Росташ, ин нависандаи бузурги мисрӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел, Наҷиб Маҳфузро ахиран барои худ кашф кардам ва ҳатто дар шакли аввали ин тарҷума номи ӯро Нақиб навиштам, на Наҷиб, аҷаб шармандагие! Аммо ба барандагони Ҷоизаи Нобел ҳамеша бо шубҳа менигарам (то рӯзе ки худам онро нагирам, барояш бовар нахоҳам кард — ҳазл), чун ҳамеша, кам ё зиёд, як ангеза ва шамими сиёсӣ ҳам дорад.

Чанде пеш як хонанда бароям навишт, ки бо хондани “Фонуси ёд”-и банда осори ин нависандаи бузург ба хотираш омадааст. Ин ишора маро ба ҷустуҷӯ водор кард ва чанд достонашро хондам, ба хондани романҳои панҷсадсафҳагияш вақт нест, вале бояд вақт ёфт, ҳатман ҷолиб бояд бошанд. Ва хеле писандам омад. Худо кунад, фурсату тавон дошта бошам, ки достонҳои дигари писандидаамро аз ин устод баргардон кунам, ҳарчанд як дӯстам навишт, ки чанд чизи зебои ӯ кайҳо тарҷума шудааст, вале, дареғ, онрҳоро надидаам.

Биҳишти кӯдакона (ҳикояе аз Наҷиб Маҳфуз)

— Додо…

— Чӣ мегӯӣ?

— Ману дугонаам Нодия ҳамеша бо ҳамем.

— Ин хуб аст, бачам.

— Ҳам дар синф, ҳам дар танаффус ва ҳам дар ошхона.

— Олӣ. Вай духтарчаи хуб ва боадаб аст.

— Вале дар дарси илоҳиёт ман ба як синф медарояму вай ба синфи дигар.

Мард ба завҷааш, ки дастархонро гулдӯзӣ мекард нигарист ва дид, ки вай лабханд мезанад. Ӯ низ бо лабханд ба духтараш гуфт:

— Хайр, ин фақат барои як дарс, дарси илоҳиёт.

— Аммо чаро чунин аст, падар?

— Барои он ки дини ту дигар асту дини ӯ дигар.

— Чӣ хел?

— Ту мусулмонӣ, вай масеҳӣ.

— Чаро, падар?

— Ту ҳанӯз хурдӣ, калон шавӣ, мефаҳмӣ.

— Ман кайҳо калон шудаам.

— Не, бачам, ту ҳанӯз хурдӣ.

— Барои чӣ ман мусулмонам?

Боистӣ шикебо ва боэҳтиёт буд, то шеваҳои муосири таълимро баҳам назад.

— Падари ту мусулмон аст, модарат ҳам мусулмон, барои ҳамин ту ҳам мусулмонӣ.

— Нодия чӣ?

— Падари ӯ масеҳист, модараш низ масеҳӣ. Барои ҳамин ӯ масеҳист.

— Яъне барои он ки падари ӯ айнак дорад?

— Не, айнак ба ин дахл надорад. Гап дар он ки бобои Нодия ҳам масеҳӣ буд.

Мард ангошт, бояд ҳамаи ниёконашро то беохир номбар кунад, то ҷое ки ба дили духтарчааш занад ва суҳбатро ба чизҳои дигаре барад. Вале кӯдак пурсид:

— Пас кӣ будан беҳтар аст, мусулмон будан ё масеҳӣ будан?

Падар каме фикр кард ва посух дод:

— Инаш ҳам хуб асту онаш низ.

— Лек ба ҳар ҳол бояд якеаш беҳтар бошад!

— Ин дин ҳам хуб асту он дин ҳам.

— Шояд беҳтар аст, ман масеҳӣ шавам, то ки ҳаргиз аз Нодия ҷудо набошам?

— Не, духтарам, ин номумкин аст. Ҳар кас бояд дини падару модари худро нигоҳ дорад.

— Вале барои чӣ?

Дарвоқеъ таълиму тарбияи ҳозира кори сахту сангинест! Падар бо суол ба духтарчаашҳ посух дод:

— Ту намехоҳӣ, то калон шуданат сабр кунӣ?

— Не, додо.

— Хуб. Лекин медонӣ, ки мӯд чист? Баъзеҳо аз паси як чиз мераванд, дигарон аз паси чизи дигар, ҳар кас ба ҳар мӯде бартарӣ медиҳад. Мусулмон будан навтарин мӯд аст. Барои ҳамин ту бояд мусулмон бимонӣ.

— Пас, Нодия ақибмонда аст?

