксари ин ноҳияҳо ва шаҳру шаҳракҳо тоҷикон ва ӯзбекон ҳам ҷудогона ва ҳам дар омехтагӣ зиндагӣ мекунанд.

 

Имрӯзҳо наврӯз дар тамоми вилояти Сурхондарё дар байни ҳамаи миллатҳо, дар ноҳияҳо, деҳаҳои куҳистон низ бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Аксари оинҳои асосии наврӯзӣ дар ин вилоят низ амалӣ мегардад.

Нахусти муждаи расидани Наврӯз ин шукуфтани аввали гули баҳорӣ мебошад. Онро тоҷикон ва ӯзбекони Сурхондарё гули наврӯзӣ, гули сияҳгӯш, гули зард, гули дегшиканак, бойчечак мегӯянд. Маъмулан ҳар касе, ки як навъи ин гулро мебинад зуд ба дигарон хабар медиҳад, ки гули баҳориро дидам. Баробари шунидани ин хабар наврасан ва ҷавонон ба саҳро ва теппаҳо мераванд. Гулҳои навшукуфтаро чида дар ҳар минтақа, гузарҳо ва деҳаҳо сурудхонон мегарданд ва мардумро огоҳ менамоянд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст.

Тавре ки Н.Нурҷонов ҳангоми кори майдонӣ ба ноҳияҳои Сурхондарё рафта, мавод ҷамъ овардааст ва ҳамчунин мо низ аз мардум пурсон шудем дар ноҳияи Сариосиё дар аввали садаи бист чунин одат будааст, ки чанд тан аз муллобчаҳо, наврасон ва ҷавонон пеш аз сурудхонии наврӯзӣ ба ҳозирин чунин мегуфтанд: «Баҳори нав омад, дилшод бошетон! Мо барои шумо «Баҳор омад» мехонем. Ба кору бори деҳқонии ҳама Худо баракат теяд. Омин облоҳ акбар!». Баъдан онҳо ин суруди наврӯзиро бо садои дилнишин месароидаанд:

Яккахон:

Сано гӯем, сано гӯем,

Аввал номи Худо гӯем.

Ба пайғамбар дуо гӯем,

Баҳори нав муборак бод!

Ҳама:

Кушодӣ бод, кушодӣ бод,

Кушодиҳо шуморо бод.

Ки ғам бар душманон резад,

Баҳори нав муборак бод!

Яккахон:

Ба номи қодири якто,

Замин чун бесутун барно.

Замину осмон як ҷо,

Баҳори нав муборак бод!

Ин суруд бо вариантҳояш дар ноҳияҳои дигар низ будааст. Аз ҷумла дар деҳаи Синаи ноҳияи Деҳнав суруди мазкурро то солҳои 80 садаи бист, андаке бо тағйирот, месароидаанд. Дар ноҳияи Бойсун ҳамин суруд ва ҳамчунин суруди «Бойчечак»-ро, ки матни он хеле машҳур аст сароида, наврасон мардумро аз омадани баҳор огоҳ месохтанд. Дар деҳаҳои Пасурхӣ, Бибиширин, Кӯчкак, Авлод, Сариосиёи ноҳияи Бойсун наврасон, ҷавонон гоҳе мардони миёнсол субҳи барвақт подаро ба саҳро мебурданду бегоҳӣ аз дашту теппаҳои Ҷаҳоннамо, Навчакка, Чашмилоло, Осмони Абдулло, Сафедхокӣ, Қӯрғондара, Сойдара нахустин гулҳои наврӯзӣ, ҳатто баъзе гиёҳҳои хӯрданиро чида ҳамроҳи пода баргашта, «баҳор омад, баҳор омад, себанчӣ (мужда) тед (диҳед) баҳор омад» гӯён мардумро аз расидани баҳору Наврӯз огоҳ менамуданд. Дар деҳаҳои дигари Бойсун-Сайроб, Панҷоб, Дарбанд низ муждарасони баҳору наврӯз наврасону ҷавонон буданд. Дар деҳаҳои Деиболо (Деҳиболо), Қӯрғонча, Ҳавз, Назарӣ, Аалчапон ҳам наврасон ва ҳам чӯпононе, ки нахустин гули шукуфтаро медиданд аз омадани баҳору Наврӯз мардумро огоҳ менамуданд. Пас аз паҳн шудани хабари омад-омади баҳор мардум ба такопӯ медаромаданд.

