Ин эътирози ҳар кӯдаки ин замон аст, ки барои тамошои филми тасвирӣ ба калонсолони худ муроҷиат менамоянд

Идрис, кӯдаки 4-сола низ қошу қавоқ андохта, норозиёнаву бо эътироз ҷониби падараш нигоҳ кард. Қошу қавоқ ва лунҷакони овезони писари эркаашро падари ҷавон дида, филми тасвириеро, ки дар телевизиони кӯдакону наврасон — “Баҳористон” пахш гардида буд, монд. Баъдан “пулт”-и телевизорро ба кӯдак дароз карду “мана, бачаҷон, чизеро дилат мехоҳад, ҳамона бин” гуфта, аз хона берун шуд. Идриси дӯстрӯяк хурсандонапулт”-ро гирифту бо завқу ҳаваси кӯдакона шодӣ карда, ба томошои филми дӯстдоштааш“Маша и Медвед” аз нав оғоз кард. Ҳар як рафтори Машаро бо шавқ наззора намуда, худро дохили он филм  каҳрамони асосӣ тасаввур мекард. Пеши волидон ба рафтору гуфтори чӣ хубу чӣ бади қаҳрамони филмаш тақлид карда, аҳсану офаринҳо мешунид.

Бале, айни замон кӯдакон масхарабозони тайёр гардидаанд. Кадом як филмро тамошо накунанд, баъди як соат мебинӣ, ки тақлиду пайравӣ ба қаҳрамони онро оғоз карданд. Аз тамошои ин саҳна волидон бо шӯру шавқ механданду мисли падари Идрис ба кӯдаконашон “Офарин, балоча! Қандата зан, шайтончаи дадеш” гуфта, тарафдори дубора такрори иҷрои он амал мешаванд. Аз офаринхониҳои волидон кӯдакон низ ба шавқ омада, тамоми вақти худро ба тамошои телевизион сарф менамоянд ва мекӯшанд тезтар як калому рафтори нав аз худ кунанд.

Хуб аст, вақте кӯдак чизи наверо ба худ мегирад. Хуб аст, вақте кӯдак рафтори намунавиеро аз худ менамояд. Хуб аст, вақте кӯдак аз тамошои филм руҳияи тозае мегираду ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Аммо ин ҷо саволҳои зиёде низ ба миён меоянд, ки оё аз ин қадар тамошои зиёди оинаи нилгуну филми тасвирӣ ба ҷисми кӯдак осебе намерасад? Оё меъёри тамошои филми тасвирӣ барои кӯдакон пешбинӣ нашудааст? Оё тамошои филм ба синну соли кӯдак вобастагӣ надорад? Умуман, тамошои филмҳои тасвирӣ ба руҳияи кӯдак чӣ таъсир мерасонад?

Зимни суҳбат дар ин мавзуъ Дилшод Маҳмудов — корманди соҳаи тиб қайд кард, ки “айни замон на ҳама падару модарон дар бораи меъёри тамошои оинаи нилгун маълумот доранд. Масалан, тамошои филми тасвирӣ ба кӯдакони то синни 3-сола қатъиян манъ аст. Системаи фаҳмиши кӯдак дар ин синну сол ташаккул наёфтааст ва аз тамошои оинаи нилгун метавонад таъсири манфӣ гирад. Ғайр аз ин, тамошои барвақти филмҳо ба шахшулии мағзи сари кӯдак ва дармондани забони ӯ оварда мерасонад. Кӯдакони аз 3 то 7-сола набояд аз 30 даққиқа зиёд, аз 7 то 10-сола 30-50 даққиқа ва аз 11 то 18-сола 1-3 соат дар як рӯз филми тасвирию барномаҳои телевизионӣ тамошо намоянд”.

Равоншинос Амонов Нодир андеша дорад, ки “тамошои филмҳои тасвирӣ дар ташаккули маънавии кӯдакон нақши бениҳоят муҳим мебозад. Филми тасвирӣ метавонад ҳам таъсири манфӣ расонад ва ҳам таъсири мусбат. Тарафи мусбаташ дар он аст, ки кӯдак бо тамошои филм метавонад истироҳат кунад, як ғизою руҳияи нави маънавӣ гирад. Бо тамошои он метавонад олами гирду атрофашро тезтар шиносад, хубу бад ва сиёҳу сафедро фарқ намояд. Аммо агар бо ҳамаи ин волидон вобаста набошанд, кӯдак аз тамошои филм тамоман таъсири манфӣ мегирад. Чӣ гуна? Яъне тамошои филми тасвирӣ дар якҷоягӣ бо аҳли оила мавқеи хос дорад. Дар ҳама филм ҳам қаҳрамони мусбат дида мешаваду ҳам манфӣ. Кӯдаки хурдсол метавонад аз баъзе саҳнаҳои филм тарсад, ҳатто гирён шавад. Бояд дар рафти тамошо волидон низ пурра иштирок намоянд ва барои фарқи қаҳрамонон баъди анҷоми филм якҷоя нишаста суҳбат кунанд. Тарафҳои мусбату манфии филмро ба кӯдаки худ кушода дода, фикру ақидаҳои худро оид ба қаҳрамонони филм изҳор намоянд. Бо ёрии волидон ҷанбаҳои хуби филмро кӯдак дар зеҳнаш хулосабарорӣ намуда, ба ин васила аз фикру мулоҳизаҳои онҳо низ бархӯрдор мешавад”.

Аслан, филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон сарчашмаи аввалиндараҷаи гирифтани иттилоъ мебошанд. Барои гирифтани иттилои дурусту муфид волидонро зарур аст, ки ба интихоби филмҳои тасвирӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Сараввал онҳо бояд филми хубу бади тасвириро аз якдигар фарқ карда тавонанд. Филми тасвирии хуб ҳамеша рафтору кирдори хубу намунавиро барои кӯдак меомӯзонад. Қаҳрамонони филм низ нақшҳои намунавиро мебозанд, ки ин дар зеҳни кӯдаки хурдсол метавонад ба осонӣ ҷой гирад. Ғайр аз ин, бо рангҳои диққатҷалбкунандаю зебо рассомӣ шудаанд, ки ҳисси шинохту фарқкунандаи кӯдакро бедор менамоянд. Забони гуфтори филм соддаю равон ва орӣ аз алфози қабеҳ буда, хурдсол онро ба пуррагӣ дарк карда метавонад. Дар баробари ҳамаи ин боз филмҳои тасвирие ҳастанд, ки дар кӯдак ҳисси беэҳтиромӣ ба насли калонсол, инҷиқию тарсончакӣ, танбалию бадбинӣ, сахтгуфторӣ ва дигар рафторҳои ношоистаро бедор менамоянд. Дар ин гуна филмҳо фарқият байни қаҳрамонони хубу бад хеле кам буда, тарзи гуфторашон қабеҳу овозашон гӯшхарош ва симояшон дилбазан мебошад.

Хуб мешуд ҳар як падару модар дар тамошои оинаи нилгун ба кӯдакони худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Чунки филм низ метавонад тарбиятгари насли наврас бошад, тағйирдиҳандаи фикру андешаҳо гардад. Тарафдори тамошои он филмҳое бошанд, ки ба кӯдак ҳисси дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, ростқавлию поквиҷдонӣ, ватандӯстию ободкорӣ, дастгирию эҳтиромнамоиро бедор намоянд.

ГУЛНОЗ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here