Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардуми шарифи Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд». Маъмурият ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо такя ба дастури мазкур тамоми кӯшиши худро ба он равона карда истодаанд, ки назорати аз худкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, қобилияти эҷодии хонандагонро тақвият бахшанд ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд, то ин ки шогирдони онҳо дар оянда, чун кадрҳои болаёқат ба воя расида, дар оянда дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

Барои маълумотгирӣ дар рафти фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Б. Ғафуров корманди МТЖТ бо мудири шуъбаи маорифи зикргардида Бобоева Дилбар суҳбат намуд. Мавсуф дар оғози суҳбат соли 2020- соли ҷашнҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки соли равон 5500 — солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии намояндаи барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Камоли Хуҷандӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ҳамчунин, моҳи марти соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва  маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гашт, дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ кормандони соҳаи маорифи ноҳия фаъолона иштирок доштанд.

Роҷеъ ба нақшаву фаъолияти шуъбаи маориф Бобоева Дилбар малоҳат ба мо маълумот дода, аз ҷумла баён намуд, ки кормандони  шуъбаи маориф ва муассисаҳои зертобеъи он фаъолияти худро дар асоси  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, дар семоҳаи соли 2020 ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил гардиданд.

Шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории дар  Шӯрои шуъбаи маориф аз 27. 01. 2020, № 1/7 тасдиқ гардида , бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатии аз 26.12.2019 баёнгардида ва дар доираи чорабиниҳои “1300 — рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба роҳ мондааст.

 Фаъолияти шӯъбаи маориф.

Дар давраи  ҳисоботӣ 2 маротиба Шӯрои  шӯъбаи маориф гузаронида шуда, дар он 11 номгӯи масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия, аз қабили ҷамъбасти фаъолияти солонаи шӯъбаи маорифи ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳои кормандони соҳа дар соли 2020, вазифаҳои асосии кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар радифи иҷроиши  вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 баён доштанд ва дигарҳо баррасӣ гардиданд. Давоми семоҳаи  соли 2020  шуъбаи маориф фаъолияти беш аз 36 адад муассисаҳои маорифро  мавриди санҷиш қарор дод.

Ҳамзамон, дар ин муддат тибқи нақшаи кории шуъба барои директорони муассисаҳои таълимӣ 2 маротиба, барои  ҷонишинони директор оид ба таълим 3 маротиба, барои ҷонишинони директор оид ба тарбия 3 маротиба, барои ҷонишинони директор оид ба синфҳои ибтидоӣ 3 маротиба, барои омӯзгорони фанҳои мухталиф 39 маротиба  машваратҳои дастурдиҳӣ гузаронида шуданд.

 Кабинетҳои методӣ

Шуъбаи маорифи ноҳия аз бахши нозирот, бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, кабинети методӣ, Маркази методиву иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ, муҳосибот ва ҳайати эҷодии моҳномаи “Раҳбари дониш”, «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»   иборат мебошад. Айни замон дар шӯъбаи маориф дар маҷмуъ 6 нафар хизматчиёни давлатӣ, 26 нафар мушовирони кабинети методӣ, 3 нафар  кормандони бахши нохиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, 5 нафар кормандони Маркази методиву иттилоотӣ ва хизматрасонии техникӣ, 3 нафар кормандони муҳосибот, 2 нафар ҳайати эҷодии моҳномаи “Раҳбари дониш”, 4 нафар кормандони «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»  кору фаъолият доранд.

Олимпиадаҳои фаннӣ

Дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ 30 нафар хонандагони синфҳои 10-11 ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.

Хонандагони  муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи фанни “Аймас” фаъолона иштирок намуда, 4 нафар барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии он роҳхат пайдо намуданд.

 Шумора ва фаъолияти гимназияҳо

Дар қаламрави ноҳия 2 адад гимназияи хусусӣ ва 2 адад мактабҳои хусусӣ амал менамоянд: гимназияи хусусии «Нур», (муассис директори  куллӣ ҶДММ  БИТ “Нур” Усмонов Нурулло), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Амид» (муассис соҳибкор Исомаддинов Саидамин), гимназияи хусусии «Сафина» (муассис соҳибкор Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор), муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Дурахшандагон” (муассисон Содиқов Абдуалӣ ва Бобоева Малоҳат ) .

