Аз нимаи дувуми солҳои 70 -уми асри гузашта, бо пайдо шудани аввалин телевизор дар деҳа, ба ҳофизии сарояндагони мақомхон таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Аз ҳамон айём тавассути оинаи нилгун ҳунарнамоии ҳофизи хушсадоеро бо номи Карим Қосимов шунида будем. Сурудхонии эшонро тӯли 13 сол (1978 – 1991) телевизиони Тоҷикистон мунтазам ба маъраз мегузошт. Зеро, Ансамбли ҳофизони мақомхони Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, аз наздиктарин дастаҳои кишвар ба телевизион маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳунарнамоии ҳофизони ин ансамбл бештару беҳтар пахш мегардад.

Ҳофизӣ, қаду баст, тарзи сароиш ва садои ҷарангосиву дилнишини Карим Қосимов аз дигарон фарқ дошт. Шахси андаке огоҳ аз санъати мақомхонӣ ҳунарнамоии ӯро аз ёд намебаровард. Ҳофизе, бо садои гиро ва хуш Карим Қосимов он айём аз доираи ҳаводорони санъати классикӣ, мухлисони хешро пайдо намуда буд. Вай аз дигар ҳофизон боз бо як бартарӣ фарқ мекард, ки он аз назарҳо ниҳон намемонд. Ӯ сурудҳои классикӣ ва муосирро бо забони ӯзбекӣ низ басо дилнишин месуруд.

Ҳаводорон, дӯстдорони ҳунар сурудҳои классикии «Шашмақом» — ро дар иҷрои Карим Қосимов «Қашқарчаи Савти Наво», «Ушшоқи Самарқанд», «Муноҷот» ва таронаҳои дилнишини «Пазмони туям», «Қомати дилҷӯӣ кист?», «Ту дар суроғи кистӣ?», «Моҳи тобонам биё», «Шаҳлоларинг», «Лабларинг олу десам» ва ғайраро хуб дар ёд доранд. Он овон қисме аз ин таронаҳоро қисмати зиёди мардум аз ёд медонистанд…

Бо сар задани воқеаҳои номатлуби феврали соли 1990 ва оҳиста – оҳиста номуназам гаштани авзои сиёсӣ дар пойтахт, бисёриҳоро маҷбур сохт, ки тарки онҷо намоянд. Дар ин саф Карим Қосимов низ буд. Ҳол он ки ҳофизи хушсадо ҳамагӣ 53 — сол дошт ва нияти тарки дастаи мақомхононро дар гӯшаи хаёл надошт. Чеҳра ва ҳунарнамоиаш дар телевизион, аз оғози солҳои 90 — ум оҳиста — оҳиста аз назарҳо нопадид гашт.

Карим Қосимов, аз шаҳри Душанбе рахт баст, ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд. Ва ҳамон ҷо бо аҳли хонавода зиндагӣ ихтиёр намуд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, эшонро чанд дафъае дар маъракаҳои ҷашнии ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, ки тавассути шабакаи аввал пахш гардида буд, дидему халос…

Мутаассифона, аз хусуси он ки дар хазинаи телевизиони тоҷик сабти чанд суруди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Карим Қосимов маҳфуз аст, дарак надорем.  Аз рӯи маълумоти қомуси адабиёт ва санъати тоҷик аз 200 зиёд сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекии сарояндаи маҳбуб «Дар «Хазинаи тиллоӣ» -и Радиои Тоҷикистон тақрибан 40 – суруди иҷронамудааш… вуҷуд дорад» (Саидмуроди Хоҷазод «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон», Душанбе, «Шуҷоиён», 2009, саҳ. 269 — 270».

Соли гузашта (4. 09. 2019) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (соҳибунвон дар 33 – солагӣ – У. Ш.) Карим Қосимов дар синни 80 – солагӣ дунёи фониро падруд гуфт, ки аз ин бехабар мондем. Дар ин бора, дар расонаҳои даврӣ, ахбор ва ё маълумоте ба назар нарасид, ки ин басо шигифтовар аст. Ин амал гуфтаеро мемонад, одам буд ё набуд?!

