Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Коллеҷи техникӣ яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душабе буда, дар заминаи техникуми сохтмони шаҳри Душанбе, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.1997, таҳти № 49 дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ташкил шудааст. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2009, таҳти № 555 Муассисаи давлатии «Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе» бо якҷоя шудани Муассисаи давлатии «Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе» аз нав номгузорӣ гашта, номи «Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ»-ро гирифт. Муассиси коллеҷ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фаъолияти худро дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимиро ба танзим медарорад, амалӣ менамояд. Коллеҷро устоди соҳибтаҷриба, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асрорзода Убайдулло Саттор роҳбарӣ мекунанд.

Базаи моддию техникӣ ва кадрӣ
Бинои асосии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар маркази шаҳри Душанбе, хиёбони Айни 41 воқеъ буда, бинои иловагии таълимии он дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад 27/2 ҷойгир аст. Муассисаи мазкур дорои толори варзиш, маҷлисгоҳ, 2 хобгоҳ барои 1000 нафар донишҷӯ ва омӯзгорон, инчунин фароғатгоҳ дар дараи зебоманзари Ромит мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити хубу мусоид баҳри самаранок ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва касбомӯзии донишҷӯён тайи 3 соли охир бо ташаббуси директори муассиса, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, замонавӣ ва ҷавобгӯй ба талаботҳои имрӯза гардонида шудаанд. Дар айни ҳол коллеҷ имконият дорад дар 1 баст зиёда аз 2500 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирад. Ба таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас 281 нафар омӯзгорон ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 2 нафар доктори илм, 25 нафар номзади илм, 61 нафар муаллими калон ва 193 нафар ассистентҳо мебошанд.
Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз рӯи 2 дараҷа-таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд. Таълим дар муассиса бо 2 забон — тоҷикӣ ва русӣ сурат гирифта, асосан мутахассисони соҳаи сохтмон, нақлиёт, энергетика, телекоммуникатсия, техникаи тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ, муҳандисию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зистро омода менамояд, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир буда, мавқеи худро ишғол намудаанд. Маъмурияти коллеҷ бештар ба ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Сол аз сол ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ тағйир ёфта, омӯзгорони пуртаҷрибаи дараҷаи илмидошта ва ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро, ки бо дипломи аъло хатм намудаанд, тибқи озмун ба кор қабул менамоянд.

Сохтори коллеҷ
Дар коллеҷ вобаста ба самаранокии фаъолият сохтори идоракунӣ такмил дода мешавад. Дар айни замон дар коллеҷ: шуъбаи таълим, шуъбаи ҳисобдорӣ, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, шуъбаи хоҷагидорӣ, шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ, шуъбаи илм ва инноватсия, шуъбаи кор бо ҷавонон ва шӯрои занон, шуъбаи умумӣ ва назорат, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, бахши таҷрибаомӯзӣ, шуъбаи робитаҳои хориҷӣ, маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, маркази тестӣ, шуъбаи бехатарӣ, 4 факултет, шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ва 16 кафедра аз рӯи 35 ихтисос дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва аз рӯи 11 ихтисос дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамоянд.
Кафедраҳои умумиколлеҷӣ бошанд инҳоянд: кафедраи фанҳои гуманитарӣ, забони тоҷикӣ, забонҳои хориҷӣ, математика ва кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

Ихтисосҳо
Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд:
Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо муҳлати таҳсили 3 сола)
Технологияи мошинсозӣ; таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ;
баҳисобгирии муҳосибӣ; ташхис ва назорат, монтаж ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ; нерӯгоҳҳои барқӣ, истифодабарии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва нерӯгоҳҳои хурди барқӣ; таъмини истеъмолкунандагони маишию манзилӣ бо барқ; автоматикакунонии кори бонк; иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ; иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон; автосервис (хизматрасонии мошинҳо),
ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ; истифодабарии техники мошину таҷҳизоти бинокорӣ ва роҳсозӣ; нигоҳубини техникӣ ва таъмири муҳаррикони дарунсӯз; меъморӣ;
сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ; сохтмон, истифодабарии биноҳо ва иншоот; банақшагирии биноҳо ва иншоот; сохтмон, нигоҳубин ва таъмири роҳҳои автомобилгард; истифодабарии техникӣ ва таъмири системаи обтаъминнамоӣ ва обпарто; сохтмон, нигоҳдорӣ ва таъмири пулҳои автомобилгард; электроникаи саноатӣ, радиотехника, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, техника ва таҷҳизотҳои тиббӣ; технологияи истеҳсоли мебел; барномасозӣ барои системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ; графикаи компютерӣ; таъминоти барномавии коркарди маълумот; таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ; низоми технологияи иттилоотӣ; технологияи силикат, масолеҳи мушкилгудоз ва ғайриметалӣ; технологияи насоҷ ва масолеҳи насоҷӣ; ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода намудани боигарии табиат; геодезия дар сохтмон.

Зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо муҳлати таҳсили 4 сола)
2-40 01 01 33 — Графикаи компютерӣ;
2-43 01 01-Нерӯгоҳҳои электрикӣ;
2-44 01 01-32 — Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ;
2-45 01 03 — Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ;
2-43 01 03 01-Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ;
2-70 02 01-Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;
2-69 01 01 – Меъморӣ;
2-40 01 02 02 -Низоми технологияи иттилоотӣ;
2-27 01 31 27 — Иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқи соҳибкорон;
2 -25 01 32 01 — Автоматикунонии кори бонкӣ.

Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (бо муҳлати таҳсили 1 сола ва 2 сола)
3 43 01-51- Истифодаи техники таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва шабакаҳо;
3 46 01 51. 02 -Устои сохтмончӣ;
3-37 01 52 01- Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил;
3-37 01 52 03- Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил;
3-39 02 52 02- Радиомеханик оид ба таъмири таҷҳизоти радиоэлектронӣ;
3-25 01 52 01- Ҳисобдор бо донистани компютер;
3-25 01 52 02- Хазинадор-назоратчӣ;
3-19051002- Рӯйкашкунандаи мебелҳо;
3-40025201- Системаи компютерӣ ва интернет-технология;
3-51025401- Оператори нуқтаҳои савдои сӯзишворӣ;
3-480154 — Тозакунии канданиҳои фоиданок.

Айни замон дар коллеҷ 140 гуруҳи академӣ мавҷуд буда, теъдоди умумии донишҷӯёне, ки ба таҳсил фарогир мебошанд 4075 нафарро ташкил медиҳад (694 нафар таҳсилоти ғоибона), аз онҳо 614 нафар духтарон мебошанд (185 нафар таҳсилоти ғоибона). Аз теъдоди зикргардида 1683 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ ва 2392 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунанд.

Озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳо
Дар бинои асосии коллеҷи техникӣ 52 синфхона аз ҷумла: 1 маркази қабули имтиҳонҳо муҷаҳҳаз бо 80 адад компютер, 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ иборат аз 32 компютер, 3 озмоишгоҳ, 2 устохонаи таълимии муҷаҳхаз бо васоили дастгоҳҳои замонавӣ, 1 китобхонаи электронӣ дар назди китобхонаи илмии донишҷӯён бо 20 адад компютер, ки дар сервери он 600 ҳазор китобҳои электронӣ барои хониши донишҷӯён ҷамъ карда шудааст, мавриди истифода қарор доранд. Синфхонаҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавии овоздор насб карда шудааст, ки аз шуъбаи таълим бе халалдор сохтани раванди таълим давомоти донишҷӯён назорат бурда мешавад ва дарсҳои омӯзгорон мавриди таҳлил қарор мегирад. Ҳамчунин синфхонаҳои таълимӣ барои ҳама ихтисосҳо бо маводҳо ва таҷҳизоту айёниятҳои дарсӣ, тахтаҳои электронӣ таҷҳизонида шуда, ба талаботи нақшаву барномаҳои таълимӣ ҷавобгӯй мебошанд. Дар бинои дуюми таълимӣ (воқеъ дар маҳаллаи 46) 28 синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла 8 синфхонаи лексионӣ муҷаҳҳаз бо технология ва воситаҳои айёнии замонавӣ бо тахтаҳои электронӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи лингофонӣ ва 5 озмоишгоҳҳои фаннии аз телекоммуникатсия, таҷҳизотҳои тиббӣ, электроэнергетика, физика, сохти автомобил ва инчунин ошхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад. Дар соли 2018 барои қабули имтиҳонҳо дар ин бинои таълимӣ маркази идораи бақайдгирӣ бо 42 компютер ташкил карда шуд. Қисмати тестии санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ дар факултетҳои бинои таълимии мазкур ҷойгиршуда, бемамоният дар маркази дар боло зикршуда қабул карда мешавад.

