Дар робита ба 30-юмин солгарди ба тасвиб расидани Қонуни Забон хабарнигори ҳафтавори “Тоҷикистон” Одили Нозир бо донишманди тоҷик Иброҳим Усмонов мусоҳибае анҷом дода ва он зери унвони “Худшиносӣ туфон буд!” дар ин ҳафтавор ба нашр расидааст. Мусоҳибаи мазкур масоили муҳими забонро мавриди баҳс қарор медиҳад.

Яке аз ҷанбаҳое, ки қобили ситоиш аст, ин ба ҳам тавъам донистани мафҳумҳои забон ва худшиносист. Забон ва худшиносӣ — ин ду мафҳумеанд, ки бо ҳам тавъам буда, дар ташаккул, таҳаввул ва сарнавишти таърихии давлату миллатҳо нақши бузургеро анҷом додаанд. Зеро одитарин шакли шинохт, ки тавассути васлаҳои андешаву тафаккур сурат мегирад, инъикоси хешро ба воситаи мафҳумҳои забонӣ меёбад. Ҳамин аст, ки забон муҳимтарин воситаи робитаи байни инсонҳост ва ҳамчун падидаи иҷтимоӣ тайи таърихи зиндагии башарӣ муносибатҳои ичтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани дигар, забон василаи баёни фикру андеша аст ва андеша ифодагари моҳияти инсон дар идомаи ҳастӣ мебошад. Имконоти дохилизабонӣ ва муҳитҳои фарҳангӣ ва маданӣ ба забон ва соҳибони он қудрат ва тавонмандӣ мебахшанд ва дар баробари мушкилоти гуногуни зиндагӣ муқовиматпазир месозанд. Ин нуқтаи назарро мо дар забони миллӣ — забони тоҷикӣ, ки мақом ва ҷойгоҳи давлатӣ касб кардааст, метавонем ба равшанӣ мушоҳида намоем.

Воқеан, миллати тоҷик дар дарозои таърихӣ яке аз воситаҳои муҳим ва муассири муборизот ва мондагориаш ба ғосибону аҷнабиён тавассути забон ва андешааш будааст. Ҳамин аст, ки мондагории мо ба ҳайси як миллат ва халқият дар баробари султаҳои бегона ва ҳулул нашудаву бо ҳуввияти имрӯзӣ боқӣ мондан пеш аз ҳама хизмати забон, ки тавассути он зиёиён ва андешамандонаш тафаккур варзида, онро аз туфонҳои таърих бегазанд ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштаанд, маҳсуб будааст. Вагарна, мардумони соҳибтамаддуне, чун мисриён бо аз даст додани забони миллии хеш ҳуввият ва ҳайсияти хешро аз даст доданд ва дар ҷаҳон имрӯз ба ҳайси араб, ё мисри араб шинохта шудаанд.

Донишмандон ва нухбагони фарҳангӣ ҳамеша дар раванди пуросеби ҳаводиси таърих кӯшидаанд, то бо забони модарии хеш эҷод намоянд. Агарчи қудрати сиёсӣ дар дасташон набудааст, вале бо қудрати андеша ва тавоноии забони хеш нухбагони сиёсиро водор сохтаанд, то бо ин забон коргузорӣ намоянд. Аз ин рӯ, муборизоти донишмандони миллӣ ҳанӯз аз даврони пас аз ҳамалоти ғосибони араб бо номи ҷараёни шуубия шуруъ мегардад, ки (ин як баҳси алоҳида метавонад бошад) натиҷаи сиёсии он ба вуҷуд омадани давлатҳои миллие ба мисли Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён гардид ва натиҷаи фарҳангиаш мақоми расмиву коргузорӣ пазируфта шудани ин забон гардид, ки минбаъд дар давлатҳои туркӣ ҳам пазируфта шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки вобаста аз давлатдориҳое, ки то қарни бист дар минтақа салтанат кардаанд ва идеологияи маказии онҳоро дин ташкил мекард, бештар кӯшиш намудаанд, ки ҳуввиятҳои диниро бар ҳуввиятҳои миллӣ тарҷеҳ диҳанд. Ин хоси аксари ҷомеаҳои низоми теократист, ки қаблан дар кишварҳои ғарб низ вуҷуд дошт. Ҳамин аст, ки дар ибтидои асри 20 мардумони Осиёи Миёна, махсусан фарзандони худшиносу худогоҳашон низ дар муборизот ҷиҳати давлатсозӣ аз ҳуввиятҳои миллӣ истифода намуданд. Дар ин марҳила низ хидмати зиёиён ва фарзандони бедори миллат, махсусан саҳми устод Садриддин Айнӣ ва ҳасафонашон ниҳоятан муҳим аст. Баъдан зина ба зина дар даврони Шӯравӣ ин равандро зиёиёни дигар, ки ҳама пайравони устод Айнӣ буданд, идомат бахшидаанд.