Пеш аз ҳама мардҳо дастаҷамъона аз тариқи ҳашар ба тоза кардани ҷуйборҳо ва тамоми муҳит мепардохтанд. Даруни хонаи худро, ки дар зимистон аз дуди печка сиёҳ шуда буд, тоза мекарданд. Ҳавлиҳоро ба тартиб медароварданд. Аз хокканҳо хоки махсуси сафед оварда, ҷойҳои кафидаи даруну беруни хонаҳо, оташдон, дегдон ва деворҳоро андова мекарданд. Ба ин васила барои пешвози Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Ба бозор рафта, бо супориши занҳои хона либосворӣ мехариданд ва баъд то рӯзи ба сайл (сайр) баромадан барои фарзандон либос медӯхтанд. Ҳар зан кӯшиш менамуд, ки барои тамоми аҳли хонавода либосҳои нав таҳия намояд.

Дар ноҳияҳои Сурхондарё аз охири моҳи феврал омодагӣ ба Наврӯз оғоз мешуд. Мардум кӯчаҳо, қабристонҳо, боғҳо, ҳавлиҳоро поккорӣ намуда, дарахтонро аз буттаҳои зиёдатӣ тоза мекарданд. Таги току ниҳолу дарахтҳоро пойбел карда, ғизо медоданд. Кори ҳашару тамиз намуданро мардум бо муҳаббат ба анҷом мерасониданд. Ҳангоми кор ба якдигар ёрӣ медоданд. Мӯйсафедон низ ба ҳашар мебаромаданд, вале ҷавонон намегузоштанд, ки онҳо кор кунанд. Онҳо дар раванди корҳои омодагӣ ба пешвози Наврӯз ҷавононро роҳнамоӣ мекарданд. Масалан, пиронсолон барои наврасону наҷавонон истифодаи дурусти бел, досткала, дукордаи токбурро меомӯзониданд ва задании шохҳои зиёдатии дарахтонро ёд медоданд. Ба ин тариқ онҳо низ «ин тавр кун», «ин хел гир», «дар он ҷо мон» гӯён мувофиқи нерӯи худ ҳашарчиёнро роҳнамоӣ менамуданд.

Дар ин муддат занон низ аз як тараф барои ҳашарчиён хӯрок мепухтанд. Аз тарафи дигар дегу дегдону танӯру оташдонро тамиз карда, тамоми ашёи хонаро ба берун бароварда, офтоб медоданд ба истилоҳи тоҷикони Сурхондарё «хонабарорӣ» мекарданд. Кӯрпа, кӯрпача, болишт, гилем, қолӣ, сандуқ, зарфҳо ҳама чизро ба берун бароварда, шифту сақфи хонаро пурра тоза мекарданд. Ин корҳоро дар рӯзҳои офтобӣ ба сомон расонида, дару тирезаи хонаҳоро аз пагоҳ то бегоҳ кушод мегузоштанд. Баъзе занҳои чолоку чаққон кӯрпаву кӯрпачаи худро канда, шуста, ҷилдашро аз нав карда, пахтаашро ба пахтазанак бурда ё худаш бо собачӯб зада нарм карда, баъдан ба ҷилдаш андохта, медӯхтанд. Чизҳои куҳна ва ҳам навро аз саҳар то бегоҳ ба офтоб мегузоштанд ва мегуфтанд, ки «нағзакак офтоб хӯрад». Тибқи оинҳои суннатии пешин бояд ба соли нав тозаву озода ворид шуд.

