Дар сарнавишти неруҳои қавии ақлонӣ новобаста аз забону нажод ва замону макони зисту алоқамандӣ ба сиёсати давр умумиятҳои вижае мушоҳида мешавад, ки муҳимтарини он дарк ва фаҳми набзи ҷомеа ва дар иртибот ба он хидмат ҷиҳати ба бедорӣ ва зиндагии шоиста даъват намудани инсоният аст. Ин фазилати манша аз хирадмандӣ гирифтаро дар мисоли фарзонагони давраҳои мухталифи адабу фарҳанг ва илму санъати Ғарбу Шарқ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Фармудаҳои ибратомӯзи ба некиву накӯӣ даъваткунандаеро, ки Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асри Х раҳандозӣ кардааст замони дигар аз Алегери Дантеи итолиёвӣ, Шекспири англис, Волфганг Гутеи олмонӣ ва даҳҳо нобиғагони кишварҳои дигар ба гуфта омадаву дар асл инсониятро ба шинохти мақоми ҷамъиятиаш даъват кардаанд.

Замони дигар шева ва ҷасорати хидмат кардан ба халқро, ки аллома Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдуқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров ва фарзонагони ҳамнаслу ҳамзамони онҳо сарнавишти хеш донистанд, насли дигари зиёиёни тоҷик дар паноҳи андеша ва амали онҳо идома доданд. Ин насл нерӯ ва малакаи зеҳнии хешро барои бунёд ва ташаккули мактабу маорифи миллӣ, илму адаб ва фарҳанги миллӣ нигарониданд, ки дар байни онҳо профессор Воҳид Асрорӣ бо паҳнои назар, густурдагии фаъолияти пажуҳишгарӣ ва сабки хоси омӯзгориашон ҷалби таваҷҷуҳ менамоянд.

Перомуни роҳи ҳаёт ва зиндагиномаи Воҳид Асрорӣ ҳамкорону шогирдонашон зиёд навиштаанд ва агар хати сабзи он навиштаҳо пайгирӣ шавад, зикри тинати пок, устуворӣ дар қавлу амал, садоқат ва меҳри сӯзон ба адабу фарҳанги миллӣ, дасти мадад ва ёрмандӣ ба шогирдон, дар иртиботи байниҳамӣ ба пажуҳиш кашидани қонуният-мандиҳои адабиёт, эътиқод ба дӯстӣ ва рафоқати халқҳо, риояи адолат дар фаъолияти ВАО, меҳнати пайваста барои сайқали маҳорат, ҷадал ҷиҳати амалисозии ниёзҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ғурури хоси тоҷикӣ метавонад ҳосили умумии он навиштаҳо бошад.
Ба гуфта омадааст, ки Воҳид Асрорӣ ҳамсоли воқеаи хотирмони таърих – Инқилоби Октбяр буда, дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба дунё омадаанд. Ба эътибори гуфта ва навиштаҳои эшон волидон ва гузаштагонаш аҳли савод буда, дар саводомӯзии насли замони худ саҳм гузоштаанд. Саводи аввалияи Воҳид Асрорӣ низ нахуст дар мактабҳои динӣ ва замонавии маҳалли худ баромада, минбаъд бо таҳсил дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Сталинободу Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд сайқал ёфтааст.
Фаъолияти омӯзгории Воҳид Асрорӣ аз ҳамин давра (солҳои 1933-1934) оғоз гардид ва ин касби пуршараф пешаи асосии устод то охири умр қарор гирифт.
Дар фаъолияти меҳнатии Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ ва пажуҳишгарӣ тавъам ҷараён гирифта, ба гунаи созгории назария ва амалия ҳамдигарро такмил додаанд. Агар натиҷаи заҳмати содиқонаи омӯзгориашон тарбияи шогирдон бошад, натиҷаи заҳмати пайвастаи пажуҳишгариашон таълифи асару мақолаҳои арзишманде аст, ки танҳо номзикри онҳо метавонад ҳаҷми китоби алоҳида дошта бошад.
