Ҳар бори дида ба дидор расидан бо ин марди дарёдилу саропо ҳунар Боймуроди Зуҳур хушҳол мегардам. Мардест заминӣ, нишоне аз пирони хушдили куҳистони зодбум. Одамдӯст, меҳрубон, сахопеша ва некманиш аст.

Қатъи назар аз синну сол (ба 78 қадам ниҳода), ӯ ҳоло ҳам зиндадил, бардаму болидаруҳ мегардад. Шеваи гуфтор ва зиндадилиаш касро мафтун месозад. Бо ҳарорат сухангустариҳояш, беқарорӣ, дилгармӣ ба ҳаёт ҳаваси касро меорад.

Дар гуфтораш калимаи «шукрона» авлавият дорад. Акаи Боймурод шукрона аз фазои орому суботи кишвар, шукронаи ҷони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мекунад, ки нобасомониҳоро ба сомон овард, ҷангу ҷидолро фурӯ нишонд ва Тоҷикистони азизро аз фурӯпошӣ эмин дошт. Шукронаи фарзандон, набераву абераҳояш мекунад. «Медонӣ,- мегӯяд Умарҷон, сабаби дарозумрӣ, побарҷоӣ ва бардаму болидаруҳ гаштанҳои ман дар чист? Хош. Ин ҳама рӯзгори хуши ману ҳамсарам аз ғамхориву меҳрубонии писаронам Саидмурод, Саъдӣ, Давлатмурод, Тоҷиддин, Сироҷиддин, Шамсиддин ва Баҳриддин мебошанд. Худо болои сари фарзандони хеш бардаму хонаобод бошанд. Шукронаи рӯзгорашон».

Ҳар бори аз деҳа ба шаҳр омаданаш, пешакӣ занг зада, огаҳ месозад, ки фардо соатҳои ҳафт — ҳафтуними пагоҳӣ дар пойтахт хоҳем шуд. Албатта, дидор хоҳем дид.

Ӯ ҳар доим бо ягон дастовез, шеъре, мақолае, ёддоште, аксе ва ё хайр дар кулвор падид меояд. Ин дафъа низ бо худ соати рӯимизӣ ва шеъре бо номи «Сояи Яздон» овард. Намои соати сохтаеро худ эҷод намуда. Ба фаҳмишу шеваи хоси худ онро насб кардааст. Гуфт, бинавис, ки марди ғалатие аз куҳистони кишвар бо чунин навовариҳо қодир аст. Шояд рӯзе чунин соатҳо болои мизи кории мардони идоранишинро зеб диҳад…

Боймуроди Зуҳур. Ин марди фарҳангиро аксар дар кишвар чун муғаннӣ, мутриб ва оҳангсози чирадаст мешиносанд. Ва ба ҳунари мутрибиаш қоиланд. Аз навои дилошӯбаш ашки шодӣ мерезанд.

Боймуроди Зуҳур мутриби хушнавоест. Дар навохтани сози думбра сабку услуби хоси худро дорост. Ҳунари хунёгарӣ дар ниҳоди ӯ ба шарён омада, зеро падари бузургвораш  фарде буд саропо ҳунарманд, аз санъати мусиқӣ бархӯрдор. Асбобҳои зиёди мусиқиро хуб менавохт…

Аз ин ваҷҳ, бе истиҳола метавон гуфт, ки пешаварии эшон ирсист. Ва дар синни солорӣ ба шеъргӯӣ пардохтани Боймуроди Зуҳур беасос нест. Дилбастагии вай ба шеър аз ҳунармандиаш манша мегирад. Чун аз муғаннӣ аз боби ҳунарҳояш пурсон шудем, бо ифтихор гуфт: — Аз 8 — солагӣ (1950) ба навозандагӣ, аз 45 — солагӣ (1984) ба оҳангсозӣ ва аз 59 — солагӣ (2001) ба эҷоди шеър шуғл варзидаам…

Ӯ зодаи булукоти Кангурти фарҳангпарвар аст. Мактаби миёнаро дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара поён бурда. То 23 — солагӣ курсҳои занбуриасалпарварӣ (1959), комбайнёрӣ (1960) ва ронандагиро хатм намудааст (1965).

