Охири соли гузашта, дақиқан як рӯз пеш аз фарорасии Соли Нав, ки як шоми пурбориш буд, дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ нахустнамоиши спектакли Нуриддини Ҷаронӣ — “Ташвиш”, як мазҳакаи тамсиливу мусиқӣ баргузор шуд. Бори аввал як коргардони тоҷик ба ашъори малакутии Бедили Деҳлавӣ рӯ меовард ва бар пояи осори гаронарзиши ин нобиғаи ҳамаи давру замонҳо намоиш месохт. Қаблан мо бар асоси рубоиёти Хайём, ғазалҳои Ҳофиз, Достонҳои “Шоҳнома”, “Хамса”-и Низомиву чандин асарҳои классикони адабиётамон намоишҳо доштем, вале ин аввалин бор буд, ки Нуриддини Ҷаронӣ бо як диди хос ба ашъори Бедил менигарад ва ӯро ҳамзамони худ меёбад. Профессор Иброҳим Усмонов дар конфронси драматургияи миллии Вазорати фарҳанг, ки ахиран баргузор шуда буд, «Ташвиш»-ро яке аз асарҳои беҳтарини соли 2019 шуморид.

Гоҳ хандидему гоҳ гиристем

Ҷавҳари мавзуъ даъват ба худшиносист. Албатта, нав нест, ки аз минбари театр ё синамо мардумро ба худшиносӣ даъват кунанд. Ин гуна даъватҳо зиёд буданду ҳастанд. Вале Ҷаронӣ ашъори мушкилбаёнтарин шоири тоҷик Мирзо Бедилро интихоб мекунад ва мегӯяд: “Хостам ин куҳ, ин саддеро, ки пешорӯи Бедил гузоштаанд, ки гӯё Бедил мушкилфаҳм аст, бигирам ва ба ирфони ноби Бедил роҳ кушоям. Бедил ҳам пеш аз он ки орифу мутаффакиру ҳаким аст, як одами заминист. Фақат тавонистааст солик буда бошад, ҳақиқатро дарёбад ва аз гумроҳиву худноогоҳӣ халос шавад”.

Намоиш аз суханоне шуруъ мешавад, ки қаҳрамони қисса аз мардум даъват мекунад, ки кинаҳоро зудоянд, аз ҷомаи ғусса бадар оянд, дилҳоро ба сони оина соф кунанд. Ва ин оғоз анҷоми нек дорад, ки муршид ба ин покӣ ва ин оинадилӣ раҳ меёбад. Вале барои расидан ба ҳадаф як роҳи мушкилеро тай мекунад, роҳе, ки пир ҳамеша бо ӯст, раҳнамо ӯро раҳнамоӣ мекунад, ҳама гумону шубаҳоташро барҳам мезанад. Донишманди тоҷик Саъдӣ Ворисов ба ин назар аст, ки “Ташвиш” ба мо мегӯяд: «Хеле аз нигарониҳову ташвишҳои мо дар зиндагӣ, зойидаи рӯгиронии мо аз ойина аст. Аммо на аз ойинаи одӣ, ки мо ҳар вақт худро дар он мебинему зоҳири худро дуруст карда берун меравем. Ойинаи “Ташвиш” ойинае аз ҷинси дигар аст. Ойинаест, ки ҳар бор дар он нигоҳ мекунӣ, паҳлуи ноаёни ту, шахсияти дарунии туро намоиш медиҳад. Он чӣ мехоҳӣ ҳич кас набинад ва ҳатто худат ҳам боварат намеояд, ки палидиҳои дарунӣ дошта бошӣ. Ҳама аз рӯ ба рӯ шудан бо ин ойина дар тарсанд».

Оре, Нуриддини Ҷаронӣ буду бунёди инсонро мехоҳад дар оинае ба намоиш гузорад, ки на танҳо симову сурат, балки тинати инсониро нишон диҳад. Мушкили башарӣ тағйири сурат нест, мушкил тағйири сират аст. Суратро метавон бо истифода аз василаҳои кимиёвии дастрас зебо кард, вале тинатро чӣ? Ва Нуриддин барои пайдо кардани ҷавоб ба ин ва чандин суоли дигар гоҳ-гоҳе ба Бедил рӯ меорад. Ҳамон Бедиле, ки мегуфт «агар одамӣ аз худ ғофил шавад, хар мешавад». Аммо чӣ бояд кард, ки хар нашуд? Талоши “Ташвиш” барои посух ба ин суол аст.

Аз дидгоҳи Ҷаронӣ инсон дар тинати худ миёни ҳайвонҳои зиёд зиндагӣ мекунад: ҳирс, кина, адоват, нафс, кибр ва ғайра. Вале худи ӯ намедонад ин ҳайвонияти дарунӣ аз куҷову ин галаи бесоҳибро чӣ гуна метавон аз тан биронд, то ойинаи тан беғубор бошад?