Китобҳои «Эҷодиёти Юсуф Вафо» (1957), «Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик» (1967), «Адабиёт ва фолклор» (1957), «Халқ ва адабиёт» (1968), «Фолклор ва эҷодиёти нависанда» (1968), «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» (Бо ҳаммуаллифии Р.Амонов, 1980), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982) ва «Жанрҳои хурди фолклори тоҷик» (дар 3 қисм, 1983-1990) дар адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик бо услуби вижаи таҳқиқ ва натиҷагириҳои тозаи илмӣ бартарӣ дошта, барои ин ду самти умдаи илм аз асарҳои бунёдӣ маҳсуб меёбанд. Монографияи «Адабиёт ва фолклор», ки аз нашри он 50 сол сипарӣ шудааст, дар шинохти шахсият ва қимати илмиву адабии осори Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ба вижа иртибот ва муносибати устодонаи онҳо ба фолклор пажуҳиши арзишманд маҳсуб ёфта, ба нашри такрории он ин замон эҳтиёҷи ҷиддӣ эҳсос мешавад.
Устод Воҳид Асрорӣ бо хидматҳои мондагори эҷодкорони донишманду далер Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода дар гуфтору навиштори худ арҷ мегузоштанд ва худро хушбахт меҳисобиданд, ки аз файзи суҳбати онҳо баҳра бардоштанд. Аз иштирокашон дар суҳбатҳои устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда ҳамзамон аз донишманди бузурги таърих ва сиёсатмадори донову далер будани Бобоҷон Ғафуров сухан мегуфтанд. Аз суҳбати бо шарофатии устодашон Шарифҷон Ҳусейнзода бо А.Лоҳутӣ дар шаҳри Тошканд доштаашон хотирнишон шуда худро лоҳутипараст мегуфтанду аз номи Лоҳутӣ мехонданд.
…Нусрат зи иттиҳоду зи илм асту инқилоб,
Бо коргар бигӯй, ки тарки дуо кунад.
Замоне, ки тозаандешони хасакии солҳои 90-уми асри гузашта монанди солҳои 20-ум боз ба муқобили адабиёт, илм ва шахсиятҳои маъруфи он носазогӯйӣ карда лаб ба сухан кушоданд, ки «Турсунзода ва ҳамсолонаш аз мактаби гузаштаи мо баҳраи комил нагирифтаанд ва аз ин рӯ камоли суханашон ба он поя нарасидааст» Воҳид Асрорӣ бо қатъияти хоси худ иброз доштанд, ки «Адиберо нашинохтан ва написандидан, ки онро тамоми олам шинохта аст, ҳиндуҳо ба номаш ифтихор доранд, дар адабиёти муосири тоҷик беҳтар аз вай достонсаро шояд набошад, адиберо, ки аз адабиёти классикии тоҷик ғизои бузурге бардоштааст, ба мояи андешаи нокомили худ фаровардан гуноҳ не, ҷиноят аст. Фаромӯш накунед, ки баҳо додан ба Мирзо Турсунзода, баҳо додан на танҳо ба тамаддуни тоҷик, балки ба тамаддуни асри ХХ-и ҷаҳонӣ ҳам ҳаст».
Вақте дар ҷараёни суҳбат номи Сотим Улуғзода зикр мешуд чеҳраи устод Воҳид Асрорӣ ранги дигар мегирифт ва бо меҳр мегуфтанд, ки «Ман домулло Улуғзодаро бисёр иззат мекунам ва шиносоии мо аз охирҳои солҳои сиюму чилум, аниқтараш пеш аз ҷанг, оғоз ёфтааст. Бо он кас дар чандин маъракаву вохӯриҳо якҷоя ширкат доштем. Он кас аз соҳаҳои гуногуни илму фарҳанги аврупоӣ бохабар буда, мутолиаи зиёд ба забони русӣ доштанд ва аввалҳо ба майдони адабиёт чун олим ворид гаштанд. Аз навиштаву гуфторашон ҳис карда мешуд, ки таърихро хеле хуб медонанд, аз сарчашмаҳои нодир бохабаранд. Улуғзода барои миллат, халқ, барои такомули забону ғановати адабиёти тоҷик хизмати арзанда кардаанд.
Барои ҳамон ҳодиса шуда (Ҳиҷрати фарзанд. Муаллифон) чунин шахсро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридан аз рӯи инсоф нест, қадру манзалати эшонро шинохтан даркор буду ҳаст».
