Мушаррафа Қосимова — ҳунарманди театру синамои тоҷик 1- уми апрели соли ҷорӣ дар синни 101- солагӣ аз дунё даргузашт. Назарпурсии навбатии нашрияи «Самак» вобаста ба фаъолияту зиндагии ин шахсияти нотакрори санъату ҳунари тоҷик аст, ки пешниҳоди хонандагон мегардад.

 

Рустам Воҳидов, декани факултаи театр, кино ва телевизиони ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода:

— Мушаррафа Қосимова аз худ фарзанд, насли хуб боқӣ гузоштанд. Писарашон Фаррух Қосимов низ ҳунарманди нотакрор  буданд. Аз лутфу марҳамати он кас, келинашон Сабоҳат Қосимова низ роҳи интихобнамудаи эшонро идома дод. Бисёр модари меҳрубон, беозор буданд. Ҳамеша дар лаб як табассуми малеҳе доштанд. Ҳасуд, кинагир, бераҳм набуданд. Доим бо лафзи ширину меҳрубонона сухан мекарданд. Шояд сабаби дарозумриашон низ дар ҳамин бошад. Модари синамои тоҷик буданд. Беҳтарин нақшҳои модарро дар театру синамои тоҷик Мушаррафа Қосимова бозидаанд. Мо тайи солҳост, ки бо оилаи онҳо рафтуомад дорем. Муҳаммадҷон Қосимов бародари ман, Маҳмудҷон Воҳидовро писархонди худ гирифта буданд. Бо шарофати онҳо ман солҳои зиёд дар театри «Аҳорун» ба ҳайси директор кору фаъолият намудам.

 

Ҳасан Қосимов, ҳунарманд:

— Мушаррафа Қосимова чун ҳунарманди ҳам замони Шӯравӣ ҳасту ҳам замони муосир, барои ҳунармандони ҷавон ҳунари худро ба ёдгор гузошт. Хоксории модари тоҷикро дар саҳна офарид ва нишон дод, ки зан, модари тоҷик бояд чӣ гуна бошад. Мактаби алоҳидаи ҳунарии худро боқӣ гузошт. Ҳеҷ фаромӯш намешавад аз хотирам… Дуо дода буданд: «Асое, ки мо дар замин мегузорем, Шумо онро бардошта то он даме, ки ба дасти дигаре медиҳед, хуб нигоҳ доред. Онро ба замин нагузоред». Ин беҳтарин дуо барои мо, —  ҳунармандони ҷавон буд.

 

Аҳлиддин Шарифов, ҳунарманди театри «Аҳорун»:

— Барои театри мо азизтарин одам буданд. Ҳамеша ҳамчун як мушовири ҳамин театр дар ҳар намоишнома иштирок мекарданд. Бемор ҳам  буданд, меомаданд. Вале ду соли охир омада натавонистанд. Ба ҳунармандони ҷавон тавсия медоданд, роҳ нишон медоданд… Ба мо хеле мадади калон кардаанд. Аз худ шогирдоне ба ёдгор монданд, ки  идомадиҳандаи ҳунари модари саҳнаи тоҷик ҳастанд.

 

Ҳасан Чилла, ҳунарманд:

— Аз  худ фарзандони нек боқӣ гузоштанд. Нақшҳои офаридаашон дар театру синамои тоҷик ҷовидонӣ ҳастанд. Фарзандонашон Фаррух Қосимов, Хуррам Қосимов, Мумтоз Қосимов ҳунармандони нотакрори театри тоҷик ҳастанд. Фарзандашон Хуррам Қосимов дар Чебоксари Русия директори театр мебошанд.

 

Таҳияи Сабрина Ғафурӣ

Добавить комментарий