Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» яке аз пешрафтатарин муассисаҳои ибтидоии касбӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, дар самти қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ҷиҳати гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи хизматрасонӣ, туризм ва дигар касбу ихтисосҳо кадрҳои баландихтисоси коргариро дар ҳамаи самтҳои фаъолияти муфиди ҷамъиятӣ тайёр намуда, ҳамзамон шароити мусоидро барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият, аз ҷумла талаботи хонандагон ба худомӯзӣ ва гирифтани таҳсилоти иловагӣ фароҳам овардааст.

Муассисаи мазкур нахустин маротиба 30-юми декабри соли 1983 бо номи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №3 таъсис дода шуда, 31-уми январи соли 2008 ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» табдил дода шудааст.

Литсей дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи Дӯстии халқҳо 94 ҷойгир буда, дорои Иҷозатнома «Оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ» мебошад, ки аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти АУ №0002500 аз 6-уми марти соли 2018 тасдиқ карда шудааст. Роҳбарии муассисаро Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста, Сипоснома аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоева Рухшона Ҳотамшоевна ба зимма дорад.

 

Сатҳи баланди кадрӣ

Аз боздид аз Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ва суҳбат бо маъмурият маълум шуд, ки муассиса бо кадрҳои баландихтисос таъмин буда, 52 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ ба шогирдон дарс мегӯянд ва ҳунар меомӯзанд, ки аз ин шумора 17 нафар дорои дараҷаи тахассуси олӣ, 6 нафар дараҷаи тахассуси якум, 5 нафар дараҷаи тахассуси дуюм ва 24 нафар дараҷаи тахассуси омӯзгорӣ мебошанд.

Вазифаҳои омӯзгорону устоҳои таълимии истеҳсолии муассиса баланд бардоштани маҳорат, малака, муносибат ва савияи дониши хонандагон дар шароити соҳибкорӣ, навоварии шакл ва методҳои маҳорати омӯзгорӣ, такмил додани усули кори дарсдиҳӣ аз рӯйи методи интерактивӣ, баланд бардоштани сифати таълими истеҳсолӣ, фаъолона иштирок намудан дар тайёр намудани кадрҳои коргарӣ дар бозори меҳнат мебошад.

 

Ихтисосҳо

МДТ «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» вобаста ба пешрафти замон касбҳое меомӯзонад, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ буда, хонандагон аз рӯи ихтисосҳои зерин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд:

— Ошпаз;

— Ошпаз-қаннод;

— Ошпази таомҳои хориҷӣ;

— Туроператор;

— Турагент;

— Роҳбалад;

— Системаи компютерӣ ва интернет-технология;

— Хазинадор-назоратчӣ;

— Ҳисобдор бо тавонистани кор дар компютер.

Дар доираи ихтисосҳои номбурда муҳлати таҳсил дар заминаи маълумоти умумии асосӣ 2 сол ва дар заминаи маълумоти умумии миёна 1 сол мебошад.

Муассиса инчунин хоҳишмандонро ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба муҳлати семоҳа аз рӯи касбҳои ошпаз-қаннод, қаннод, хазинадор-назоратчӣ, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо тавонистани кор дар компютер ҷалб менамояд.

Шумораи умумии хонандагони муассиса 613 нафарро ташкил мекунад, ки аз он 137 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Муассисаи давлатии таълимӣ дорои 36 кабинети таълимӣ, аз ҷумла 15 кабинети фаннии тахассусӣ, 17 кабинети фанҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин 6 лабораторияи таълимӣ (физика, химия, 4 кабинети компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии соҳаи сайёҳӣ) ва 4 устохонаи таълимӣ (таббохӣ-қаннодӣ, хазинадорӣ, туризм) мебошад, ки бо ҳама аёниятҳои таълимӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар муассиса таълими назариявӣ дар кабинетҳои фаннӣ ва таълими амалӣ бошад, дар лабораторияҳои озмоишӣ аз ҷониби омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ гузаронида мешаванд.

 

Китобхона

Литсей дорои китобхонаи муосир буда, аз як толори хониш бо 28 ҷои нишаст иборат аст. Фонди умумии китобхона 15 676 адад китобҳои тахассусӣ, бадеӣ ва таълимиро дар бар мегирад. Китобхона инчунин дорои китобхонаи электронӣ буда, фонди умумиаш 168 китобро дар бар мегирад. Қироатхона бо 3 адад компютерҳо ҷиҳозонида шудааст, ки шогирдон ва устодон аз он фаълона истифода мебаранд.

