АЗ ТАЪРИХИ КОЛЛЕҶ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 1 июни соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №262 дар базаи Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Н. К. Крупская таъсис дода шуда, 3 марти соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №144 ба номи фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон – Хосият Махсумова гузошта шудааст. 

Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе соли 1959 дар заминаи шуъбаи томактабии Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ҳамчун омӯзишгоҳи педагогии томактабӣ ташкил ёфта буд. Соли аввали ташкилёӣб (1959) дар омӯзишгоҳ ҳамагӣ 23 нафар омӯзгор кор мекарданд, ки аз онҳо 9 нафарашон асосӣ буданд.

Аввалин директори Омӯзишгоҳи педагогии томактабии шаҳри Душанберо Муаллимаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Назарова Умрӣ Назаровна бар уҳда доштанд. Мавсуф тайи панҷ сол, то соли 1964 дар ин вазифа ифои хизмат намудаанд. Аз соли 1964 то соли 1981 роҳбарии ин боргоҳи маърифатро Махсумова Хосият Нусратуллоевна бар дӯш доштанд. Дар давраи директории Хосият Махсумова бо фармони Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли 1975 Омӯзишгоҳи томактабӣ ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Н. Крупская табдил дода шуд.

Солҳои 1981 – 1986 Ҳакимова Мастура Ҳомидхоҷаева сарвари омӯзишгоҳ буд, ки баъдан барои хизматҳои шоёнаш бо унвонҳои “Аълочии маорифи халқ” ва “Муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарафёб гардид. Баъдан, солҳои 1986 – 1998 Нуриддинова Маҳбуба Сироҷиддиновна ва аз соли 1998 то моҳи майи соли 2007 Қосимова Мастура Нозимовна сарвари ин даргоҳи омодасозандаи омӯзгорони ҷавон буданд. Маҳз дар давраи роҳбарии онҳо дигаргуниҳо дар таълиму тарбия ба миён омада, дар ҳамаи сохторҳои таълимгоҳ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида расиданд. Дар ин давра сифати таълим ва тарбия беҳ гардида, муассиса аз Омӯзишгоҳ (соли 1999) ба Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳоло Садриддин Айнӣ) табдили ном намуд. 

Азбаски коллеҷ зинаи аввалини сохтори мактаби олӣ маҳсуб мешавад, зарурияти таъсисёбии кафедраҳои тахассусӣ ба миён омад. Мувофиқи фармони вазири маорифи ҶТ соли 2000 дар Коллеҷи омӯзгорӣ 4 кафедра: филология, таърих, риёзӣ, таълими ибтидоӣ ва томактабӣ таъсис дода шуд.

Аз 10 майи соли 2007 то 25 августи соли 2015 сарварии Коллеҷи омӯзгориро номзади илмҳои таърих Қурбонова Ширин Исмоиловна бар уҳда доштанд. Дар ин марҳила бинои асосии таълимгоҳ пурра таъмир гардида, утоқҳои кории омӯзгорон ва таълимии донишҷӯён бо мизу курсиҳои нав таъмин шуд.

Санаи 25 августи соли 2015 бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои филология Исматуллозода Ширин директори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардиданд,ки мавсуф то ин замон дар рушди босуботи муассиса нақши бориз доранд. Маҳз дар давраи роҳбарии Исматуллозода Ширин коллеҷ ба як қатор дастовардҳо ноил шуда, дар ҷумҳурӣ яке аз беҳтаринҳо эътироф гардид. 

Имрӯз бошад, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тамоми фаъолияти худро баҳри татбиқи амалии  дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудааст. 

Дар  Коллеҷ то  имрӯз 3  факулта ва  6  кафедра  фаъолият  доранд. Дар  Коллеҷ  ҳоло 3701 нафар донишҷӯ машғули омӯзиш ҳастанд, ки аз ин миён 2006 нафар ба таҳсили  рӯзона, 1196 нафар ба таҳсили ғоибона ва 499 нафар ба гурӯҳҳои мақсаднок  фаро гирифта   шудаанд.

