Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ягона мактаби олиест, ки дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи мусиқии касбиро тарбия менамояд. Муассисаи мазкур зодаи замони истиқлолият буда, соли 2003 бо ташаббуси бевоситаи сарвари маҳбуби миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Мақоми волои миллӣ консерваторияро муваззаф менамояд, ки ҳамаи ҷанбаву паҳлуҳои мусиқии миллии тоҷикро дар бар бигирад ва санъати мусиқии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона муаррифӣ намояд. Ректори нахустини консерватория композитори маъруфи тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Талабхӯҷа Сатторов буд. Айни замон роҳбарии Консерваторияи миллиро мусиқишинос, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаҳои байналмилалии ЭКО ва Академияи илмии байналмилалӣ (Юнон), доктори Академияи илмии байналмилалии Ҷаҳони антиқа” (Юнон), доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода бар дӯш дорад.

 

Факултетҳо ва ихтисосҳо

Дар консерватория тибқи равияҳои асосии мусиқии касбии тоҷик се факултет — иҷрокунандагӣ (классикаи ҷаҳонӣ ва мусиқии композитории тоҷик), мусиқии суннатии тоҷик (асосан дар асоси Шашмақом ва Фалак), санъати мусиқии эстрадӣ (равияҳои муосири мусиқии тоҷик) ва 14 кафедра фаъолият дорад. Ин сохторро консерватория на аз ибтидо, балки дар ҷараёни ташаккул ва мукаммалшавии хеш, чор сол қабл доро гардид. Таҳсил дар муассисаи мазкур аз рӯйи ду низом — муқаррарӣ ва кредитӣ ба роҳ монда шуда, ҳар ду низоми таҳсил гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ дорад. Ҷараёни таҳсил бо шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ ба амал меояд ва донишҷӯён аз рӯи 13 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд: Фортепиано, Созҳои оркестрӣ, Созҳои миллӣ (оркестри асбобҳои халқӣ), Дирижёри хор, Дирижёри оркестри симфонӣ, Сарояндагии академӣ (операвӣ), Сарояндагии эстрадӣ, Навозандагии эстрадӣ, Режиссураи овоз, Композиторӣ, Мусиқишиносӣ, Сарояндагии суннатӣ, Навозандагии суннатӣ.

Дар доираи ихтисосҳои номбурда, дар соли таҳсили 2018-2019 дар консерватория 410 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 306 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 104 нафар ғоибона таҳсил менамоянд, ки 325 нафарро писарон ва 85 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Соли ҷорӣ ба консерватория чор шаҳрванди хориҷӣ ба курсҳои тайёрӣ ва курси 1 дохил шуданд, ки се нафар аз Ӯзбекистон ва як нафар аз ИМА мебошанд. Дар курсҳои болоӣ бошад, шаҳрвандони Корея, Эрон, Чин, Русия ва Ҳиндустон низ таҳсил мекунанд.

 

Таъминоти кадрӣ

Дар консерватория 347 нафар корманди баландихтисос фаъолият мебаранд, ки 242 нафарашон кормандони асосӣ ва 105 нафар ҳамкор мебошанд. Аз ин шумора 275 нафарро профессорону омӯзгорон, аз ҷумла 3 доктори илм, 17 профессор, 6 номзади илм, 19 дотсент, 1 доктор PhD, 2 дотсенти хориҷӣ, 36 омӯзгори калон, 94 омӯзгор, 1 сардирижёр, 1 сархормейстер, 9 консертмейстери пешбар, 18 консертмейстер, 6 сариллюстратор, 71 иллюстратор фаъолияти корӣ мебаранд.

Баҳри ба сатҳи касбии байналмилалӣ бардоштани ҷараёни таҳсил ба ҳайси омӯзгор ба консерватория мутахассисони барҷастаи хориҷӣ, аз ҷумла профессорони Консерваторияи миллии Қирғизистон — композитор Муратбек Бегалиев ва пианинонавоз Зайтуна Наринбоева, профессори Консерваторияи давлатии Урал — скрипка алтнавоз Аверин Валерий Дмитриевич, сарояндаи операвӣ аз Белорус Ирина Лой, қӯшнайчӣ Исматулло Тағойқулов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷалб карда шудаанд.