Боймуроди Зуҳур аз қиблагоҳи хеш камӣ надорад. Аксари ҳунарҳои қиблагоҳаш — устогӣ, хатнагарӣ, мутрибӣ ва ғайраро ноил гаштааст.

То кунун дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик 10 оҳанги марғубаш (дар иҷрои муаллиф) — «Нолаи булбул», «Навои Хоҷаи Нур», «Айёми пирӣ», «Бӯи диёр», «Навои куҳсор», «Навои фалак», «Себистон», «Гули Зиндон», «Шингихо», «Гули гандум» бо сози думбра маҳфуз аст.

Муғаннӣ, ҳамчунон, навоҳои марғуби халқиро дӯст медорад ва он оҳангҳоро моҳирона иҷро менамояд. Аз эҷоди устодони забардасти сози думбра Карими Шиш, Ҳаким Маҳмуд, Рустами Абдураҳим (равонашон шод бод) огаҳии хуб дошта, худро давомдиҳандаи ҳунари ишон меҳисобад. Мутриб ва оҳангсози шинохта бо қаноатмандӣ меафзояд, ки ҳунарварӣ дар асбоби думбра басо мушкил аст ва, аслан, ин ҳунарро дар мактаби махсус намеомӯзанд. Аммо хушҳол аст, ки тӯли солҳои истиқлолият як зумра ҷавонони ҳунарманди думбранавоз арзи ҳастӣ намуданд.

— Мумтозтарини онҳо Баҳроми Усто Ғулом (Баҳром Қодиров, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мутриби дастаи ҳунарии «Дарё» — У. Ш.) аст. Ҳунари ӯ назир надорад. Бисёр хуб мебуд, ки Баҳромҷон мактаби худро созмон медод. Зеро дар дутори бепарда ҳунар намудан саҳл нест, — мегӯяд он ҷониб.

Чун аз шеъргӯияш пурсон гаштем, хандиду гуфт: — Дар пиронсолӣ, додар, шоир шудем.

Бо бахти баландаш он овон дар деҳаи Пушинг яке аз шоирони номвари кишвар, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хоҷа Тӯлқин мезист. Эшон аз шоир дарс мегирифт, маслиҳат мепурсид. Ин буд, ки ҳамкорӣ борвар гашт. Ва соли 2007 маҷмӯаи нахустини шеъргунаҳои Боймуроди Зуҳур бо номи «Ду тор» бо фотеҳаи Хоҷа Тӯлқин ба зевари табъ расид. Дар маҷмӯаи «Ду тор» 22 шеър, 11 рубоӣ, 11 дубайтӣ гирд оварда шудааст. Аз миён чанде сипарӣ шуда, маҷмӯаи дигараш таҳти унвони «Панди падар» (2009) тавассути нашриёти «Шарқи озод» рӯи чопро дид. «Зодгоҳи ман» (Душанбе, «Ноширон», 2014), аз он ба баъд маҷмӯи эҷодаш таҳти унвони «Ёде аз Модар — Ватан» (Хуҷанд, 2019) чоп гардид.

Фавқуззикр давоми умр дар озмунҳои гуногунпояи сатҳи ҷумҳуриявӣ борҳо ширкат варзида, соҳиби мукофоту ҷоизаҳои баланд гаштааст. Тӯли ин муддат чандин маротиб тавассути радио ва телевизиони кишвар ҳунарнамоӣ кардааст.