Дар гузаштаҳо шахсони камбағал чизҳои чиниворӣ ва сафолии шикастаро ҳатман ба назди қадоқчӣ бурда тармим мекарданд. Ин ҳам як навъ амале буд, ки ба соли нав шикасту рехти мавҷудро дуруст намоянд. Вале мардум кӯшиш менамуданд, ки чизҳои шикастаро ба ҷарӣ бурда партоянд, то дар соли нав бидуни шикаст дароянд.

Дар аксари ноҳияҳои Сурхондарё дар гузашта ба он таваҷҷуҳ менамуданд, ки пеш аз соли нав агар касе қарздор бошад, ҳатман қарзашро канад. Ҷанги бошад, бояд оштӣ шавад. Касеро озор дода бошад, бояд бахшиш пурсад. Бо ин амалҳои нек бовар доштанд, ки одам бояд дар соли нав бидуни кинаву адоват ворид гардад. Ин як навъ боварӣ буд, ки фариштаҳо дар соли нав онҳоро барои зиндагии нек ҳамроҳӣ мекунанд.

То солҳои 60 садаи бист мушоҳида мешуд, ки пеш аз даромади Наврӯз ё соли нав хонаводаҳо ба назди муллоҳои деҳа мерафтанд ва аз вай хоҳиш мекарданд, ки бо заъфарон бо коғази сафеди нафис дуои «ҳафтсалом» навишта диҳад, то дар соли нав корҳояш барор гирад. Мулло бо эҳтиёту ҳарос (чун замони Шӯравӣ буд) дар коғази нафиси тозаи ҷилодор бо заъфарон чанд дуову ояте менавишту ба шахси талабгор медод. Он шахс он коғазро гирифта, ба шаби даромади соли нав ба як коса оби зулоли чашма тар мекард. Об ранги заъфаронӣ мешуд ва аҳли хонавода бо навбат то се қулт аз он об мехӯрданд. Ин амалро ба умеди он мекарданд, ки дар соли нав дуои неки «ҳафтсалом»-и дар коғаз бо заъфарон навишташуда, гӯё мадагор мешуд. Занҳои хурофотпараст талош менамуданд, ки фарзандонашон ҳатман аз ин оби дуои «ҳафтсалом» бинӯшанд. Яке аз оинҳое, ки дар баъзе деҳоти тоҷикони Сурхондарё ба хусус дар Бойсун вуҷуд дошт, ин аз «русто» ба «боғ» кӯчидан буд. Ин оинро дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун «боғкӯчӣ» мегуфтанд, ки то охири солҳои шаст вуҷуд дошт. Дар ин ҷо «русто» ба маънои макони зиндагии зимистонӣ, «боғ» ба мафҳуми макони зиндагии тобистонӣ аст.

Баробари шукуфтани нахустин гулҳои наврӯзӣ ва расидани муждаи баҳорӣ мардум аз ҳавлӣ ба боғ мекӯчиданд. Онҳо аввал дар 3-4 рӯз дар боғ шароити зистро муҳайё менамуданд. Боғро ҳамаҷониба тоза мекарданд. Хонаю суфаҳояшро адова карда, барои зиндагӣ омода месохтанд. Баъдан, пас аз 2-3 ҳафта, пеш аз Наврӯз ба боғ мекӯчиданд. Кӯчидан субҳи барвақт сурат мегирифт. Сандуқу борро, ки аз гилему кӯрпаву кӯрпачаву болишту дигар чизҳои рӯзгор иборат аст ба харҳо бор мекарданд. Сипас аз чанд пора ҳезуми арча дар остонаи дарвозаи ҳавлӣ оташ меафрӯхтанд. Баъд аз он ки шуълаи оташ, ки хеле паст мешуд, бо навбат аввал аҳли хонавода, баъдан харро бо бораш, ҳайвонҳои хонагии гову бузу гӯсфандро аз болои он мегузарониданд. То зиёну заҳмату неруҳои зараровар аз танаи онҳо дур шавад ва ҳамроҳи онҳо ба боғ, ба макони нави зиндагӣ наравад. Ин оин то охири солҳои ҳафтод дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсун вуҷуд дошт. Маъмулан аксари хонаводаҳои мардуми деҳаҳои Бойсун Наврӯзро дар боғ пешвоз мегирифтанд.