 

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкориҳои байналмилалии консерватория бо мактабҳои олии Ҷумҳурии Чин (Ланчжоу), Фаронса, Русия (Москва, Санкт-Петербург, Урал, Новосибирск, Челябинск, Қазон, Уфа), Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон ба роҳ монда шудааст. Бо ин мактабҳои олӣ, ки асосан академияҳои мусиқиву консерватория мебошанд, ҳамкориҳои ҳам эҷодӣ-консертӣ, ҳам илмӣ фаъоланд.

Аз ҷумла, рӯзи 19-уми декабри соли 2018 роҳбарияти Академияи илм ва санъати шаҳри Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Чин ба консерватория ташриф оварданд. Дар ҳайати меҳмонон ректор, ноиби ректор ва деканҳои факултет шомил буданд. Зимни суҳбат оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва равобити байни ду мактаби олӣ андешаҳои ҷолиб баён карда шуд. Қайд гардид, ки донишҷӯёни консерватория дар самти коргардони сабти овоз барои таҳсил ба университети мазкур фиристода шаванд. Ин пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд. Инчунин, барои студияи сабти овози консерватория аз тарафи роҳбарияти академияи мазкур таҷҳизоти замонавии сабткунанда ба таври туҳфа ба нақша гирифта шуд.

Аз 17 то 19-уми октябри соли 2018 дар доираи рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе аҳли консерватория ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Литсейи мусиқии Санкт-Петербургро қабул намуд. Тибқи барнома дар давоми се рӯз бо меҳмонон чорабиниҳои баланди касбӣ баргузор гардида, шартнома байни Мактаби махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ ва М. Атоев бо литсейи мусиқии Санкт-Петербург ба имзо расонида шуд.

Шоми 19-уми октябр дар толори калони консерватория консерт таҳти унвони “Мусиқӣ барои дӯстон” баргузор гардид, ки иҷрокунандагони он ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ, хонандагони Литсейи мусиқии шаҳри Санкт-Петербург Карасёв Егор (ф-но), Соколов Глеб (гобой), Назембло Вероника (домбра), Щулькин Петр (флейта), Шилкин Матвей (гобой), Корабалин Денис (ф-но) буданд.

Консерватория пайваста бо “Россотрудничество”, Маркази “Бохтар”, Университети Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ менамояд.

 

Иштирок дар озмунҳо ва фестивалҳои хориҷӣ ва дохилӣ

Аз суҳбат бо ректори консерватория профессор Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода маълум шуд, ки дар чор соли охир иштироки донишҷӯёни консерватория дар озмунҳову фестивалҳои хориҷӣ ва дохилӣ хеле фаъол гардидааст. Маҳз дар ҳамин солҳо донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони консерватория дар соҳаҳои гуногуни мусиқии касбӣ ҷойҳои аввалро гирифта, сазовори унвони лауреати озмуни байналмилалӣ гаштаанд. Аз ҷумла, Марҷона Ҳасанова (виолончел) дар Арманистон, Сайидо Амонов (кларнет) дар Арманистон, Ҷасур Халилов (навозандаи эстрадӣ) дар Арманистон, Шамсулло Раҳимов (флейта) дар Арманистон, Хуҷастаи Мирзовалӣ (вокал) дар Арманистон, Зебунисо Мирова (фортепиано) дар Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, Хосият Олимова (фортепиано) дар Русия, Санҷари Абдумалик (сарояндаи Шашмақом) дар Русия, Санои Сайҳошим (фалакхон) дар Русия, Абдуқаҳҳоров Шерзод (рубоб) дар Русия, Раҳмонова Гулбону (чанг) дар Русияро номбар кардан мумкин аст, ки бо ҳунари волои худ на танҳо обрӯи Консерваторияи миллӣ, балки обрӯи санъати Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар боло бардоштаанд.

