Ба ин савол кӣ метавонад посухи мушаххас диҳад? Ё ҳанӯз ҳам бузургонро пас аз марг қадрдонӣ мекунанд?

Ин андешае, ки мо баён доштем, андешаи як нафар нест, балки саволест, ки аз ҳар як мухлиси сарояндаи нотакрор Далер Назаров шунида мешавад.

Бе унвон ҳам Далер Назаров сарояндаи мардумист, сарояндаи дӯстдоштаи миллати тоҷик ва дигар миллатҳост. Шахсан ман Далер Назаровро аз соли 1986 мешиносаму сурудҳояшро гӯш мекунам. Далер Назаров ба қуллае расидааст, ки болотар аз он қуллае нест, яъне рисолати сарояндагии худро бешубҳа ба ҷо овардааст.

Барои унвони давлатиро соҳиб шудан барои Далер Назаров чӣ намерасад? Ба Далер Назаров надодани унвон ва қадр накардани ин сарояндаи беназир инкор кардани ҳунари волои сарояндагии ӯст!

Хуллас, баҳси ин мавзуъро хоҳонам.

 

Бо эҳтиром, шоир Ромиши Хуҷандӣ, аз шаҳри бостонии Хуҷанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here