Ба илму дониш фаро гирифтан ва вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир маърифатноку соҳибкасб кардани ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлат ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин, Сарвари давлат ҳамасола дар Паёмҳои худ ба мақомоти олии қонунбарор ва зимни мулоқотҳояшон бо зиёиёни кишвар ба масъалаи илму маориф таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, баҳри рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ба масъулони соҳаи маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои судманд медиҳанд. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кӯшиш ба харҷ додааст, то дар соли хониши 2019 ба масоили пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани донишу маърифати хонандагону омӯзгорон, боло бурдани сатҳу шароити фаъолияти мутахассисони ҷавону кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф, ободкориву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимиву томактабӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

 Маълумоти мухтасар

Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар тобеияти худ 74 муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, 1 фароғатгоҳи «Шарора», 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабии «Меҳрона», «Миҷгона» ва муассисаи томактабии навбунёд дар маҳаллаи М. Ҳакимов (собиқ заводи пахта)) дорад, ки дар соли хониши 2019-2020 дар 1980 синфхона 48749 нафар хонандагон (аз ҷумла 23724 нафар духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба синфи якум дар соли хониши 2019-2020-ум 5503 нафар (аз ҷумла 2655 нафар духтар) қабул карда шудаанд. Аз шумораи 3918 нафар (аз ҷумла 1874 духтар) дар соли хониши 2019-2020 ба синфи 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3609 (аз ҷумла 1795 духтар), ба коллеҷҳо 15 нафар (аз ҷумла 5 нафар духтар), ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ 251 нафар (аз ҷумла 53 нафар духтар), ба дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 43 нафар (аз ҷумла 17 нафар духтар) рафтаанд. Дар маҷмуъ, аз синфи 9-ум ба синфи 10-ум 99% хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бошад, ба таълиму тарбияи 1543 нафар кӯдакони синни томактабӣ 57 нафар мураббиён машғуланд. Дар баробари ин, дар назди 45 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 64 адад гуруҳи Маркази рушди барвақтии кӯдакон ё Марказҳои инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1378 нафар фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ 2921 нафар ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудаанд, ки 13,16%-ро ташкил медиҳад.

Заминаҳои кадрӣ

Шумораи умумии омӯзгорон 3401 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 2244 нафарро занон ташкил мекунанд. Бо дарназардошти рафту омад, ба нафақа баромадан ва ҷойивазкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ шумораи омӯзгорон тағйир ёфта, нисбати соли хониши гузашта 57 нафар зиёд шудааст. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 185 нафар мутахассисони ҷавон барои таъминот бо ҷойи кор бояд ба Раёсати маориф ҳозир мешуданд. Аз шумораи дар боло зикршуда 94 нафар ба Раёсати маориф ҳозир шуда, 61 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шуда, 33 нафарашон барои таъмин намудан бо ҷойи кор ба навбат гирифта шудаанд.

Айни замон дар муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб 3 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, зиёда аз 156 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон ва 2 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон кор карда истодаанд. Дар соли 2019-ум 4 нафар омӯзгорон ба гирифтани унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ноил гаштаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои тобеи раёсати маориф 502 нафар мутахассисони ҷавон кору фаъолият карда истодаанд.

Бозомӯзии омӯзгорон

Тибқи нақша ҳамасола зиёда аз 20%-и омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар асоси нақшаи такмили ихтисос барои соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи минтақавии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон дар шаҳри Кӯлоб омӯзгорони фанҳои мухталиф, ҷонишинон, роҳбарони созмонҳои талабагӣ ва роҳбарони иттиҳодияи методии муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар ҷамъбасти соли 2019-ум 483 нафар аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шудаанд, ки 100%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи кории кабинети методӣ ҳар моҳ бо онҳо оид ба ҳуҷҷатнигорӣ, таълими салоҳиятнокӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон семинарҳо ташкил кардаву гузаронида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи кории кабинети методии Раёсати маориф ҳар моҳ бо роҳбарони таълимгоҳҳо, муовинони директорон оид ба қисми илмӣ, тарбиявӣ ва Созмонҳои хонандагон бо муаллимони забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, география, забони англисӣ, химия ва биология, физика ва математика, синфҳои ибтидоӣ, технологияи меҳнат семинарҳо ташкил кардаву гузаронида мешавад.

Компютеркунонӣ

Оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар Раёсати маориф як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Дар ҷамъбасти соли 2019 ба муассисаҳои таълимӣ 63 адад компютер, 33 тахтаи электронӣ ва 33 проэктор бо маблағгузории муассиса, Маркази технологияи информатсионӣ ва соҳибкорон дастрас карда шудааст.

Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкор дар муассисаи таълимии №1 кабинети компютерӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо 12 компютер, тахтаи электронӣ, 7 мизу 23 дона курсӣ таъмин карда шудааст.

Айни ҳол муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бо модем таъмин мебошанд.