 

Назорати нақшаҳои таълимӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён дар консерватория таҳияи нақшаҳои таълимӣ, назорати иҷрои сарбории омӯзгорон, таҳия ва баррасии барномаҳои васеи корӣ — силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, ба нашр тавсия намудани китобҳои дарсӣ, маҷмуаҳои нотавӣ ва дастурҳои методӣ дар таркиби Шӯрои илмӣ-методии консерватория комиссия ва гуруҳҳои кории доимамалкунанда таъсис дода шудааст, ки нақшаҳои таълимӣ ҳамеша мавриди назорати ҷиддӣ қарор мегиранд.

Дар консерватория бахусус тайи ду-се соли охир ба сифати таълим таваҷҷуҳи қатъӣ дода шуда, дар ҳамкорӣ бо хадамоту раёсатҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талаботи навтарини соҳаи маориф дар ин таълимгоҳи олӣ ҷорӣ гардидааст. Тибқи он имрӯз сохтори консерватория бо шуъбаҳои нави ёрирасон ва назорати таълими Маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ; Шуъбаи ғоибона ва такмили тахассуси кормандон; Шуъбаи магистратура ва доктор PhD; Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон; Маҷаллаи илмӣ пурра гардонида шудааст. Дар ин давра инчунин ду санади асосӣ — Сохтор ва Оинномаи нави консерватория бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№4/13, 29.10.2018) аз сари нав тасдиқ шуданд. Нақшаҳои таълимии 13 ихтисоси амалкунанда (рӯзона) аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ гардид, ки айни ҳол раванди таълим аз рӯйи онҳо амалӣ мешавад. Инчунин, Низомномаҳои Шӯрои илмӣ-методӣ, раёсати таълим, Маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастурамали бастҳои вазифавии раёсати таълим ва қоидаҳои тартиботи дохилии консерватория пурра тибқи талаботи навтарини давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд.

 

Нахустиқдомҳо дар давраи соҳибистиқлолӣ

Барои баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорондар соли 2018 семинарҳои таълимӣ-этнографии Каримов С. С. ва таълимӣ-илмии Ғоибназаров Ч. А., дарси маҳорати Ҳофизи халқии Ӯзбекистон, профессори консерваторияи Ӯзбекистон Маҳмуд Тоҷибоев (сароянда, танбӯр) гузаронида шуданд. Бо силсилаи дарсҳои маҳоратӣ профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ҳакимова Д. Х. (фортепиано) дар баробари таҳлилу талқини асарҳои композиторони ҷаҳонӣ, асарҳои композитори намоёни тоҷик Талбхӯҷа Сатторовро низ пешниҳод намуд. Ин талқиноти асарҳои Т. Сатторов нахустин иқдом аст дар педагогикаи мусиқии фортепиано. Умуман, бояд қайд кард, ки профессори кафедраи фортепиано Дилбар Ҳакимова ифтихори консерватория мебошад. Ӯ дараҷаи олии пианинонавозиро дорост ва ин аз консертҳои воломақоми ӯ тайи чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон маъруф гардидааст. Дар баробари пианинонавози сатҳи олӣ будан, профессор Дилбар Ҳакимова педагоги олӣ аст. Бинобар ин, ӯ ҳамасола дарсҳои маҳоратӣ мегузаронад. Ин талаботи таълимӣ-методии консерватория нуфузи бузург медиҳад. Дар дарсҳои маҳоратии ӯ на танҳо омӯзгорону донишҷӯёни консерватория, балки омӯзгорони таълимгоҳҳои махсуси мусиқӣ воқеъ дар пойтахт низ хеле фаъолона иштирок менамоянд.

Соли ҷорӣ Агапова Л. П., и.в. дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ силсилаи дарсҳои маҳоратиро аз фанни солфеджио гузаронд, ки нахустиқдомест дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон дар ҷодаи фанҳои мусиқӣ-назариявӣ.

