Дар маъракаи охирини интихоботи президентии Русия баъзеҳо иддао карданд, ки гӯё русҳо тавассути филмҳои тасвирӣ ба раванди интихобот таъсир расонида бошанд.
Яке аз омилҳое, ки ба руҳияи кӯдакон бетаъсир намемонад, тамошои филмҳои тасвирӣ мебошад. Аксари кӯдакон филмҳои тасвириро барои рангорангӣ ва сюжаҳои ҷолибашон, ки ба руҳияю синну соли эшон наздик аст, забони содда доранд, барояшон фаҳмост, дӯст медоранд. Дар замони ҳозира дунёи маънавии аксар кӯдакон, махсусан дар шаҳр аввал аз суруди алла, сониян аз тамошои филми тасвирӣ оғоз мегардад. Онҳо метавонанд соатҳо тамошо кунанду падару модар бошанд, аз ин фурсат истифода бурда, ба кору бори худашон машғул шаванд. Вале дар бораи он, ки то кадом андоза филмҳои тасвирӣ метавонанд ба руҳияи кӯдаки онҳо таъсир расонанд, касе меандешида бошад?
Андешаҳо дар бораи он, ки таъсири мусбати филмҳои тасвирӣ зиёд аст ё манфӣ, фикру ақидаҳо гуногунанд. Модари Усмони 6-сола — Манижаи Рустам мегӯяд: «Ман тарафдори онам, ки кӯдакон бояд бештар филмҳои тасвириро тамошо кунанд, чунки кӯдакони худам аз тариқи филмҳои тасвирӣ забонҳои русиву англисиро аз худ намуданд».
Вале волидони дигар Азизи Сафар ва Шабнами Мурод фикри болоро рад намуда, чунин мегӯянд: “Тамошои филми тасвирӣ барои кӯдак хуб аст, аммо дар шароити ҳозира дар шаҳри Душанбе аз таъсири мусбат дида таъсири манфиаш зиёдтар аст. Филмҳои тасвирие, ки бароямон дастрасанд, зулму ситам ва бераҳмиро тарғиб мекунанд, ки баъд аз тамошои онҳо хислату рафтори кӯдакон тамоман дигар мешавад”.
Ташаккули эҳсоси кӯдакон ба калонсолон вобаста аст, ки то кадом андоза ба онҳо беҳтарин воситаҳоро пешкаш менамоянд. Коршинос Абдумалик Қодиров оид ба ин масъала чунин ибрози ақида намуданд: «Арзишҳои ҳар як шахс аз рӯи он пайдо мешаванд, ки вай чӣ мехонад, чӣ мебинад ва чӣ тамошо мекунад. Мо дар замони худамон ҳамон китобҳое, ки мехондем, бо ҳамон калон шудем ва дар доираи ҳамон арзишҳо зиндагӣ мекунем. Имрӯз имкониятҳои тафреҳӣ хеле зиёданд ва филмҳои тасвирие, ки кӯдакони имрӯз тамошо мекунанд, ҳам таъсири мусбат доранд, ҳам манфӣ. Мусбат аз он ҷиҳат, ки агар кӯдак филмҳои тарбиявии тасвирӣ тамошо мекунад, арзишҳояш ҳам арзишҳои хуби ахлоқӣ мешаванду роҳи дар зиндагӣ пайдо мекардагиаш роҳи адолату хубӣ ва ҳатто ибораҳое, ки истифода мебарад, он ҳам ибораҳои мусбати ахлоқӣ мешаванд. Вале агар филмҳои тасвирӣ ҷангу зӯровариро тарғиб кунанд, кӯдак онро тамошо карда, ҳамин арзишҳо дар майнаи сари ӯ ҷой мегиранд. Мутаассифона, дар мо як структураи махсусе, ки барои рушди филмҳои тасвирии кӯдаконаи миллӣ кӯшиш мекарда бошад, дида намешавад».