Ҳамзамон дар  Коллеҷ аз  13  ихтисоси омӯзгорӣ: — Забон  ва  адабиёти тоҷик; -таърих; — таҳсилоти  томактабӣ (баъди  хатми  синфи 11 ва 9); — таҳсилоти  ибтидоӣ (баъди  хатми синфи 11 ва 9); -нақшакашӣ ва  технологияи  меҳнат; -санъати тасвирӣ; — забони  англисӣ; — забон  ва адабиёти рус; — забони олмонӣ; — математика; -математика – информатика мутахассисон  омода   мегарданд. Имсол  бо гирифтани  замимаи  нав боз ду  ихтисоси  дигар: биология ва география илова  гашт. 

 

НИШОНДОДҲОИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Феълан таълим дар Коллеҷи омӯзгорӣ пурра ба тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, дарсҳо мувофиқ ба талаботи замон, инчунин бо истифодаи технологияҳои муосир гузаронида мешаванд.          

Ҳоло бо мақсади дуруст ба роҳ мондани қабули имтиҳонҳо ва назорати он, вайрон накардани қоидаҳои имтиҳонсупорӣ комиссияи аппелятсионӣ дар назди факултетҳо, гурӯҳҳои корӣ (комиссия) аз ҳисоби омӯзгорони кафедраҳо таъсис дода шудаанд, аз  натиҷаи он  ҳар рӯзи душанбе дар ҷаласаи назди директор ва муовин оид ба таълим  маълумот  пешниҳод  менамоянд. 

Қабули имтиҳонҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи сессияи имтиҳонӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, тариқи компютерӣ дар синфхонаҳои компютерии факултетҳо, ки бо технология ва воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ташкил ва баргузор мегарданд. Ҷиҳати муташаккилона ва бонизом гузаронидани сессияи имтиҳонӣ, аз ҷумла, маркази тестӣ ва қисми таълим тадбирҳои мушаххас андешида, як  ҳафта қабл аз оғози имтиҳонот омодагӣ мегиранд. Дар баробари ин омӯзгорони фанҳои таълимӣ ба сифати назоратчӣ дар рафти қабули имтиҳон ва тафтиши ҷавобҳои донишҷӯён иштирок менамоянд. 

Соли  дуюм аст,  ки  донишҷӯёни ғоибхон низ ба тариқи кредитӣ  дар  назди  монитор  имтиҳон  месупоранд. То саршавии қабули рейтингҳо  саволномаҳои тестӣ ба маркази бақайдгирии тестӣ, ба  барномаи санҷишӣ  ворид  карда мешаванд. Ниҳоят дар соли таҳсили ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ низоми нави “Таҳсилоти фосилавӣ”,  ки тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон  имконпазир  мегардонад, амалӣ гардонида  шуд (дар шакли пилотӣ, танҳо дар курси якум). Таҳсилоти фосилавӣ, ки  зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил  аст, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин гардонида мешавад. Фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯён тавассути барномаҳои машваратӣ (бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар реҷаи оnline ва ғайра) гузаронида мешавад. Системаи таҳсилоти фосилавии Коллеҷи омӯзгорӣ дар шабакаи глобалии Интернет фаъолияташро оғоз намуда, барои донишҷӯён имконияти саривақт ва бемамоният дастрас намудани маълумотҳои заруриро фароҳам меорад, кори системаро шаффоф гардонида, тамоми маълумотҳо марказонида мешаванд.   Аз аввали  соли  таълимӣ  6  нафар  омӯзгорон  аз  таълими курси махсуси таълими фосилавӣ, ки дар  Донишкадаи  тиҷоратии  Тоҷикистон  баргузор  гашт,  гузашта,  соҳиби  сертификатҳо  гаштанд. 