Тавре ки калонсолони шаҳру ноҳияҳои Тирмиз, Бойсун, Деҳнав, Сариосиё  нақл мекунанд дар солҳои пеш, аввалҳои садаи бист, субҳи барвақти Наврӯз хурду бузург ҳама, қабл аз ҳама гуруҳ-гуруҳ барои шод намудани арвоҳи гузаштагон ба қабристонҳо рафта, дуо мекарданд. Қабрҳои хешовандонро зиёрат намуда «ин қабри фалон», «он қабри фалон», «охирати ҳама ҳамин ҷост» гӯён байни гӯрҳо сайру гашт мекарданд. Чунин боваре буд, ки арвоҳи гузаштагон дар арафаи соли нав аз боло онҳоро мушоҳида намуда, рафтори хешовандонро назорат мекунанд. Барои ҳамин дар сари соли нав мардум ҳатман аввал гӯристонро зиёрат мекарданд ва баъд ба хонаи он касоне мерафтанд, ки азодор буданд. Дар баъзе ноҳияҳо аз хонаи азодор чизе намехӯранд. Пас аз зиёрати қабристон ва бо дуо шод намудани арвоҳи хешовандон, ки ин шояд ҳамон ёди фраварҳои замони бостон бошад, ба сайргоҳ равон мешуданд. Дар рӯзи ҷашн хурду калон бо хонавода, ҷавонон бо гуруҳи худ, духтарон бо дугонаҳояшон даст-даста мерафтанд.

Наврӯз дар вилояти Сурхондарё низ ба мисли ҷойҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар ҷашни иҷтимоӣ аст. Мардум онро берун аз хона ҷашн мегиранд. Агар ба таърих назар намоем, Наврӯз ҳамеша ҳамин фазилати дастҷамъонаи худро гум накардааст. Дар ҳамаи деҳу ноҳияҳои Сурхондарё барои ҷашни Наврӯз мардум бо шодмонӣ ба берун, ба сайргоҳҳо, ба дашту даман, ба доманаи дараву куҳҳо мерафтанд. Дар баъзе ҷойҳо дар замони Шӯравӣ низ Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегирифтанд. Масалан, дар деҳаи деҳаи Нилуи ноҳияи Сариосиёи Сурхондарё тибқи ишорати Н.Нурҷонов Наврӯзро дар нимаи аввали садаи ХХ се рӯз ҷашн мегирифтанд.

Дар баъзе аз ноҳияҳои Аморати Бухоро сайри мардумӣ бо номи «чорсайл» барпо мешуд, ки он то солҳои чилум вуҷуд дошт. Баъдҳо сол то сол суст гашта, аз байн рафт. Аммо дар деҳаҳо ба сайл баромадан боқӣ монд. Ҷашни «Чорсайл» дар минтақаҳои Сурхондарё, аз ҷумла Бойсун, низ баргузор мешуд.

Агарчи Наврӯз ҷашни мардумӣ буду дар он ҳама ба сайлгоҳ (сайргоҳ, наврӯзгоҳ) мебаромаданд, дар ҳар хонавода низ дар рӯзҳои таҷлили ҷашн баъзе оинҳоро иҷро мекарданд. Чанде аз онро, ки то солҳои 70 садаи ХХ вуҷуд дошт ёдовар мешавем.

