Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов

Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» ҳамчун аввалин таълимгоҳи бадеӣ бо назардошти қобилияту истеъдодҳо бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси Комбинати бадеӣ кушода шуда, дар он анъанаҳои миллӣ ҳифз гардида, ҳамчун даргоҳи муқаддаси санъат роҳу усулҳои нави таълимиро ба роҳ монда, дар ташаккули шахсиятҳои соҳибтаҷриба мавқеи худро ёфтаааст. Ихтисосҳои пешбурди коллеҷи рассомӣ-мутахассисони соҳаҳои зинданигорӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакории бадеӣ дар чӯб, наққошӣ, кулолгарӣ, тарроҳии либосҳо ва ҳунарҳои заргарӣ мебошанд.

Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов», собиқ Омӯзишгоҳи республикавии рассомӣ соли 1936 таъсис ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ба як маркази бузурги тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар ҷумҳурӣ ном баровардааст. 18 июли соли 1975 ба муассиса номи Рассоми халқии Тоҷикистон М.Олимов дода шуда, аз 3 июли соли 2003 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №304 ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва 28 декабри соли 2006 ба Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов” табдил дода мешавад. Роҳбарии коллеҷро Ҷӯрахонов Сироҷиддин Шамсуллоевич устоди соҳибтаҷриба, Аълочии соҳаи маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи кафедраи меъморӣ ва дизайни ДДТ ба номи академик М.Осимӣ ба уҳда доранд.

 

Пешоҳангони коллеҷ

Коллеҷ дар муддати 83 соли фаъолияти худ як зумра рассомони машҳури дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба монанди Хошмуҳамедов, Хушвахтов З., Юсупов А., Одинаев В., Аминҷонов А. Т., Нуриддинов С., Ҳабибуллоев, Умаров Ф., Бердиев, С.Шарипов, Шералиев С. Сафаров, Мамадқулов Я., Назаров В., А.Сайфудинов, С.Раҳимов, Сангов., Қурбонов С., Хоҷаев Ф., Ҳайдаров А. ва дигаронро тарбия намудааст, ки онҳо баъдан дар пешрафти санъати амалии тоҷик саҳми намоёни худро барҷой гузоштанд.

Аксарияти хатмкунандагони коллеҷ рассомони пешбари ҷумҳурӣ гардидаанд. Онҳо фаъолона дар Иттифоқи рассомон, дар муассисаҳои кишвар ва истеҳсолот ба корҳои эҷодӣ машғуланд. Беҳтарини онҳо сазовори мукофотҳои давлатӣ, унвони Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва ғ.ҳ. гардидаанд. Онҳо муаррифгари фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳунарии кишвар мебошанд.

Айни замон дар коллеҷ хатмкунандагони собиқи он-рассомоне, ки ҳаёту мамоти худро ба пешаи омӯзгорӣ ва ҳунар пайвастаанд, кор ва фаъолият менамоянд. Инҳо устодони шинохтаи санъати амалӣ, дизайнерҳо ва санъатшиносон буда, анъанаҳои беҳтарини фарҳанги рассомӣ ва ҳунари миллиро пеш бурда истодаанд. Сафи омӯзгорони коллеҷ сол ба сол аз ҳисоби ҷавонони боистеъдоду ҳунарманд меафзояд.

Насли навин, ақидаҳои навро тавлид менамояд, ҷустуҷуҳои бадеӣ, иҷрои онҳо-ин ҳама нишони санъати асил мебошад. Санъат синну сол надорад.  Бегуфтугӯ, хизмати рассомон-омӯзгорони коллеҷ аз он иборат аст, ки ҳолати нафосат ва ҳиссиётро бо ҳам омехта, ба қалби наслҳои зиёде ҷо намоянд. Вазифаи мо-нигоҳ доштан ва ба қадри ин падида расидан аст, зеро маҳз руҳбаландии ҳунар ва таҷаддуди санъат мададрасони ҷомеаи имрӯза мебошад.

 

Ҳайати кадрӣ

Коллеҷ бо кадрҳои дараҷаи баланд таъмин буда, 80 нафар омӯзгорони соҳибкасб, аз ҷумла 67 нафар дараҷаи олии тахассусӣ, 8 нафар дараҷаи якуми тахассусӣ ва 5 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ дошта, ба шогирдон ҳунар меомӯзанд. Аз ин шумора 11 нафар устодони соҳибунвон Рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ордени Шараф дараҷаи 2 ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 13 нафар аълочиёни соҳаи фарҳанг ва 4 нафар аълочиёни соҳаи маориф мебошанд.

 

Ихтисосҳои омӯзандашуда

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов таълим аз рӯи нақшаҳои кории тасдиқшудаи муовинон ва мудирони бахшҳо, ки аввали соли таҳсили 2018-2019 тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шуда, аз рӯи 11 ихтисоси зерин муҳассилин ба таълим фаро гирифта шудаанд:

«Рассомӣ»; «Зебосозӣ» (аз рӯи самтҳо); “Ҳайкалтарошӣ»; “Зебосозии либос ва матоъ”; “Графика”; “Кулолгарии бадеӣ”; “Коркарди бадеии чӯб” (аз рӯи самтҳо); “Маҳсулоти бадеӣ аз металл” (аз рӯи самтҳо); “Ороиши амалӣ” (наққошӣ); “Бофандагии бадеӣ” ва “Рассомии театрии ороишӣ”.