Барои фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар Коллеҷи омӯзгорӣ  таҷҳизотҳои лозима аз қабили mikrotik,  сервер ва барномаи махсуси таҳсилоти фосилавӣ Moodle харидорӣ  карда шуда, дар моҳи декабри соли 2017 насб гардонида шуд. Сомонаи таҳсилоти фосилавӣ низ тартиб дода шуда, он аз рӯи суроғаи  fosilavi.koshd.tj  тариқи дилхоҳ барномаҳои ҷустуҷӯи ахборот тариқи интернет кушодан мумкин аст.  Бо мақсади омӯзонидани ин низом  барои омӯзгорон ва донишҷӯёни  курсҳои якуми шуъбаи ғоибона семинарҳо ташкил карда шуда, роҳҳои пайвастшавӣ ва истифодаи самараноки барномаи Moodle   фаҳмонида шуд. 

Аз ин  хулоса  баровардан  мумкин  аст, ки   бо  гузариш  ба    таҳсилоти  кредитӣ сатҳи  донишазхудкунии донишҷӯён  баландтар  шудааст ва  ин  равандро дар  се  соли   охир(тобистони 2016, 2017, 2018)  чунин  нишон  додан  мумкин аст:

  

 Дар баробари ин дар  шаш  моҳи аввали  соли 2018 тибқи нақша сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён дар  факултетҳо аз ҷониби гурӯҳи назорати сифати таҳсилот санҷида шуда, дар ҷаласаҳои  Шӯрои олимон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар  сессияи  дуюми  соли таҳсили  2017- 2018 бошад,   Коллеҷ ба тариқи холгузории ҳарҳафтаина  гузашт. Холи баландтарин  12,5- ро  нишон  медиҳад. Ин  ҳолат   салоҳияти  омӯзгорро   зиёд  намуда,  ҳисси  масъулият ва худидоракунии  донишҷӯйро баланд  менамояд.  

Дар баробари ин  роҳбарияти  Коллеҷ   барои  гузариш  аз   курсҳои такмили  ихтисос барои  омӯзгорон  ҳар  сол  шароит  муҳайё сохта,  омӯзгоронро  ба он  сафарбар  менамояд. Ба ғайр аз  ин зиёда аз  50  нафар  омӯзгорони  Коллеҷ  ба  курсҳои такмилии “Босалоҳият”,  “Ҳамроҳ бихонем” ва  семинарҳои   омӯзиши низоми  идоракунии раванди  таҳсилоти фосилавӣ, таҳсилоти  кредитӣ аз  аввали  соли  таҳсили  2017-2018 фаро  гирифта  шуданд. Ин  омӯзгорон  баъди  ба  итмомрасии   семинару  курсҳо  соҳиби  сертификат ва  шаҳодатномаҳо  гардиданд. 

 

ЗАМИНАҲОИ МОДДӢ – ТЕХНИКӢ ВА ТАЪЛИМӢ

Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ дар асоси нақшаи таълимии аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 06.08.2014 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.  Аз  моҳи  январи  соли  2018  дар  асоси  “ Шартномаи дуҷониба”-и  Коллеҷ  бо  шуъбаи  маорифи  ноҳияи  Шоҳмансур  шумораи  мактабҳои  базавӣ  доир  ба  гузаронидани  таҷрибаомӯзӣ  зиёд  гардонида шуданд. Ҳоло  таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур №15,36,  41,31, 23, 79,  100,  кӯдакистони  № 24  гузаронида  мешаванд. Дар  баробари  ин  барои  гузаронидани  таҷрибаомӯзии  ихтисоси  забони  олмонӣ  бо  мактаби  №28 ноҳияи  Фирдавсӣ ва   МТМУ  62-и  ноҳияи И. Сомонӣ низ   “Шартномаи  дуҷониба”   ба  тасвиб  расонида шуд. Мувофиқи нақшаи таълимии мазкур миқдори соатҳо 6 кредит барои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ ва 6 кредит барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ҷудо карда шудааст ва ин соатҳо ба мушовирони таҷрибаомӯзӣ тақсим карда шуданд. Рафти таҷрибаомӯзӣ дар асоси Низомномаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои олимони  Коллеҷ соли 2017 тасдиқ шудааст, ба роҳ гузошта шудааст.