Аз назари Саъдӣ Ворисов, «муаллифи намоишнома роҳи наҷотро дар он дидааст, ки бояд пиру муршиде ёфту бар тарсҳо ғолиб шуду дар ин ойиннаи даруннамо худро дид ва аз олудаҳо полуда шуд. Бо тавсияи пиру муршид қаҳрамони намоиш риёзат мекашаду бо ҳайвонҳои дарунии худаш мубориза мекунад. Баъди андаке риёзаткашӣ фикр мекунад, пок шудаасту акнун метавонад худро бебок дар ойинаи даруннамо бинад, аммо не, мебинад, ки ҳанӯз ҳам софу полуда нашудааст, ҳанӯз ҳам бояд талош кунаду бештар заҳмат кашад. Шикояткунон назди муршиди худ меравад ва баъди тавсияҳои ӯ риёзатҳои наверо таҷриба мекунад. Боз назди ойина меравад, боз ҳайвони дигареро мебинад ва боз рӯ ба риёзат меораду дар татбиқи гуфтаҳои душвори муршид мекӯшад. Ҳаминтур ба як нуқтае мерасад, ки вақте бо ойинаи даруннамо рӯ ба рӯ мешавад, нуру сафое дар он мебинад ва мефаҳмад, ки дастоварди такомулие, ки ҳадди ақал аз дидани он намеҳаросӣ, ҳосил кардааст».

Ҳамин аст фалсафаи тасаввуф, ки барои расидан ба покӣ марҳилаҳоеро мебояд тай кард. Аз назари мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров, “қавитарин бахши намоишнома — ин лаҳзаҳое буд, ки вақте ҳунарманд ба оина назар меандозад ва ботини воқеии худро дар он мебинад ва ҳолати бисёр ҳузнангезе ӯро фаро мегирад. Ин ҳолат амалу кирдорҳои худи шахс аст, ки оина онро инъикос мекунад. Истифода намудан аз ашъори шоири бузург Мирзо Абдулқодири Бедил ҳангоми эҷоди намоишнома аз ҷониби муаллиф моҳияти фалсафии корро хеле афзун гардонидааст. Оинае, ки дар ашъори Абулмаонӣ ва намоиши «Ташвиш»-и Нуриддин Ҷарронӣ истифода гардидаанд, дар худ маъно ва фалсафаи бузургеро ниҳон кардаанд. Дарки моҳияти фалсафаи оина инсонро аз худ раҳо мекунад ва онро дар роҳи расидан ба саодат ва хирад ҳидоят менамояд. Шахсияте, ки дар набарди муборизаҳои рӯзгор аз «Оина» баҳри раҳоӣ аз амалҳои шар ва ваҳшиёна сохтани шахсияти воқеии худ ва хидмат намудан ба инсоният истифода менамояд, воқеан комёб гардидааст”.

Таҳлилгари тоҷик Абдурауф Ҷӯраев мегӯяд, ки аслан ашъору мероси Бедилро дар шакли мазҳакаю мусиқӣ дидан, ин худ як падидаи нодир аст. Мушкил будани фаҳмидану дарки Бедил, тафсиру ташреҳи он ба ҳама, ҳатто аҳли ирфон маълум аст. Коргардон тавонистааст услуби содафаҳмонии Бедилро эҷод ва ё кашф намояд, ҳам барои аҳли ирфон, ҳам адабиёт, ҳам аҳли ҳунар роҳи истифода аз ин имконро нишон диҳад.

Муваффақияти коргардон

Аз назари Абдурауф Ҷӯраев, “ихтилофи камолоти инсонӣ бо қабоҳати роиҷ як мушкили ба ҳаде расидаест, ки дар баробари қабои қабоҳат ба бар кардани худ, хулқу атвори “одамони сода” ба назари онҳо бад менамояд, ҳатто ҷасорат доранд монеаи чунин арзишҳо дар ҷомеа гарданд. Ҷой додани чунин лаҳзае дар намоиш дар нақши мурид бо роҳҳои вораҳӣ аз ин вабо ифшокунандаи боз як раванди номатлуби ҷомеа ва сангинтар гардидани расидан ба камолоти инсониро метавонист фаро гирад”.

Вале оё расидан ба ин поя, ки тан аз нопокиҳо пок шуду оина ҷилои ботинро нишон дод, осон аст? Болотар ишора ба марҳилаҳои камолоти маънавӣ дар оини суфиён доштем. Ва коргардони “Ташвиш” низ талош кардааст, ки дар бетоқатиҳои мурид мушкилии таҳаммули роҳро нишон диҳад. Пофишории ҳаким дар роҳи камолоти мурид як бахши хеле муҳими ин намоиш аст, ки бидуни шак коргардон бо заҳмати зиёд ба ин муваффақ шудааст.

