«Аввалин ва бузургтарин мусиқии Илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомӯшист. Мо аз хомӯшӣ падид омадаем ва дар хомӯшӣ нопадид мешавем. Xомӯшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомӯшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ӯ, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад ва моро ба сӯйи он ягона мақсаде, ки наҷоти башар аст, ба сӯйи ягонагӣ мебарад»

 Фаррух Қосимов

 

Яке аз саромадони бузурги санъати театри тоҷик, поягузори театри «Аҳорун», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон — Фаррух Қосимов, ки умри 62 солаи хешро баҳри рушду нумӯи театр ва офаридани образҳои безаволи саҳнавӣ сарф намудаву дар дилу дидаи мардум ҷо гаштааст. 17 сентябри соли 1948 дар оилаи ҳунармандони театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова чашм ба олами ҳастӣ кушод. Фаррух аз овони хӯрдӣ зотан кӯдаки кунҷкоб ва муштоқи донистани ҳама чиз буд, аз ин сабаб ҳар гоҳ, ки ҳамроҳи модараш Мушарафа Қосимова ба театр меомад, аз пушти саҳна ба нақшофарии модараш аҳамият медод ва бо суолҳои тифлонаи хеш диққати модарро ба оне, ки дар дили Фаррухи кӯчак меҳри саҳна ҷӯш мезанад, ҷалб мекард. Ҳангоми бузургсолӣ, волидонаш ӯро барои хондан дар самти физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фиристоданд, вале чун меҳри санъат ҳанӯз дар дилаш фурӯзон буд, соле баъд таҳсилро тарк намуда, ҳуҷҷатҳояшро барои таҳсил ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба шуъбаи режессура супорид. Дар ин ҷо истеъдодаш шукуфт, тоза ба тоза офаридани нақшҳо дар саҳни театри донишкада ба рангоранг гаштани зиндагии Фаррухи ҷавон мусоидат намуд ва маҳз ҳаминҷо бо ҳамсари оянда, физояндаи илҳоми бепоёнаш вохӯрд. Ҳамсараш — Сабоҳат Қосимова вобаста ба ин дидори аввалинашонро ба ёд оварда, дар як мусоҳибааш гуфтааст:

— Ман доим дар бораи Фаррух фикр мекунам, баъзан мехоҳам китоб -китоб дар борааш сухан гӯям ё нависам. Вақте ки лаб мекушоям гумон мекунам, ки ин ҳарфҳо ва ин калимаҳое, ки ҳозир мегӯям, дар баробари он чизе, ки бояд бигӯям, хеле кӯчаканд. Ман дар шуъбаи актёрӣ, драма ва кинои Донишкадаи санъат таҳсил мекардам. Фаррух ҳам дар донишкада мехонд, вале дар факултаи режиссёрӣ. Баъдан ба шуъбаи мо гузаштанд. Лаҳзаеро, ки бори аввал Фаррухро дидам хуб ба ёд дорам. Дар курси дуюм мехондем. Фаррух нав ба гуруҳи мо гузашта буд. Он рӯз ба синфхонаи шумораи 32, ки дар он дарси «Маҳорати саҳна» мегузашт, ворид шудам. Дар он синфхона миз надоштем, фақат курсиҳо буданд ва байни синф холӣ буда, барои машқи саҳнаҳо. Дидам, ки дар он ҷо шахсе нишаставу дар даст китоб, саргарми мутолеа аст. Чун ман бо ханда вориди синфхона шуда будам, вай аз китоб сар боло карду ба ман салом дод ва боз ба хондан идома дод. Ин лаҳзаро ман хуб ба ёд дорам. Дар зиндагии инсон баъзан лаҳзаҳои хеле кӯтоҳ ҳам хотирмон мешаванд, чун сарнавиштсоз меоянд.

Ҳангоми дар курси дуюми шуъбаи актёрӣ хонданаш ба Фаррухи боистеъдод саҳнаи монологи «Отелло»-ро устодон бовар карда доданд, ки он ҷо ӯ аввалин маротиба ҳамроҳи Сабоҳат Қосимова нақши Отеллоро бозид. Дар ин саҳна Сабоҳат Қосимова — Дездемонна хоб аст ва Отелло дар назди ӯ, бо худ дар гуфтугӯст. Ҷолиб аст, ки ин ду ҳунарманди маъруфи театр ва синамо дар солҳои донишҷӯӣ муҳаббати хешро нисбати якдигар пинҳон медоштанд. Қиссаи ишқи онҳо ҳамсони ҳамон монологи Отелло буд, ки Дездемона хоб асту Отелло дар бораи ӯ меандешад.

29-уми майи соли 1973 баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва хатми донишкада маросими издивоҷи ду дилдодаи санъат баргузор гардид ва пас аз як соли хизмати ҳарбӣ Ф. Қосимов ба Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ба кор омад. Дар тайи 20 соли фаъолият дар чандин намоишномаҳо нақши асосиро бозида, ҳамчун коргардони ин театр намоишномаҳои зиёдеро ба саҳна гузошт.