Яке аз инҳо омодагӣ ба хони наврӯзӣ аст. Дар шаби аввали Наврӯз бояд деги ҳамаи хонавода пур бошад. Аз ин рӯ, як расме бо номи «қазонтӯлдӣ» (калимаи ӯзбекӣ аст, маънояш: «дег пур шуд») вуҷуд дошт. Калонсолон ҳамчун оини мардумӣ чунин шарҳ медиҳанд, ки агар дар шаби даромдаи соли нави наврӯзӣ дег холӣ монад, яъне хонавода ҳамон шаб чизе пухта натавонад, гӯё дар давоми сол Худо ба ин хонавода ризқу рӯзии муносиб намедодааст. Боз дар байни мардум боварии дигар вуҷуд дошт, ки дар дегашон ҳатман гӯшти парандае бошад. Агар ин парандаро шахсан шикор карда, шаби соли нав ба дег андозанд, гӯё корҳояшон тамоми сол мисли паранда пару бол бароварда, иҷро мешудааст. Аз ин рӯ, мувофиқи боварҳои мардумӣ дар Бойсун, ки дар доманаи куҳ аст, ҳар хонавода кӯшиш мекард, то худаш парандаеро шикор карда, ба деги наврӯзиааш андозад. Ин амал ва эътиқод то солҳои шаст дар байни мардум роиҷ буд. Хонаводаҳои зиёди деҳаи Пасурхӣ ин амалро анҷом медоданд. Агар шикор карда натавонанд, ҳатман аз бозор гӯшти мурғ, кабк, белона, ҷирҷир (номи маҳаллии парандае, ки ба майна монанд буда, рангаш сиёҳ аст) харид карда, ба деги наврӯзии худ меандохтанд.

Дар дастархони наврӯзии хонаводаҳо будани оби «ҳафтмева» шарт буд. Ду-се шаб пеш аз вориди соли нав занҳо ҳафт навъ меваи хушкро ба об ҷӯшонида шарбате таҳия менамуданд, ки хушмазза буд. Барои омода намудани шарбати «ҳафтмева» аз меваҳои хушк ба монанди себқоқ, ғӯлунг, донаи бодому зардолу, мавиз, анҷир, биҳӣ, олуча истифода мешуд. Гоҳе ба ҷои як меваи хушк меваи дигар илова мекарданд, вале теъдоди меваи хушк бояд ҳафт адад мебуд.

Дар ҷашни Наврӯз аз ҳама бештар кӯдакон ва наврасон хушҳол буданд. Онҳо дар сайлгоҳ машғули ҳар гуна бозӣ аз ҷумла бо сафедчӯбак, сангчабозӣ, тасмабозӣ, бодбаракбозӣ, буҷулбозӣ, баҷоякбозӣ, тухмбозӣ, зув-зувак, гӯшкашӣ, донакбозӣ, лойбозӣ (дар баъзе лаҳҷаҳо: қарсиллоқбозӣ), чиликбозӣ, ланкабозӣ, хурӯсҷанг, сагҷанг, қадамабозӣ, чормағзбозӣ, подшоҳбозӣ, чистонгӯӣ, меҳмонбозӣ, қадамабозӣ, тоқизанак, бингина, тезгӯяк, қофиябозӣ, мушоира, байтбаракбозӣ ва ғ. мешуданд. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъол буданд. Ба ғайр аз ин духтарон боз бозиҳои махсуси худро, ба монанди лӯхтакбозӣ (зочабозӣ), арӯсбозӣ, сангчабозӣ, меҳмонбозӣ ва ғ. доранд, ки чунин бозиҳо дар байни писарон мавҷуд нест.

Дар рӯзи ҷашн кори кулолон низ барор мегирифт. Онҳо аз лой чизҳои сафолии зебое, аз ҷумла барои хурдсолон «ушпуллак» (найи гилин ва лӯндашкал) месохтанд, ки садои хушоянд дошт.

Дар ноҳияи Бойсун дар рӯзҳои ҷашн ва баъд аз он кӯдакон ҳангоми паридани турнаҳо суруди зеринро месароиданд:

Ин турнаи қайроқбоз,

Мехонад ба як овоз.

То дилҳо шаванд шод,

Соли нав муборак бод!

[Аз бойгонии муаллиф].

Бачаҳои хурдсол ин навъ таронаҳоро сароида ба осмон нигоҳ карда, аз дунболи парандаҳо ба ҳар тараф медавиданду шодмонӣ мекарданд.

