Нависандагон чанд тоифа мешаванд: як қисм ҳар чизи дидаву шунида ва аз таҷриба ҳосил кардаашро менависад, дигар гуруҳ оламу одамро сайр карда, хулосаҳои илмию бадеӣ пайдо намуда, онро рӯйи коғаз меорад, боз навъи дигаре ҳам ҳастанд, ки ба олами руҳию ботинии инсон диққат карда, феълу амалашро дар такопӯ, ҷунбу ҷӯл, дар суръату ҳаракат нишон медиҳад. Зариф Ғулом аз ҳамин гуруҳи адибони тоҷик ба шумор меравад, ки дар баробари маънавияти инсон феълу амали ӯро низ нағз ба мушоҳида мегирад.

Ҳамин хосияте, ки маънавият ва ҳаракат мудом дар пайванд бошад, як намунаи асари бадеӣ — насри моҷаро, насри детективиро ба вуҷуд овардааст. Дар адабиёти тоҷик ба ин намуна аввалин бор Фазлиддин Муҳаммадиев қиссаи “Тири хокхӯрда”-ро навишта буд ва ҳамин тавр, ин намунаи насри бадеӣ фаромӯш шуд. Лекин як қисм нависандагон ба мисли М.Миршакар, А.Баҳорӣ, М.Левин, Адаш Истад, Абдулқайсов ба жанри фантастикаи илмӣ, ки бародари калонии насри моҷаро аст, дахл карда, хеле асарҳои ҷолиб ба вуҷуд овардаанд. Дар он миён умри Абдулқайсов кӯтаҳӣ кард, устод Миршакар як бор ҳавою ҳавас карда ба ин жанри наср даст заданд, лекин дар он байн А.Баҳорӣ ва Адаш Истад, хусусан аввалӣ дар ин жанри бадеӣ ба муваффақиятҳои калон ноил шудааст. Чунонки мегӯянд, ин ҷойгоҳ ҳанӯз холигиҳои зиёд дорад. Солҳои охир Ато Ҳамдам, Ғайрат Ҳаким, Субҳон Ёдгорӣ, Тиллозода Назрулло, Азизӣ Шарифбек ҷойҳои холии насри илмию бадеии фантастикиро пур кардан мехоҳанд.

Хушбахтона, бо қалами Зариф Ғулом насри моҷаро, ки кайҳо аз забон монда, фаромӯш шуда буд, аз нав ҷон гирифта ба ҳаракат даромадааст, дар ин роҳ хеле ба муваффақият расида истодааст. Ин нависанда дар айёми кӯдакию наврасӣ душвориҳои зиёдро аз сар гузарондааст. Ӯ аз падар ятим монда, сарсону саргардон, кӯ ба кӯю манзил ба манзил душвориҳои зиёдро паси сар карда, пас аз хатми мактаб, он ҷойҳое, ки муаллим намерасид, солҳои тӯлонӣ, қариб 15 сол омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Дар ҳамон айём шояд ҳамин оворагию сарсонӣ, камбағалӣ, душвориҳои зиндагӣ имкон овардааст, ки вай ба насри моҷаро қувва озмояд. Сабаби дигарро, чунонки худи ӯ қайд кардааст, дар ҷавонӣ дидани филмҳои моҷароии дар бораи муфаттишон ва коргарҳои раёсати фаврии ҷустуҷӯӣ вайро ба ин роҳ кашидааст.

Зариф Ғулом чун факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кард, феълу амали пешинааш ба ин пешаи нависандагиаш мос омада, вайро ба роҳи муайяни насри бадеӣ андохт, акнун фазилатҳои ин насрро тадриҷан аз худ кардан гирифт. Ба мулоҳизаи худи ӯ, роҳеро интихоб кардааст, ки воқеан “раъди ғурронро мемонд”. Корманди масъули Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе навиштаҳои замони омӯзгориро низ акнун аз нав такмил дода ба чоп мерасонд. Яке аз аввалин ҳикояҳояш дар бораи омӯзгоре будааст, ки хислатҳои хуб доштааст.

Вай нависандаи сермаҳсули рангинхаёли рус Шейнинро “устоди бемисоли худ медонад ва дар асарҳояш, ки ба дунёи ботинии қаҳрамонҳо зиёд диққат медиҳад, дар насри моҷаро гаштаю баргашта хондааст. Аз рӯйи гуфтаи Темур Зулфиқоров, “дидори ғоибонаи ин нависандаи рус барояш як мактаби эҷодӣ шуда монд”. Вай дар ҳикояҳои “Шоҳиди асосӣ”, “Хатои судӣ” ба навиштаҳои устодаш пайравӣ карда, аз фаъолияти муфаттишон ва раёсати фаврии ҷустуҷӯӣ, фаъолияти судяҳо пурра кор фармуда, ҳамеша ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя карда, адолати судӣ барқарор менамуд. Шаст сол мешавад, ки вай дар мавзуъҳои гуногуни таърихӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии халқи тоҷик аз соли 1959 то ҳанӯз асар меофарад.

