Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов муассисаи таълимии давлатӣ  буда, бо қарори Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 2.04.1945, ҳамчун Омузишгоҳи маданӣ — равшаннамоӣ таъсис ёфтааст. Омузишгоҳи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.08.2001, № 365 ба    Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов (минбаъд дар матн коллеҷ) табдили ном намудааст.

Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои “Таълими мусиқӣ”, “Рӯзноманигорӣ”,  “Мененҷменти соҳаи маданияти ҷамъиятӣ”, “Китобшиносӣ ва китобхонашиносӣ”, “Эҷодиёти бадеии халқ — фолклор” донишҷӯйёнро ба таълим фаро гирифтааст. Ихтисосҳои мазкур асосан дар заминаи хатми таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) ва аз рӯи заминаҳои хатми таҳсилоти умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар коллеҷ  373 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 278 нафар дар шӯъбаи ғоибона ба таълим фаро гирифта шудаанд. Коллеҷ дорои чор бинои таълимии якошёна мебошад, ки ба ғайр аз синфхонаҳои таълимӣ, дар онҳо ҳуҷраҳои кории роҳбарият, хонаи омӯзгорон, кабинети методӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ ва муҳосибот ҷойгир аст. Коллеҷ дорои майдончаи варзишӣ ва толори варзишист. Инчунин 17 синфхонаи таълимӣ, 16 синфхонаи тахассусӣ, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи нишаст ва асбобу анҷомҳои таълимӣ таъмин буда, барои таълим ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. 

Дар Коллеҷ 72 нафар омӯзгор ба тадриси толибилмон машғул буда, миёни онҳо як нафар профессор, 2 нафар унвонҷӯ ва ду нафар аъзои иттифоқи журналистон фаъолият менамоянд. Коллеҷ пурра бо кадрҳо таъмин мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар таълимгоҳ ин иштироки донишҷӯён ва хонандагони литсей ба дарсҳо мебошад, ки аз тарафи маъмурият, роҳбарони синфҳо ва комиссияи назорати дохилии таълимгоҳ доимо назорати қатъӣ бурда мешавад. Хусусан бо қарори ҳайати  мушовараи Вазорати  Маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 2006 №32 оиди “Либоси тавсиявии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” ва инчунин истифода набурдани телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) аз тарафи донишҷӯён ва хонандагон дар ҳолатҳои дарсӣ зери назорати қатъӣ гирифта шудааст. Нисбати он донишҷӯёне, ки ба дарсҳо бесабаб иштирок намекунанд ва инчунин риояи қарори мазкурро вайрон менамоянд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Бо мақсади дуруст ташкил намудани назорати дохилӣ дар коллеҷ комиссияи назоратӣ ташкил карда шудааст. Комиссияи назоратӣ  дар асоси нақшаи солонаи таълимгоҳ фаъолияти худро ба роҳ монда, бештар ба иштироки дарсҳо, санҷидани рафти иҷрои барномаҳои таълимӣ, сифати таҳсилот, санҷидани ҳолати журналҳо, корҳои амалӣ, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ва ғайраро ба ӯҳда гирифтаанд.

Имсол литсейи назди коллеҷро 43 нафар хонандагон бо равияи    гуманитарӣ-ҷамъиятӣ баъди супоридани  аттестатсияи давлатии хатмкунӣ хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд  ва қариб аксарияти  хатмкунандагони сифи 11 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳои худро ба дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо супориданд. 

Мувофиқи нақшаи пешбинишудаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таълимгоҳ дар давоми соли хониш комиссияи тақсимотӣ дар шӯъбаи рӯзонаи коллеҷ амал намуд ва мувофиқи хулосаи комиссияи тақсимотӣ маълум гардид, ки аз 63 нафар хатмкунандагони шуъбаи рӯзона шумораи зиёдашон баъди хатми таълимгоҳ ҳуҷҷатҳояшонро барои идомаи таҳсил ба 

Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 нафар), Донишгоҳи санъат ва фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (38 нафар) ва боқимонда хатмкунандагон ба дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо ҳуҷҷатҳояшонро супоридаанд.

Шумораи умумии довталабоне, ки имсол муҳассили Коллеҷ шуданд, 185 нафарро ташкил медиҳанд: аз онҳо 75 нафарашон тариқи буҷавӣ ва 110 нафарашон тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Аз онҳо 83  нафарашро занон ва 102 нафарро мардҳо ташкил медиҳанд.

Фаъолияти коллеҷ мувофиқи талаботу нишондодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси реҷаи солонаи корҳои таълим ва тарбия ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар назди Коллеҷ литсей низ амал мекунад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва хонандагони он як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, барои хонандагони литсейи назди коллеҷ, ки аз рӯи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо равияи умумӣ таълим мегиранд, даври ҷамбастии санҷишҳо соли хониши 2017 – 2018 назаррас натиҷагирӣ карда шуд. 

