Илм нур аст, ҷаҳл бошад торикист ва мусаллам аст, ки илм миллатҳову қавмҳоро зинда нигоҳ медорад, рушду тараққӣ мебахшад, ҷаҳлу нодонӣ бошад онҳоро ба таназзул мебарад ва бо тадриҷ нобуд мекунад.

Ба пиндори уламои Ислом, бо такя ба аҳодис, ҳар нафаре барои илмомӯзӣ роҳеро мепаймояду талаби илм мекунад, дониста бошад, ки роҳе аз роҳҳои ҷаннатро паймудааст. Агар рафту ҳангоми талаби илм ба марг дучор гардад, бегумон мартабаи шаҳидро ба даст меорад. Ин гуфторҳо ва дигар андешаҳои ба инҳо монанд ҳама барои тарғибу ташвиқи илм матраҳ гаштаанд, чун илм асоси побарҷоии тамаддунҳо ва тараққии миллатҳо буда метавонад. Тамоми динҳои осмонӣ ва китобҳои нозилгашта барои илмомӯзӣ мардумро ташвиқу тарғиб менамоянд. Аз ҷумла дини Ислом бештар ба илмомӯзӣ пайравонашро фаро мехонад. Аз расули Худо (с) аҳодиси фаровоне дар мавзӯи илм ривоят гаштаанд, ки мегӯянд: “Талаби илм барои ҳар мусалмон фарз мебошад” (Ривояти Ҳоким ва Байҳақӣ), “Ҳар ки роҳеро барои талаби илм мепаймояд, Худованд роҳеро барои биҳишт ба ӯ осон мекунад” (Ривояти Муслим), “Худованд шодобу хуррам гардонад шахсеро, ки аз мо чизе мешунаваду бе каму кост ба дигарон мерасонад…” (Ривояти Бухорӣ), “Аз касе дар бораи илмаш бипурсанду ӯ илмашро пинҳон намуда, ба дигарон нарасонад, бешак рӯзи қиёмат ба даҳонаш қуфле аз оташ зада мешавад” (Ривояти Тирмизӣ), “Қасам ба Худо агар ба воситаи ту як одам ҳидоят ёбад, дониста бош, ки ин барои ту аз шутурони сурхмӯ боарзиштар аст” (Ривояти Бухорӣ), “Дунё бо ҳама дороияш лаънат шудааст, магар зикри Худо ва олиму шогирди он” (Ривояти Тирмизӣ). Чуноне ба хонанда маълум аст, ҳама ҳадисҳои мубораки боло ба илмомӯзӣ ва додугирифти илмӣ мардумро фаро мехонанд. Аз муҳтавои аҳодиси боло чунин дарк мешавад, ки талаби илм фарз ва зарурӣ, пайроҳаҳои он роҳнамо ва расонандаи одам ба биҳишт, таълим додани дигарон ва расонидани илм мояи шодобиву сарбаландии соҳиби он, пинҳон намудан ва нарасонидани илм ба дигарон, зери ҷавобгарӣ ва ҷазо бурдани хеш, буда, вуҷуди устоду шогирд дурри суфтаи олами инсонӣ ва баракати он будааст. Аввалин оятҳои Қуръон, ки ба паёмбари Ислом нозил гаштаанд, ба илмомӯзӣ ва мутолиа даъват мекунанд. Масалан панҷ ояти аввали сураи “Алақ”, ё “Иқраъ”, ки нахустин калима ва хитоби худовандӣ ба расулаш “бихон” мебошад ва бевосита ин фармон Паёмбар ва тамоми пайравони ӯро ба хондан тарғиб мекунад. Бояд гуфт, ки нозил гаштани аввалин оят бо ин унвон рисолати хондану илмомӯзиро даҳчанд боло мебарад ва бозгӯ менамояд, ки инсоният махсусан мардуми мусалмон ва пайравони Қуръон бидуни ин унсури созанда, ки хондан ва ё мутолиаи васеъ мебошад, аз ҳастии худ дарак дода наметавонанд. Гарчанде, ки ҷанбаи асосии тарғиби аҳодиси боло илми диниро фаро мегиранд, фаромӯш набояд кард, ки дар ин радиф он аҳодис ва махсусан ояти аввали сураи “Иқраъ” ба тамоми навъи улуми башарӣ далолат мекунад. Мутаассифона аз