Зариф Ғулом ҳам ба мисли дигар адибони тоҷик ҳамчун анъана фаъолияти эҷодиашро аз жанрҳои хурди очерку мақола, ҳикояҳои “Пора”, “Оқшуда”, “Чалаи гадо”, “Хоин”, ”Капитани зебо”, “Як ҷуфт шипак”, “Бедарак”, “Ҳунарманди қаллоб”, ”Задухӯрд” оғоз кардааст. Дар эҷодиёти ин нависандаи рангинхаёл махсусан қиссаю роман мавқеи асосӣ дорад. Вай то имрӯз ҳашт қиссаю се роман ба чоп расондааст. Ин намунаи асарҳояшро дар мавзуъҳои гуногун пешкаши хонандагон кардааст. Бештари онҳо аз саргузашт, суҳбату мушоҳидаҳо, таърихи вокеии замони зиндагии гузаштаву ҳозира иборат мебошанд. Мо дар бораи силсилаи қиссаҳои “Ҷодугар” мулоҳизаҳои худро дар навиштаамон (Адабиёт ва санъат, 2017, 1 июн) баён карда будем. Ҳоло мехоҳем дар бораи баъзе навиштаҳои дигари ӯ андеша кунем.

Нависандаи тоҷик Зариф Ғулом дар баъзе қиссаҳои дигар аз ҳаёти шахсони муқтадири академик Талбак Назаров (“Парвоз”), Озода (“Ҳукми дил”), Масъуд ва бародари ӯ, ки яке дар Ватан ва дигар дар он сӯйи Ому монда ба ғафлат зиндагонӣ менамояд (“Даъвати хун”), навиштааст. Соҳибсухан ҳамчунин аз ҳаёти ду дилдодае сухан гуфтааст, ки бо вуҷуди онҳоро борҳо аз якдигар ҷудо кардан боз бо ҳамдигар васл мешаванд (“Бӯсаи аввал”), ҳаёти қаҳрамононаи сардори шӯриши деҳқонони соли 1916 Назир, ки ба муқобили беки бераҳми Балҷувон Раҳимбийи манғит бархостааст (“Исёни Назир”),  муаллиф дар ин асар аз ҳашт нафар пайвандони Назир ва маводи таърихии Мухтор Аҳроров ҷустуҷӯкорона истифода кардааст. Ин асар сиёсати беки манғитро ба мардуми тоҷик нишон медиҳад. Суҳбати Нусратулло-махсум ва Шириншоҳ бо Назир дили ӯро ба мубориза қавӣ мегардонад. Ҳаёти пур аз дарду алами хунёгар Карим Файзов (“Карими Шиш”) бо муҳаббат ва дилбастагии тамом дар насри бадеӣ ба образҳои он мулоҳиза меронад. Ин ҷо мо дар бораи асосҳои мавзӯи асар диққат додем, лекин нависанда дар қиссаҳои мазкур аз манзараҳои табиат, хусусиятҳои руҳонии образҳо, ҳаёти воқеии тоҷикон дар мазраи таърих, дирӯзу имрӯзи ҳаёти онҳо хеле хуб, воқеъбинона мулоҳиза менамояд. Образҳое, ки нависанда тасвир кардааст, то дерҳо аз хотири хонанда дур намераванд.

Ба ҷуз қисса дар эҷодиёти ин нависанда роман мақоми босазо дорад. Вай то имрӯз романҳои “Бори каҷ ба роҳи каҷ” (2011), “Асри хиёнат” (2012) ва “Табаддулот”-ро таълиф кардааст, ки ҳар кадом ба муҳимтарин мавзуъҳои таърихи ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Муаллиф дар романи “Бори каҷ ба роҳи каҷ” муборизаи кормандони милисаро алайҳи ҷинояткорон мавриди таҳқиқ қарор додааст. Аз тарафи шахсони номаълум рабудани дороии мағозаи № 22 “Ҷавоҳирот” дар ҳаҷми қариб як миллион сомонӣ ва ғоратгарӣ дар автобус, ки ба геологҳо пул мебурд, гаравгон гирифтани писарбачаи Додситони кулл  ва дигар амалиётҳоро дар атрофи қаҳрамони асосии асар Қодир Саломатшоев тасвир менамояд. Дар асар раҳбарон ва мутахассисони Бонки миллӣ, вазири савдо, прокурори шаҳр ва дигарон иштирок менамоянд ва то алҳол аз рӯи шуниди мо натиҷа аз он ғоратгариҳо маълум нашудааст.