Фаъолияти кафедраҳои  методикаи  таълим, ки дар  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумии  №15, 41, 36, 100 ташкил карда шуд, беҳтар  шуда  истодааст. Бо  ташаббуси кафедраҳои  зикршуда аввали  моҳи  март  дар  Коллеҷ  “Рӯзи  дарҳои  кушод” ташкил  карда шуд. Назорати раванди таҷрибаомӯзӣ, сифати дарсҳо ва корҳои беруназдарсии  таҷрибаомӯзон  аз ҷониби мушовирон — роҳбарони таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст.  

Ҳамзамон  курсҳои  сеюм  дар  нимаи  дуюми  моҳи апрел то 1 июни соли  2018  ба  таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ  сафарбар  гаштанд. Ҳар як донишҷӯ таҳти роҳбарии мушовирон вобаста ба мавзӯи дарсӣ ва чорабиниҳои беруназдарсӣ мавод, айёниятҳои таълимӣ омода кардааст. Пеш аз сафарбар намудани донишҷӯён таҳти роҳбарии омӯзгорони фанҳои  методикаи таълим лексияи соатҳои дарсӣ, талаботҳо  оид ба таҳлили дарс ва чорабиниҳои беруназдарсӣ омода менамоянд. 

 

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ КОЛЛЕҶ

Омӯзгорон ва устодони Коллеҷ дар баробари аҳамияти ҷиддӣ додан ба раванди таълиму тарбия, фаъолияти илмиашонро дуруст ба роҳ монда, аз рӯйи корҳои илмии инфиродиашон пайваста омӯзиш ва таҳқиқот мебаранд. Дар қатори даҳҳо асарҳои методиву илмии солҳои гузашта, имсол низ аллакай чандин китоби омӯзгорони ин даргоҳи маърифат аллакай аз чоп баромадаву бархеи дигарашон дар дасти чоп қарор доранд, ки асарҳои зерин намунаи ин гуфтаҳост: Юсупова Ҳ. Раҷабова Ф. – Комплекси таълимӣ- методӣ аз фаннӣ “Психологияи умумӣ”, Идрисов Д. Зоиров Ш.- Консепсияи  табиатшиносии муосир, Сулаймонов Б. Мантиқ,  Назари М., Боқиев Ҳ.- Таърихи адабиёти Амрико ва ғайра.

Инчунин маҷмӯи лексияҳо аз фанни педагогика бо саволномаи тестӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология мураттаб гардида, ба табъ расид. Илова бар ин матни лексияҳои фаннии омӯзгорон бо иқдоми Раёсати Коллеҷ бо мақсади таъмин намудани донишҷӯён бо маводи таълимӣ мутассил чоп карда мешаванд. Дар Коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки дар он ба ғайр аз адабиёти илмиву бадеӣ матни лексияҳои тадрисӣ пурра ворид карда шуда, аз он омӯзгорону донишҷӯён ба таври густурда баҳрабардорӣ менамоянд.  

Дар Коллеҷ бо мақсади огоҳии комил пайдо намудан аз таъриху фарҳанги миллати худ озмуни “Сермутолиатарин донишҷӯ” дар заминаи омӯзишу баҳрабардорӣ аз осори гаронмояи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди маърифатӣ баргузор гардид дар ин озмун се нафар донишҷӯй ғолибият ба даст оварданд. Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва таърих Сангов Одина ҷои аввалро соҳиб гардид. Дар таърихи 19.03.2018 конференсияи илмӣ бахшида ба гирмомидошти ҷашни байналмиллалиии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз ҷашни ҳамагонитарини мардуми ориёинажод” баргузор ёфт, ки баромадкунандагон дар мавзӯъҳои зерин маърӯза ироа намуданд. Аз ҷумла, Исматуллозода Ш. — доктори илми филолгӣ, дар мавзӯи “Наврӯз — қадимтарин ҷашни ниёгон”, Ғуломшоев С. – номзади илми таърих, мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ дар мавзӯи “ Наврӯз ва оғози кишоварзӣ дар Бадахшон”, Ҷӯраев Ҳ. – номзади илми педагогӣ, муовини директор оид ба таълим, дар мавзӯи “Наврӯз ва эҳёи суннатҳои он дар замони истиқлолият”, Олимова Ф.- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, дар мавзӯи “Наврӯз ва дигар ҷашнҳои аҷамиён”… 