Консерватория мекӯшад, ки дарсҳои маҳоратӣ дар шакли силсилавӣ доимоамалкунанда бошанд. Маҳз омӯзгорони ҷавон шунаванда ва иштирокчии асосии ин таҷрибаомӯзӣ мебошанд. Тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ҶТ ҷараёни дарсҳо бояд ҳамеша шаффоф бошанд ва мавриди таҳлил қарор гиранд. Дар ҷодаи мусиқӣ ин талабот дучанд меафзояд. Зеро, тайи солҳои охир дар соҳаи санъати касбӣ кабинет ё дигар сохтори мутобиқкунандаи таълим дар сатҳи Вазорати фарҳанг вуҷуд надорад, ҳол он ки, зарурати таҷрибаомӯзӣ рӯз аз рӯз серталаб гардида истодааст. Аз ин сабаб консерватория ба ҳадди ақал мутобиқгардонӣ ва баландбардории сатҳи муаллимони соҳаро бар дӯши худ гирифтааст.Силсиладарсҳои маҳоратӣ барои омӯзгорони ҷавон василаест, ки ихтисосашонро такмил медиҳад.

 

Пурзӯргардонии фаъолияти эҷодӣ

Дар  ду соли охир фаъолияти эҷодӣ дар консерватория на танҳо тавассути якканавозиву яккасароӣ, балки ба воситаи фаъол гардонидан ва баланд бардоштани сифати касбии сохторҳои асосии таълимӣ-эҷодии консерватория — оркестри симфонӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамбли эстрадӣ, студияи операвӣ, ансамбли мақомхонӣ, ансамбли фалакхонӣ пурзӯр гардонида шуд. Аксарияти ин сохторҳои тахассусӣ, аз ҷумла, студияи операвӣ, оркестри симфонӣ, шомҳои мақомхонӣ ва фалакхонии доимоамалкунанда, ансамбли эстрадӣ — ҳамаи ин сохторҳо дар се-чор соли охир таъсис ёфта ва ба фаъолияти сермаҳсул ворид гардиданд. Таъсиси чунин сохторҳо ба мақсади асосии консерватория — ба сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштани моҳияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамоҳанг аст.

Жанри консерти синфӣ яке аз василаҳои имконияти натиҷаи кори синфиро нишон додан ва муҳокима намуданро пайгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор, новобаста ба унвон, синну сол ҳамасола вазифадор аст як-ду консерти синфӣ гузаронад. Ба чунин консертҳо ҳама аҳли консерватория ва берун аз он таклиф карда мешаванд, чунки дунболи он муҳокима баргузор мешавад. Ҳамаи хулосаҳои консертҳои синфиро шӯроҳои таълимӣ-методии факултетҳо ба қайд мегиранд ва дар муҳокимаи он фаъоланд.

 

Консерти яккаи аспирантон

Барои баланд бардоштани сатҳи маҳорат ва сифати таълим дар консерватория бо қарорҳои Шӯрои олимон ва шӯрои таълимӣ-методӣ гузаронидани консертҳои яккаи аспирантон (ҳамасола) ва хатмкунандагон ҳатмист. 27-уми апрели соли 2018 дар толори калони консерватория консерти калони аспиранти курси аввал Хуҷастаи Мирзовалӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид. Хуҷаста ҳам бо сатҳи баланди маҳорати сарояндагӣ ва ҳам бо репертуари хеле бойи гуногунҷанба шунавандагонро мафтун гардонд.

 

Дастовардҳои дигар

Соли 2018 и.в. дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Агапова Л. “Муаллими беҳтарини сол” ва донишҷӯи курси 4-и шуъбаи сарояндагии анъанавӣ Анваров Ҳ. “Донишҷӯи беҳтарини сол” дониста шуданд.

Дар соли 2018 бо қарори Шӯрои илмӣ-методии консерватория варианти нави барномаи таълимӣ барои сози ғиҷак (мураттиб и.в. проф. Мусоев А. дар ҳаммуаллифӣ) аз чоп баромад.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Бохтар дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав низ донишҷӯёни консерватория иштирок намуданд. Соли ҷорӣ дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Фируз Улмасов рисолаи докториашро дар Русия дифоъ намуд. Ин дуюмин (баъди Ф. А. Азизӣ, ки докториашро дар Русия дифоъ намуда буд) доктор-мусиқишинос дар консерватория мебошад.