Аз сӯҳбат бо мудири китобхона Маҳмудова С. М. маълум шуд, ки бо мақсади иҷро намудани нақшаи китобхона ва ҷалби хонандагону омӯзгорон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ дар китобхона мунтазам чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2019 дар муассиса бо роҳбарии ҷонишини директор оид ба корҳои иҷтимоӣ-маишӣ Саидализода Б. М. ва китобдори муассиса Маҳмудова С. М. чорабиние бо иштироки 40 нафар хонандагону омӯзгорон таҳти унвони «Китоб — махзани илму дониш» ташкил ва гузаронида шуд, ки доир ба мутолиа, дӯст доштан ва қадр кардани китоб маълумот дода шуд. Дар муассиса китобдор инчунин дар асоси нақшаҳои корӣ мунтазам бо хонандагон, омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ конференсияҳо, суҳбату вохӯриҳо, экскурсияҳо гузаронида, хонандагонро бо адабиёти нав ба нав шинос менамояд.

 

Хобгоҳ

Муассиса дорои хобгоҳ мебошад, ки аз чор қабат иборат буда, дорои 70 ҳуҷра мебошад ва барои 200 нафар хонандагон пешбинӣ шудааст. Хобгоҳ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, кӯчаи Нахимова 64/1 воқеъ буда, дорои як толори маҷлисгоҳ, як адад бунгоҳи тиббӣ, чор адад ҳуҷраи дастурӯйшӯӣ, 4 адад ҷои хӯроктайёркунӣ ва як адад ҳаммом мебошад. Ҳуҷраҳои хонандагон бо мизу курсӣ, ҷевон ва рахти хоб ҷиҳозонида шудаанд.

Таъмири куллии хобгоҳ ба нақша гирифта шуда, аз ҳисоби лоиҳаи Бонки Рушди Осиё то оғози соли нави таҳсил пурра таъмир карда хоҳад шуд.

Айни замон дар ошёнаи якум таъмири капиталӣ рафта, ошхонаи замонавӣ дар Муассисаи давлатии таълимӣ сохта шуда истодааст.

 

Сифатнокии таълим

Аз суҳбат бо директори муассиса Рухшона Ҳотамшоевна маълум шуд, ки маъмурият ба сифати баланди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Бо фармоиши директор аз 30-юми августи соли 2018 доир ба Барномаи идоракунии сифати таълим ва мониторинг бо мақсади санҷиши расмии сифати таҳсилот, кори таълиму тарбия, баҳодиҳии омӯзгорӣ аз нуқтаи назари натиҷаҳои бадастомада Гуруҳи идоракунии сифати таълим аз ҳисоби омӯзгорони пуртаҷриба Вайсиддини Абдулмаҷитзода — ҷонишини директор оид ба корҳои таълим — роҳбар, аъзо Эмомов Б. Д. — ҷонишини директор оид ба таълими истеҳсолӣ, Шукурова С. Д. — методист, Салоҳиддинова С. В. — омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, Сарварова З. Ҳ. — омӯзгори фанни биология ташкил карда шудааст.

Дар робита ба ин аз ҷониби гуруҳи мазкур оид ба сифати таҳсилот дар муассисаи мазкур ҳар се моҳ мониторинги сифати таълим ташкил ва гузаронида шуда, дар Шӯрои муҳандисӣ-омӯзгорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, натиҷагирӣ карда мешавад.

 

Иштирок дар озмунҳо

Хонандагони литсей пайваста дар чорибиниҳо ва озмунҳои гуногун иштирок карда, борҳо сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, санаи 26.01.2019 ҷамъбасти озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба корҳои иҷтимоӣ-маишӣ Саидализода Б. М. ширкат варзид. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» дар озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар таблиғу ташвиқи захира ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, инчунин саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Моҳи феврали соли 2019-ум 20 нафар хонандагон (духтарон) дар барномаи фарҳангии «Чакомаи гесӯ», ки дар Филармонияи давлатӣ баргузор гардид, иштирок карданд.