Дафъ шавад Нодия, ки ин қадар дарди сар овард! Зоҳиран, падар дар куҷое иштибоҳ кардааст, ҳарчанд мехост, хеле боэҳтиёт бошад. Акнун коре карда, аз ин печухам берун омаданаш даркор аст.

— Ин кори ҳар кас аст, ба завқи ҳар кас бастагӣ дорад, вале ҳар кас бояд пайрави дини падару модараш бошад.

— Ман метавонам, ба ӯ бигӯям, ки аз мӯд ақиб мондааст ва аммо ман соҳиби мӯди охиринам?

Мард шитобон гуфтори духтарчаашро қатъ кард:

— Ҳар дин хуб аст. Ҳам мусулмонӣ, ҳам насоро, зеро ҳама ба Худо бовар доранд.

— Пас чиро дарси худошиносӣ дар синфҳои ҷудогона мешавад?

— Барои он ки ҳар кас ба таври худ Худоро мешиносад.

— Чӣ хел «ба таври худ»?

— Инро ту соли оянда ё баъд аз як соли дигар хоҳӣ омӯхт. Ҳоло бароят ҳаминаш ҳам кофист, ки ҳам мусулмонон ва ҳам масеҳиён ба Худо бовар доранд.

— Худо кист, падар?

Мард каме даступо хӯрд. Дурудароз фикр кард. Сипас бо талоши он ки оромии худро аз даст надиҳад, пурсид:

— Муаллимаатон дар ин бора дар мактаб чӣ гуфт?

— Вай як сураро хонд, мо онро азёд кардем, вале ман чизе нафаҳмидам. Худо кист, падар?

Боз каме андеша ронда, мард бо лабханд ва майли фирор аз посухи рӯйирост гуфт:

— Ӯ офаридгори тамоми дунёст.

— Фақат ҳамин?

— Оре, фақат ҳамин.

— Офаридгор будан чист?

— Яъне сохтани ҳамаи чизе, ки дар рӯйи дунёст.

— Чӣ хел сохт ин ҳамаро?

— Бо иродаи тавонои худ.

— Вай дар куҷо зиндагӣ мекунад?

— Дар ҳама ҷойи дунё.

— Вақте ки дунё набуд, вай дар куҷо мезист?

— Болои боло…

— Дар осмон?

— Ҳа.

— Ман мехоҳам, ӯро бинам.

— Ин номумкин аст.

— Ҳатто бо тилвизор?

— Ҳатто бо тилвизор.

— Ва касе ӯро надидааст?

— Ҳеч кас.

— Пас ту аз куҷо медонӣ, ки вай дар осмон зиндагӣ мекунад?

— Барои он ки ҳамин хел ҳаст.

— Кӣ нахустин шуда фаҳмид, ки Худо дар болост?

— Паёмбарон.

— Паёмбарон?

— Бале, паёмбар Муҳаммад, аз ҷумла.

— Вай чӣ хел инро фаҳмид, падар?

— Ба шарофати нерӯи махсуси худ.

— Вай чашми тезбину дурбин дошт?

— Ҳа.

— Барои чӣ, падар?

— Аллоҳ ӯро ҳамин гуна халқ карда буд.

— Ба ҳар ҳол чаро?

Косаи сабраш лабрез мешуд ва бо зӯр хештандорӣ карду посух дод:

— Барои он ки Аллоҳ ҳар коре хоҳад, карда метавонад.

— Пас ӯ чишаклист?

— Хеле тавоно, бисёр нерӯманд ва қавӣ, ҳама корро карда метавонад.

— Мисли шумо, падар?

Вай бо зӯр хандаашро дарун фурӯ бурд.

— Касе бо ӯ баробар буда наметавонад.

— Чиро ӯ дар осмон зиндагӣ мекунад?

— Замин барояш танг аст. Вале ӯ ҳама чиро мебинад.

Духтарча лаҳзае ба фикр фурӯ рафт, баъд садо баровард:

— Аммо Нодия мегӯяд, ки ӯ дар замин зистааст.

— Манзураш ин аст, ки вай ҳама чиро, ки дар замин рух медиҳад, медонад, ба гунае ки гӯё дар рӯйи замин зиндагӣ мекунад.

— Вай боз мегӯяд, ки одамон ӯро куштанд.

— Вале ӯ ҷовидонист ва ҳаргиз намемирад.

— Аммо Нодия мегӯяд, ки ӯро куштанд.

— Не, ҷонам, онҳо пиндоштанд, ки ӯро куштаанд, вале ӯ намурда буд, зинда буд ва ҳаст.

— Бобоям мурд, пас ӯ ҳам зинда аст?

— Не, бобо мурд.