Дар Наврӯз яке аз бозиҳои дилхушкунандаи духтарон ин алғунчакпарӣ (арғунчакпарӣ) буд, ки дар як гӯшаи Наврӯзгоҳ ба дарахти тут, зардолу ё чормағз ресмонеро баста арғунчак месохтанд. Дар он духтарони хурду калон ва ҳатто арӯсон худро алвоҷ медоданд.

Дар чунин маврид гоҳе ҷавоне ҳангоми ба арғунчак паридани духтари хушкардааш, танга ё ширинӣ мепошид. Ин арғунчакҳоро то солҳои 70 садаи ХХ дар боғҳо, ки ҳавз доштанд ва гирдо гирди он бедзор буд низ кашол мекарданд. Духтарон бо навбат ба болои оби ҳавз ба арғунчак чунон бо ҳавас бод мерафтанд, ки дар байнашон мусобиқа сурат мегирифт. Гоҳе ҷавони шӯхе, ки агар духтареро хуш кунанд, зимни тамошо оҳиста, ба болои бед баромада ресмонро бо доскалла ё кордча мебуриданд. Духтар аз арғунчак ба даруни ҳавз меафтид. Албатта оби ҳавз баробари қади одам буд. Дар он касе ғарқ намешуд. Аз ин рафтор муҳитро шодиву суруру ҳаёҳую шӯхӣ фаро мегирифт.

То солҳои 70 дар минтақаҳои беоби ноҳияҳои Сурхондарё барои чанд хонавода як ҳавзи калон вуҷуд дошт. Дар гирди ин ҳавзҳо бедҳои зиёд буд. Маҷнунбед намешинонданд, ки фоли бад дошт, гӯё касро ба мисли Маҷнун саргардон мекард ва ё шинондани маҷнунбед ба хонавода ғам меовард, яъне сари хонаводаро хам мекард. Ҳамин ки ҷашни Наврӯз расид духтарони хурду калон шохаҳои нарми бедро аз пӯсташ ҷудо карда, ба гесӯ ва кокулони мӯйҳояшон ҳамроҳ карда мебофтанд. Ба тахтапушти мӯи духтарчаҳо чилкокул мебофтанд. Баъзе духтаракон аз навдаҳои бед ва сабзаҳои даруни боғ дар шакли доира тоқии гулчамбар сохта, ба сари худ мегузоштанд. Ҳатто духтаракон бо ифтихор дар рӯзи ҷашн бо ҳамин кулоҳҳои доирашакл дар сар, бо мӯйҳои аз барги бед зинатёфта, ки дар тахти пушташон кашол буд, ба наврӯзгоҳ мерафтанд.

То солҳои шаст дар ҳар ноҳия сайлгоҳи махсус вуҷуд дошт, ки дар он ҷо мардум ҷамъ мешуданд. Аз ҷумла дар ноҳияи Бойсун, ки аз марказ то байни деҳаҳояш аз 2-5 километр то 40-50 километр аст, сайлгоҳҳо зиёд буданд.

Пеш аз шурӯи ҷашн дар макони ҷашн созмондиҳандагон омодагӣ мегирифтанд. Ҷарчӣ чанд ҳафта пеш аз ид, эълон мекард, ки дар сайлгоҳ дӯкондорон, чойхоначиҳо, ҳунармандон, пазандагон, навозандагон, сарояндагон, бозингарон ҷои худро гиранд. Сайлгоҳро то рӯзи ҷашн омода мекарданд. Маъмулан сайлгоҳҳо дар доманаи теппаҳо буда, чуқурии он ба саҳнаи театр монанд буд, то ки мардуми зиёде, ки барои тамошо меомаданд, ҳунарҳои намоиширо дида тавонанд.