Профессор Воҳид Асрорӣ дар пажуҳиши масъалаҳои мубрами илмӣ ғолибан ба ҳақиқат такя мекарданд, дар мавриди зарурӣ бо олимони дохиливу берунӣ ба баҳс медаромаданд ва метавонистанд мавқеи илмиашонро ҷасурона дифоъ намоянд. Ҳампеша ва ҳаммуаллифашон дар навиштани китоби «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» Раҷаб Амонов, ҳамин фазилати Воҳид Асрориро ба таври зайл ёдовар шудаанд: «Ман аз он қонеъ ва хурсанд ҳастам, ки дар давоми панҷоҳ сол дӯстии мо халал надид, мо аз кардаҳои ҳамдигар тавонистем баҳра гирем, корҳои муҳимро ҳамроҳ анҷом додем. Ба муқобили каҷравиҳо ва сохтакориҳо дар илми фолклоршиносӣ аз як гиребон сар бароварда мубориза бурдем, коре кардем, ки дар ватани азизи мо илми фолклоршиносӣ босуръат тараққӣ кард ва дастовардҳои он дар миқёси байналхалқӣ пазируфта шуд.
Аввалин китоби дарсии бо номи «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» барои мактабҳои олӣ таълиф намудаи мо то имрӯз ба муаллимон ва донишҷӯён хизмат мекунад. Ин китоб дар Афғонистон ба хати форсӣ чоп шуда, дастраси аҳли илм ва донишҷӯёни ин мамлакат гардид. Ман бовар дорам, ки қисми калони осори илмӣ ва адабии ин шахси пуркор минбаъд ҳам ба илму фарҳанги тоҷик манфиат хоҳад овард.
Ман ҳеҷ дар хотир надорам, ки ҳамкасби муътабарам Воҳид Асрорӣ боре ба фароғат дода шуда бошад. Пай дар пай эҷод кардан ва ба мардум пешниҳод намудани асарҳои нав ба нав барои ӯ мафҳуми зиндагии асилро дошт. Ҳаёт ва фаъолияти бобаракати Воҳид Асрорӣ намунаи ибрат буд ва ҳаминг тавр хоҳад монд».
Вижагии назарраси таълифоти Воҳид Асрорӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҳамаи ҷанбаҳои илми филологияро дар алоқамандӣ мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Мақолаҳои устод «Намунаҳои рубоиҳои халқии замони советии водии Зарафшон», «Дар атрофи фолклори замони советӣ», «Ашъори Муҳиддин Аминзода», «Ҳаҷв дар адабиёти советии тоҷик», «Халқ ва адабиёт» бо ҳамин услуб таълиф шудаанд. Ҷустор ва пажуҳиши пайваста оид ба масъалаҳои фолклоршиносӣ дар фаъолияти илмии устод аксаран бо таълифи мақола ё ироаи гузориш оғоз ёфта, бо навиштани асарҳои монографӣ ҷамъбаст гардидааст. Воҳид Асрорӣ бо риояи ҳамин шеваи таҳқиқ чун яке аз аввалинҳо ба муайян сохтани таъсири босамари фолклор ба адабиёти хаттӣ камар бастанд ва натиҷаи пажуҳиши тадриҷии худро соли 1968 чун рисолаи докторӣ дифоъ намуданд. Андешаҳои илмии оид ба ин масъала баён ёфта аз он башорат медиҳанд, ки рисолаи доктории Воҳид Асрорӣ ҷанбаи қавии назариявӣ ва амалии илмӣ дошта, дар адабиётшиносӣ сухани тоза аст. Воҳид Асрорӣ дар шумули донишмандоне қарор доштанд, ки натиҷаи пажуҳиши илмиашон дар сатҳи умумииттифоқ эътироф гардидааст. Донишманди номӣ Г.Ломидзе баъди ошноӣ ба рисолаи доктории Воҳид Асрорӣ бо қаноатмандӣ навишта буд, ки «На заседании экспертной комиссии ВАК я докладывал о Вашем деле по поводу присуждения Вам ученой степени доктора филологических наук. Я ознакомился внимательно с Вашем авторефератом, трудом довольно объемистым (в нем 160 печатных страниц).