— Ӯро одамон куштанд?

— Не, худаш мурд.

— Аз чӣ?

— Касал шуд ва мурд.

— Хоҳарам касал аст, пас ӯ ҳам мемирад?

Падар абрӯ чин кард ва дастафшонии норозиёнаи ҳамсарашро дид.

— Не, вай шифо меёбад, иншоАллоҳ.

— Пас бобо чаро мурд?

— Вай бемор ва пир буд.

— Шумо ҳам бемор будед ва пир ҳастест, пас чаро намурдед?

Модар духтарчаро накуҳиш кард. Тифлак парешон шуд ва гоҳ ба модараш менигаристу гоҳ ба падар.

— Мо вақте мемурем, ки хости Худо шавад, ҳар гоҳ ки Худо амонатияшро гирифт, он гоҳ мо мемирем, — ниҳоят посухе пайдо кард падар.

— Вале чиро ӯ мехоҳад, амонатияшро гирад, магар мехоҳад, мо бимирем?

— Ҳама чиз бо хости ӯ мешавад.

— Мурдан чизи хуб аст?

— Не, бачам.

— Пас чиро Худо кори нохуб мекунад?

— Ҳарчӣ Худо хост, ҳамон мешавад. Ин хости Худост.

— Вале шумо худатон гуфтед, ки ин хуб нест.

— Ман хато кардам, ҷонам.

— Пас чиро гоҳе ки гуфтам, шумо мемуред, қаҳри модарам омад?

— Барои он ки Худо ҳоло инро намехоҳад.

— Пас кай хоҳад хост?

— Ӯ моро ба ин ҷаҳон мефиристад, баъд аз рӯйи ин ҷаҳон мебардорад.

— Барои чӣ?

— Барои он ки то рафтан ба он дунё корҳои нек кунем.

— Чиро намешавад нарафт ва ин ҷо монд?

— Агар одамон аз рӯйи замин нараванд, барои баъдинаҳо ҷой намемонад.

— Ҳама чизамонро мо ин ҷо мегузорему меравем?

— Мо ба ҷойи аз ин беҳтар меравем.

— Ба куҷо?

— Ба боло.

— Назди Худо?

— Ҳа.

— Ва ӯро мебиинем?

— Ҳа.

— Ва ин хуб аст?

— Албатта.

— Пас барои ҳамин мо бояд равем?

— Аммо пеш аз рафтан бояд то метавонем, корҳои хуб кунем.

— Бобоям корҳои хуб кард?

— Ҳа.

— Чӣ кард?

— Хона пӯшонд, боғ сабзонд.

— Писарамакам Туту чӣ кор кард?

Падар дилтангона нигоҳе ба модар афканд, гӯё лобаи мадад кард. Сипас гуфт:

— Вай ҳам пеш аз онки равад, хоначаи хурдакаке сохт.

— Вале бачаи ҳамсоя, Лулу, маро мезанад. Вай ягон кори хуб намекунад.

— Вай хунибинист.

— Ва вай намемурад?

— Мемурад, вақте ки Худо хост.-

— Ҳарчанд ягон кори хуб ҳам накарда бошад?

— Ҳама мемиранд. Вале касе ки корҳои савоб карда бошад, назди Худо меравад ва касе кори бад карда бошад, дар оташ месӯзад.

Духтарча оҳ кашид ва каме хомӯш монд. Падар ҳис кард, ки ҳамаи нерӯяш ӯро тарк кардааст. Вай нигарон буд, ки оё ба ҳамаи пурсишҳои духтарчааш посухи дуруст дод ё на. Ин суолҳо гумонҳои тираеро аз умқи вуҷудаш берун кашиданд. Вале ногоҳ духтарча гуфт:

— Ман мехоҳам ҳамеша бо Нодия бошам.

Падар бо ҳайрат ба ӯ нигарист. Духтарча давом дод:

— Ҳатто дар дарси илоҳиёт.

Падар қаҳқоҳ хандид. Модар ҳам ба ин ханда шарик шуд. Падар хамёза кашид ва гуфт:

— Фикр намекардам, ки чунин масъалаҳоро бо кӯдак мешавад баҳс кард.

Занаш садо баровард:

— Вақте ки духтарамон ба воя расид, метавонӣ шубҳаҳоятро бо ӯ дар миён гузорӣ.

Мард тунд ба ҳамсараш нигарист. Хост дарк кунад, ки ӯ ин суханонро ба шӯхӣ гуфт ё ростӣ, вале дид, ки ӯ аз нав сар ба гулдӯзиҳояш фурӯ бурдааст.

Салими АЮБЗОД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here