Ҳоло каме ба таҳлили филми тасвирие мепардозем, ки тайи солҳои охир миёни мардум машҳур аст ва диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кардааст. «Маша ва Хирс» (Маша и Медведь). Ин филми тасвириро қариб нафаре нест, ки надида ё дар борааш нашунида бошад. Ҳатто колонсолон ҳамроҳ бо кӯдакон нишаста, онро тамошо мекунанд. Оё дар бораи он, ки кӯдак аз ин филм чӣ мегирад, боре андешидаанд? Аз аввал амалҳои духтарак манфӣ ва муқобили ҳодисаҳои табиат мебошанд. Бо вуҷуди он, ки ҳамаро пайваста озор медиҳад, ҳеҷ дилмонда намешавад. Дар ҳаёти реалӣ кӯдакон нисбат ба ҳайвонот хеле самимӣ ҳастанд. Аммо муаллифи ин филми тасвирӣ ин ҳақиқатро аз миён бурдааст. Дигар ин ки, дар он ҳаракат нисбат ба суханронӣ хеле зиёд аст. Ин чизҳо ҳатман ба кӯдак бетаъсир намемонанд. Аҷиб он аст, ки агарчи қаҳрамони дигари ин филми тасвирӣ — Хирс образи ниҳоят хуб дорад, яъне хело пуртоқат, меҳрубон ва меҳнаткаш аст, вале кӯдакон маҳз Машаро ҳамчун идеал барои худ интихоб намудаанд.
Ҷомеашинос Далер Мерганов мегӯяд: «Филмҳои тасвирӣ дар ҳаёти кӯдакон нақши муҳим мебозанд. Чунки тифл дар симои қаҳрамони филми тасвирӣ як навъ идеалҳои худро мебинад. Имрӯз филмҳои ба монанди «Том ва Ҷери», «Ҳоло ист» чӣ гуна ба шуури мардум таъсир кардааст ва ҳатто дар маъракаи охирини интихоботи президентии Русия баъзеҳо иддао карданд, ки гӯё русҳо тавассути филмҳои тасвирӣ ба раванди интихобот таъсир расонида бошанд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир филмҳои тасвирӣ ба ҳайси як силоҳи идеологӣ истифода шуда истодаанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар зеҳни насли наврас хостаҳояшонро ҷо кунанд. Имрӯз дар давлатҳои пешрафта барои истифодаи кӯдакон як намуди махсуси интернет аст, ки дар он ҷо ворид шудани кӯдакону наврасон ба сайтҳои ғайри қобили қабул бо кодҳои махсус манъ шудааст. Дар мо ягон монеа нест, кӯдак метавонад аз телефонҳои мобилӣ вориди дилхоҳ сайт шавад ва ҳар гуна филмҳои тасвириро тамошо кунад. Ман ҷонибдори озодӣ дар ҷомеа ҳастам, вале озодӣ низ фарҳанги истифодабарӣ дорад».
Тарҷумаи сифаташ паст ва кӯчагии филмҳои тасвирӣ яке аз мушкилиҳои дигари таъсир ба шуури кӯдакон мебошад. Воқеан, қисме аз волидон мехоҳанд фарзандонашон филмҳои тасвирии миллии дорои мазмуни ахлоқиро бо забони тозаи тоҷикӣ тамошо кунанд. Ин фикрро ҳунарманди шоистаи тоҷик Қурбони Собир пурра намуда, чунин иброз намуданд: «Ман то ба ҳол филмҳои тасвириро хело дӯст медорам ва мехоҳам ҳар он чизе, ки мо дӯст медоштем, фарзандон ва наберагонамон низ дӯст бидоранд. Дили одам мехоҳад, ки тамоми рангорангии зндагии кӯдаконамон аз филмҳои тасвирӣ бошад. Ман зид нестам, ки кӯдакони мо филмҳои тасвирии ба монанди «Шрек» ва амсоли онро тамошо кунанд, аммо аввал бояд мо «Маснавии маънавӣ»-ро бубинем. Имрӯз мо ба ҷое расидем, ки киностудияи «Тоҷикфилм» ва онҳое, ки қудрату калид дар даст доранд, бояд дар ин бора андеша кунанд. Мо сенарияҳои комили пухташударо дар «Шоҳнома» дорем, дар «Маснавии маънавӣ» дорем, танҳо ҳиммат кардан даркор аст, маблағ сарф кардан даркор аст, то ин қиссаҳоро саҳнавӣ кунанд ва филмҳои бегона набояд нуқтаи марказӣ дар мағзи кӯдакони мо бошанд. Кӯдаконамон бояд рангорангии «Маснавии маънавӣ»-ро дида, ба воя расанд, чунки баъд аз тамошои он худашон некро аз бад фарқ кардан метавонанд. Бояд як чизро дар назар дошт, филмҳои бегонае, ки дастраси мардуми мо ҳастанд, онҳо инро барои руҳияи кӯдакони худашон сохтаанд. Ногуфта намонад, ки дар «Дидор» якчанд филми тасвирӣ пайдо шуд аз «Баҳористон»-и Саъдӣ, гоҳ — гоҳ аз ТВБ низ намоиш дода мешаванд, филмҳои хеле кӯтоҳи сода, вале тоҷикона. Кӯтоҳ, вале метавонад дар кӯдак ҳисси меҳрубонӣ ва хизмат ба дигаронро бедор намояд. Бадбахтона, имрӯзҳо филмҳое, ки ба тоҷикӣ тарҷума мешаванд, сифати хеле паст доранд. Барои ҳамин, мо бояд бисёр кӯшиш кунем, ки ин холигиро пур намоем».