Маҳфилҳои илмӣ ва ҷамъияти илмии донишҷӯён
Дар муассисаи таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури зеҳнии донишҷӯён, маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд. Ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳо, ки тибқи нақша ҳар моҳ дар кафедраҳо бо донишҷӯён ва аъзоёни ин маҳфилҳо 2-3 маротиба баргузор мешавад, дар сайқалдиҳии малака, баланд бардоштани қобилияти зеҳнии онҳо, ихтирою кашфиётҳои нав нақши басо муҳим мегузорад.

Ҷои аввал дар озмуни «Ихтироъкори беҳтарини соли 2017»
Бояд қайд намуд, ки дар коллеҷ маркази «Техникони ҷавон» фаъолият мекунад, ки роҳбарии онро Алиев Рустам ба уҳда дорад. Алиев Рустам хатмкунандаи коллеҷ буда, дар айни замон корманди коллеҷ мебошад. Ӯ дар соли 2017 дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини соли 2017» ғолиб гардида, сазовори ҷои аввал шуд. Ин марказ оид ба ихтироъкорӣ ва интихоби касбҳои техникӣ, такмил додани донишҳои техникӣ ба донишҷӯён ёрӣ мерасонад. Дар соли 2018 5 аъзои фаъоли ин марказ лоиҳаи ихтироъкорӣ пешниҳод намуда, дар озмуни сатҳи шаҳрӣ ғолиб гардиданд. Ҳоло ин марказ зиёда аз 248 нафар аъзо дошта, онҳо аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли коллеҷ мебошанд.

Ҷойи якум дар олимпиадаи байни коллеҷҳо
Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, муайян намудани донишҷӯёну хонандагони лаёқатманд ва ҳавасманд гардонидани онҳо ҳар ҳафта дар давоми таҳсил бо ташаббуси шуъбаи таълим ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешавад, ки донишҷӯёни коллеҷ ва хонандагони шуъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Бо донишҷӯёне, ки дар чунин чорабиниҳои дохилӣ ва озмуну олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, омӯзгорон инфиродӣ кор намуда, онҳоро ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он омода менамоянд.
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар таърихи 18.05.2018 даври ҷамъбастии олимпиадаи фаннӣ байни коллеҷҳои ҷумҳурӣ аз фанҳои математика, забони русӣ, забони тоҷикӣ, забони англисӣ, биология, химия, таърихи халқи тоҷик шуда гузашт. Донишҷӯи курси 2-юми факултети энергетика ва телекоммуникатсия Дорғабекова Ганҷина аз фанни забони англисӣ ҷои дуюм, Ошӯрбеков Муяссар, донишҷӯи курси 2-юми факултети сохтмон ва роҳсозӣ ҷои дуюм, Ғуломалиева Фарангис, донишҷӯи курси 2-юми факултети технологӣ ҷои дуюм, Абдурасулов Хумайнӣ, донишҷӯи факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ ҷои ифтихорӣ ва донишҷӯён Суҳроби Маҳсиддин, Ғуломов Довудшоҳ ғайриконкурсӣ хуб баромад карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Аз рӯи натиҷаҳои бадастомада, дар байни 66 коллеҷи ҷумҳурӣ, коллеҷи техникӣ бо гирифтани 3 ҷои дуюм, як ҷои сеюм ва се ҷои ифтихорӣ сазовори ҷои якум гашт. Дар риштаи варзиш низ донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишии байни муассисаҳо, ки дар худи толори варзишии коллеҷи техникӣ ҳамасола баргузор мегардад, ҷойҳои аввал ва намоёнро соҳиб мегарданд.