Дар баробари ин, устодони Коллеҷ бо матбуоти даврӣ робитаи ҳамешагӣ дошта, мақолаҳои илмиву адабии хешро манзури хонандагони нашрияҳо мегардонанд. Коллеҷ нашрияи ихтисосии худро дорад. Рӯзномаи “Шамъи  рӯзгор”   дар  мувофиқа  ба   мудири  шуъбаи илм  ва  роҳбари муассиса  ҳар  моҳ бо теъдоди 3000 нусха аз чоп баромада, дар баробари инъикоси воқеаю ҳодисаҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурӣ ва ҳаёти  рӯзмарраи   Коллеҷ, маводҳои кормандони муассисаро ҳам ба табъ мерасонад. Чунончӣ, мақолаҳои пурмуҳтавои Исматуллозода Ш. “Наврӯз — қадимтарин ҷашни ниёгон”, “Корнамоии беназири Президенти мардумӣ”, Тӯраева З. “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон”, Қосимова М. “Хониш рукни муҳими омӯзиши забони хориҷӣ”, “Омӯзгори забондон”, Ҷӯраев Ҳ “Наврӯз – мардумитарин ҷашни дунё”, “Дар шинохти забони тоҷикӣ” маҳз тавассути рӯзномаи “Шамъи рӯзгор” манзури хонандагон гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки фаъолияти маҳфилҳои фаннии “Дӯстдорони сухан” , “Донандагони забони англисӣ”, “Таърихнигорони ҷавон”, “Дастони моҳир”, “Математикони ҷавон” ва “Русское слово” босамар роҳандозӣ гардида, бо ҷавонони эҷодкору фаъол ҳамеша мутасаддиён ҳамкории судмандро пайгирӣ менамоянд. 

Устодони Коллеҷи омӯзгорӣ дар баргузории конфаронсҳои илмиву амалӣ анъанаи ташаббуси наҷибро идома медиҳанд. Аз ҷумла, санащои 21 апрели соли 2018 бахшида ба 140 — солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кормандони факултети табиӣ — риёзӣ ва педагогика – психология таҳти унвони “Саҳми устод Айнӣ дар рушду таҳаввулоти адабиёти муосири тоҷик”, 8-уми майи соли 2018 бахшида ба 73-солагии Ғалаба ба Германияи фашистӣ, 10 майи соли 2018 конференсияи илмӣ — амалии омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба 140-солагии устод Садриддин Айнӣ ва Соли 2018 –соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Актуальные проблемы преподавания иностранных языков” доир гардид. 

Дар муассиса  аз  аввали соли  2018  114 нафар устодон фаъолият  доранд, ки  аз ин шумора  26 нафар  омӯзгорони ҷавон ва устодони  таҷрибадор дар  соли  нави  таҳсил (2018-2019) ба  кор қабул шуда шуданд. Алҳол 131 нафар омӯзгор  дар  Коллеҷ кору  фаъолият  менамоянд. Аз ин  ҷумла,  29 нафар номзади илм ва 3 нафар  доктори илм мебошанд, ки аз ин теъдод 12 нафар асосӣ ва  нафар 14  ҳамкор  ба шумор мераванд. Ҳамчунин, 14-нафар унвонҷӯёну аспирантон дар баробари ба таълиму тадрис машғул будан ба пажӯҳишу таҳқиқоти корҳои илмӣ- методӣ ва ба нашр расонидани дастуру маводҳои таълимӣ вобаста шудаанд. Умед ҳаст, ки соли равон омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳазратқулова Н. ва омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Акрамова Г. рисолаҳои номзадиашонро дифоъ хоҳанд намуд. Инчунин рисолаи доктории омӯзгори кафедраи педагогика ва психология Юлдошева Ҷ. ва омӯзгори кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ Тӯраева З. дар арафаи ҳимоя қарор дорад.