Мактабҳои таълимӣ ва тарбиявӣ

Айни замон дар қаламрави ноҳия 134 адад муассисаҳои шакли моликияташон гуногун фаъолият доранд, аз  ҷумла: муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ — 82 адад, гимназияҳои хусусӣ 2 адад,

мактабҳои хусусии 2 адад, гимназияҳои давлатӣ 2 адад, мактаб —  интернати махсус 1 адад, мактаб- кӯдакистони хусусӣ 1 адад,

марказҳои таҳсилоти иловагӣ 7 адад, муассисаҳои томактабии тобеъи шӯъбаи маориф 19 адад, муассисаҳои томактабии хусусӣ 15 адад,

муассисаҳои томактабии тобеъи  ташкилотҳои дигар 3 адад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия алҳол 72 513 нафар хонандагон, аз  ҷумла 36 074 нафар духтарон таҳсил доранд, ки нисбат ба соли  2018 — 1987 нафар, аз ҷумла, 1022 нафар духтар зиёд мебошад. Ба ин шумора хонандагон 4783 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 3819 нафар занҳо дарс мегӯянд.

Ҷалби кадрҳои ҷавон

Дар ноҳия ба кор бо мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои 9 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия барои бархурдорӣ аз имтиёзҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05. 2007, № 197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» муқарраргардида, омода карда шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд ва то ҳол 4 нафари онҳо аз ин имтиёз бархурдор гаштанд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон дар ин муддат барои онҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ 9 маротиба  машваратҳои омӯзишӣ доир карда шуданд. Дар ин машваратҳо худи мутахассисони ҷавон дарсҳои намунавиро пешкаш намуда, дар мавзӯҳҳои мухталифи соҳа маърӯзаҳои пурмазмунро омода ва ба кабинети методии шуъбаи маориф пешниҳод намуданд.

Шуъбаи маорифи ноҳия  рафти иҷрои талаботҳои  «Барномаи давлатии тайёр кардани  кадрҳои омӯзгорӣ барои солҳои 2011-2016»-ро  таҳти назорати доимии худ қарор додааст.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои педагогӣ пурра таъмин мебошанд. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4783  нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 3819 нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4384   нафар дорои маълумоти олӣ, 173 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 226 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Квотаи Президентӣ

Давоми амали барномаи қабули хонандагон ба мактабҳои олии кишвар тариқи квотаи Президентӣ, аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби ноҳия   160 нафар, аз ҷумла, 99 нафар духтарон ба унвони баланди донишҷӯи мактабҳои олии кишвар соҳиб гардиданд.

Озмун ва маҳфилҳо

Дастаи варзишгарони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни ҳарбӣ — варзишии вилоятии “Ватанпарвар” ҷойи ифтихории якумро сазовор гашта, ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд.

Дар самти тарбияи ҷисмонӣ байни муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия спартакиадаи зимистонаи хонандагон, спартакиадаи мактаббачагон бахшида ба 27 — солагии Артиши Миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмиллал гузаронида шуданд.

Бахшида ба  Рӯзи Артиши миллӣ  озмуни  иншои беҳтарин  дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост”, озмуни “Луғатдони беҳтарин”,  бахшида ба   Рӯзи модар озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи  “Меҳри модар”,  бахшида  ба  Рӯзи  матбуоти  тоҷик  озмуни ноҳиявии “Хомаи заррин” ташкил ва гузаронида шуда,   дар  онҳо  хонандагони муассисаҳои таълимии № 54, 34, 25, 1,  10,  16, 80, 38, 21, 33, 30, 5, 84, 28, 24, 15, 20   фаъолона иштирок намуданд.

Бо мақсади амалӣ намудани эълон шудани  “Солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ”  нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф иборат аз 21 модда қабул гардида, дар давраи ҳисоботӣ рафти ин маъраки муҳими сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти Исфисор ва ҷамоати шаҳраки Ғафуров  санҷида баромада шуд. То ҳол бахшида ба Иди Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Иди байналмиллалии Наврӯз ташкили намоишҳои ҳунарҳои мардумии маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ  баргузор карда шуданд.

Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ 50 адад маҳфили сӯзанидӯзӣ бо фарогирии 780 нафар толибдухтарон, 73 адад маҳфилҳои қолинбофӣ бо фарогирии 856 нафар хонандагон ва дигарон фаъолият доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва Марказҳои таҳсилоти иловагӣ 186 адад  дастгоҳхои қолинбофӣ, 50 адад дастгоҳҳои адрасбофӣ  насб карда  шудаанд.

Масъулияти падару модар

Шуъбаи маорифи ноҳия дар таъмини иҷроиши талаботҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  барои соли 2020  нақшаи кории махсусро иборат аз 16 банд таҳия намуда, ба муассисаҳои таълимӣ  дастрас карда шуданд. Тибқи нақшаи якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия моҳҳои январ- феврали   соли равон дар ҳамаи 90 адад муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, ХПҲБНҶ ШВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба рафти иҷроиши қонуни номбурда, ҷамъомадҳои умумии волидайни хонандагон доир ба рафти иҷроиши қонуни номбурда, баргузор карда шуданд. Инчунин ҷамъомадҳои умумии волидайни хонандагон баргузор карда шуданд.

Кабинетҳои фаннӣ

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 66 адад кабинетҳои фанни физика, 66 адад кабинетҳои фанни химия, 40 адад кабинетҳои фанни география, 54 адад кабинетҳои фанни биология, 114 адад кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ ва 75 адад кабинетҳои фанни математика ва дар маҷмӯъ 417 адад кабинетҳои фаннии таълимӣ  фаъолият доранд. Дар доираи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар соли равони 2020 харидории 8 адад кабинетҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад дар сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти муассисаҳои таълимӣ маблағҳои зарурӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ

Рафти иҷроиши «Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва ангилисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» таҳти назорати доимии шуъбаи маориф қарор дошта, айни замон, ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои баландихтисоси фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин мебошанд. Баҳри баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои номбурда, ҳар моҳ машваратҳои муфид баргузор гардида, бештар дар равиши он ба масоили самаранокии машғулоти дарсӣ ва истифодаи методҳои муосир   рӯ оварда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии қаламрави ноҳия марказҳои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо тибқи ҷадвали таҳиягардида ба роҳ монда шудааст.

 Дастрасӣ ба китобҳои таълимӣ

Дар семоҳаи соли 2020 ба ихтиёри шуъбаи маориф 22 961 адад китобҳои дарсӣ ворид гашта, дастраси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гардонида шуданд. Бино ба маълумотҳо то санаи 01.04. 2020  шуъбаи маориф дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби пардохти маблағи истифодаи китоб қарз надорад.

Ҳифзи ватан

Алҳол дар ҳамаи 90 адад муассисаҳои таълимии ноҳия майдончаҳои варзишӣ, дар назди 47 адад муассисаҳои таълимӣ 50 адад толорҳои варзишӣ мавҷуданд.

Ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳбарони омодагии дифо таъмин мебошанд. Аз шумораи умумии 87 нафар  омӯзгорони фанни дифо 78 нафар бо маълумоти олӣ кору фаъолият доранд.

Аз 87 адад муассисаҳои таълимии ноҳия дар 22 адад муассиса кабинетҳои махсуси  омодагии дифо ташкил карда шуда, дар 63 адад  муассисаҳои таълимӣ таълими ин фанн дар синф- кабинетҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳолати 14 адад кабинетҳои муассисаҳои таълимии аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии № 35, 24, 21, 28, 13, 11, 3, 10, 19, 26, 32, 33, 57, муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат   ва  24  адад синф — кабинетҳои омодагии дифо хуб арзёбӣ карда мешаванд.

 Ҷалби кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил

Санаи 23.03.2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ғозиён муассисаи таълимии томактабии хусусии “Уқобча” ба фаъолият оғоз намуд. Ҳамин тариқ  шумораи муассисаҳои таълимии томактабии хусусии ноҳия тағйир ёфта, шумораи онҳо ба 15 адад расонида шуд.