Дастовардҳои хонандагон

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мутобиқи нақшаи солонаи Раёсати маорифи шаҳр, нақша ва Ойинномаи МДРИ фаъолият намуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки дар даври сеюми Олимпиадаи вилоятӣ 54-нафар хонандагони синфҳои 9-ум сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 11 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 20 ҷойи сеюм ва 15 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Дар гуруҳи синфҳои 10-ум хонандагон соҳиби 5 ҷойи якум, 8 ҷойи дуюм, 28 ҷойи сеюм ва 5 ҷойи ифтихорӣ шудаанд. Дар гуруҳи синфҳои 11 дар даври ниҳоӣ (ҷумҳуриявӣ) хонандагон 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм ба даст овардаанд.

Дар олимпиадаи даставӣ байни мактабҳои Президентии ҷумҳуриявӣ мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ширкат варзида, соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Дар баробари ин, хонанда Абубакри Ҳофиз аз мактаби Президентӣ ғолиби озмуни “Хонандаи сол – 2019” гардида, муаллими фанни географияи мактаби Президентӣ Турсунзода Некрӯз дар озмуни “Муаллими сол – 2019” дар вилоят  сазовори ҷойи дуюм ва муаллими фанни математика аз литсейи №1 Изатуллоев Идимад ба гирифтани ҷоизаи раиси вилоят сазовор гардидаанд.

Идомаи таҳсил

Тариқи квотаи Президентӣ дар соли 2019-ум 33 нафар хатмкардагон (аз ҷумла 17 нафар духтар) соҳиби роҳхат гардидаанд.

Аз шумораи умумии 3425 нафар хатмкунандагони синфҳои 11 соли гузашта 2677 нафар ё худ 78,2%-и хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишкадаю донишгоҳҳо дохил шудаанд, ки нисбати соли 2018-ум 9,7% зиёд гардида, дар вилоят беҳтарин нишондод маҳсуб меёбад. 17 нафар ба донишгоҳҳои қудратӣ, 61 нафар ба хориҷи кишвар, 457 нафар ба коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ дохил шудаанд.

Хонандаи синфи 9-ум Камолова Мунира аз мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, Розиқов Амирҷон – хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, Исроили Исуф – хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 ва Қурбонов  Сарфароз – хонандаи синфи 7-и Литсейи инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба гирифтани стипендияи раиси вилоят сарфароз гардидаанд.

Сохтмону барқарорсозӣ

Дар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” айни ҳол сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Офтоблиқо, сохтмони муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Абдушукурова идома дорад. Дар назди муассисаҳои таълимии №19 (сохтмони муассисаи таълимии нав барои 480 ҷойи нишаст идома дорад), №20 (сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад), №30 (қарори раиси шаҳр барои сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ бароварда шудааст), №53 (сохтмони мактаби нав идома дорад) сохтмонҳо идома доранд.

Бинобар сабаби бунёд шудани деҳаи нав дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи М. Ибронов, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ҷойгир мебошад, таълим дар се баст ба роҳ монда шудааст. Муассисаи мазкур барои 288 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шудааст, ки барои пурра фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳо басанда нест. Нисбати ин масъала раёсати маориф корбарӣ намуда истодааст.

Дар назди муассисаи таълимии №2 ва дар маҳаллаи 20-ум (Навканд) муассисаҳои таълимии нав сохта ба истифода дода шудаанд. Дар назди муассисаи таълимии №21 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар назди муассисаҳои таълимии №№22, 38 ва деҳаи Нуристони ҷамоати деҳоти Зиракӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо дастгирии Ҳакимов Сулаймон иборат аз 4 синфхона барои 240 нафар дар ду баст, як хонаи омӯзгорон ва хоҷатхона аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” бо маблағгузории ташкилоти хайриявии “Дорулбил”-и давлати Арабистон пеш рафта истодааст. Бо дастгирии соҳибкор Назаров Бахтиёр дар маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240  ҷойи нишаст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст, хонаи муаллимон бо дастгирии соҳибкор Наврӯз Комилов ва дар назди муассисаи таълимии №20 бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст ва хонаи муаллимон идома дорад.

Тибқи қарори раиси шаҳр ҳуҷҷатҳо барои сохтмони мактабҳои нав дар деҳоти Гулистон ва Обшорон омода шуда, ба Кумитаи заминсозӣ ва геодезии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шудаанд. Ҳамзамон, қарори раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани қитъаи замин дар ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Хонобод, азнавсозӣ барои сохтмони бинои иловагии таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи В. Шамсов, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана, деҳаи Файзобод ва ҷудо намудани замин аз ҳисоби замини корами обӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳана, дар деҳаи Гултеппа барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб барои сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Нуристон барои сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бароварда шудааст.

Таъмини китобҳои дарсӣ

Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб чор муассиса – Мактаби Президентӣ, Литсейи хонандагони болаёқат, Интернати ҷумҳуриявӣ, Литсейи инноватсионӣ бевосита аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китоб таъмин карда шуда, боқӣ 50 муассисаи таълимии дигар китобҳои дарсиро тавассути Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мегиранд.