Аз ин рӯ, ҷоиз меҳисобем, ки насли ҷавон боре аз киву чи гуна шахс — ҳунарманд будани ин марди пурҳунар воқиф бошанд. Ҳунарманди асили тоҷикро муаррифгар бошем. Боқӣ, ихтиёр шуморост.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1971) Карим Қосимов 10.04.1938, дар деҳаи ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба дунё омадааст.

Шуъбаи вокалии Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз-и шаҳри Хуҷанд (1968), шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ) — ро хатм кардааст (1972).

Сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1962 – 1973; 1975 – 1978), Театри драмаи мусиқии ноҳияи Нов (1973 – 1975), солҳои 1978 — 1991 сарояндаи Ансамбли ҳофизони мақомхони Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавоӣ буд.

Карим Қосимов дар хондани сурудҳои классикии «Шашмақом» маҳорати воло дошт. «Насри Ушшоқ», «Соқиномаи Савти Наво», «Қашқарчаи Савти Наво» (бар ашъори Ҳофизи Шерозӣ), «Ушшоқи Самарқанд» (Зебуннисо), «Насруллоӣ» (Сайидои Насафӣ), «Насри Баёт» (Ҳилолӣ), «Ироқи Бухоро» (Васлӣ), «Увари Савти Сабо» (Маҳрами Бухороӣ), «Соқиномаи Рок» (Мирзоазими Сомӣ), «Муноҷот» ва ғайра дар иҷрои ӯ хуш садо медоданд. Муғаннӣ ҳамчунин оҳанг эҷод мекард.

Барномаи овозхони хушилҳонро зиёда аз 200 сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ташкил медод, ки ба аксараш худи Карим Қосимов оҳанг бастааст. «Пазмони туям», «Луъбати Искодарӣ» (шеърҳои Бобо Ҳоҷӣ), «Биё, эй ҷон» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Маҳҷур медорӣ» (Ҳилолӣ), «Ошиқам» (Камоли Хуҷандӣ), «Ба Ватан» (Ҳ. Назаров), «Қомати дилҷӯи кист» (Туғрал), «Ранҷи сухан» (С. Айнӣ), «Ҷон духтаракони тоҷик» (Мирсаид Миршакар), «Фарҳодони асри бист», «Ба паҳлуи ту бошам» (М. Фарҳат), «Ёди ёр» (Лоиқ), «Ту дар суроғи кистӣ?», «Гулпираҳани тоҷик» (С. Султон), «Модари ҷаҳонгирам» (Гулназар), «Қурбони ту гардам» (халқ), «Моҳи тобонам биё» (халқ), «Хато кардӣ», «Агарчи дурӣ аз барам» (Р. Пӯлодова)…

Сурудҳои тоҷикии «Ленинобод» (шеъри Ҳабибӣ, оҳанги А. Тошматов), «Қалби пурҳарорат» (Ф. Ансорӣ, оҳанги Ҳ. Пӯлодов), «Гулшани Ҳисорӣ» (С. Султон, оҳанги халқ), «Тарона» (Ҷ. Ҳамдам, оҳанги халқ), «Сарвқади дилрабо» (шеъри халқ, оҳанги Ҳ. Маҳмудов), «Лаъли Бадахшон» (шеър ва оҳанги халқ) ва ӯзбекии «Шаҳлоларинг» (шеъри Ҳабибӣ, оҳанги халқ), «Сӯранг» (Бобур, оҳанги халқ), «Кӯзларинг қаросиму», «Лабларинг олу десам» (Ӯлмас Ҷамол, оҳанги халқ) ва ғайра дар иҷрои сарояндаи хушовоз Карим Қосимов хеле дилкаш садо додаанд.

Мавсуф бо нишони «Аълочии маданияти СССР» (1974), бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Шоири шаҳири тоҷик Саидҷон Ҳакимзода барҳақ фармуда:

Гаҳвораи ӯ зи осмон н-омадааст,

Бар сайру саёҳати ҷаҳон н-омадааст.

Ӯ шуҳрату бахтро зи меҳнат дарёфт,

Аз модари хеш қаҳрамони н-омадааст.

Умари ШЕРХОН

Добавить комментарий