Аз тарафи маъмурияти коллеҷ дар нимаи дуюми соли хониши 2017 — 2018 бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи нақшаи мазкур то имрӯз чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ баргузор мешаванд. Ҳамзамон барои корҳои ободонию таъмири биноҳои таълимӣ, тоза намудани гирду атроф ва гулгашту роҳравҳои муассисаи таълимӣ чораҳои мушаххас андешида шуда, аз ҳисоби шахсони масъул навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда, ба масъалаҳои амнияти кормандону толибилмон, бехатарӣ аз сӯхтор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки маъмурияти Коллеҷ ба қадри кадрҳои соҳибфазилаташ мерасад. Чунончӣ, санаи 29-уми декабри соли 2017 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати 94 — солагии зодрӯзи шодравон Буйдоов Партов Ҷалилович аз ҷониби устодону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқов чорабинии хотирмони фарҳангиву маърифатӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии маъмурияти муассисаи таълимӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг иштирок намуданд. Дар оғози маҳфили ёдбуд директори таълимгоҳ Оқилов Идрис суханрони карда, кору фаъолияти  ибратомӯзи шодравон П. Буйдоқов, ки зиёда аз 35 сол дар ин боргоҳи илму фарҳанг ба ҳайси сарвар фаъолият кардааст, ёдовар шуда, саҳми ӯро дар омодасозии кадрҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим дар давраи шӯравӣ арзишманд баҳогузорӣ намуд.

Ҳайати устодон аз он ифтихор намуданд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг ишора намуда, ба ин соҳаҳо афзалияти хоса доданд ва аз моҳи сентябри соли 2018 маоши кормандони соҳахои мазкур 15% баланд бардошта шуд. Дар навбати худ коллективи ин муассисаи таълимӣ худро муваззаф намудаанд, ки ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Президенти кишварамон нисбати соҳаи фарҳанг фаъолияташонро боз ҳам хубтар намуда, дар тайёр кардани мутахасисони соҳаи фарҳанг, ки ҳастии миллату давлат аз рушди фарҳанг вобастагӣ дорад, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.  

Коллеҷ ва литсейи назди он дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ фаъоланд. Масалан, 5- уми марти соли 2018 дар саҳни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Буйдоқов бахшида ба Рӯзи модар ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун таҳти унвони «Бонуи ҳунар» доир гардид. Дар озмун маъмурияти муассисаи таълимӣ, намояндагони кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд. Иштирокчиёни озмун, ки асосан аз ҳисоби донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди коллеҷи фарҳанг иборат буд, шартҳои озмунро бо маҳорати баланд иҷро карда аз тарафи ҳакамон баҳои сазовор гирифтанд. Тавре раиси занони муассисаи таълимӣ, ҳамзамон масъули озмун Шаҳло Шарифова зимни сӯҳбат бо мо иброз дошт, ҳадафи ташкил ва гузаронидани озмун дар ниҳоди донишҷӯён бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ мебошад.  

Ҷашни Наврӯз низ дар Коллеҷи фарҳанг воқеан бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ҳамин тариқ, чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи шашмақом, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ба хотираи гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ, “Рӯзи дониш”, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарму хотирмон гузаштанд.

Ҳамчунин, санаи 1-уми майи соли 2018 вохӯрии муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россия Полекова Елен, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Раҷабмад Амиров бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П. Бӯйдоқов доир грдид. Дар оғоз Елена Полекова ба сухан баромда доир ба ихтисосҳои донишкада ва шароитҳои он ба ҳозирин маълумот дода, аз донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг хоҳиш кард, ки ба омӯзиши илму ҳунар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд ва барои идомаи таҳсил Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Барнаули Федератсияи Россияро интихоб намоянд. Директори Коллеҷи фарҳанг Оқилов Идрис дар навбати худ дар бораи дирӯз ва имрӯзи муассисаи таълимӣ маълумот пешниҳод кард. Дар охири ҷамъомад аз тарфи донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди Коллеҷи фарҳанг барномаи консертӣ пешкаши меҳмонону ҳозирин гардид.

21-уми сентябри соли 2018 дар толори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов ба ифтихори гиромидошти 1160 солагии хотираи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили адабӣ – мусиқӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯ” баргузор гардид. Барномаи маҳфили доир гардида иборат аз шеъру суруд, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ буда, донишҷӯёни баромадкарда бо маҳорату истеъдоди баланд ҳар як номераи чорабиниро иҷро карданд. Аҳли толор аз барномаи рангини пешкашгардида ғизои маънавӣ гирифтанд.

Зимни суҳбат директори Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ Идрис Оқилов аз он изҳори сипос кард, ки ободию пешрафти Коллеҷи фарҳанг дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон боз ҳам афзун гардид ва имрӯз муассисаи таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба яке аз муассисаҳои таълимии пешрафта табдил ёфта, минбаъд ҳам дар омода намудани кадрҳои соҳаи фарҳанг саҳмгузорӣ менамояд.

“Самак”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here