Дар соли 2019 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати маориф 33798 нусха китобҳои дарсӣ ба маблағи 503806,11 сомонӣ ва маводхои таълимӣ 4150  нусха ворид шуда, пурра ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст.

Истироҳати тобистона

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019, №103 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019”, раёсати маориф барои дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Зиёда аз 3720 нафар кӯдакон ва наврасони синфҳои аз 1 то 4 дар лагерҳои наздимактабӣ, инчунин 353 нафар дар ду баст дар фароғатгоҳи «Шарора», воқеъ дар деҳаи хушманзараи Чубеки ноҳияи Муъминобод ва 16 нафар дар истироҳатгоҳи ҷумҳуриявии “Чайка” ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ

Хонандагони муассисаҳои таълимии №№22, 31, 53 дар 4-умин Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ оид ба тарғиби Ҳаракати олимпӣ ширкат варзида, ба гирифтани ифтихорномаҳо ва медали Академияи миллии оимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, хонандагони муассисаи таълимии №4 (Орипов Дилшод, Убайдуллои Ҳисайн) дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Бадминтон» ширкат варзида, сазовори ҷойи 2-юм гардидаанд. Хонандаи муассисаи таълимии №53 (Алиев Муҳамамад) дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба «Ҷию-Ҷутсу» ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гардидаст.

Хонандагони муассисаи таълимии №5 дар мусобиқаи «Баскетбол»   ширкат варзида, сазовори ҷойи якум, хонандагони муассисаи таълимии №№5, 8 дар мусобиқаи «Шоҳмот» дар вилоят ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гардидаанд. Омӯзгори муассисаи таълимии №19 Нуралии Раҳмон дар мусобиқаи «Шоҳмот» ширкат варзида, соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардидааст.

Аз ҷониби раёсати маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар соли гузашта як қатор чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, аз ҷумла чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ», «Рӯзи Ҷалолиддини Рӯмӣ», «Рӯзи забон», «Забондони беҳтарин», «Модар – олиҳаи зебоӣ», «Зан – модар – сарчашмаи ҳаёт», «Ихтироъкорни ҷавон», «Донояк», «Хати зебо», «Мураббии сол», «Ҳифзи табиат – асоси рушди сайёҳӣ», «Рӯзи умумиҷаҳонии замин», инчунин, озмуни «Иншои беҳтарин», мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили «Футбол», «Баскетбол» байни духтарони муассисаҳои таълимӣ, «Шоҳмот», «Шашка», «Тенниси рӯйи миз», «Дастхобонӣ», «Гӯштини миллӣ», «Ватанпарвар» гузаронида шудаанд.

Кӯмакҳои ватандӯстона

Сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Абдулманон Раҳмонов мегӯяд, ки “кор бо аҳли ҷомеа ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ омили асосии пешравии соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон амали хуб дошта, дар таълиму тарбия, гузаронидани чорабиниҳо, дастгирии муассиса ва таъмиру тармим фаъолона иштирок менамоянд. Имрӯз мо бо ифтихор метавонем номи даҳҳо хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ, шахсони саховатпешаву ватандӯстро ба забон орем, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмиру тармими муассисаҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо, харидории компютерҳо ва мизу курсиҳои талабагӣ кӯмаки беғаразона намудаанд”.

Бино ба иттилои ӯ, шаҳрванд Исмоилзода Мирзо як бинои муассисаи таълимии №1-ро таъмири асосӣ намудааст. Бо дастгирии оилаи Исмоиловҳо қисми берунии муассисаи таълимии МТМУ №6 таъмир шудааст. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 Комилзода Алихон барои таъмири муассиса бо маблағи беш аз 7000 сомонӣ маводҳои сохтмонӣ ёрӣ расонидааст. Хатмкардагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 Ҳисайнов Анвар, Маҳмадзода Фаридун, Каримов Илҳом толори варзишии муассисаро пурра аз таъмири асосӣ бароварда истодаанд. Шаҳрванд Нозимов Ғайрат Назаралиевич МТМУ №25-ро таъмири асосӣ намуда, ҳамзамон муассисаро пурра бо мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ таъмин кардааст. Соҳибкор Шарипов А. як синфхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-ро пурра аз таъмири асосӣ баровардааст. Соҳибкор Наврӯз Комилов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №41 сохтмони синфхонаҳои иловагӣ иборат аз 10 синфро оғоз намудааст. Дар муассисаҳои таълимии рақамҳои  3, 12, 13, 15, 17, 18, 19, 20, 21, 22, 27, 28, 29, 31, 32, 33, 35, 36, 38 ва ғайра низ кӯмаку дастгирии хатмкардагон, соҳибкорон ба андозаи муайян ба мушоҳида расидааст.

Инчунин, бояд зикр намуд, ки дар соли 2019 барои муассисаҳои таълимии дохили шаҳр аз ҳисоби маблағҳои хароҷотии муассиса 222 миз ва 126 курсӣ ба маблағи 27180 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here