Намоиш рамзҳои нуҳуфтае дорад, ки басо нозук ба камбудиҳои фарҳангии ҷомеаи мо ишора мекунад. Яке аз инҳо рақси маймуншакл аст, ки аз назари мо муаллиф мехоҳад таваҷҷуҳи масъулин ба фарҳанги асил ҷалб шавад. Дар ҳоле, ки ҷомеа дар ҳарими бегонапарастиву дурӣ аз фарҳанги миллӣ печидааст, ҳушдор бамаврид аст, ки аз ҳарчӣ метавон дур буд, вале дурӣ аз асл ва асолат марги миллатро метезонад. Чӣ басо миллатҳо дар гирудори зиндагӣ аз худ бегона шуданд ва фано гаштанд ва ё бо милали дигар омезиш карданд ва аз асли худ буриданд.

Аз нигоҳи мо, коргардон дар ин намоиш ҳам дар драмматургия ва ҳам дар коргардонӣ роҳи нарафтаро хостааст биравад. Аммо дарки Ҷаронӣ танҳо аз ҳамин хотир барои касоне, ки бори аввал дида буданд, душвор шуд. Ин аслан бояд қобили дарк бошад. Театр ва тамошобини он, ки солҳост ба драмматургия ва коргардонии муқаррарии аврупоӣ одат кардаанд, наметавонанд якбора чизи навро дарк кунанд. Ҳамеша чизи нав дар андешаву фикри хонанда ё бинанда ҳайрат эҷод мекунад. Ба гумони банда, ман ва ҳамаи касоне, ки вориди толори пуртамошобин шудем, интизор будем, ки ҳамон намоиши муқаррариро мебинед: ҳамон сабку услуб, вале дар мавзӯи дигар. Аммо чун чизи нав дидем, аксар ба даркаш нарасидем. Ва хубии асари бадеӣ низ ҳамин аст, ки бинандаро ба андеша водор кунад ва бипурсад аз худ, ки коргардон чӣ мехост бигӯяд? Ва дубора озими театр шавад, мисли он ки китоби хубро агар нафаҳмӣ, талош мекунӣ бори дигар бихонӣ. Ва ҳар боре кас китобро такрор мехонад, чизи наверо дар он мебинад, ки пеш надида буд. Намоиши театрӣ ҳам бояд чунин бошад. Ҳар бор бинанда чизи наве бинад ва кашф кунад.

Намоиш барои кист?

Аслан барои ҳама, барои ҳамаи касоне, ки ояндаи ахлоқи башарӣ барояшон бегона нест. Абдурауф Ҷӯраев мегӯяд, ки ин намоиш ҳам барои бачаҳо ва ҳам барои калонсолон муносиб аст. Муҳимтар аз ҳама, он барои кӯдакону наврасон асосан ҳамчун намоишномаи тафреҳию ҷашнӣ ва муносиб ба рӯзҳои чорабиниҳои солинавию таътили кӯдакону наврасон ва барои калонсолон ҳамчун намоишномаи ирфонию маърифатӣ мебошад. Зеро кӯдакону наврасон дар намоишнома қаҳрамонони афсонавии худ — ҳакими сеҳрноку буз, маймуну хирсро бо либосу аъмоли онҳо мебинанд, калонсолон бошанд, муҳити зиндагӣ, шахсияту ҷомеаро.

Ба ин ҳад мутобиқатӣ барои ҳам хурдсолону ҳам калонсолон, ҳамчунин ба ҳама мавриду муносибатҳо, хоса дар арафаи ҷашнҳои соли нав, наврӯз, ҳамчун фарогирандаи муҳити миллию афсонавӣ ё нақшаи театр ва ё тасодуфӣ буд, ё не, аммо дар ҳақиқат армуғонест барои ҳамагон.

Ороиши саҳна

Ороиши саҳна, чодари қуроқа (ҳамзамон лабиринт, ки ҳолати дар аввал будаи муридро ифода карда, баромадан аз он хеле мушкил аст), дутору бандҳову (ҳамзамон дар бандафтӣ) ва ғайраҳо баргирифта аз ҳунарҳои мардумӣ аст. Мо ороишоти бешро надидем, вале он чӣ дидем, як падидаи хосе донистем. Ашёи саҳна ҳама дар равиши дигаргуншавии мурид ба бозӣ меоянд ва ҳар кадом дар мавриде нақши хос мебозанд. Аммо агар он чодар дар шакли гирд дода мешуд, шакли кураи замин, зиддияту рақобати ҷаҳони имрӯза дар ин лабиринтро ифода мекард. Ва ҷаҳони имрӯза ниёз ба ин роҳнамоии ҳаким дорад, ки коргардон нишон додааст.

Нақшҳоро дар ин намоиш Бурхвалӣ Ғуломҳайдаров (Пири кор) ва Субҳон Каримов (нақши калбуз) моҳирона ва хеле олӣ иҷро карданд.

Бобоҷони ШАФЕЪ, рӯзноманигор

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here