 

3 сохтори нав дар се сол

Аҳли Консерваторияи миллӣ саъю кӯшиши хешро ба он равона мекунад, ки ҳанӯз аз айёми таҳсил ҳар як донишҷӯ “саҳнаи мусиқии профессионалиро ба хубӣ аз худ кунад”. Бинобар ин, дар се соли охир дар консерватория сохторҳои нави эҷодӣ-таълимӣ  — оркестри симфонӣ ва студияи операвӣ таъсис дода шуданд. Барои рушди маҳорати касбии донишҷӯён, қабули дурусти саҳна, маҳорати артистӣ чунин сохторҳо такони зиёд доданд. Соли 2018 дар консерватория нақшаи махсус коркард гардид, ки он ба 15-солагии ин мактаби олӣ бахшида шуд. Ин нақшаи таълимӣ, эҷодӣ ва илмӣ 45 чорабиниро дар бар гирифта, ба ҳалли проблемаҳои консерватория бахшида шуд. Тибқи нақшаи мазкур 30-юми октябр дар консерватория ба саҳм ва эҷодиёти композитор, ректори нахустини консерватория, профессор Талабхӯҷа Сатторов бахшида шуд. Субҳ мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳм ва нақши Т. Сатторов дар мусиқии профессионалии тоҷик” бо иштироки васеи мутахассисон доир гардид. Дар мизи мудаввар ба ғайр аз аҳли консерватория, инчунин оҳангсозон, мусиқишиносон ва намояндагони таълимгоҳҳову театри опера иштирок намуданд.

Сониян, дар толори хурди консерватория дарси маҳоратии профессор Д. Ҳакимова (фортепиано) дар мавзуи “Талқиноти асарҳои Т. Сатторов барои фортепиано: Соната ва Ду прелюдия” баргузор гардид. Профессор Ҳакимова ин дарсҳои маҳоратиро бо иштироки дотсент Хосият Олимова ва омӯзгор Рафиқа Сангинова гузаронид. Дар таърихи педагогикаи мусиқӣ ин нахустин талқиноти ин асарҳои композитор Талаб Сатторов мебошад, ки онро профессор Дилбар Ҳакимова пешниҳод намуд. Чун ин таҷриба аз таҷрибаҳои нодири дастовардҳои консерватория ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки чунин мисолҳо кам нестанд, вале дар як мақола овардани ҳамаи онҳо имконнопазир аст.

Дар соли ҷорӣ оркестри симфонӣ ду консерти сирф мусиқии симфонӣ, баромад бо хор, иҷрои барномаи студияи операвӣ ва иҷрои барномаи консерти якканавозии дотсент Хосият Олимоваро ба уҳда гирифта, бо маҳорати зиёд онро иҷро намуд. Аллакай оркестри симфонии консерватория бо се дирижёр — сардирижёр Далер Тиллоев, дирижёр профессор Аверин В. Д. (Русия), сардирижёр Алишер Солиев фаъолият намудааст, ки мисоли равшани гуфтаҳои болост.

Дар соли таҳсили ҷорӣ консертҳои оркестри симфонӣ чунин қарор гирифтанд: 27-уми феврал таҳти дирижёрии профессор Валерий Аверин ва сардирижёр Далер Тиллоев барномаи бошукуҳе иборат аз асарҳои симфонӣ, увертюраву антрактҳои операвӣ ва пйесаҳои консертӣ иҷро карда шуд. Нахустин бор дар давраи соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон достони симфонии “Сегоҳ”-и мақомдонони маъруфи тоҷик, композиторон Фазлиддин Шаҳобов, Шаҳназар Соҳибов ва композитор Юрий Тер-Осипов таҳти дирижёрии Далер Тиллоев иҷро гардид. Дар консерт инчунин асарҳои Жорж Бизе, Джузеппе Верди, Р. Шедрин, Г. Свиридов, Т. Хренников садо доданд. Барнома сазовори баҳои баланди шунавандагон гашт.

Консерватория бо студияи операвии худ ифтихор мекунад. Ин театри таълимӣ барои донишҷӯён ба ҳайси саҳнаи профессионалӣ хизмат мекунад. Аввалан студияи операвӣ бо нахустин операи тоҷик “Шӯриши Восеъ”-и С. Баласанян рӯнамоӣ гардид. Соли гузашта бо операи “Алеко”-и С. Рахманинов ва имсол дар ҷараёни омодагии операи дуюми тоҷик “Коваи оҳангар”-и С. Баласанян ва Ш. Бобокалонов мебошад.

