Нақши хонадони Мирзо Муҳиддин Мансурзода дар нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ

Дар ибтидои асри ХХ як зумра рӯшанфикрони тоҷик, ки дар таърих бо номи ҷадидон маъруфанд барои расидан ва таъмини адолати иҷтимоӣ аз роҳи ислоҳи мактабу маориф муборизаро оғоз намуданд. Аммо барои амалии ормонҳояшон нотавонбинони давр атрофи амир давр зада, бо истифода аз ин қудрати тавоно монеаҳои зиёд эҷод менамуданд. Ба ҳамаи ин монеъгузориҳо нигоҳ накарда, ҷадидон ба ғайр аз таъсиси мактабҳои усули ҷадидӣ инчунин таъсиси рӯзномаҳои маҳаллиро дар баробари рӯзномаҳои хориҷӣ зарур меҳисобиданд. Махсусан нашри рӯзномае ба забони тоҷикӣ, ки дар шароити онвақтаи Бухоро вуҷуд надошт аз ҳар ҷиҳат аҳамиятнок дониста мешуд.

Дар шароити онвақтаи Бухоро яке аз оилаҳои сарватманд хонадони Муҳиддин Мансурзода ба ҳисоб мерафт. Ин хонадон дар баробари сарватмандии худ ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус доштанд. Ҳамин буд, ки дар ин хонадон яке аз намоёнтарин чеҳраи адабию сиёсии тоҷик Абдуқодир Муҳиддинов парвариш ёфт. 

Қайд намудан зарур аст, ки дар арафаи инқилоби якуми рус (1905 – 1907) ва пас аз он матбуоти давлатҳои гуногун аз қабили «Ҳабл -ул- матин» (аз Калкутаи Ҳиндустон), «Чеҳранамо», «Парвариш» (аз Миср), «Вақт» (аз Оренбург), «Тарҷумон» (аз Боғчасарой), «Мулло Насриддин» (аз Боку), «Шӯро» (аз Уфа) ва ғайра ба Бухоро ворид шуда доираи хонандагони хешро пайдо менамуданд.

Ҷавонони бедордил аз мутолиаву мубоҳисаҳо аз олам гаштану одам диданҳо ба хуби дарк мекарданд, ки барои ба мардум фаҳмонидани зарурати ислоҳоти сохти иҷтимоӣ ва ҳамзамон равшан кардани «ақлҳои тира» рӯзномае бо забони модариашон даркор аст. Ин нукта дар мақолаи «Аз аҳволи Бухоро»-и А. Муҳиддинов, ки соли 1910 дар рӯзномаи «Вақт» ба нашр расида буд, бо назардошти аҳамияти сиёсию фарҳангии он таъкид гардидааст. Мавсуф аз набудани чунин минбарҳои маҳаллии баёни сухан дар Бухоро таассуф хӯрда мардумро бо вуҷуди он ба ҳимматбаландию ростгароӣ даъват менамояд. Дар ҷое ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, чунин иброз медорад, ки «модом, ки худи мо ҷароид (ҷарида, рӯзнома) ва осори мунташира надорем, аз он чӣ мавҷуд аст, истифода карданамон лозим меояд». Ҷои дигар барои як фикру муттаҳид шудан ва паҳн намудани афкори пешқадами худ ба мардум муроҷиат намуда таъкид менамояд, ки мо бояд «рисолаҳои хурд — хурд навишта, паҳн кунем, ба нашриёти хурде оғоз намоем, ки раҳнамои рост бошанд».

Аз чунин андешарониҳои А. Муҳиддинов бармеояд, ки ӯ ҳануз дар соли 1910 дар ҳавои бунёди як рӯзномаи маҳаллӣ ва бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ будааст. Ин орзуи на танҳо А. Муҳиддинов, балки падари ӯ М. Мансурзода низ ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки дар таъсис ва нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» дар таърихи 11 марти соли 1912 ин хонавода нақши асосӣ доштанд. 

