Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд”. Ин дастури Пешвои муаззами миллат аз ҷониби маорифчиёни кишвар дастгирӣ ёфта, масъулин бо саъйи комил аз пайи иҷрои он талош меварзанд.

Мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Мушаррафа Шарифова мегӯяд, ки “Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон пешниҳод намуданд, то ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Ин пешниҳод моро уҳдадор месозад, ки фаъолиятҳоямонро баҳри рушди соҳаи маориф тақвият бахшем ва сазовори боварии Сарвари давлат гардем”.

Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи маорифи ноҳия дар соли 2019 диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ноҳия равона намуда, ба зиёд дастовардҳо ноил гардидааст.

Маълумоти оморӣ

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва 3 муассисаи томактабии давлатӣ, 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 1 маркази инкишофи кӯдакони хусусӣ, 1 маркази инкишофи кӯдак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 фаъолият доштанд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 бо фарогирии мактаб-интернат ва Санаторияи «Қаратоғ» ҳамагӣ 23252 (аз ин 22919/11252 нафар дар муассисаҳои таълимӣ) нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар таълимгоҳҳои ноҳия 1750 нафар омӯзгорон, аз ин 1244 нафар занон ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки аз онҳо бо таҳсилоти олӣ 1111 нафар (703 нафар занҳо), бо таҳсилоти олии нопурра 202 (168 нафар занҳо), бо таҳсилоти  миёнаи махсус 437 нафар (373 нафар занҳо) мебошанд.

Аз аввали моҳи августи соли 2019-ум 181 нафар омӯзгорон дар соли таҳсили 2018-2019 бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба кор таъин карда шудаанд. Аз инҳо 43 нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 нафар омӯзгорони собиқадори ба кор баргашта, 51 нафар бо диплом аз гуруҳҳои шартномавии рӯзона ва буҷетии ғоибона, 29 нафар донишҷӯёни курсҳои 1-5 ва 33 нафар ба тариқи гузариш мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 7 нафар Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 81 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Таваҷҷуҳ ба касбияти омӯзгорон

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон кабинети методӣ дар асоси нақшаи солонаи аз курси такмили ихтисос гузаронидани кормандони соҳаи маориф, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.12.2019, №7753 тасдиқ шудааст, дар 12 моҳи соли 2019-ум 335 нафар омӯзгорон, ҷонишинон ва директорони муассисаҳои таълимиро ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сафарбар кардааст.

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2019, №96 «Оид ба гузаронидани семинари омӯзишӣ ҷиҳати татбиқи муносибатҳои босалоҳият дар таълим» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар як марҳила аз 25.03.2019 то 29.03.2019 курси омӯзишӣ барои омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ гузаронида шудааст. Дар курси мазкур 65 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ иштирок намудаанд, ки ба ҳамаи онҳо шаҳодатнома дода шудааст.

Кӯмак ба довталабон

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.12.2018, №6586 «Дар бораи баргузории курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2019» аз 15 то 17-уми январи соли 2019 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишӣ баргузор шуда, барои иштирок дар он мудири кабинети методӣ Парвиз Латипов сафарбар гардидааст.

Марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2019, №185 «Дар бораи баргузории курси омӯзиши низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ дар соли 2019» бо иштироки таблиғгарони муассисаҳои таълимӣ дар толори шуъбаи маориф бо фарогирии 45 нафар таблиғгарони муассисаҳои таълимӣ, ки аз ҳисоби омӯзгорон мебошанд, баргузор гардидааст.

Аз 1-уми марти соли 2019 бақайдгирии довталабон оғоз гардида, аз ҳисоби хатмкунандагони ноҳия 1092 нафар аз қайди ММТ гузаштаанд, ки аз ин шумора 867 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил шудаанд.

Муассисаҳои томактабӣ

Дар ноҳия дар 2 муассисаи томактабии давлатӣ 310 нафар кӯдакон дар 10 гуруҳ ва дар муассисаҳои томактабии хусусӣ 318 нафар кӯдакон дар 6 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассисаҳо мураббияҳо 4 нафар бо маълумоти олӣ, 4 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 8 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ба таълиму тарбияи атфол машғуланд. Дар ин кӯдакистонҳо тамоми шароитҳои зарурӣ барои таълиму тарбияи томактабӣ муҳайё карда шудааст.