Автореферат произвел на меня очень благоприятное впечатление своей фундаментальностью, содержащихся в нём наблюдений и оценок по очень сложным проблемам фольклора и литературы. По моему предложению экспертная комиссия ВАК единогласно присудила Вам ученную степень доктора филологических наук.
Поздравляю Вас с этим радостным событием Вашей жизни, желаю успехов, счатья и здоровья.
С уважением Г.Ламидзе, 18.04.1969 г.»
Донишманди дигари сатҳи ҷаҳонӣ А.Н.Болдирев баъди мутолиаи тақризи ба китоби Тоҳирҷонов навиштаи Воҳид Асрорӣ ва Демидчик 12-уми ноябри соли 1970 навиштааст, ки «…хочу выразит мои хорошие удовольствия, которые я получил об рецензии на книгу Тагиржанова опубликованной вами и Демидчиком в журнале «Памир», №3. Вот действительно объективная рецензия, на высоком профессиональном уровне, настоящая наука!»
Дар фаъолияти илмиву амалӣ ва эҷодии профессор Воҳид Асрорӣ шурӯъ аз солҳои 1968 масъалаи журналистика ҷойгоҳи вижа пайдо кард.
Чаро таъкид ба ин давра аст? Зеро аслан аз солҳои сиюм, яъне аз наврасиашон Воҳид Асрорӣ ба журналистика шавқ доштанд. Баъди Ҷанги бузурги Ватанӣ ба таври фаъол бо воситаҳои ахбор ҳамкорӣ карданд ва ҳамчунин роҳбари рӯзномаи наврасон – «Пионери Тоҷикистон» буданд. Вале дар он замон фаъолияти асосии Воҳид Асрорӣ ба тадқиқи адабиёт ва фолклор равона гардида буд. Дар нимаи дувуми солҳои 60-ум низ муаллим чун мудири кафедра ба тадқиқи фолклор ва адабиёт машғул гардиданд, вале такмил намудани фаъолияти шуъбаи журналистика, мусоидат ба кадрҳои соҳаи журналистика барои профессор Воҳид Асрорӣ мавқеи муҳим касб кард.
Ин тағйирот ба ду чиз иртибот дошт: аввалан, кафедраи фолклор ва методикаи таълими забон ва адабиёт, ки акнун ташкил шуда буду устод Воҳид Асрорӣ ба он роҳбарӣ мекарданд, мутассадии шуъбаи журналистика гардид ва дуввум профессор Воҳид Асрорӣ декани факултаи филологияи тоҷик таъйин шуданд ва ба сифати декан барои рушди ин соҳаи барои Тоҷикистон нави маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Фаъолияти профессор Воҳид Асрориро дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи журналистика ба ду гуруҳ ҷудо намудан ба мақсад мувофиқ аст: аввалан, ҳамчун масъули шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик дар ҳамаи давраи фаъолияташон дар нимаи дуввуми солҳои 60-ум то охири ҳаёташон ва, дувум, масъалаи тайёр намудани самти илмии шуъбаи журналистика.
Қисмати аввал бисёр муҳим буд, ба он маънӣ, ки агарчи соли 1966 эълон шуд, ки шуъбаи журналистика ташкил ёфт ва гурӯҳи аввали донишҷӯён ба шуъбаи журналистика дохил шуданд, вале он замон ҳама гуна тағйиротро бояд ҳатман Маскав тасдиқ менамуд. Барои тасдиқи Маскав Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таври расмӣ муроҷиат мекард, аммо дар роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон, аввалан, ашхосе, ки журналистро аз филолог фарқ карда тавонад, камтар ба назар мерасид, сониян пешниҳоди Маскавро интизор нашуда, бо ташабусси худ ба он ҷо муроҷиат мекардаҳо дар сохтори роҳбарии ҳизбӣ ва вазоратҳо набуданд. Касе ба Маскав нома барои ташкили шуъба нафиристод. Аз сабаби ба амал наомадани ин муқаррарот донишҷӯёне, ки соли 1967-ум қабул шуданд, ҳамчун филолог шинохта шуданд ва баъдан дар гирифтани дипломҳояшон низ мушкилоти зиёд ба миён омад. Мушкилии дигар масъалаи кадр буд. Дар шуъбаи навтаъсиси журналистика танҳо як муаллим буд – Хӯҷабек Зулфиқоров, дастпарвари факултети журналистикаи УДМ ба номи Ломоносов ва барои он кас ҳам соати дарсӣ нокифоя буд. Устод Воҳид Асрорӣ баъди он, ки системаи таълими журналистикаро ба вуҷӯд оварданд, худ ба сифати ташаббускор дар эҷоду дарси худ намуна мешуданд.