Консертҳои оркестри созҳои миллӣ дар консерватория хусусан солҳои охир мақоми нав пайдо карданд. Таҳти сарварии дирижёрон Амирбек Мусоев, Зокир Нишонов, Аброр Маҳмудӣ соли ҷорӣ ду барномаи консертии хоса гузаронида шуд. Дирижёрон барномаҳои худро дар асоси асарҳои композиторони тоҷики гуногуннасл сохта, маҳз ба асарҳое, ки солҳои дароз садо надодаанд, аҳамияти махсус зоҳир кардаанд.

Хори умумии консерватория низ муваззаф карда шудааст, ки ҳамасола як-ду консерти асосӣ ва иштирок дар як қатор барномаҳои консертӣ дар муддати солро иҷро намояд. Сардирижёри хори консерватория дотсент Мирзо Саидов хеле сарбаландона ин вазифаҳоро иҷро менамояд.

 

“Шомҳои мақомхонӣ” ва “Шомҳои фалакхонӣ

Аз соли 2014 дар дар консерватория лоиҳаи дохилии “Шомҳои мақомхонӣ” ва “Шомҳои фалакхонӣ” амал мекунад. Тибқи он факултети мусиқии суннатии тоҷик ҳамасола зери ин унвон қариб 20 консертро мегузаронад. Яке аз мақсадҳои лоиҳа ин аст, ки дар доираи он ҳамаи донишҷӯён фаро гирифта шаванд. Иҷрои нақшавии силсилаасарҳо аз Шашмақом ва Фалак ҳатмист. Бо ин иқдом ҳадафи дигари лоиҳа — эҳё ва устуворгардонии суннатҳои асили мақомхониву фалакхонӣ иҷро мешавад. Дар доираи ин лоиҳа аллакай қариб 10 силсилаасари Фалак бо ибтикору пешниҳоди дотсент Саъдулло Каримов, профессор Қурбони Қурбониён, дотсент Файзалӣ Ҳасанов, омӯзгори ҷавон Қодир Лутфишоев пешниҳод гардиданд.

Дар ҷодаи Шашмақом бошад, бо саъю кӯшишҳои устодон — профессорон Алмос Абдуллоев, Мастона Эргашева, дотсентон Хуршед Иброҳимов, Аброр Маҳмудӣ, омӯзгорони калон Сироҷиддин Ҷӯраев, Абдурасул Исмоилов, Зоиршо Ҳайдаров, омӯзгорон Солеҳ Орипов ваҶамшед Эргашев ҳамасола як мақом дар Рӯзи Шашмақом иҷро карда мешавад. Соли ҷорӣ дар мақоми Дугоҳ иҷро хоҳад шуд.

 

Дастовардҳои илмию тадқиқотӣ

Аҳли устодон ва магистрантони консерватория фаъолияти хуби илмӣ-таҳқиқотиро пеш мебаранд. Соли ҷорӣ аз тарафи консерватория 23 мақолаи илмӣ, 1 барномаи таълимӣ аз чоп баромад. Аз он 9 мақола дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷии ВАК-и Русия чоп гардиданд.

Хурсандиовар он аст, ки аксарияти мақолаҳо дар хориҷи кишвар чоп шудаанд, аз зумраи мақолаҳои дотсентон Саъдулло Каримов ва Баҳодур Давлатзода, омӯзгор Шаҳноз Олимова. Мақолаҳои омӯзгорони ҷавон, ҳамзамон магистрантон Зокир Гадоев ва Эмомалии Асадулло ҳам дар шаҳри Остона ва ҳам дар Тошканд чоп гардиданд. Ҳардуи онҳо сазовори Сертификати озмуни олимони ҷавон (ш. Остона, Қазоқистон) гардиданд. Муҳим ин ҳам мебошад, ки мавзуи ҳарду ба мусиқии тоҷик — яке ба операҳои нахустини тоҷик ва дигаре ба мусиқии созии тоҷик бахшида шуда буданд.

Зери роҳбарии илмии профессорон Азизӣ Ф. А. ва Латифзода Д. Н. унвонҷӯ Рофиева Ф. С. дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзуи марбут ба услуби суннатии устод-шогирд дифоъ намуд.