 

ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНҲОИ ФАННӢ

Дар таърихи 18.05.2018 донишҷӯёни Коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин озмун донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои хориҷӣ, ихтисоси забони англисӣ Каримова Гулҷаҳон аз фанни забони англисӣ ҷойи якум, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Салимова Шабнам аз фанни забони тоҷикӣ ҷои сеюм ва донишҷӯи курси якуми факултети забонҳои хориҷӣ, ихтисоси забон ва адабиёти рус Кардиметов Рушан аз фанни забони русӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд. Инчунин донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математика – информатика Сафармуродов Урал барои ҷойи ифтихориро соҳиб гардидан аз фанни математика бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Дар ин озмун Коллеҷ дар миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро сазовор гардид. Раёсати Коллеҷ ғолибони озмунро бо ифтихорнома ва бо маблағи муайян аз суратҳисоби махсуси муассиса ва инчунин омӯзгорони фанниро, ки дар омода намудани ғолибони озмун фаъолияти хуб нишон доданд, ҳавасманд ва қадрдонӣ намуд.

 

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Тайи ду сол аст, ки дар Коллеҷ Парки технологӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст. Кормандони Парки технологӣ  иқдоми пешгирифтаи  худро   давом  дода, бо  ёрии донишҷӯёни  ихтисоси  технология (технологияи меҳнат, нақшакашӣ) ба сохтан  ва азнавсозии мизу курсиҳои донишҷӯй, мебелҳои  мулоим, тахтаҳои  синфӣ, ҷевонҳо  машғуланд.  Ба туфайли фаъолияти парки мазкур марказҳои  тестии  Коллеҷ дубора бо мизу курсиҳои  махсус барои компютерҳо таҳҷиҳозонида  шуданд.

Барои  дуруст  ба роҳ  гузоштани фаъолияти Парки  технологӣ  ба   миқдори  55  ҳазор  сомонӣ  таҷҳизот  харидорӣ  карда  шуд.  Тавассути ин парк дар   шаш моҳи аввали соли 2018 барои аудиторияҳо ва синфхонаҳои  компютерӣ зиёда аз 300 адад мизу курсиҳо омода ва мувофиқи дархости факултаҳо   тақсим  гардиданд. Ҳамзамон  курсҳои  кутоҳмуддати дӯзандагӣ, забони англисӣ, омӯзиши компютер  ташкил  карда шуда,  донишҷӯён ба таҳсили иловагӣ ҷалб  карда  шуданд. Айни замон Парк фаъолияташро вусъат бахшида, бо сохтани чорчӯбаҳо барои расмҳои  шоиру нависандагон, сохтани чордевораҳои тарғиботӣ (стенд-афиша) барои нақшу нигораҳо,  тасвирҳои гурӯҳҳои  таълимии  “санъати  тасвирӣ” ва  ҷои нишаст дар  роҳраву  таҳлезҳои   Раёсат  ба   намуди  эстетикии  коллеҷ   зебу ороиши   бошукӯҳе  зам  менамояд.

 

ДАР РАДИФИ ТАЪЛИМ – ТАРБИЯ

Корҳои тарбиявӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия ва тибқи талабот ва нақшаи кории қисми тарбия барои дар амал татбиқ намудани қарору қонунҳо: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи миллии тарбия»,  Қарори Шӯрои олимони Коллеҷ доир ба «Тартибу қоидаҳои дохилии Коллеҷ» «Риояи қоидаҳои  бехатарӣ» ба роҳ монда шудааст. 