Айни замон сохтмони боз 2 муассисаи томактабии хусусӣ идома дорад. Дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав бо саҳми соҳибкор Мавҷуда Ҳакимова сохтмони як бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 240 нафар босуръат идома дошта, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қабати дуюми бино ба роҳ монда шудааст. Дигар, дар ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов бо саҳми соҳибкор Аҳмадзода Ҷамолиддин бунёди муассисаи томактабӣ барои 200 нафар идома дошта, ҳар ду муассиса дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди 34 муассисаи таълимии ноҳия бо фарогирии 1215 нафар кӯдакони синни 4-6-сола дар 49 гуруҳ Марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар деҳаи Навобод-5, ҷамоати деҳоти Сабо хонаҳои маърифатӣ баъд аз таъмири асосӣ ба маркази инкишофи кӯдакон барои 30 нафар, дар деҳаи Деҳқонободи ҷамоати деҳоти Сабо барои 35 нафар ба истифода дода шудаанд. Собиқ бинои муассисаи таълимии №6 баъд аз таъмири хушсифат ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 100 нафар кӯдак табдил дода шудааст.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати амалӣ гаштани нақшаю супоришҳо дар соли 2019 як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, моҳи январи соли гузашта ғолибони  даври дуюми олимпиадаи фаннии мактаббачагони ноҳия барои синфҳои 9-10 дар даври минтақавии олимпиада, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардида буд, иштирок намуда, 40 нафар соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд.

Дар олимпиадаи минтақавӣ барои синфҳои 11-ум, ки моҳи феврали соли 2019 дар шаҳри Ҳисор шуда гузашт, 19 нафар ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд. Аз инҳо 11 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии олимпиада (анъанавӣ) роҳ ёфтанд ва 4 нафар – Рофиев Шоҳрух аз МТМУ №1, Эшмуродов Шоҳрух аз МТМУ №5, Гулрафтори Нурулло аз МТМУ №6, Халилов Ромиш аз МТМУ №17 сазовори ҷойҳои 2-3-юм гаштаанд.

Дар даври минтақавии олимпиадаи даставӣ ва номӣ 56 нафар лаёқатмандон ширкат намуда, 8 нафар ҷойҳои 1, 2, 3 ва 7 нафар ҷойи ифтихориро соҳиб гаштаанд.

Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 28.01.2019, №19 рӯзи 8-уми феврали соли гузашта даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон барои наврасон баргузор гардида, дар он 207 нафар довталаб иштирок намудаанд. Ғолибон дар даври минтақавии олимпиада ширкат намуда, 8 нафар сазовори ҷойҳои арзанда гардидаанд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон хонандагони синфи 8-ум Ҳайитов Ҷавоҳир аз МТМУ №15 сазовори ҷойи 3-юм ва Ҳасанова Мафтуна аз МТМУ №33 бо ҷойи ифтихорӣ сарфароз гардидаанд.

Хонандаи беҳтарини сол

Чанд сол боз байни муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Хонандаи беҳтарини сол” гузаронида мешавад. Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 11.09.2017, №92 рӯзҳои 7-8-уми майи соли гузашта ин озмун гузаронида шудааст. Давоми як соли таҳсил муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи Низомномаи озмун омодагӣ дида, 18 муассиса (№1, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 11, 13, 15, 16, 18, 19, 21, 27, 45, 46) барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод  кардаанд. Дар ҷамъбаст бо гирифтани 152 бал хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №5 Мирзоев Комрон ва бо гирифтани 150 бал хонандаи синфи 10-уми муассисаи таълимии №8 Атабоева Шаҳзода ғолиб дониста шуда, унвони “Хонандаи беҳтарини сол – 2018”-ро сазовор гаштаанд.

 Роҳхат барои донишҷӯӣ

26-уми марти соли гузашта бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2017, №546 «Дар бораи тасдиқ намудани «Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмуни суҳбат бо духтарону писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешаванд, бо иштироки 182 нафар довталаб гузаронида шудааст. Аз ин 85 нафар барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 06.06.19 дар суҳбати ниҳоӣ (даври ҷумҳуриявӣ) 19 нафар тибқи квотаҳои ҷудогардида соҳиби номи донишҷӯ гардидаанд.

Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 658 адад компютер, 86 адад принтер, 17 адад проектор, 1 адад тахтаи электронӣ мавҷуд буда, синфхонаи технологияи иттилоотии муассисаи таълимии №45 ба шабакаи дохилӣ (локальная сеть) пайваст карда шудааст. Ҳамзамон, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ба 42 адад, мизу курсии махсус барои компютер ба 228 адад ва почтаи ягонаи электронӣ ба 48 адад расонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.18, №АП-1059 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ идома доранд. Аз ҷумла, дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав аз рӯи нақшаи чорабиниҳо муассисаҳои таълимии №1, 45 ва кӯдакистони №1 корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, созандагиро ба анҷом расонидаанд.

