Муаллими нахуст, ки бо номи барҷастатарин шахсияти таърих, яъне Зардушт сабт гардидааст, то ба ҳол назди донишварону олимони дирӯзу имрӯз замону макон ва асре, ки ӯ зистааст, пурмуаммост. Ҳарчанд олимон ҳадс ҳам задаанд, ки фалон аср зистааст фалону бисмадони дигар, вале ҳақиқати тамом, ки баҳсу мунозираро хотима бахшад, ба даст наомадааст. Аз ин рӯ, сари ин масъала нуктапардозӣ намудан беҳуда аст, вале дар асл агар хуб биандешем, барои мо муҳимтар аз ҳама осору ҳикмати баҷой гузоштаи Зардушт бештар манфиатовар аст. Зеро заминаи маърифату ахлоқи инсоният аз ҷониби ӯ тарҳрезӣ гардид.

Баъдҳо насли инсон, ба вижа мардуми ориёитабор эҷодиёти Зардуштро ҳамчун қобуси илму хирад ва фарҳанг истифода намуда, онро тадвину такмил намуданд, ки ин амал то ба замони мо пешбарандагони худро гум накард. Дирафши донише, ки Зардушт афрохта буд, нигаҳдорандаҳояш бештар ворисони худи ӯ буданд, ба мисоли Куруши Бузург, Бузургмеҳр, Борбад, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Пури Сино, Хайём, Берунӣ Низомулмулк, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Дониш, Айнӣ, Улуғзода, Лоиқ ва амсоли ин абармардон, ки шумораашон бешумор аст, ки имкон надорад дар ин навишта он ҳамаро ном ба ном овард. Касоне, ки аз илму адаб огаҳӣ доранд, худ хуб медонанд, агар аз эҷодиёту фаъолияти онон сухан бигӯӣ, ҳар кадомашон беш аз як рисолаи илмиро мемонанд.

Муаллим

Ҳоло мо дар бобати шахсияте ҳарф мезанем, ки вориси он бузургон ва номбардори онон буд. Ӯ худ боре гуфта буд, ки “ ман шеъри нахустинамро дар синни 11-солагӣ марсия дар марги падар иншо кардаам”. Яъне ӯ дар он лаҳзае, ки худро ба дурустӣ бишнохт, роҳи бузургони ҳамнажоди худро пеша кард ва то рӯзи вопасти умри хеш дар ин роҳ содиқона, орифона ва ошиқона қалам фарсуду касби муаллимӣ намуд. Барои аксар, ба вижа мардуми Зарафшонзамин ному мақоми ӯ маълуму машҳур буд, ки ҳама ӯро бо исми Ато Карими Дашти Қозигӣ мешинохтанду дӯсташ медоштанду медоранд. Медонед барои чӣ ӯро дӯст медоштанд? Бад-ин хотир, ки Ато Карим нахуст, “Марде аз мардони мард”-и диёри худ буд. Дувум, Ато Карим бо тамоми ҳастӣ инсонгарову инсониятро дӯст медошту ба воситаи эҷодиёташ ва таълимоташ ба мардум тасвиру тавзеҳ медод, ки “Ганҷинаи асрори Илоҳӣ моем”! Савум, инсонҳоро ба роҳи ростини бидуни риёву тақаллуб, худро аз ҳамдигар боло натарошидан, нексириштӣ ҳидоят менамуд ва ишора мекард, ки “агар мо чунин набудем дар зиндагӣ, валлоҳӣ ҳайфи он ки дар рӯи замин зистаем”. Хислату рафтор, пиндору гуфтораш мардумро ошиқи ӯ карда буданд. Шумо касеро дидаед, ки дар тӯли умри худ касеро дурушт ва сахт ҳарфе нагуфтааст? Шуморо намедонам, аммо камина надидаам. Лекин Ато Карим аз ин ҷумла истисно буд. Шояд бархе бовар накунанд, аммо аз касоне, ки ӯро аз ҳар гӯшаи диёр мешинохтанд ва хоса мардуми Зарафшон, ки бештар Ато Карим бо онон буд, пурсон шавед, ин гуфтаи маро худ тасдиқ хоҳед кард.