Барои ба роҳ мондани нашри рӯзномаи мазкур дар қатори М. Мансурзода инчунин, шоир, олим ва сайёҳ Мирзо Сироҷи Бухороӣ саҳм дошт. Бо вуҷуди он, ки ҳукумати аморати Бухоро ва намояндаи ҳукумати Русия дар Бухоро дар ин ҷода ба эшон мамониятҳои зиёд эҷод сохтаю рухсат намедоданд, аммо онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ талошҳои зиёд ба харҷ доданд. М. Мансурзода ва М. Сироҷ ба воситаи мудири матбааи Когон Левии яҳудӣ ҳамчун миёнарав (баъди ваъда кардани фоидаи калони молӣ ба ӯ) барои мусоидат намудан элчихонаи (консулгарӣ) Русияро дар ҷараён гузоштанд. Худи М. Мансурзода, ки аз як тараф ба хотири корҳои тиҷоратиаш бо элчихона равобит дошт, дар ин масъала дар ҳузури намояндагони рус аз таъсиси рӯзнома ба хотири рушди муносибатҳои иқтисодии Бухорою Русия ҷонибдорӣ намуд. «Элчихона – менависад С. Айнӣ – ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи цензорӣ (сензура) аз ҳукумати Бухоро барои нашри газета ба номи Левӣ ва Ҳайдархоҷа (Ҳайдархоҷа Мирбадалов, тарҷумони элчихонаи рус. Дар ин ҷо Ҳайдархоҷа чун мудири газета пазируфта шуд.) имтиёз ва иҷозат гирифта дод». Ҳамин тавр М. Мансур ва М. Сироҷ аз шаҳри Боку адиб Мирзо Ҷалол Юсуфзодаро даъват намуда, ӯро ба вазифаи муҳаррирӣ ва донишманди эронӣ Мирзо Ғаффорро котиби масъул таъин намуданд. Бо ҳамин минвол рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар чопхонаи Бухорои Нав (Когон), дар ибтидо ҳафтае 6 маротиба ва баъди чаҳор моҳ ҳафтае 3 бор аз чоп баромада ба дасти хонандагони хеш мерасид.   

Аз 14 июли соли 1912 дар идораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» бо дастгирии М. Мансурзода ва дигар равшанфикрон нашри рӯзномаи ӯзбекии «Тӯрон» ба роҳ монда шуд. Нашри ҳардуи ин рӯзномаҳо то соли 1913 идома ёфта, бинобар сабаби маҳдудаи ҷаҳонбинӣ ва ҷоҳилию таассубгароии амир ва дарбориёнаш аз санаи 2 январи соли 1913 бо фармони амир Олимхон (1910 – 1920), қатъ карда шуд. Дар ин миён нашри рӯзномаҳо ба хусус «Бухорои Шариф» бинобар нарасидани маблағ чанд маротиба зери хатар қарор гирифта буд. Аммо М. Мансурзода бо ҳамроҳии фарзандонаш ва М. Сироҷ ба таври расмию ғайрирасмӣ ба он мададҳои зиёди молӣ намуданд. Аз моҳи сентябри соли 1912 бо иқдом ва ташаббуси М. Мансурзода як гуруҳ ҷавонони ҳимматбаланду равшанзамири Бухоро ширкатеро барои таъмини ҳамаҷонибаи рӯзномаҳои зикршуда ташкил карданд. Минбаъд масрафу табъу нашри рӯзномаҳо ба уҳдаи ин ширкат вогузор карда шуд. Агарчанде, ки рӯзномаҳои «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон» умри кӯтоҳ диданд, аммо тавонистанд бо мақолаҳои пурмуҳтавои худ дар фаҳмишу тафаккури қисме аз ҷомеаи Бухоро навгониҳои зиёдеро ворид кунанд. 

Бо ин мешавад зикр намуд, ки оилаи М. Мансурзода дар ин ҷода нақши калидӣ доранд. Устод С. Айнӣ дар рӯйхати он нафароне, ки дар нашри ин рӯзномаҳо хизмат намудаанд номи М. Мансурзода ва писаронаш Абдулқодир ва Исомро аз ҳама аввал гузоштааст, ки маънои гуфтаҳои болоро тақвият мебахшад. Бо баста шудани рӯзномаҳои номбурда равшанфикрони бухороӣ ё ба истилоҳ ҷадидон, бо шумули М. Мансурзода ва фарзандонаш руҳшикаста нашуда, бо роҳи аз нав ташкил намудани мактабу нашрия ва ҷамъиятҳо корҳои бо ҳадафро пеш мебурданд. 

Давлатшоҳ Маҳмудов,

Дилшод Ҳайдаров

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here