илму дониш, махсусан улуми Қуръон канор рафтани мусалмонон боис гашт, ки ба шикастҳои азими таърихӣ рӯбарӯ шаванд. Ин дар ҳолест, ки дар гузаштаҳои таърихӣ соҳиби илму маърифати аслӣ, саркардагон ва муассисони улуми башарӣ мусалмонон буданд. Дар ояти дигар Худованд миёни олиму ҷоҳил фарқи бисёр бузург гузошта таъкид мекунад, ки “Бигӯ эй Паёмбар, онҳое, ки медонанд ва онҳое, ки намедонанд, баробар шуда метавонанд?” (Сураи Зумар, ояти 9). Ин саволи Худост ба Паёмбар, ки дар зимн бо ҷавоби мармуз ва мушаххас матраҳ мегардад, яъне ҳаргиз шахси олиму ҷоҳил, дар ҳеҷ давру замон баробар буда наметавонанд ва миёни онҳо фарқ ба масофаи осмону замин аст. Ибни Аббос дар шарҳи ин оят чунин мегӯяд: “Мартабаи олимону донишмандони муъмин нисбати дигар муъминони одиву бесавод, ҳафтод дараҷа баланд аст ва мобайни ҳар ду дараҷа масофаи панҷсадсола роҳ аст”. Инсон ба илму маърифат ниёз дорад, то зиндагияшро тавассути илм осону саҳл ва шоиста ба роҳ монад. Дар ибтидо, инсоният ҳангоми гузоштани нахустин қадамҳо ба кураи паҳновари замин ҳайрону сарсон ба андеша фурӯ мерафт ва бо тафаккуру тааммул ва касби илму маърифат, ихтирооту кашфҳо ба вуҷуд овард. Дар асоси он улуму таҷориб ва фикри башарӣ ихтирооте ба миён омад, ки имрӯз кураи замин бо ин вусъату паҳноварияш дар чашму дарки мо ба мисоли як деҳаи хурде менамояд. Ба он маънӣ, ки бо фароҳам омадани нақлиёти муосир масофаи ду се моҳа роҳро дар ду се соат метавон тай намуд, ки ин ҳама баракат ва натиҷаи илму маърифат мебошад. Имрӯзҳо кашфиёти улум то ҷое расидааст, ки инсоният тавонист бо таҷрибаҳои андӯхта ба фазои паҳновару бекарон роҳ ёбад. Баракати илм аст, ки инсон бо вуҷуди заифтарин махлуқ буданаш нисбати дигар махлуқот ва ҷирмҳои бузург, дар сатҳи моҳтоб қадам мегузорад, бо пажуҳишу омӯзишаш ба офтоб мерасад ва аз моварои он иттилоъ ба даст меорад ва шояд дар ояндаҳои дур ба кашфиёти аз ин дида болотар ноил гардад. Бояд гуфт, ки гузашта аз инҳо, илм нафси инсонро доиман пок месозад ва ӯро ба мисли оина ҷило мебахшад. Инчунин инсонро аз пайравии кӯркуронаи ашхоси дигар озод месозад, то дар ҳаёт барои худ ва расидан ба ҳадафҳои олии худ нақшае тартиб дода, тибқи он ҳаракат намояд. Оне ки аз илм баҳравар намегардад, маҷбур мешавад, афроди дигарро пайравӣ намояд, ки дар бештар ҳолат чунин шахсони тиҳимағзу беилм ба доми дигарон меафтанд ва онҳоро тибқи ҳадафҳову хостаҳои худ истифода мебаранд. Дар ин радиф, фаромӯш набояд кард, ки илм ба мисоли ханҷари дусар мебошад, ки гузашта аз фоидаҳояш зарар низ оварда метавонад. Аз ин нуқтаи назар илме, ки баҳри зарари инсоният андӯхта ва истифода мегардад, махсусан баҳри динситезӣ ва мухолифат ба он равона мешавад, аз аҳамияту баракоти дар ҳадисҳо зикргардида хориҷ мебошад ва он савобу баракоте, ки ба толибилми “ҳақиқӣ” ваъда шудаанд, орӣ мебошад.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here