Дар ҷамоати деҳоти Сабо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №4, 28, 39, 36, 38 сохтмони синфхонаҳои иловагии ба нақша гирифташуда ба пуррагӣ анҷом ёфтааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 сохтмони бинои нави таълимӣ иборат аз 18 синфхона аз ҳисоби сарпараст Рӯзиев А. ба роҳ монда шуда, кор дар ошёнаи дуюм рафта истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии №34 барои 8 синфхона ба анҷом расида, кор дар дохили бино рафта истодааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5 сохтмони 6 синфхона ба охир расонида шуда, ба истифода дода шудааст. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53, ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм идома дошта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 толори варзишӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дару тирезаҳои куҳнаи бинои 1-ум ва 3-юм бо 27 адад тирезаҳои нави замонавии пластикӣ иваз карда шудаанд. Таъмири толори фарҳангии муассисаи таълими №21 тибқи нақша ба итмом расида, ба истифода дода шуд. Майдончаҳои варзишии назди муассисаи таълимии №12 (барои футбол, волейбол, баскетбол) тахту ҳамвор карда шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Умуман, дар ноҳия бунёди 180 синфхона ба нақша гирифта шудааст, ки аз он то санаи 02.12.19-ум 75 синфхона ба истифода дода шудааст. Аз ин миқдор 14 бинои нави таълимӣ иборат аз 4 то 18 синфхона тарҳрезӣ шудааст, ки айни ҳол 3-тоаш (мактабҳои №25, 44, 45) ба истифода дода шудаанд. Дар маҷмуъ, баъди ба истифода додани 180 синфхона дар як баст имконияти 4500 ҷойи нишаст муҳайё хоҳад шуд.

Фурӯғи субҳи доноӣ…

Дар асоси фармоши мудири шуъбаи маориф аз 27.03.2019, №51 озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” гузаронида шудааст. Даври якуми озмун дар муасисаҳои таълимӣ ва даври дуюм тибқи дархости муассисаҳои таълимӣ дар шуъбаи маориф бо иштироки 52 нафар довталаб доир гардидааст. Ғолибон дар даври ноҳиявӣ ширкат намуда, Зокирова Собира, Абдуллоев Амирҳамза ва Саидов Анис ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтаанд.

Санаи 27.11.2019 дар даври минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар шаҳри Ҳисор иштирок намуда, ду нафар – Абдуллоев Амирҳамза аз рӯи номинатсияи азёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик сазовори ҷойи аввал ва Саидов Анис аз рӯи номинатсияи азёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардидаанд.

Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ

Ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар 57 муассисаи таълимӣ аз фанни забони русӣ 152 нафар мутахассисони соҳавӣ ба кори таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 115 нафар бо маълумоти олӣ, 25 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 11 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла, 121 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ фаъолият намуда истодаанд, ки аз онҳо 98 нафар бо маълумоти олӣ, 7 нафар бо маълумоти олии нопурра, 16 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ба кори таълиму тарбия дар муассисаҳо машғуланд.

Дар 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз соли таҳсили 2016-2017 то ба имрӯз 36 синфҳои ибтидоии 1-4 бо теъдоди 917 нафар хонандагон, таълимашон бо забони русӣ кушода шуда, бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ таъмин карда шудаанд.

Истироҳати тобистона

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон қарори раиси ноҳия аз 06.15.19, №401, фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 01.05.19, №67 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019” ба тасвиб расида, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Соли гузашта истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар назди муассисаҳои таълимии №8, 9, 10, 14, 15, 21 ва МТИ бо фарогирии 350 нафар хонанда ташкил карда шудааст. Дар ин муассисаҳо таъмири ошхонаҳо, толор, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ гузаронида шудааст.

Ҷиҳати ба низом даровардани реҷаи корӣ ва истироҳати бофароғати мактаббачагон аз ҳисоби ҷонишинони директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони ботаҷриба роҳбарону мураббиён дар асоси фармоиши маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ба расмият дароварда шуда, хонандагони ятим, нимятим, оилаҳои камбизоат ва лаёқатманд ба истироҳат ҷалб карда шудаанд.

Аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ 17 нафар хонандагон ба лагерҳои тобистонаи кӯдаконаи беруназшаҳрӣ – “Файзи Истиқлол”-и ноҳияи Варзоб фиристода шудаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия, муҳтарам Шарифова Мушаррафа Ҷалоловна бо сарафрозӣ аз дастовардҳои беназири маорифчиён ва бо шукргузорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат мегӯяд, ки “Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маорифчиёнро дастгирӣ кардаву руҳбаланд месозанд. Худам шахсан дар арафаи соли нави таҳсили 2018-2019 бо фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хизмати шоиста” сарафроз гардидам, ки ин подош масъулиятамро дар роҳи рушди соҳаи маориф бештар кард. Мо – аҳли маорифи ноҳияи Шаҳринав аз дастгириҳову таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси муҳтарами ноҳия Аюбзода Нусратулло Наҷмиддин ифтихор дорем ва мекӯшем, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия боз ҳам беҳтар шавад”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here