Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари инсон буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад. Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эхё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ, китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле муъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Халки тоҷик аз шумори он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. Ҳоло дар кишвари азизамон сафи китобхонҳову китобдӯсторон афзуда истодааст. Соли гузашта бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ташкил ва гузаронида шуд, ки боз ҳам таваҷҷуҳи аҳолиро ба китобхонӣ бештар равона кард.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бекитоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи некӣ гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад. Нашриёти “Адиб” ҳар ҳафта дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ намоишу фурӯши китобҳоро бо нархи арзон ба самъи мардум мерасонад, ки ин барои мо бисёр хуб аст. Бале, беҳуда нагуфтаанд, ки “ганҷ магир, китоб гир”. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳгарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Фаридун САФРЗОДА

Добавить комментарий