Дар доираи ихтисосҳои номбурда, дар айни замон 256 нафар муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Низоми таълим дар коллеҷ

Дар коллеҷ машғулиятҳои амалию лексионии омӯзгорон зери назорати ҷиддии садорати қисми таълим қарор дошта, ба сифату мазмуни дарсҳои омӯзгорони ҷавон эътибори хоса зоҳир карда мешавад. Ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод ва иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба маҷрои нави ташкилию таълимӣ дароварда шуда, аксарияти чунин дарсҳо бо иштироки намояндагони маъмурияти коллеҷ гузаронида мешаванд. Баъдан дарсҳо ҳаматарафа таҳлилу натиҷабарорӣ карда мешавад, ки дар ин ҷода ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорони ҷавон дучанд меафзояд ва сифату самараи таълим баланд бардошта мешавад. Дар тамоми синфхонаҳои тахассусӣ аёниятҳо тибқи барномаи таълимӣ аз фанҳои қаламкашӣ, рангкашӣ, бадеият дар тасвир овехта шудаанд. Аз аёниятҳо, шоҳасарҳои беҳтарини рассомони номвари санъати тасвирӣ Шишкин И.И., Суриков В.И., Серов В. А., Айвазовский И., Коровин К., Репин И., рассомони муосири тоҷик Абдурашидов Р, Хошмуҳаммадов С., Қурбонов М., Бердиев Х., Умаров А. ва дигар рассомони санъати тасвирӣ тавсия дода шудаанд.

 

Базаи моддию техникӣ

Муассиса аз як бинои таълимии дуошёнаи дорои 24 синфхонаи фанҳои умумӣ ва тахассусӣ, 7 устохонаи муҷаҳҳазгардонидашудаи тахассусӣ, 1 синфхонаи компютерӣ ва ғайра иборат мебошад.

 

Ҳавасмандгардонӣ

Дар коллеҷ муҳассилине, ки сессияи санҷишу имтиҳонҳои мавсими зимистонаро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд, ба гирифтани идрорпулӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар айни замон дар муассиса 14 нафар гирандаи идрорпулии аъло ва 108 нафар ба идрорпулии муқаррарӣ сазовор гардиданд.

 

Иштирок дар озмунҳо

Донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе борҳо дар озмунҳои дохилӣ ва хориҷӣ иштирок карда, бо ба намоиш гузоштани дастовардҳои худ обрӯву нуфузи муассисаро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ аз кишвар боло мебардоранд. Мисоли ин корҳои эҷодии 14 нафар донишҷӯи коллеҷ мебошад, ки барои иштирок дар озмуни байналмилалии «Миср дар дидаи кӯдакони дунё» ба Ҷумҳурии Мисри Араб фиристода шуданд.

Инчунин, дар моҳи сентябри соли 2018 «Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия» баргузор гардид, ки дар он омӯзгори ҷавону боистеъдоди коллеҷ Далер Миҳтоҷев иштирок намуда, сазовори диплом гардид.

Моҳи майи соли 2018 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ шуда гузашт, ки дар он низ донишҷӯёни коллеҷи рассомӣ фаъолона иштирок намуданд. Намунаи ин чорабиниҳо     Фестивал-озмуни мусаввирони ҷавон-«Манзараи шаҳри ман» бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» ва озмуни телевизионии «Ховар» мебошанд.

 

Таҷрибаомӯзӣ

Омӯзгорони коллеҷи рассомӣ барои баланд бардоштани донишу маҳорати донишҷӯён, ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои таълимиро ба роҳ мондаанд, то ки донишҷӯён дар рафти таълим, истеъдод ва маҳорати омӯзгорони ботаҷрибаро аз наздик дар амал бинанду аз онҳо таҷриба омӯзанд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ донишҷӯён барои таҷрибаомӯзии таълимӣ-тахассусӣ ба Қитъаи таълимии «Аржанг», «Боғи Ирам», «Боғи ҳайвонот», «Боғи ба номи Садриддин Айнӣ», «Театри академии Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» сафарбар карда шуда, таҷрибаомӯзии педагогӣ дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, гузаронида мешаванд.

 

Китобхонаи коллеҷ

Китобхонаи коллеҷ дорои як қироатхона буда, фонди умумиаш 14365 адад китобро ташкил медиҳад. Адабиётҳои навиштаи устодони фанҳои тахассусии ихтисосҳои «Рассомӣ ва меъморӣ-тарроҳӣ», «Санъати муосир», «Таърихи санъат», дастурҳои методӣ таҳия ва чоп шудаанд, ки дастраси муҳассилин гардиданд.

 

Ба ҷои охирсухан

Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов аз зумраи беҳтарин муассисаҳои миёнаи касбие мебошад, ки ба он довталабоне қабул карда мешаванд, ки дорои малакаи хуби наққошӣ ва ҳунари рассомӣ бошанд. Довталабоне, ки мехоҳанд, ки мутахассисони хуби соҳаҳои зинданигорӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакории бадеӣ дар чӯб, наққошӣ, кулолгарӣ, тарроҳии либосҳо ва ҳунарҳои заргарӣ гарданд, метавонанд ба коллеҷи мазкур, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 54 ҷойгир аст, муроҷиат намоянд. Марҳамат ба маконе, ки ҳунар тавлид меёбад.

 

«МТЖТ»

Добавить комментарий