Дар сайлгоҳҳо мардум гуруҳ-гуруҳ, либосҳои нав дар тан, дар дасти баъзеҳо гулҳои навшукуфтаи баҳорӣ, модарон дар сари китф бо тифлакон, пирон асобадаст, ҳама бо шодиву сурур ба наврӯзгоҳ мерафтанд. Яке аз таронаҳое, ки дар байни наврасони солҳои 50-60 дар ноҳияи Бойсун машҳур буд, ин аст:

Наврӯзи навбаҳорон,

Мерем ба сайри лола.

Қумрӣ ба оҳу фиғон.

Булбул ба оҳу нола.

[Аз бойгонии муаллиф].

Замоне ки мардум ба сайлгоҳ мерафтанд, гуруҳе аз хурдсолон ин таронаро якҷоя замзамкунон, рақскунон месароиданд.

Дар сайлгоҳ тамошобинони хушзавқ ва маъракаоро зудтар омада, дар пешгаҳи намоишҳо ҷо мегирифтанд. Дар ҳар сайлгоҳ одамони зиёд ҷамъ мешуданд. Хурду калон меомаданд. Барои ҳама барои шодмонӣ, вақтгузаронӣ, кайфу сафо шароите муҳайё буд. Созмондиҳандагон медонистанд, ки тамошобинон зиёд меоянд, ҷашн чанд рӯз идома меёфт. Дар давра ё саҳнаи ҷашнгоҳ ҳунарнамоиҳо шуруъ мешуд. Маъмулан дар аввал як шахси калонсол барои нек омадани соли нав, баракати кори деҳқон, ҳосили нави фаровон дуо мекард. Дар баъзе ҷойҳо бидуни дуо, якбора бо доираю карнаю сурнай ҳунармандон ба майдон даромада, ба намоиш шуруъ мекарданд. Аввал масхарабозону дорбозон, баъд сарояндагону раққсон, ҳамин тавр ҳар касе, ки ҳунаре дошт пешкаши мардум мекард. Як лаҳзаи ҷолиб ин аст, ки дар наврӯзи солҳои пеш, то солҳои 50, баъзе ҳунармандон либосҳои махсусро аз пӯсти гург, шер, паланг таҳия намуда, онро пӯшида ба саҳна мебаромаданд. Ин намоиши рақсии онҳо мардумро ба ҳаёҳуй оварда завқ мебахшид. Дар гӯшаву канори сайлгоҳ гуруҳ-гуруҳ бо бозиҳои гуногун машғул мешуданд. Масалан, гӯштин, пойга, хурӯсҷангӣ, сагҷангӣ, кабкҷангӣ, бӯданабозӣ (бедонабозӣ), ки дар Наврӯзи минтақаҳои дигар низ вуҷуд дошт. Дар байни хурдсолон, ҷавонон ва ҳатто калонсолон тухмҷангӣ яке аз бозиҳои наврӯзӣ буд. Гоҳе бозигарони тухмҷанг ба ду даста ҷудо мешуданд. Ҳатто баъзе наврасони шӯх аз санги сафед тухме сохта дар байни тухмҳояшон мегузоштанд ва дар бозӣ тухмимурғи ҳамаро мебурданд. Агар касе бар ҳама ғолиб ояду зери шубҳа қарор гирад, ҳамчун ҷарима довар тухмҳояшро гирифта, ба бозигарони дигар тақсим мекард ва худашро дигар ба бозӣ роҳ намедод.