Чунин барномаҳо ва озмунҳову чорабиниҳо хеле зиёданд. Аз ҷумла, мусобиқаи дастхобонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавононро номбар кардан мумкин аст, ки 23-юми майи соли 2019 дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур дар байни ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳо, донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур хонандаи муассиса Файзуллоев Мирзокарим ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид ва бо туҳфаю ифтихорномаи Кумита қадрдонӣ карда шуд.

 

Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» ба ҳолат ва раванди таълими истеҳсолӣ аз ҷониби роҳбарият диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар асоси Нақшаи таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2017 тасдиқгардида ва бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз      2-юми марти соли 2017 мувофиқашуда дарсҳои таълими истеҳсолӣ дар гуруҳҳо аз рӯи ихтисосҳои «Ошпаз-қаннод», «Хазинадор-назоратчӣ», «Туроператор», «Турагент», «Ҳисобдор бо донистани кор дар компютер», «Роҳбалад», «Ошпази таомҳои хориҷӣ», «Фурӯшанда-ташкилотчӣ» ва «Системаи компютерӣ ва Интернет — технология» ба роҳ монда шудааст. Дарсҳои таълими истеҳсолӣ дар устохонаҳои таълимӣ ва лабораторияҳои таҷрибаомӯзӣ гузаронида мешаванд.

 

Назорати дохилии муассиса

Масъалаи дигаре, ки дар рафти суҳбат бо директори муассиса ва устодон мушоҳида намудем, ин назорати ҷиддӣ дар дохили муассиса аст. Шарти муҳими самарабахши роҳбарии кори таълиму тарбия дар муассисаи давлатии таълимӣ назорати дохилӣ мебошад. Дар доираи назорати дохилӣ санҷиши доимии сифати кори таълиму тарбия, баҳодиҳии омӯзгорон аз нуқтаи назари натиҷаҳои ба даст омада гузаронида мешавад.

Оид ба Нақшаи назорати дохилии муассиса фармоиш «Оид ба Комиссияи назорати дохилии муассиса», доир ба вобаста кардани мутахассисони ҷавон ба омӯзгорони пуртаҷриба, Барномаи идоракунии сифати таҳсилот ва Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи ҷадвали тартибдодашуда маъмурият фаъолият намуда истодааст.

 

Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш»

Дар доираи амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ — техникӣ ва омӯзиш»-и Бонки Осиёи Рушд, инчунин қарори ҷаласаи якҷояи Ассотсиатсияи корфармоён ва ҳайати муҳандисӣ-омӯзгории муассиса бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок миёни корфармоён ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ҷиҳати дастрас намудани маълумот оид ба ҳолат ва рушди меҳнат ва ҳамзамон омода намудани кадрҳои коргарӣ мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат дар муассиса дар асоси фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08.2016, №55 Кумитаи машваратии соҳавӣ таъсис дода шуд. Дар асоси Дастурамали КМС ҳар семоҳа ҷаласаҳои навбатии Кумитаи мазкур баргузор мегардад. Моҳияти гузаронидани ҷаласаҳои мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми вохӯрӣ бо корфармоён мушкилот ва ё камбудиҳои хатмкунандагони муассиса аз рӯйи ихтисосҳо муайян карда шуда, роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

Ба ҷои хулоса

Пеш аз ҳама дар бахши хулосавӣ мехоҳам қайд намоям, ки МДТ «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» дурнамои хубе дорад. Нахуст ин ки хонандагон дар соли таҳсили нави 2019-2020 таҳсилро дар бинои комилан аз таъмир баровардашуда, кабинетҳои фаннии тахассусии бо ҳама аёниятҳо муҷаҳҳаз, лабораторияҳои бо ҳама ашёҳои зарурӣ таъмин, кабинети компютерӣ, озмоишгоҳи таълимии соҳаи сайёҳӣ, устохонаҳои таълимӣ (таббохӣ — қаннодӣ, хазинадорӣ, туризм) хоҳанд оғоз кард, ки ин албатта ба сифату самараи таҳсил мусоидат хоҳад кард. Роҳбарияти муассиса ҳама кӯшиш ва донишу малакаи худро ба он равона карда истодаанд, ки шогирдонашон чун мутахассисони хуб ба воя расида, дар оянда ба халқу ватани худ хизмат кунанд. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби касбҳои замонавӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ шавад, Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе беҳтарин интихоб хоҳад буд.

 

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

 

Мавод дар ҳамкорӣ бо ҷонишини директори МДТ «Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе» Вайсиддини Абдулмаҷитзода омода карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here