Аз ҳамин давра муаллим Воҳид Асрорӣ барои ташаккули шуъбаи журналистика талош мекарданд, вале ин ба осонӣ муяссар намегардид. Муддати дурударозе дар Тоҷикистон фақат ихтисоси журналистика вуҷуд дошт. Ҳар сол дар таркиби факултаи филология 15-20 нафар ҷавонҳо аз гуруҳҳои гуногун тариқи конкурс барои таҳсил дар риштаи журналистика интихоб мешуданд. Ин албатта, норозигии профессорон, мутахассисони ихтисоси дигарро ба вуҷуд меовард. Махсусан, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев ва Соҳиб Табаров мегуфтанд, ки довталабони беҳтаринро шумо журналистон ҷудо намуда мегиред ва боқимондаҳо ба ихтисосҳои дигар тақсим карда мешаванд. Дар ин ҳолатҳо танҳо қотеъияти профессор Воҳид Асрорӣ буд, ки интихобшудагон дар журналистика таҳсил карда тавонанд ва, аз тарафи дигар, раёсати донишгоҳ интихобро манъ накунад.
Аз ҷониби дигар ва асосӣ, ихтисоси мавриди назар имконияти таълими пурраи журналистиро надошт. Профессор Асрорӣ барои ҳалли ин аз ду чиз истифода мекарданд: ҳамон 480 соат дарси ихтисосро, ки дар ихтиёри шуъба ё ихтисос буд, ба дарсҳои амалӣ тақсим карда 50 фоиз зиёд мекарданд ва ҳамаи предметҳои асосии факултаи журналистикаро аз жанру назария то таъриху проблемаҳо дар он ҷой медоданд, таҷрибаомӯзиро ҳамчун заминаи асосии маҳорати касбӣ истифода менамуданд.
Чун сухан дар бораи баҳсҳо рафт, мехостем, як мисоли дигарро доир ба баҳс дар соҳаи журналистика иброз намоем. Дар он замон ба ақидаи «Шарт аст, ки журналист тайёр намоем, оё аз филолог журналист намебарояд?» Воҳид Асрорӣ як тезиси дурусти илмӣ доштанд, ки онро ҳамеша таъкид менамуданд. Мегуфтанд, ки журналисти касбӣ агар дар ҳастиаш ҳунари нависандагӣ бошад метавонад аз физик, математик, химик ва ғайра ҳам пайдо шавад, чунки онҳо низ менависанд, эҷод менамоянд, вале журналистика ин як соҳаи бузург аст, чаро ки вай ғайр аз навиштан фикр намуданаш лозим аст ва ба навиштани дигарҳо кӯмак расонида, дастгоҳро ба кор дароварданаш зарур аст. Барои ҳамин худи касбро омӯхтан лозим аст. Мегуфтанд, ки филолог низ касбро омӯхта метавонад, вале мо аслан барои он ба донишҷӯёни филолог маблағ сарф менамоем, ки онҳо дар мактаби миёна забон ва адабиёти тоҷикро дарс диҳанд ва муҳити адабиётро фаҳмонида ба талабагон савод диҳанд. Аммо журналистонро на барои он тайёр мекунем, ки рафта дар мактаби миёна ба муаллимӣ машғул гарданд, балки барои он тайёр менамоем, ки дар истеҳсолот фаъолият намоянд, яъне худашон нависанд. Фарқи донишҷӯйи филолог дар он аст, ки ӯ китобхониро тавонад кофӣ, вале барои журналист танҳо китобро хонда тавонистан кам аст. Журналист бояд дар заминаи чизи хондааш фикри нав гуфта тавонад. Барои фикри навро гуфта тавонистан вай шахсияти болотар аз филолог ва муаллим буданаш зарур аст. Яъне журналист сиёсатро дуруст дониста, ба имрӯз пайваст намудан ва ҳамчунин, дар эҷодиёташ чизеро дастгирӣ кардан ва чизи дигарро дастгирӣ накарданро донистанаш зарур аст. Инро дар раванди фанҳои зиёди журналистика омӯзонидан лозим аст. Муаллим Воҳид Асрорӣ мефаҳмониданд, ки Садриддин Айниро донишҷӯёни соҳаи филолог барои эҷодиёташ ва мероси бадеияш меомӯзанд, вале донишҷӯёни соҳаи журналистика бошанд, арзиши иҷтимоии Айниро бештар меомӯзанд, яъне С.