Аксари ин оинҳо то солҳои ҳафтод ва баъзе ҳатто то ҳаштоди садаи бист дар ноҳияҳои Сурхондарё вуҷуд доштанд. Пухтани таоми наврӯзии сумалак (суманак) дар тамоми шаҳру ноҳияи Сурхондарё то ба имрӯз дастаҷамъона сурат мегирад. То нимаи аввали садаи ХХ ҳангоми пухтани сумалак иштироки мардҳо қатъиян манъ буд. Ҳоло ҷавонон ва мардҳо низ барои кофтани дег ширкат менамоянд. Дар Сурхондарё барои омода кардани шираи сумалак чанд рӯз пеш аз даромади Наврӯз омодагӣ мегиранд. Маъмулан сумалакро бо ду роҳ мепазанд. Яке чунин аст, ки хонаводае ҳамаи харҷи сумалкро бар уҳда гирифта ҳамроҳи ҳамсояву хешовандон пухта, онро тақсим мекунад, то савобе барояш расад. Дар байни занҳои мардуми Бойсун, Деҳнав, Сариосиё чунин боваре аст, ки пухтани сумалак ва тақсим кардани он савоби зиёд дорад. Чунки сумалак оши бибиҳое (фариштаҳо) аст, ки онҳо ба назар намоён намешаванд. Агар касе тамоми хароҷоти сумлакро ба уҳда гирифта онро пухта тақсим кунад, фариштаҳо дар ин дунё ва дар он дунё ҳамеша ҳамдамаш мегарданд. Аз ин рӯ, ҳар сол баъзе занҳо, чанд моҳ пеш бо нияти нек ба наздиконашон хабар медиҳанд, ки имсол пухтани сумалак навбати ман аст. Дигар ин аст, ки гуруҳи занҳо аз ҳафт хонавода гандум гирифта, сабзаи суманкаро сабз мекунанд ва баъдан боз аз ҳамон ҳафт хонавода орд мегиранду сумлакро пухта, ба атрофиён тақсим мекунанд. Дар Бойсун суманак бояд то 14 соат пазад. Занҳо ба ин бовар буданд, ки дар ҳафт соати аввал шираи сумалак ҷӯшида, зери таъсири он фариштаҳо аз осмон мефароянд. Дар ҳафт соати баъд, гӯё фариштаҳо то пухтани суманак ба сари дег омада меистанд. Аз ин рӯ, то пухтани суманак, ки оши бибиҳои фаришта мебошад, онро бояд посбонӣ кард. Барои ҳамин занҳо хоб нарафта, бо навбат дегро мекобанд ва дар гирди дег рақсу бозиву сурудхониву шӯхӣ мекунанд ва нақлу ривоятҳо мегӯянд. Баъзеҳо то пухта ва тақсим кардани суманак хоб накарданро риоят менамоянд. Вале дар баъзе ҷойҳо агар занҳо хоб кардан хоҳанд, ҳатман бо навбат суманакро то тақсим кардан, касе посбонӣ мекунанд.

Тамоми мардуми Сурхондарё имрӯзҳо Наврӯзро дар ҷойҳои махсуси ҷамъиятӣ дар кӯдакистонҳо, мактабҳо, деҳаҳо бо тантана баргузор менамоянд. Дар Наврӯз ҳама – хурду бузург, зану мард, духтару писар хушҳолӣ мекунанд. Саҳначаҳо таҳия намуда, нақши Бободеҳқонро иҷро менамоянд ва сурудҳои наврӯзию баҳорӣ месароянд.

Дар ин рӯзҳо ба мисли солҳои пешин ба навхонадорон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Хешовандони тарафи домод ба арӯсшавандаҳо ё наварӯсон идӣ мебаранд. Хешовандон мувофиқи завқи худ барои навхонадорон, духтарони мавриди назарашон, арӯсшавандаҳо ё домодшавандаҳо чизҳои ороишӣ, атриёт, курта, ширинӣ, нонҳои махсуси равғанӣ, фатиру қалама, самбӯса, палов ва монанди инро чун ҳадяи идӣ мебаранд.

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гузаштаҳо баробари суруду рақс, шодмониҳое ба мисли аскиягӯӣ, мушоира, масхарабозӣ то ба замони мо вуҷуд доранд. Имрӯзҳо Наврӯз дар тамоми минтақаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба монанди ҳама ҷо аз тарафи давлат ташкил шуда, бо суруду тарона, рақсу бозӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ороиши дастархони беҳтарин, нишон додани ҳунарҳои халқӣ ва ғайра ба мардум шодиву сурур мебахшад.

 

Равшан Раҳмонӣ,

профессори ДМТ

Добавить комментарий