Усули кору фаъолияти Фаррух Қосимов дар театр ҳамеша диққати дигар ҳамкоронро ба худ ҷалб мекард ва барои ҳар нафаре, ки ба санъати театр таваҷҷуҳ дошт дар шахсияти ӯ идеали худро медид. Зеро Ф. Қосимов доимо дар ҳоли ҷустуҷӯ, офаридани нақшҳои нав, кашфи ишқу муҳаббат, дӯстию рафоқат ва анъанаҳои миллӣ дар ҳар як асари саҳнавӣ буданд. Ҳеҷ коре нотамом аз дасти ӯ халос намеёфт. Театро бо тамоми ҳастӣ дӯст медошт. Ҳамеша ба воситаи асарҳои ба саҳнагузоштааш танҳо як миллатро не, балки тамоми башариятро ба ояндаи неку дурахшон ва холӣ аз ҷаҳолат башорат медод. Орзуҳои зиёд дошт ва мехост дар оянда нақшаҳои бузургеро дар роҳи санъат татбиқ намояд.

Тахмин кардан мумкин аст, ки аллакай дар замони донишҷӯӣ Фаррух Қосимов фикри таъсис додани театри худро дошт. Вобаста ба ин соли 1986 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар мақолае гуфта буд: «Ман бовар дорам, бояд театре бисозем, ки дар он беҳтарин анъанаҳои  тафаккури ҳунарии мардумамон, ки тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанду имрӯз аз беэътиноӣ ва бехабариамон фаромӯш гаштаанд, зинда шаванд. Мо фаромӯш кардаем, ки агар театр ҳамчун тарҳ ё модели дунё, категорияи фалсафӣ бошад, чаро онро дар шеърамон намеҷӯем?»

Ниҳоят баъд аз пош хӯрдани ҳокимияти Шӯравӣ Фаррух Қосимов орзуи деринаашро амалӣ гардонда, театри худро бо номи «Аҳорун» таъсис дод ва аз январи соли 1990 Театри давлатии тамошобини ҷавон — «Аҳорун» фаъолияташро бо роҳбариву коргардонии Фаррух Қосимов расман шуруъ кард. Вале бояд ёдовар шуд, ки Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун дар оғоз мушкилотҳои хеле зиёдеро убур намуда, аз лиҳози норасоии ҳунармандону маоши хуб танқисӣ мекашид ва қариб тӯли 20 сол бинои худро надошт.  «… аммо ҳамаи ин иродаи Фаррух ва дастаи ҳунарии ӯро нашикаст. Онҳо бо талош ва дастгирии ҳамдигар бидуни руҳафтодагӣ ба кор мечаспиданд ва чун намоишнома мақбули бинандагон мегашт, он ҳамаи ранҷҳои бемакониву бемаошӣ фаромӯш мешуд. Қабули хуби намоишнома аз ҷониби бинанда саодати ҳунарманд аст, ки якбора хастагиҳои руҳиву ҷисмонии ӯро аз байн мебарад», – мегӯяд ҳамсари ҳунарманд.

Намоишномаҳои ӯ аз қабили — «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Шоҳ Лир», «Хонасӯзон», «Раъно», «Тортюфт» ва «Қиссаи ишқ» мебошанд, ки дар Белгия, Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Полша ва дигар давлатҳо муаррифӣ шуда, соҳиби чандин ҷоизаҳо гаштаанд ва дар радифи намошномаҳои безаволи таърихи театри тоҷик — «Аҳорун» қарор доранд.

Ф.Қосимов бори аввал дар театри «Эски мачит»-и Қаршии Ӯзбекистон ҳангоми супоридани намоишномаи «Нидои Найман — модар» аз рӯи романи Чингиз Айтматов — «Дуроҳаи бӯронӣ» фишори хунаш якбора баланд шуда, ба бистари беморӣ меафтад, вале бо вуҷуди ин рафту омад бо театрро қатъ намекунад ва чандин намоишномаҳои дигар дар таҳияи ӯ рӯи саҳна меоянд. Фаррух Қосимов пас аз бемории тӯлонии саратони мағз ва фалаҷ 7 феврали соли 2010 дар синни 62-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар маросими ба хоксупории марҳум дар гӯристони Лучоб, Ҳунарманди шинохтаи театри тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов нисбати ҳунари ноёби Фаррух Қосимов чунин гуфт: «Вақте, ки намоишномаҳои маъруфи Фаррух Қосимов — «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун», «Хонасӯзон» дар саҳнаҳои театрҳои Маскав нишон дода мешуданд, фардои рӯзи дигар дар матбуоти Русия даҳҳо мақолаҳо аз ҳунари Фаррух Қосимов қисса мекарданд. Ва дар матуботи Русия ба хотири намоишномаҳои Фаррух Қосимов Тоҷикистонро «Макка»-и театр ном мебурданд».

Соли 2007 Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов — падари Фаррух Қосимов гузошта шуд ва ахиран, 21 июни соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз сари ӯ театри орзуҳояш соҳиби бинои худ шуд.

Пеш аз ҳама таърихи ҳаёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон — Фаррух Қосимов дар замири мардум шикастнопазирӣ, боварӣ ба худ, кашфиёти нав, ҳунари нодир ва ояндаи дурахшон доштанро тарбия менамояд. Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов бошад, намунаи барҷастаи ин гуна шоҳкориҳост. Фаррух Қосимов бо «Аҳорун» — аш зинда аст!

 

Ҳасан Қосимов, мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳнаи ДДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

Добавить комментарий