Китобхонаи коллеҷ
Китобхонаи донишҷӯён, ки дар бинои асосӣ ҷойгир аст, пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои 100 нафар дар як вақт ҷои нишаст ташкил карда шуда, бо мизу курсиҳои нав таъмин карда шудааст. Китобхона ба шабакаи интернет пайваст буда, донишҷӯён ва омӯзгорон пайваста аз он истифода мебаранд. Айни замон дар назди китобхонаи донишҷӯён китобхонаи электронӣ ташкил шудааст, ки он бо 20 адад компютер таъмин буда, дар сервери он 600 ҳазор китобҳои электронӣ, видеодарсҳо, презентатсияҳо, маҷмӯи лексияҳои фаннӣ ва дигар маводҳои зарурии таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар соҳаҳои гуногун барои хониши донишҷӯён ҷамъ карда шудааст ва мавриди истифода қарор доранд.

Хобгоҳи коллеҷ
Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дорои 2 хобгоҳи замонавӣ буда, хобгоҳи №2 воқеъ дар маҳаллаи политехникум баъди таъмири асосӣ барои 800 нафар донишҷӯ моҳи октябри соли 2018 ба истифода дода шуд. Бояд қайд намуд, ки хобгоҳи донишҷӯён аз 3 бинову 4 ошёна иборат буда, тамоми шароит барои истироҳат, фароғат ва зиндагии донишҷӯён, писарону духтарон дар сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст. Дар хобгоҳ 1 синфхонаи компютерӣ иборат аз 12 компютер барои омӯзиши технологияи иттилоотӣ, китобхонаи илмӣ иборат аз 25 ҷои нишаст, синфхонаи дӯзандагӣ бо 10 адад мошинаҳои дарздӯзии замонавӣ барои духтарон, толори варзишӣ муҷаҳҳаз бо лавозимотҳои зарурии варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, утоқҳои алоҳидаи ҷомашӯӣ муҷаҳҳаз бо 10 дастгоҳи замонавӣ, ҳуҷраҳои дарзмолкунӣ бо дарзмолҳои буғӣ ва оддӣ муҷаҳҳазшуда, дар ҳар ошёна ошхонаҳо бо 4 плита ва лавозимотҳои зарурии ошпазӣ, ҳаммомҳои замонавӣ бо душкабинаҳо муҷаҳҳазшуда, утоқҳои хоби донишҷӯён муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ, ҷевону кати хоб бо лавозимотҳои зарурӣ ва нуқтаи тиббӣ бо тамоми маводҳои ёрии аввалини тиббӣ сохта, барои истифодаи донишҷӯёни маскуни ин хобгоҳ дода шудааст. Дар тамоми роҳравҳои хобгоҳ ва атрофи бинои он 53 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд, ки тавасути онҳо аз тарафи мутсаддиёни хобгоҳ назорати шабонарӯзӣ бурда мешавад.
Боздиди мо аз хобгоҳҳои коллеҷ нишон дод, ки воқеан барои истиқомати донишҷӯён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷ
Дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён таваҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар асоси нақшаҳои таълимӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ва Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шудааст. Тартиби гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар коллеҷи техникӣ дар асоси талаботи нақшаҳои таълимӣ, Низомномаи таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ роҳандозӣ карда мешавад. Донишҷӯён ба корхонаҳою муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ тибқи шартномаҳои басташуда ва мактубҳои корхонаҳо ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ фиристода мешаванд.
Дар соли таҳсили 2018-2019 коллеҷи техникӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ бо 38 корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳо, муассисаҳои бонкӣ ва молиявӣ, пажуҳишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ шартномаи дутарафа баста, бо корхонаҳои сохтмонӣ қарордоди якдафъаина дорад.
Бо дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳамкорӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ мавҷуд аст. Айни замон коллеҷи техникӣ бо “Коргоҳи мошинсоз”, “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе”, “Нерӯгоҳи барқии Варзоб”, “Шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Телерадиоком”, КВД-и “Маркази Ҷумҳуриявии таъмиру хизматрасонии воситаҳои тиббӣ”, “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3”, “Сомонсервис”, “Хизматгузор 2015”, Вазорати нақлиёт, “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ҶДММ “Азия-экспресс”, “Тоҷиктекстилмаш”, ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Корхонаи таъмири роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Раёсати молияи ноҳияи Шоҳмансур ва дигар муассисаю корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ шартномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро дорад.