Дар асоси нақшаи кории қисми тарбия ва нақшаи куратории гурӯҳҳои академикӣ гузаронидани соатҳои тарбиявӣ аз тарафи кураторони гурӯҳ дар давоми ҳафта як маротиба дар асоси ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шудаанд.  Бо мақсади васеъ шудани ҷаҳонбинии сиёсии донишҷӯён ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа соати сиёсӣ баргузор карда мешавад. Дар вақти баргузории соатҳои мазкур шахсони масъул (ҷонишинони директор, деканҳои факултетҳо бо мудирони кафедраҳо, омӯзгорон, донишҷӯён) оид ба мавзӯъҳои мубрами сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҳафта суханронӣ карда, бо донишҷӯён муколама доир менамоянд. 

Муҳтавои Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз тарафи кормандон ва омӯзгорон пайваста фаҳмонида мешавад.

Тибқи нақша аз тарафи кафедраи таърих ва ҷомешиносӣ дар толори фарҳангии муассиса ҷамъомад дар мавзӯи «Давлат ва дин», ки дар он масъалаи зиракии сиёсиро аз даст надодан, ба ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва ифротгароён ҳамроҳ нашудан мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маърӯзачиён оид ба шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва ҳаракату созмонҳои ихтилофангез сухан ронда, далелу рақамҳои мушаххас оварданд. Дар ин замина, дар маҷлисгоҳи Коллеҷ вохӯрӣ бо иштироки Сардори шӯъбаи амнияти н.Шоҳмансур, Раиси созмони ҷавонон, муовини раиси суди ноҳия, инчунин бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба рафторҳои ношоями ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистии ифротгаро гузаронида шуд. 

Бахшида ба «Рӯзи  ҷавонон»  дар муассиса чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили бозиҳои варзишӣ, викторинаҳо ва дарси кушоди тарбиявӣ аз тарафи кафедраҳои факултетҳо гузаронида шуд. Аз тарафи кафедраи педагогика ва психология чорабинии фарҳангию фароғатии «Канӣ писарон» гузаронида шуд.

Илова бар ин, дар Коллеҷ чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд, ки барои тарбияи донишҷӯён аз аҳамият холӣ нест.  Аз ҷумла, бахшида ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модарон, Рузи байналмилалии тандурустӣ, Иди байналмилалии Наврӯз,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи нашъамандӣ, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи оила, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Дониш, Ҷашни Истиқлолият Рӯзи забони давлатӣ ва ғайра аз тарафи устодон ва донишҷӯён маҳфилҳои дилнишин баргузор мегарданд.  Чун муште аз хирвор инҷо метавонам чанд чорабинии бо ибтикори кормандони Коллеҷ баргузоршударо зикр намоям. Аз тарафи кафедраи таърих бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бо унвони «Ватан дорам, ҳама ганҷи ҷаҳон дорам» дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Ҳамчунин, 24-уми феврали соли 2018 бо ибтикори Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи нақша- чорабинӣ дар факултети табиӣ –риёзӣ ва педагогика, психология  дар мавзӯи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гузаронида шуд, ки муовини директори Коллеҷи омӯзгорӣ Идрисов Д. дар мавзӯи «Обҳои Тоҷикистон, захира ва самаранок истифодабарии он дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли нерӯи барқ» дар шакли презентатсия  баромад намуд.

Ҷои ифтихор аст, ки донишҷудухтари курси 1-уми факултети табиӣ риёзӣ ва педагогика- психология ихтисоси математика ва информатика Шарифова Адиба дар вилояти Хатлон дар озмуни «Маликаи Наврӯз», ки бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ширкат намуда, сазовори ҷойи якум гардид.

Умуман дар муассиса корҳои таълимиву тарбиявӣ дар сатҳи муайян қарор дошта, ҳайати устодон ва донишҷӯёни Коллеҷ баҳри минбаъд низ баланд бардо штани сатҳи таълиму тарбия пайваста талош меварзанд.

«САМАК»

Добавить комментарий