Алҳол дар қаламрави ноҳия чор барномаи таблиғии ташкилоти байналхалқии ЮНИСЕФ  «Ҷалби духтарон ба таҳсил», «Тарзи ҳаёти солим», «Таблиғи тозагӣ» ва «Маркази инкишофи бармаҳали кӯдакон» амал менамоянд, ки дар маҷмуъ 35 макотиби ноҳияро фаро гирифтааст.

Бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия алҳол дар назди 60 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 108 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2620  нафар кӯдакони  синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 Аккредетатсияи муассисаҳои таълимӣ

Бахши ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баҳри татбиқи амалии Фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 330 аз 15.03.07  «Дар бораи таъсиси бахшҳо ва гуруҳҳои назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кӯшиш ба харҷ дода, фаъолияти гуруҳҳои назорати сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимии ноҳияро зери назорати доимӣ қарор додааст.

Бахши ноҳиявӣ ва гуруҳҳои назорати сифати таҳсилот бо мақсади муайян кардани сифати таълим дар 32 адад муассисаҳои таълимии ноҳия донишазхудкунии хонандагонро аз рӯйи фанҳои забони модарӣ,  забони русӣ,  забони англисӣ,  химия, биология, география, математика, алгебра санҷида, ба миқдори 133 адад корҳои санҷишӣ гирифтанд. Дар санҷиш аз 3 382 нафар хонандагон  3089 нафар иштирок намуда, 231н афар баҳои “5“,  942  нафар баҳои “4”, 1356 нафар баҳои “3”,  548 нафар баҳои “2” ва 12 нафар баҳои “1” гирифтанд. Аз ҷумлаи 3089 нафар хонандагони дар санҷиш иштирокнамуда, сифатнокӣ 37,97% буда, дараҷаи донишазхудкунии хонандагон 81,8%- ро дар бар гирифт.

Марказҳои таҳсилоти иловагӣ

Дар қаламрави ноҳия 7 адад  муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. То ҳол 2 маротиба машваратҳои дастурдиҳии директорони Маркази таҳсилоти иловагӣ баргузор гардида, дар онҳо бобати ҳуҷҷатгузорӣ , ташкили кор дар маҳфилҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд. Аъзоён ва роҳбарони маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ  дар чорабиниҳои ҷашнии ноҳиявӣ ва вилоятӣ бахшида ба 31 — умин солгарди баровардани қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз  хоки Афғонистон, 27- солагии Артиши миллӣ,  20- солагии таъсисёбии  Созмони талабагӣ, Наврӯзи байналмиллал фаъолона иштирок  доштанд. Ҳамаи  маҳфилҳои  марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳия бо утоқҳои кории махсус ва асбобу анҷомҳои лозимӣ таъмин мебошанд.

 Фаъолияти мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои томактабӣ

Санаи 23.03.2020 дар доираи таҷлили иди Наврӯзи байналмиллал ба ятимони кулли ноҳия аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои наврӯзӣ дода шуд.

Дар ноҳия як адад мактаб интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон суст амал менамояд, ки дар 27 адад синфи он 290 нафар аз ҷумла, 123 нафар духтарони дорои нуқсони шунавоӣ аз тамоми қаламравӣ вилоят ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд.

Айни замон дар қаламрави ноҳия 37 адад муассисаҳои таълимии томактабии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 19 адад муассисаҳои таълимии томактабии тобеъи шуъбаи маориф, 3 адад муассисаҳои таълимии томактабии ташкилотҳои дигар, 15 адад муассисаҳои таълимии томактабии  хусусӣ  фаъолият доранд.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 6254  нафар кӯдакони синни томактабӣ, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шуъбаи маориф 5118  нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии ташкилотҳои дигар 280 нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии  хусусӣ 856 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 60 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 108 адад гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2620 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ, алҳол 8874 нафар кӯдакони синни томактабӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва Марказҳои инкишофи кӯдаки қаламрави ноҳия ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин 20,2 % фоизи кӯдакони синни томактабии ноҳияро ташкил медиҳад.

Дар кӯдакистонҳои ноҳия 247 нафар мураббиён, аз ҷумла 128 нафар бо маълумоти олӣ , 29 нафар бо маълумоти олии нопурра ва  90 нафар бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият доранд.

компютер, 105 адад  проектор  ва 59  адад тахтаҳои электронӣ таъмин мебошанд.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here