Айнӣ нисбати замони худ чӣ аксуламал нишон дод ва ғайра. Таҳлили адабиёти ин адиби бузург барои филолог зарур бошад, барои журналист нишон додани он, ки асарҳои ин адиб барои ҷамъият чӣ дода тавонист, муҳим мебошад. Яъне журналист аз эҷодиёти нависанда санъати нависандагиро меомӯзад. Мо бисёр шоҳид будем, ки Воҳид Асрорӣ дар баҳсҳо ба ҳамкорони дигарашон, ки мегуфтанд «аз филолог ҳам журналист баромаданаш мумкин аст», ба ҳамин шева сухан мегуфтанд. Далели ин аз ҷумла мақолаи устод «Тақозои ҳаёт» аст, ки 15-уми январи соли 1982 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» нашр шуда буд. Дар он масъалаҳои вазъи ВАО ва фаъолияти журналистон, таъмини ВАО бо мутахассисони касбӣ ба ин шева баён мешавад:
«Аз рӯйи кор ва машғулияти илмиам дам ба дам бо архив кордор мешавам, саҳифаҳои газетаву журналҳои солҳои бистум ва сиюмро варақ мезанам ва мебинам, ки имрӯз газета, журналҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа, маҳорати журналистӣ, ороиши техникӣ, услубу тарзи баён чи қадар пеш рафтаанд. Ҳаёти мадании республика, аз он ҷумла, як шохаи бузурги он матбуоту нашриёт ва радиою телевизион пайваста бо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ инкишоф ёфта, имрӯз бо он хонанда, тамошобини оинаи нилгун ва шунавандаи радио ҳар рӯзу ҳар соат мулоқот доранд, ки онҳо вақтро як солу ду солу се сол ақиб гузошта, бо иҷрои ӯҳдадорию планҳои худ хеле пеш рафтаанд. Инҳо одамони наванд, инҳо одамони замони сотсиализми мутараққианд. Дар бораи онҳо навиштан лозим: очерк, лавҳа, мақола… Ин корро бештар журналистон мекунанд. Чунки онҳо маълумоти олии махсуси журналистӣ доранд, кори газетаю журнал ва радиою телевизионро хуб медонанд.
Ман ба саҳифаи рӯзномаҳое, ки дар республикаамон нашр мешаванд, бо мақсади он ки муаллифони шинос ҳастанд ё не, низ назар меафканем. Мехоҳам фаҳмам, ки фаъолияти журналистии собиқ шогирдони мо, чӣ навъ аст. Номҳои онҳоро ҳамеша дар ҳамаи газетаҳо, журналҳо мебинам ва ба воситаи радиою телевизион мешунавам. Аз байни садҳо фақат чанд нафарро номбар мекунам: Мансур Сайфиддинов, Мирзо Шукуров, Мӯсо Мавлавиев, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Мақсудҷон Ҳусейнов, Олим Салимов, Азиз Сангинов, Назокат Олимова… рӯйхат хеле калон аст.
Ба бисёр касон, махсусан, ба журналистон маълум аст: журналист таърихи ҳамарӯзаро менависад. Мо таърихи гузаштаро ҳам аз архив ба қалами журналист пайдо мекунем. Хабар, ҳисобот, мухбирнома, мақола, лавҳа, репортаж, очерк – инҳо ҳам таҳлили воқеаҳои ҳаёт, муборизаи нав ва кӯҳна, номи нав дар меҳнати қаҳрамонона, кашфиёти илму техника, тавлиди шаҳр, завод ва ҳоказо мебошад.
Бинобар ин, ба мо журналистони ҳаматарафа маълумотнок, мувофиқ ба талаботи замон лозиманд. Ин гуна кадрҳоро мактаби олӣ, факултет ё шуъбаи махсус тайёр карда мерасонад.