“Асри хиёнат” хиёнати аз ҷониби пантуркистон ба вуқуъ омада ва чанд нафари дигар ба мисли Абдулло Раҳимбоев ва Файзулло Хоҷаевро фош месозад. Дар роман аслан ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва маъмурӣ-ҷуғрофии Тоҷикистон дар ҳузури И.В.Сталин ба мулоҳиза гирифта мешавад. Муборизаи пешвоён С.Айнӣ, А.Муҳиддинов, Нусратулло-махсум, Шириншоҳи Шотемур ва дигаронро дар бораи ҳамчун миллат шинохтани халқи тоҷик ва дар бораи марзи ҷуғрофӣ ва шаҳрҳои қадимии тоҷикон, инчунин сухан аз тақдири “Намунаи аадабиёти тоҷик” ва муаллифи он С.Айнӣ дар душвортарин лаҳзаҳо ба муҳокима гузошта шудааст.

Нависанда дар романи дубора таҳрирдидаи “Хиёнат”, чунонки мебинем, ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи тоҷикон дар душвортарин лаҳзаҳои он мулоҳиза карда, аз ҳаёту фаъолияти беҳтарин шахсони ватандӯсту гиромӣ ва баъзе ноаҳлон сухан ронда, воқеияти замони гузаштаи таърихиро аз замони Аҳмади Дониш то ба имрӯз дар шакли миниатюра ва лавҳаҳои бадеӣ тасвир менамояд. Ин тарзи тасвир дар адабиёти тоҷик нав мебошад, ки чунин намунаро дар эҷодиёти адибони рус ва дигар халқҳои замони шӯравӣ мисли Межелайтис, Ғамзатов ба мушоҳида мегирифтем. Нависанда шояд аз онҳо илҳом гирифта, ин асари муҳими таърихии худро навиштааст. Дар ин асар хусусан ҳиссиёти миллии ҷӯшон ва қалби пур аз ҳасрату адовати нисбат ба душманони миллат баён шуда, хонандагонро ба худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ тарғиб менамояд. “Хиёнат” яке аз беҳтарин асари таърихию бадеии замони мо ба шумор меравад, на ҳар кӣ ҷуръат карда чунин асар менависад.

“Табаддулот” барои кормандони мақомоти қудратӣ навишта шуда, аз ҷиҳати ахлоқу одоб ва масъалаҳои сиёсию ичтимоӣ сазовори баҳои баланд мебошад. Роман асари моҷароҷӯёна буда, ба муборизаи муфаттиши прокуратура муқобили ҷинояткорони ашаддӣ навишта шудааст. Қаҳрамони асосии асар Солеҳҷон Ҷӯраев буда, бо маҳорату кордонӣ ва лаёқати беандозаи худ ба решакан кардани ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми арзанда мегузорад. Мубориза бурдан барои ҳақиқат мақсади асосии тафтишот бадеӣ шудааст.

Нависанда чунонки мебинем, дар чанд соли охир аз соли 2011 ба ҷуз қиссаву ҳикоя боз романҳо таълиф кардааст. Ӯ дар болои асарҳои худ хусусан роман гаштаву баргашта кор мекунад, баъзе асарҳояшро дубораву себора таҳрир карда, ё бисёр қисматҳоро аз нав навишта ба чоп мерасонад. Масалан, “Асри хиёнат” соли 2012 ба чоп расида, нависанда онро дубора бо номи “Хиёнат” соли 2015 нашр кардааст. Зеро хиёнат ба тоҷикон дар як асри замони шӯравӣ не, дар тамоми умри вай аз ҷониби дигар халқу миллатҳои бегона низ давом кардааст. Романи “Бори каҷ ба роҳи каҷ” низ аввал “Қудрати сарват” номгузорӣ шуда буд. Нависандаи асарҳои моҷароӣ Зариф Ғулом ҳанӯз дар авҷи камоли эҷодист, ӯ ба дунёи дили инсон диққат дода, дар асари бадеӣ ба хосиятҳои лирикӣ ва лаззати сухани бадеӣ ҳам мулоҳиза менамояд.

Шоҳзамон РАҲМОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here