Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҶСК “Фурудгоҳи байналимилалии Хуҷанд” бо роҳбарии марди закӣ ва кордон Қурбони Алимардон корҳои сохтмонӣ ва кабудизоркунии фурудгоҳ бомаром идома дорад.

 Рангорангии ҳусни Фурудгоҳ

Дар соли 2018 барои ободу зебо гардонидани ҳудуди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, 21-солагии Иди ваҳдати миллӣ, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор оғоз кардани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо қувваи кормандони Фурудгоҳ корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Дар саҳни бинои нави аэровокзал, бинои маъмурии корхона, толори вакилони расмӣ, роҳҳои протоколии нав ва куҳна, зеристгоҳи барқии ОВИ-1, аз даромадгоҳи ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» то Шуъбачаи корҳои дохилии хаттӣ ва дигар мавзеъҳои ҳудуди Фурудгоҳ гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ороишии гули довудӣ (хризантема), карнайчагул (петуня), тегетс, виола, катарантус, салвия, колюс, гонсана, зина, любелия, пиёзаки гули лола, пиёзаки гули бойчечак ва дигар намуди гулҳо шинонда шуда, ба намуди зоҳирии фурудгоҳ ҳусни дигаре зам менамоянд.

Дар умум гулҳои рангоранги мавсимии шинондашуда дар Фурудгоҳ зиёда аз 500000 ададро ташкил медиҳад ва ин иқдом то ҳол идома дорад.

Роҳбарияти Фурудгоҳ бо мақсади зиёд намудани теъдоди гулҳо ва парвариши онҳо боз ду гармхонаи иловагӣ бунёд намудааст. Онҳо нақша доранд, ки соли ҷорӣ адади гулҳои дар гармхонаҳои Фурудгоҳ парваришшавандаро то 1 млн дона расонида, баҳри ободу зебо гардонидани ҳудуди фурудгоҳ ва Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе саҳми босазое гузоранд.

1300 рӯзи ободонӣ

Ба иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фурудгоҳ ба меҳнати аҳлона ва дастҷамъона даъват карда шуда, дар ободонии ҳудуди фурудгоҳ фаъолона саҳми худро гузошта истодаанд. Дар давоми соли 2018, дар вақтҳои фориғ аз кор кормандон дар ободу зебо намудани ҳудуди фурудгоҳ иштирок намудаанд. Дар натиҷаи меҳнати якдилона, аҳлона ва дастҷамъонаи кормандони фурудгоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва бунёдкорӣ, аз зумраи тоза кардани ҳудуди фурудгоҳ аз партоваҳо, нарм кардани заминҳо, кишт ва шинонидани гулу гулбуттаҳо, шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва дигар корҳо амалӣ карда шудаанд.

Муаррифии Тоҷикистон ба сайёҳон

Фурудгоҳ дарвозаи кишвари ободу зебо ва соҳибистиқлоламон ба шумор меравад. Таассуроти аввалини сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистони биҳиштосо маҳз аз ҳамин макон сарчашма мегирад.

Ба ин хотир, дар нуқтаи назорати сарҳадӣ ва толори ҷамъшавии мусофирон ҳангоми фурудойӣ харитаи сайёҳӣ барои сайёҳон ташкил карда шудааст, ки дар он маълумоти муфассал доир ба мавзеҳои дидании Тоҷикистон инъикос гардидааст.

Дар толори интизории мусофирон, дар бинои аэровокзали Фурудгоҳ харитаи вилояти Суғд бо ишора ба макони сайру саёҳат, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гӯшаи сайёҳӣ васлу насб карда шудааст.

Дар ҳудуди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шиорҳову овезаҳо дар мавзуи солҳои 2019-2021 — солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ насб карда шудаанд.

Меҳмонхона ва ошхона барои сайёҳону меҳмонон

Бинобар “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2019 инчунин, дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то инҷониб дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободонӣ, сохтмонӣ ва бунёди иншооти наву замонавӣ ҷоннок карда шудаанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши муваққатии меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сайёҳон дар Фурудгоҳи Хуҷанд аз моҳи марти соли 2018 таъмиру таҷдиди бинои меҳмонхонаи фурудгоҳ оғоз карда шудааст. Бинои мазкур солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, дар тӯли зиёда аз 46 сол бори аввал бо иқдоми роҳбарияти фурудгоҳ аз таъмири куллӣ мебарояд. Лозим ба ёдоварист, ки то соли 2018 бино ягон маротиба таъмири куллиро надида буд. Бинои меҳмонхона аз 63 ҳуҷра иборат буд.

Меҳмонхонаи фурудгоҳ (масоҳати 2764,8 метри мураббаъ) баъд аз навсозӣ дорои 92 ҳуҷра — 64 ҳуҷраҳои одӣ ва 28 ҳуҷраҳои замонавӣ (Люкс) магардад.

Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар болои боми он мансарт бо баландии 6 метр илова карда мешавад ва теъдоди ҳуҷраҳои меҳмонхона аз ин ҳисоб зиёд карда мешавад. Дар бинои нави меҳмонхона фароҳам овардани тамоми шароитҳои мусоид барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ва муҷаҳҳазгардонии бинои нав бо тамоми таҷҳизот ва лавозимоти замонавӣ дар назар дошта мешавад.

Инчнуни, баҳри иҷро намудани супориши Пешвои миллат, барои бунёди Ошхонаи Миллӣ дар ҳудуди фурудгоҳ корҳои сохтмонӣ дар паҳлуи меҳмонхона оғоз карда шудаанд. Ошхонаи нав аз се қабат иборат буда, масоҳати умумии зиёда аз 1500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми бинои нав ошхона ва хонаҳои тайёр кардани хӯрок, дар ошёнаи дуюм як тарабхонаи замонавӣ ва дар ошёнаи сеюм сохтмони як айвони (пентхаус) калону барҳаво барои истироҳати мизоҷон дар назар дошта шудааст.

Бинои нави аэровокзали фурудгоҳ

Бинои нави аэровокзали фурудгоҳ дар партави супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба сатҳи байналмилалӣ сохта шуда истодааст.

Сохтмони бинои аэровокзали марказии фурудгоҳ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои замони муосир аз моҳи майи соли 2016 оғоз карда шуда, бо иқтидори хизматрасонӣ то ба 400-500 мусофир дар як соат роҳандозӣ карда шудааст.

Корҳои рӯйбаст кардани намои бино бо истифодаи алюкобонд ва шишабандӣ иҷро карда шуда, айни замон сохтмони фарш ва дигар корҳои махсуси муҳандисӣ (отопление, вентиляция, электроосвещение, телефонизация) давом доранд.

Гурдофариди РУСТАМ

Добавить комментарий