Масъалаи забони давлатӣ ҳанӯз дар солҳои шастуму ҳафтодум ва бахусус нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист, ки халқи тоҷик дар ҳудуди давлати Шӯравӣ зиндагӣ мекард, мавриди радду бадалҳои мутааддид қарор гирифта буд. Вазъи мавҷудаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатдории Шӯравӣ гувоҳи он буд, ки интеллигенсияи ватанӣ, бавижа зиёиёни миллӣ дар пайи таҳкиму тақвият бахшидани забони миллӣ гомҳои устувор бардоштанд. Саъю талош ва пофишориҳои зиёиёни миллӣ боиси он гардид, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб кард ва нуфузашро дар баробари забони муқтадири замон — забони русӣ ҳифз намуд. Иқдоми зиёиёни миллӣ, ки бо андешаи миллӣ ба саҳнаи баҳсу мунозираҳои забонӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ворид гардиданд, сазовори таҳсину офарин аст.

Воқеан, нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи бист марҳилаи ҳассоси набардҳои маърифатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад ва андешамандону зиёиёни тоҷик, назири устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Акбари Турсон, Бӯринисои Бердӣ, Дорои Дӯст, Мирзо Боқӣ, Иброҳим Усмонов ва дигарон дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ баҳри покию беолоишӣ ва ҷойгоҳи муносиб касб кардани забони тоҷикӣ қувваи зиёд харҷ карданд. Баҳсу талошҳои донишмандону зиёиёни миллӣ роҳро барои мақоми давлатӣ касб кардани забони тоҷикӣ ҳамвор сохт ва оқибат 22-юми июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақом ва ё статуси давлатӣ гирифт. Дар ин робита, Қонуни забони РСС Тоҷикистон ба тасвиб расид. Акнун пешорӯйи ҳамзабонон ва интеллигенсияи миллӣ ҳадафи ҷиддӣ — ташаккул ва рушди забони давлатӣ ва ниҳоятан, сохтмони андешаи миллӣ қарор гирифт. Корҳои зиёдеро дар ин масир анҷом додан зарур буд ва комиссия ва мақомоти марбутаи давлатӣ ҷиҳати таҳкими раванди татбиқи Қонуни забони тоҷикӣ — Комиссияи татбиқи Қонуни забон ва Бунёди забони форсӣ-тоҷикӣ таъсис ёфт. Мутаассифона, шикасти давлати Шӯравӣ ва ба ҷанги шаҳрвандӣ даргир шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми барнома ва нақшаҳои татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва ба дунболи он, сохтмони андешаи миллиро дар қаламрави ҷумҳурӣ нақше бар об кард.

Пас аз ба тасвиб расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ва зина ба зина ором шудан ва ба рушд ворид шудани кишвар заминаи мусоиде ба миён омад ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Забон чи дар сатҳи сиёсӣ ва чи дар сатҳи фарҳангӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тақозои нави иҷтимоиву сиёсӣ ва шароити нави таърихӣ Қонуни Забон мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, санаи 5-уми октябри соли 2009 аз нав ба тасвиб расид. Ин сана Рӯзи Забон эълон гардид, ки ҳамасола аз он таҷлил мешавад.

Воқеан, забон ва миллат ҳар ду тавъаманд. Ин ҳар ду унсури асосии давлат ба ҳисоб мераванд. Номи давлати Тоҷикистон аз унсури асосии иртиботи мардуми ин сарзамин — забони тоҷикӣ гирифта шудааст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, фарҳанг, маънавиёт, арзишҳо ва дигар умумиятҳои миллиро дар худ таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби Иброҳим Усмонов аст, ки мо бо забонҳои форсиву дарӣ умумият ва решаҳои муштарак дорем, чун дар Эрони куҳан ду тарзи гӯиш — форсӣ ва тоҷикӣ роиҷ будаст ва гӯиши тоҷикӣ ба қавли Маликушшуаро Баҳор дар заминаи забони суғдӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳеҷ ҳоҷат нест, ки онро забони форсӣ номем, бигзор пайванҳои таърихиамон ва муштаракотамон бошад. Аз тоҷикӣ гуфтани забони модариамон пайвандҳои таърихӣ ва умумиятҳои забонии бо форсиву дарӣ аз байн намераванд. Кадоме аз инҳо бузург ва кадоме кӯчак намешавад. Моҳияти онҳо тағйир намеёбад.

 

Фирдавс НИЁЗӢ, забоншинос

1 бинависед

  1. Бигузор то бигирям бар х,оли точ,ики зор, то дар чаман бируяд гулх,о ба мисли симхор……..

Добавить комментарий