Бекор нишастанро намепазирад. Аз ин рӯ, солҳои 2007 — 2009 ба сифати ходими илмии Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара фаъолияти густурда дошт. Аз деҳ ба деҳ, аз куҳ ба куҳ, аз ёна ба дашту саҳро ҷӯён гашта, хазинаи осорхонаро ғанӣ намуд. Ҳамзамон, ҳамаи асбобу ускунаи устогии падарашро зеби осорхона гардонд…

Синни мубораки устоди ҳунар, мутриб, оҳангсоз, шоири мардумӣ Боймуроди Зуҳур ба 78 дакка хӯрда. Ӯ аз умри хеш қаноатманд аст. Ҳолиё ӯ камоли пирӣ меронад. Дар деҳ, дар ҳалқаи фарзандон, набераву абераҳо, дӯстону пайвандон аҳлона зиндагӣ ба сар дорад…

Хидматҳои ӯ бо нишонҳои «Ғолиби меҳнати сотсиалистӣ» (1975), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадр гаштаанд.

Боймуроди Зуҳур алҳол дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара умр ба сар мебарад. Мавсуф пири бадавлат аст. Гирди ӯ 7 писару 3 духтар, 42 набераву 17 абера (ҳаваса) парвонаанд.

Ин дидор пурсидам, акаи Боймурод дар сар фикри шаҳрӣ шуданро надоред. Чун чанд писаратон сокини шаҳри Душанбе ҳастанд. Хандиду гуфт: Имрӯз Пушинги мо ҳам шаҳр шудааст. Як бор биёеду бубинед, ки ҷавонмардони пушингӣ чӣ ободкориҳое кардаанд. Акнун деҳаи мо шаҳри дилороеро мемонад. Тӯли ду — се соли охир дар деҳа варзишгоҳ, шифохона, мағозаҳо, дӯконҳо, маркази хизматрасонӣ, чойхона, ошхона, сартарошхона, ҳаммом ва ғайра бунёд ёфтааст. Хурсандибахшаш Парчаму Нишони давлатӣ дорем. Ҳамчунон, ҳавзи зебои пурмоҳӣ бунёд ёфтааст, ки мислаш дар ҷумҳурӣ нест. Гирдогирди он боғистон, суҳбаткадаҳои мунаққаши наҷҷорони тоҷик побарҷост, ки рашки ҳазорон касро меорад. Дар ин ободкориҳо фарди баруманди зодбум Асадулло Раҳмон вазифаи фарзандии хешро ба сомон расонд, ки офаринашон бод. Ҳамчунон, ба ҷавонмардоне, ки дар ин ободкориҳо саҳм гирифтанд, изҳори сипос менамоям…

Агар хумори набераҳо гирад, боке нест. Роҳи мошингарди Пушинг — Данғара — Душанбе чун кафи даст ҳамвор аст. То баъзе шаҳриҳои хоболуд аз хоб хестан, худро дар пойтахт мегирам. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин қадар роҳҳову нақбҳо соз кардаанд, ки аз Пушинг то ба Душанбе, ба гуфти мӯйсафедон, дар як фурти чой мерасӣ. Ё ба суханони ман шак доред?

— Саҳеҳ аст, — мегӯям дар посух ба пири ботадбир.

 Умар ШЕРХОН

***

 СОЯИ  ЯЗДОН

Кишварамро бинмуд мунаввар Пешво,

Халқ аз нав тоҷбарсар Пешво.

Бар Ватан овард берун рафтагон,

Сулҳдӯсту халқпарвар Пешво.

Сояи Яздон бувад Пешвои мо,

Вориси Сомон бувад Пешвои мо,

Миллати худро саробонӣ намуд,

Ҳар ятимеро нигаҳбонӣ намуд.

Сур кард ӯ душманонро аз Ватан,

Ҷамъ моро аз парешонӣ намуд.

Сояи Яздон бувад Пешвои мо,

Вориси Сомон бувад Пешвои мо.

Азм бинмуд ғайрати мардона кард,

Бо насиби будааш шукрона кард.

Баҳри осоишу амни ин диёр,

Ҷоннисориҳо чу як фарзона кард

Сояи Яздон бувад Пешвои мо,

Вориси Сомон бувад Пешвои мо.

Боймуроди ЗУҲУР, сокини деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара

Добавить комментарий