Воқеан, агар филмҳои тасвирии солҳои охирро бо замони шӯравӣ муқоиса намоем, фарқият хеле зиёд аст. Онҳоро ҳамеша барои тарбияи ҷомеа омода мекарданд. Дар онҳо ду қувва — некӣ ва бадӣ буд, ки некӣ ҳамеша бар бадӣ ғолиб меомад ва дар онҳо барои амалҳои бад ҷазо медоданд. Албатта, дар ҳама гуна филмҳо муборизаи некию бадӣ ҳаст ва ин зарур мебошад. Аммо онро тарзе бояд пешниҳод кард, ки боиси зарбаи равонӣ гирифтани кӯдакон нашавад.
Чӣ бояд кард, то таваҷҷуҳи кӯдакон бештар ба филмҳои тасвирие равона карда шавад, ки ба фоидаи маънавии онҳо бошад? Ба гуфтаи равоншинос Маҳмадулло Давлатов, «филмҳои тасвирӣ бояд бо дарназардошти синну сол ва махсусияти психологӣ офарида шаванд. Мутаассифона, ҳамин талабот риоя намешавад ва баъзан филмҳои тасвирие эҷод мешаванд, ки дар ҳақиқат метавонанд ба фаъолияти психикии кӯдак таъсири амиқи манфӣ расонанд. Мо инро бисёр вақт ҳангоми муроҷиати модарон мушоҳида мекунем. Мисолеро овардан мумкин аст, ки вақте кӯдак филми тасвириро мунтазам тамошо мекунад ва қаҳрамони асосии ин филмҳо бисёр вақт зӯровариҳо ва шиканҷадиҳиро нисбати ҳамдигар раво мебинанд, ин зарбаҳо ҳамчун як осори сахт таъсир дар мағзи сар гузошта метавонанд. Ва ҳангоми хоб, азбаски осори ниҳоят сахтро гузоштаанд ва системаи асаби мо нисбатан ором аст, ҳамин осори сахттаъсир бедор мешавад, чунки таъсираш хело пурзӯр буд ва сатҳи пӯстлохи майнаи сари инсонро ноором месозад, яъне ба марказҳои ҳаракат паҳн шуда, аз ҳолати боздорӣ ба ҳолати ҳаяҷон меорад. Дар ҳолати додашуда, қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ, амалҳову ҳаракатҳои зӯроваронаи онҳо асабро ноором мекунанд ва кӯдак дар ҳолати хоб тарс мегирад, дод гуфта мехезад ва аз ҳамин ҳолатҳо ба касалиҳои гуногун руҳӣ, аз қабили лакнати забон гирифтор мешавад. Ва қисматашон, ки кӯдакони хурдсоланд, дар ҷояшон тар мекунанд ва асабониятҳо ба вуҷуд меоянд. Мо бо ҳамин гуна кӯдакон вохӯрдем ва лозим донистем, ки волидайн масъулият ҳис кунанду мазмуни филмҳои гуногуни тамошо мекардаи фарзандонашонро зери назорат гиранд. Хуб мешуд бо кӯдаконашон нишинанду бо як муҳокимаи одии бидуни фишор, бо саволгузориҳои мантиқӣ амалҳои қаҳрамононро таҳлил намоянд. Ба мисоли «писарам, мазмуни ҳамин филм чӣ буд ва чӣ гирифтӣ», ё ин ки куштору хунрезӣ амалҳои бад ҳастанд. Тавассути таҳлил шуури ахлоқии кӯдак ташаккул меёбад».
Илми равоншиносӣ исбот намудаст, ки аз ҳама синну сол дида, майнаи сари инсон дар кӯдакӣ бештар инкишоф меёбад. Агар чунин бошад, пас моро зарур аст беҳтарин шароитҳоро барои рушду тарбияашон фароҳам оварем. Филми тасвирӣ метавонад яке аз воситаҳои хуби тарбияткунанда бошад, ки мутаассифона имрӯз аз мадди назар дур мондааст. Агар ба ин масъала диққати махсус зоҳир накунем, наметавонем барои ҷомеа инсони бомаърифату бофарҳангро ба воя расонем.

Давлатмоҳ БАЙРАМБЕКОВА

Добавить комментарий