Дар замони ҳозира на ҳар шахс метавонад барои рушду нумуи забону фарҳанги худ талош варзад. Бахусус дар замоне, ки ба кишвари мо дигар забонҳо болҳои худро кушода истодаанд ва барои рушди забони мо душвориро пеш меоранд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ устувор ва дар ҳолати инкишоф додани забони давлатӣ мебошад.
Ба гуфтаи устод Хайрандеш:
Ҳар куҷо ҳар тоҷике афтад ба дасташ тешае,
Мезанад бар тоҷики дигар, ки дорад решае.
Ба ҷои он ки шаҳрвандон дастгирӣ кунанд, то забони куҳанамон рушд намояд, афсӯс, баъзе аз шаҳрвандон ба чӣ корҳое машғуланд. Тавре медонем, забоншиносиву калимасозӣ кори осон нест. Бахусус шахсоне, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо фаъолият мекунанд, боз ҳам хубтар медонанд. Шарофзода Гавҳар яке аз роҳбарони муваффақ ва бисёр самимӣ ва дар фаъолияти худ усувор аст. Ӯ барои инкишоф ва рушд додани забони давлатӣ бисёр талошҳо варзида истодааст. Пас, чаро ба қадраш намерасем? Ҳол он ки, як зан кӯшиш карда истодааст. Агар мо нисабати забони давлатии худ ягон ғалат кунем ва ё аз доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” берун бароем, роҳбари ин ниҳод ба мо мефаҳмонад, то ғалати кардаамонро ислоҳ намоем. Аммо баъзеи мо шаҳрвандон инро нафаҳмида, ба суханҳояш зуд эрод мегирем. Ҳол он ки, ӯ ба манфиату мо — шаҳрвандон ва кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистони азиз ҳарф мезанад.
Таърих гувоҳ аст ва ҳамаи мо аз таърих медонем, дар солҳои 20-уми асри гузашта хостанд миллати моро эътироф накунанд ва гӯянд, ки миллати тоҷик вуҷуд надорад. Чиқадар душманони миллат кӯшиш карданд, ки миллати тоҷикро эътироф накунанд. Ҳарчанд олимони машҳури дунё — Барлтолд, Андреев ва монанди инҳо исбот намудаанд, ки мардуми тоҷик куҳантарин мардуманд. Ба зиндагии мардуми тоҷик бо роҳи зулм ҳар гуна фарҳангҳои дигарро ворид карда тавонистанд, аммо ба забони модарӣ, забони тоҷикии мо дигаргунӣ ворид карда натавонистанд. Маҳз ҳамин забонамон буд, ки миллати мо пойдор монд ва мо бояд ба қадри забон расем.
Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошту тоза нигоҳ доштани забони давлатии мост. Набояд фаромӯш созем, ки зиёда аз 60 сол зери итоати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ки бисёр аз номҳои деҳаҳо, лавҳаҳову овезаҳо ва амсоли ин дигар ному номгузорӣ бо забонҳои дигар сурат гирифта буд. Якбора ба забони тоҷикӣ гардонидани он барои мардум душворӣ меорад ва азият мекашанд. Маҳз ҳамаи инро ба инобат гирифта, ин ниҳод фаъолияти худро оҳиста — оҳиста анҷом дода истодааст, ки мардум азият накашанд.
Бояд тазаккур диҳем, ки он ҳама лавҳаҳову овезаҳо ва номгузориҳову калимаҳои иқтибосӣ дар давраи Гавҳар Шарофзода нашудаанд, ки нисбати ӯ эрод гирем. Гавҳар Шарофзода кӯшиш карда истодааст оҳиста — оҳиста он ҳама хатоҳоеро, ки ҳастанд, ислоҳ кунад, то мардум азият накашанд ва забони миллати худро фаромӯш накунанд. Нақши Гавҳар Шарофзода дар рушди забон хеле бориз аст. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ чандин номҳои таърихии миллати тоҷикро барқаррор карда ва чандин калимаҳоро гардонид ва амсоли ин чандин тағйиру иловаҳо даровард, ки ин ба манфиати давлат ва шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад.
Бояд мо шаҳрвандони ин ин кишвар масъулият эҳсос кунем ва уҳдадор ҳастем фаъолияти ин ниҳодро, ки як сиёсатмадор, зани бисёр меҳрубон пеш мебарад, дастгирӣ намоем ва забони худро дастаҷамъона инкишоф диҳем. Тавре мегӯянд:
Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст…
Мо агар ваҳдат карда, якдигарро дастгирӣ намоем, ба як зина хоҳем расид. Ман ин суханҳоро на барои он мегӯям, ки нисбати касе эрод дорам, балки барои он мегӯям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар масъулият эҳсос карда, барои рушди фарҳангу забони ниёгонамон саҳми арзанда гузорад.
Забони тоҷикӣ — тоҷи забонҳо,
Замон андар замон, андар замонҳо…

Худойдод АВҒОНОВ, ноҳияи Дӯстӣ

1 бинависед

  1. Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст…бас аст муштзӯрӣ, качан мо одамҳои ба маданият мешавем, ё як умр мақоли хамирба мушт зан ба пушт — гуфта гардем.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here