Бо чунин масъалагузорӣ ва пайгирии тадриҷии Воҳид Асрорӣ соли 1987 имконияти таъсиси шӯъбаи журналистика ба вуҷуд омад ва дар ин сол бо ташаббуси профессор Воҳид Асрорӣ раванди қабул ба шӯъбаи журналистика тариқи конкурси ихтисосӣ раҳандозӣ гардид. Нуктаи дигар низ бояд зикр шавад, ки дар таъсиси факултет ё табдил ёфтани шӯъбаи журналистика ба факултет низ саҳми профессор Воҳид Асрорӣ назаррас мебошад. Соли 1992 дар натиҷаи гуногунандешии декани факултети филология ва роҳбари Донишгоҳ заминаи таъсиси факултети журналистика ба вуҷуд омад ва бо шарофати дипломатияи баланди Воҳид Асрорӣ аз моҳи сентябри соли 1992 факултети мустақили журналистика ба фаъолият оғоз намуд.
Таъсис ёфтани ин факултет амалӣ гардидани орзуи деринаи Воҳид Асрорӣ буд, бинобар ин дар ташаккули минбаъдаи он низ эшон бо дили гарму нерӯи тоза хидмат карданд.
Афзун бар ин бояд зикр шавад, ки пешаи асосӣ ва доимии устод Воҳид Асрорӣ омӯзгорӣ буд ва то охири умр омӯзишу парваришро дар ҳамбастагӣ пеш бурданд. Дар омӯзгорӣ равиши хоси худро доштанд, равише, ки ба зудӣ аҳли дарсхонаро ба худ ҷалб менамуд ва шогирдон ба зудӣ ба устод унс мегирифтанд. Эътиқод пайдо мешуду меҳр мебастанд.
Мусаллам аст, ки ҳамаи шогирдон аз назари фаҳмишу қобилият ва дарки маънӣ дар як сатҳ қарор надоранд. Устод Воҳид Асрорӣ чун педагоги таҷрибаандӯхта инро хуб медонистанд. Дарсу суҳбаташонро аз ҳамин дидгоҳ ба роҳ мемонданд, натиҷа он мешуд, ки ҳатто саркаштарин донишҷӯ ба эшон меҳр мебаст, орзуи ҳамсуҳбатӣ мекард ва маслиҳати муфид гирифта роҳи худро дигар менамуд. Воҳид Асрорӣ салобати хоси омӯзгорӣ доштанд вале монанди ағлабе худро чун «ҳазратону хоҷагон» ҷилва намедоданд. Низом Қосим дуруст ба мушоҳида гирифта, ки:
Басо устодҳо чун ҳазратону хоҷагон буданд,
Ба шогирдон валекин ҷура буду ёр Асрорӣ.
Устод Воҳид Асрорӣ дар симои ҳар шогирд истеъдодро медиданд, бинобар ин, барои кашф ва парвариши истеъдод ҳамеша моил буданду аз устодони ҳамкорашон низ инро тақозо мекарданд. Мегуфтанд, ки истеъдодро «куштан» осон аст ва ин амали носавоб аст хусусан ба замоне, ки шогирди боистеъдод дар авҷи шукуфтан ва ташаккул аст. Аз заҳматталаб будани тарбияи истеъдодҳо сухан мегуфтанду Ҳаким Саноиро ба ёд меоварданд.
Солҳо бояд, ки то як санги аслӣ з-офтоб,
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Умрҳо бояд, ки то як кӯдаке аз рӯйи табъ,
Олиме гардад наку ё шоире ширинсухан.
Хидмати пайваста дар пажуҳиши илмӣ, омода намудани шогирдон ба фаъолияти босамари меҳнатӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои толибилмони муассисаҳои таълимӣ ва иштироки пайваста дар ҷараёни зиндаи адабиву пиёдасозии ниёзҳои давлати соҳибистиқлол, шахсияти Воҳид Асрориро такомул дода, меҳри устодро дар замири шогирдони ҳузуриву ғайриҳузуриашон чун чароғи равшани маҳфилҳо нигоҳ медорад.

Иброҳим Усмонов,
Муртазо Зайниддинов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here