Барои паси сар намудани роҳҳои пурпечутоби ҳаёту сӯхту сози зиндагӣ ва дигар моҷароҳои ҳузнангез роҳҳои дурусту тақдирсозеро бояд интихоб намуд. Яке аз ин мушкилот соҳибмаълумот гардонидан ё нагардонидани духтарон мебошад, ки дар ин мавзуъ адешаҳои гунонгун зиёданд.

Яке мегӯяд, ки «биҳишти зан кунҷи хона», дуюмӣ меафзояд: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Ба ин мазмун, ин мавзӯи доғ гоҳо тақдирсозу баъзан тақдирсӯзи занону духтарон гардидааст.

Як рӯзи гарми тобистон буд. Субҳи барвақт барои хабаргирии хоҳарам рафтам, ки дар беморхонаи «Қарияи боло» бистарӣ буд. Баъд аз беморхона баромадан назарам ба духтаре афтод, ки ғамгину маъюс дар болои хараке нишаста буд. Ғамгинию маъюсии ӯ маро водор сохт, то ҳамсуҳбаташ шавам. Баъди бо ӯ ҳамсуҳбат шудан, дарёфтам, ки як чавондухтари 21-сола аз сахтии зиндагӣ ба чунин дарду ранҷ гирифтор шудааст. Бо назари кунҷковона худам аз ҳаёти шахсии ӯ хабардор шудам. Дар аввал аз ҳаёти донишҷӯиям ба ӯ каме қисса кардам. Баъд аз чанд лаҳзаи хомӯшӣ оҳи сарде кашиду гуфт: “Бале, хондан хеле хуб аст. Ман ҳам вақте мактаби миёнаро хатм кардам, орзу доштам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба мактаби олӣ месупорам. Аммо падару модарам аллакай нақшаи хонадоршавиамро кашида будаанд ва ман дигар гапи онҳоро рад карда натавонистам. Бо хоҳиши онҳо оила барпо намудам. Чор сол аз хондоршавиам гузашт ва фарзандор нашудааму ҳоло хаёлоти гуногун маро ҳамеша азоб медиҳанд. Ҳатто рӯзе шудааст, ки ба худкушӣ даст задам, аммо боз виҷдонам маро азоб медод. Хушдоманам дар аввал бо ман муносибати хуб дошт, аммо баъди он, ки фарзанддор нашудам, хунукназарона рафтор мекард. Ҳоло бошад, ман худамро дар хонаи шавҳарам шахси бегона ҳисоб мекунам. Бо фикри “дар тақдирам чизе навишта шудааст, ҳамонро мебинам” худамро тасалло медиҳаму рӯзҳоямро гузаронида истодаам. Фикр мекунам, ки агар мехондам, шояд ба чунин рӯзҳо гирифтор намешудам. Чунки агар диплом медоштам, муҳтоҷи касе намешудам ва худам метавонистам зиндагиамро пеш барам”.

Ин буд фикру ақидаи як ҷавондухтар. Ҷавонписар Содиқов Аслани 23-сола бошад, чунин андеша дорад: “Барои духтарон хондан он қадар муҳим нест. Духтар бояд пеш аз ҳама аз уҳдаи дӯхтану хӯрок пухтан ва дигар корҳои хона баромада тавонад. Духтар бояд хизмати хушдоману аҳли оилаи шавҳарашро ба ҷо орад. Шарт нест, ки ӯ ҳар рӯз худашро орову торо дода, ба кор равад ва “маълумоти олӣ дорам, худамро таъмин мекунам” гуфта, доноӣ кунад. Духтар бояд хонашин бошад”.

Зимнан, Ҷалолова Моҳира зикр менамояд, ки “ман ҳамчун зан — модар фикр мекунам, ки барои духтарон хондан хело ва хело ҳам муҳим мебошад. Ӯ дар даврони донишҷӯйӣ аллакай таҷриба мегирад ва барои бунёди оилаи солим омода мешавад. Донишгоҳ барои ӯ натанҳо дониш медиҳад, балки зиндагиро ба ӯ меомӯзонад. Ҳамаи душвориҳои донишҷӯйӣ омодагӣ ба зиндагии мустақилона мебошад”.

Ҳоҷиматова Сабрина дар атрофи ин мавзуъ чунин ақида дорад, ки “соҳибмаълумот шудани духтар маънои онро надорад, ки ӯ барои зиндагии мустақилона омода аст. Дар мадди аввал духтар бояд дорои таълиму тарбияи хуб, одобу ахлоқи намунавӣ бошад. Чуноне ки мегӯянд, “олим шудан осон, одам шудан душвор”.

Зоҳирова Аҳлинисо чунин қайд менамояд, ки “духтари хондагӣ аз духтари нохонда аз замин то осмон фарқ мекунад. Фикру ақидаи духтари маълумоти олидошта нисбат ба зиндагӣ дигар аст. Ӯ метавонад оилаи солиму намунавӣ ба вуҷуд орад. Чунки ӯ дар оянда модар мешавад ва маълумоти ӯ дар таълиму тарбияи фарзандонаш нақши муҳимро мебозад. Ва аз чунин оила метавонад насли хубе барои пешрафти ҷомеа ба воя расонад”.

Ақидаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки монеа шудан барои хондани ҷавондухтарон аз оилаи онҳо сар мезанад. Падару модарон ба хотири он, ки духтарашон бешавҳар намонад, боиси маҳрум ва дур мондани духтарашон аз роҳи таҳсили илму дониш мешаванд, ки ин гуна ақидаҳои хурофотӣ ҳам ҷомеа ва ҳам зиндагии худи духтаронро низ носозгор мегардонад. Ҳол он ки, дар ҷомеаи имрӯзаи мо вазифаи падару модар пеш аз ҳама соҳибмаълумот намудани фарзанд ва баъд ба ҳаёти мустақилона гусел намудан аст.

Хулоса, ин мавзуъ даҳсолаҳо роҳи ҳалли худро наёфтааст, то ҳол духтаронро дар дуроҳа гузоштааст. Аз як тараф хатари пирдухтар мондан, аммо соҳиби диплому соҳиби ихтисос гардидан, аз тарафи дигар соҳиби шавҳару кӯдак, аммо дастнигари касе шудан. Ва аз ин мебарояд, ки хонанда бояд дурандеш бошаду аз чунин ақидаву андешаҳо як хулосаи дуруст барорад, то барои пешрафту солимии ояндаи худ роҳи бехатареро пайдо намояд.

Дилрабо АЛФАТШОЕВА

Добавить комментарий