Густариши равобити илмӣ -асоси пешравӣ
Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, Донишгоҳи давлатии Братск, Донишгоҳи Ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус ва даҳхо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Моҳи июни соли 2018 Коллеҷи техникӣ бо Коллеҷи политехникии шаҳри Рязан Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, таҷрибаивазкунии тахассусӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи дутарафаро ба имзо расониданд, ки айни замон амалӣ гардида истодааст.

Дастгирии ятимон-баракат дар кор
Роҳбарияти Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаи он, ҳамасола ба донишҷӯёни ятими кул, маъюбон ва нимятим ғамхории махсус зоҳир намуда, шароити зиндагӣ ва таъмини онҳо бо имтиёзҳои зарурӣ зери назорати ҷиддии роҳбарияти муассиса қарор дорад. Айни замон дар муассиса 10 нафар ятимони кул таҳсил менамоянд, ки онҳо дар хобгоҳи донишҷӯён ройгон истиқомат намуда, дар ошхонаи муассиса бо хӯрокӣ якдаъфаинаи гарм таъмин буда, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ бо туҳфаю сару либос аз ҷониби маъмурият пайваста мадад расонида мешаванд. Илова бар ин, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус ба бошандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ туҳфаю сару либос аз ҷониби маъмурияти коллеҷ тақдим карда мешавад.

Нуфузи таълимгоҳ – кадрҳои болаёқат
Бо пешниҳоди директори коллеҷ Асрорзода У.С. ва қарори Шӯрои олимон доир ба ҳавасманд намудани омӯзгорон ва кормандони коллеҷи техникӣ, ки рисолаи илмӣ дифоъ менамоянд, китобҳои дарсию дастурҳои методӣ чоп мекунанд ва ба корҳои илмӣ- методӣ машғуланд, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ мададпулии яквақта дар ҳаҷми 10.000 (даҳ ҳазор) ва рисолаи докторӣ 20.000 (бист ҳазор) сомонӣ расонида мешавад ва барои чопи шумораи муайяни китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои таълимии омӯзгорону кормандон маблағ ҷудо карда мешавад.
Боиси қайд аст, ки дар соли 2017 3 нафар, дар соли 2018 2 нафар, дар моҳи январи соли 2019 2 нафар омӯзгорони асосии коллеҷ рисолаи номзадии худро дар Шӯрои диссертатсионӣ ҳимоя намуданд, дар давоми соли 2019 бошад 10 нафари дигар дар назар аст, ки рисолаи номзадиашонро ҳимоя намоянд.

Ба ҷои охирсухан
Аз суҳбат бо директори коллеҷ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Асрорзода Убайдулло Саттор ва устодони муассиса маълум шуд, ки ҳадафи асосии маъмурият ва ҳайати профессориву омӯзгории коллеҷ тарбияи мутахассиси фаъол ва созанда, инчунин дар замири донишҷӯён тарбия кардани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ мебошад, ки ҳамаи ин барои ноил шудан ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамоянд. Роҳбарияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки дар ҷои бинои таълимии №2-и коллеҷ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 41 бинои таълимии нави 8 ошёна бо шароитҳои замонавӣ барои 1700 ҷои нишаст дар як баст бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳад. Айни замон барои сохтани бинои таълимӣ қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расонида шуда, баъди хулосаҳои сохторҳои дахлдор сохтмони бинои таълимӣ оғоз мегардад.
Бояд эътироф кард, ки Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аз пурнуфузтарин коллеҷҳои кишвар буда, кадрҳои тарбиятнамудаи он дар бозори меҳнат комилан ҷавобгӯй ва рақобатпазир мебошанд ва алъон дар тамоми соҳаҳо, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар кору фаъолият доранд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби ихтисосҳои замонавӣ гардад ва дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз ва ояндаи худ саҳмгузор бошад, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ беҳтарин интихоб аст. Рамзи коллеҷи мазкур дар Маркази миллии тестӣ 521 мебошад.

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here