Дар Душанбе Марказ ва мактаби омӯзиши забони фаронсавӣ кушода хоҳад шуд ва аллакай амалисозии Лоиҳаҳо оғоз гардидааст. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар рӯзи 19-уми феврал дар як суҳбат бо ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Маҳмадулло Раҷабзода гуфт, ки нақшаи бунёди Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ моҳи ноябри соли гузашта дар Фаронса зимни мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануел Макрон баррасӣ шуда буд.

— Ман алҳол аз болои ҳамин ду лоиҳа кор карда истодаам. Гуфтан мумкин аст, ки лоиҳаи кушодани Маркази омӯзиши забони фаронсавӣ (“Алянс франсес”) оғоз шуд. Кушодани мактаби забони фаронсавӣ вақти зиёдро мегирад, вале мо дар якҷоягӣ бо дӯстони тоҷикамон — намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон кор карда, ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва шартҳои андозсупории Марказро дида баромада истодаем. Гуфтан бамаврид аст, ки Марказ ва мактаби забони фаронсавӣ корхонаҳои тоҷикӣ ба ҳисоб мераванд. Давлати Фаронса барои татбиқи ин лоиҳаҳо грант ҷудо мекунад ва умедворам, ки лоиҳаҳои мазкур то охири соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд,- гуфт Ясмин Гуедар.

Хонум Гуедар ҳамчунин дар мавриди Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон”, ки аслан барои омӯзиши забони фаронсавӣ барои донишҷӯёни Қазоқистон кушода шудааст, сухан ронд. Хонум Сафир ба ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бисёр хуб мешуд, агар ҳамасола 5 ё 10 донишҷӯи фаъоле, ки бо забонҳои фаронсавӣ ё англисӣ муошират мекунанд, ба Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон” дохил шуда, сатҳи забондониашонро баланд бардоранд ва баъдан барои идомаи таҳсил ба Фаронса раванд.

Ясмин Гуедар аз Созишнома миёни Донишкадаи “Сорбонна Фаронса” ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёдовар шуд ва бо таассуф изҳор дошт, ки ба иттилои Донишкадаи “Сорбонна Фаронса”, сатҳи забондонии донишҷӯёни тоҷик қаноатбахш набудааст.

— Бинобар ҳамин, пешниҳод мекунам, ки донишҷӯёни тоҷик аввал ба Донишкадаи “Сорбонна Қазоқистон” дохил шуда, хуб тайёрӣ бинанд ва баъдан барои идомаи таҳсил ба Фаронса раванд,- пешниҳод кард хонум сафир.

Ясмин Гуедар ҳамчунин бо тааасуф изҳор дошт, ки то имрӯз дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расонида нашудааст: “Аз ин рӯ, дар ин самт талоши зиёд мебояд кард. Дар масъалаи таъсиси Марказ ва мактаби омӯзиши забони фаронсавӣ якчанд рӯз қабл бо вазири маориф ва илми Тоҷикистон мулоқот анҷом додам. Ҷаноби вазир омодагиашонро барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаҳои мазкур ироа доштанд”.

Ректори ДДЗТ Маҳмадулло Раҷабзода дар навбати худ меҳмони олиқадр, сафири давлати Фаронса хонум Ясмин Гуедарро барои ташрифашон ба Донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки аз фаъолияти пурсамари дипломатии сафир дар самти илму маориф, фарҳанг, иқтисодиёт ва ташкилу баргузории вохӯрии сарони ду давлат огоҳии хуб доранд.

— Рисолати Донишкадаи мо омода кардани мутахассисони забондон дар самтҳои забоншиносӣ, тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ маҳсуб меёбад. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки мутахассони мо, хатмкардагони мо сафирони Тоҷикистон мебошанд, чунки онҳо илму фарҳанг ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ва илму фарҳанги пешқадами ҷаҳонро ба тоҷикистониён муаррифӣ мекунанд. Дар Донишкада аз рӯи 11 забони ҷаҳон, дар доираи 31 барномаи бакалавриат, 5 барномаи магистратура ва 5 барномаи доктор PHD аз рӯи ихтисос мутахассисонро тайёр менамоем. Ман ҳамчун ректори Донишкада қаблан бо Шумо 4 маротиба суҳбату мулоқот доштам ва гуфта будам, ки Донишкадаи мо бо донишгоҳҳои мамлакатҳои Осиё робитаи зич дорад. Бояд қайд намоям, ки мо бо намояндаи департаменти таҳсилоти ИМА, сафири Германия дар Тоҷикистон, ҳамчунин, бо меҳмонони олиқадр ва намояндагони Аврупо дидору мулоқотҳо доир кардем. Зимни суҳбатҳои қаблӣ дар масъалаи таъмин кардани шуъбаҳои тахассусӣ, масалан фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ бо дастурҳо ва китобҳои таълимӣ ва сафарбар кардани омӯзгорони мо барои такмили ихтисос, ҳамчунин, табодули донишҷӯён, ба имзо расонидани созишномаҳо бо донишгоҳҳои пешбари ин мамолик дархосту пешниҳодҳо карда будем. Албатта омилҳо, сабабҳо ва роҳҳои омӯзиши забон гуногун аст, лекин таъсиси як муҳити забонӣ, даъват кардани соҳибзабон барои тадрис ё ақаллан донишҷӯёнро барои саёҳат ва дидани ҳамон мамлакату бо намояндагони забон рӯ ба рӯ шудану суҳбат кардан роҳнамоӣ намудан, фикр мекунам, натиҷаи хеле хуб ба бор хоҳад овард. Масалан, агар шуъбаи забони фаросавии Донишкадаро гирем, ки дар он 61 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, донишҷӯён имконият доранд танҳо дар дарси тахассусӣ бо забони фаронсавӣ суҳбат кунанд, вале дигар фанҳо бо забони русию тоҷикӣ ба роҳ монда шудаанд. Агар таърихи Фаронса, фалсафа ва предметҳои дигари фанниро соҳибзабон дарс медод, ин барои донишҷӯ хеле муфид буд ва барои дар сатҳи хуб аз худ кардани забон кӯмак мерасонд,- гуфт М. Раҷабзода.

Ректори ДДЗТ ба сафир пешниҳод кард, ки дар доираи имкониятҳо як нафар муаллими соҳибзабонро ба ҳайси волонтёр дар донишкада ба фаъолият ҷалб созанд.

Раҷабзода бо боварӣ аз сатҳи хуби забондонии донишҷӯён гуфт, ки аллакай баъзеҳо аз курсҳои дуюму сеюм дар ширкатҳои муштараки ҷопонӣ, Куриёи ҷанубӣ, арабӣ, хитоӣ ба ҳайси тарҷумон фаъолият мекунанд.

Ясмин Гуедар пешниҳод ва дархостҳои ироашударо ба назар гирифта, роҳбарияти Донишкадаро мутмаин сохт, ки зимни сафари навбатӣ ба Париж бо масъулин дар ин маврид суҳбат хоҳанд кард.

Дар интиҳо аз ҷониби Сафорати Фаронса ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон китобҳои дарсӣ ва бадеӣ туҳфа гардид, ки гуфта мешавад, барои омӯзиши забони фаронсавӣ ба донишҷӯёни донишкадаи мазкур мусоидат хоҳанд кард.

Гуфта шуд, ки қаблан аз ҷониби сафорати Фаронса ба ДМТ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ китобҳои дарсию бадеӣ туҳфа карда шудааст ва тақдими чунин китобҳо ба макотиби миёнаи кишвар ҳам дар назар дошта шудааст.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here