Аҳли консерватория ифтихорманд аз он ҳастанд, ки Консерваторияи миллии Тоҷикистон нахустин шуда дар соҳаи фарҳангу санъат дипломҳои дотсентиро (устодон Файзалӣ Ҳасанов, Қурбоналӣ Ёқубов) аз КОА-и Тоҷикистон соҳиб гардид.

 

Китобхона ва хобгоҳ

Дар тарбияи донишҷӯён ва боло бардоштани сифати таълим китобхонаи консерватория низ аҳамияти хоса дорад. Ҳамасола дар китобхона қариб 15-20 чорабинӣ гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ дар хобгоҳи донишҷӯён низ китобхона кушода шуд. Дар соли 2018 консерватория ҳудуди 200 китоб харидорӣ намуд ва 800 китобро устодон ва намояндагони аҳли санъат тақдим намуданд.

Дар муҳайё намудани шароити зисти хуб, истифодаи имкониятҳои истироҳатӣ қисми хоҷагӣ ва Иттифоқи касабаи консерватория (дотсент Исмоил Назриев) саҳми босазо мегузоранд. Консерватория дорои як бинои хобгоҳ аст. Дар он донишҷӯён (ошёнаи 1 ва 4) ва муваққатан омӯзгорони ҷавон (ошёнаи 2 ва 3) зиндагонӣ мекунанд. Маблағи зист дар хобгоҳ барои донишҷӯён 30 сомониро дар як моҳ ташкил мекунад.

 

Сатҳи бо кор таъминшавии хатмкунандагон

Дар консерватория барои хатмкардагони факултетҳои иҷрокунандагӣ ва мусиқии суннатӣ дар таъмин бо ҷои кор ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Ҳамаи донишҷӯёни ин факултетҳо ҳанӯз аз давраи таҳсил ба кор дар оркестрҳои симфонӣ, мактабҳои махсуси мусиқии бачагона ва махсуси мусиқии миёна, коллеҷҳои санъат, Театри опера ва балет, ансамбли Шашмақом, ансамбли Фалак, ансамбли “Дарё”, дар Кумитаи радио ва ТВ, оркестри созҳои миллӣ, ансамбли Шашмақом дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Барои ҷалби васеи донишҷӯён ба фаъолияти тахассусии минбаъда, консерватория ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ба ҳайси талаботи ҳатмӣ онҳоро ба оркестри симфонӣ, студияи операвӣ, оркестри созҳои миллӣ, ансамбли эстрадӣ ҳамчун иллюстратор ҷалб менамояд.

Хатмкунандагони факултети санъати мусиқии эстрадӣ одатан ба ансамбли “Гулшан”-и Филармонияи давлатии ба номи А. Ҷӯраев, ансамбли “Ориё”-и Кумитаи ТВ ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли “Сипар”-и ВКД, ансамблҳои шаҳру ноҳияҳо тибқи дархости раёсати ин сохторҳо ба кор фиристода мешаванд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 аз 53 нафар хатмкунанда 1 нафар дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодааст, 52 нафари дигар ба ҷои кор ҳозир гардидаанд. Инчунин, дар консерватория моҳи сентябри соли 2018 шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон таъсис дода шудааст, ки ба ҷои кор ҳозир шудани хатмкунандагонро назорат мебарад.

 

Ба ҷои хулоса

Аз суҳбат бо маъмурияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон дарёфтем, ки консерватория бо мактабҳои махсуси мусиқӣ кор бурда, маҳз аз чунин мактабҳову коллеҷҳои санъат, қисман аз мактабҳои ибтидоии мусиқӣ донишҷӯён ба ин мактаби олӣ дохил мешаванд. Таманниёти аҳли консерватория чунин аст, ки довталабон ба консерватория бо саводи зарурии забони модарӣ оянд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад дар доираи равияҳои асосии мусиқии касбӣ ва суннативу эстрадии тоҷик ҳунарманди хуб гардад, Консерваторияи миллии Тоҷикистон беҳтарин интихоб аст.

 

МТЖТ

Добавить комментарий