Касби Ато Карим муаллимӣ буд. Муаллиме, ки имрӯзҳо доштани чунин муаллим орзуи ҳар дабистон аст. Албатта, узр мепурсам аз баъзе муаллимон, вале ҳақиқатро наметавон ба хотири ину он нодида гирифт ё дар баробараш чашм пӯшиду гузашт. Ҳарфи ман аз ин хусус аст, ки ба туфайли баъзе муаллимони бодоварда ё худ хасакӣ имрӯз исми муаллим, манзалати муаллим то ҳадди нигаронкунанда поин рафтааст ва воқеан ҷои таассуф ҳам ҳаст. Аммо боз муаллимоне ба гунаи Ато Карим ҳастанд, ки тамоми ҳастии хешро барои пешаи муаллимӣ фидо кардаанд ва бо баҳои ҷон агар лозим ояд ин пешаи муқаддасро, ки дар боло зикр намудем поягузораш кӣ будааст, ҳифз менамоянд. Шояд зиёд нафарон бехабар аз он бошанд, ки Ато Карим то дами вопасин пешаи муаллимии хешро канор нагузоштааст. Дар ҳайрат науфтед, ӯ ба хотири ниёзи музди моҳона дар пешаи муаллимӣ то охири умр боқӣ намондааст, балки ӯ аз рӯи ишқ ва покизагӣ, ки ҳатто банда қобилияти даркашро надорам, пешаи муаллимиро азизу гиромӣ медошт ва то охири нафас дар ишқи пешаи худ содиқу вафодор монд. Зеро то ҷое, ки аз зиндагии Ато Карим бохабар ҳастам, ҳамаҷониба рӯзгораш хуб буду муҳтоҷи касеву хасе набуд. Аз ин рӯ, ӯро мебоист давлати пириро дар хона бо машғулиятҳои хонагӣ пушти сар бикунад, аммо чунин накард. Сабаб танҳо аз ишқи омӯзгорӣ даст кашида натавонистан буд. Ато Карим дар оғози фаъолияти муаллимии худ аҳд баставу қавл дода ба худ, ки фарзанди мардум бо ҳазору як умед назди ӯ барои омӯзиши илму дониш меояд ва набояд бо назархунукӣ ва матали мардумӣ “шавад обӣ, нашавад лалмӣ” ба эшон касби камол омӯхт. Далели ин гуфтаҳо ҳам он аст, ки бо маоши пасти худ, аммо сирфан ҳалол фарзандони худро ба воя расонд ва ҳар кадоми онҳоро соҳиби касбу коре намуд, ки имрӯз фарзандонаш дар ҷодаи интихобкардаи худ муваффақанду чиррадаст. Камолот ва муваффақияти фарзандонашро Ато Карим дар зиндгиаш дид ва сипос мар Худоро, мегуфт, ки тавонист рисолати падарии хешро сарбаландона ба сомон бирасонад. Ато Карим хуб медонист, подоши ин ҳама неъмат аз покизагии худи ӯ буд, ки имрӯз онро бо ду чашми сар мебинад. Ҳамчунин зиёд шогирдонаш донишманду ҳунарвар гардидаанд, ки ӯ аз дидану шунидани чунин пешравии шогирдонаш меболид, ки заҳмати муаллимиаш беҳуда нарафтааст. Ҳамаи ин пурсамарӣ ба ӯ ҳар замон нерӯи тоза мебахшид ва Ато Карим беш аз пеш мекӯшид боз ҳам дар пешаи муаллимӣ заҳматҳо бикашаду шогирдонро хату саводи амиқтар биомӯзад. Аз фанни таърих, ҷуғрофия ва диншиносӣ ба шогирдон дарс мегуфт. Таърихи ҷаҳон, таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳудуди марзу бум, таърихи динҳои ҷаҳонро дар сатҳи олӣ бархӯрдор буд, ки шогирдонаш аз дарсу таълимоти ӯ як ҷаҳон илму дониш меандӯхтанд. Дар ин баробар, Ато Карим, ки илми мардумшиносиро хуб огоҳ буд, ба шогирдон оини ҷавонмардӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, рисолати инсонӣ, фурӯтанӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро меомӯзонд, ки ин ҳама дар соатаҳои тарбиявӣ дохил мешуданд. Бинобар ин, шогирдони Ато Карим ҳамаҷониба омода мешуданд, дар ҳар касбу амале мерафтанд, дар сафи пеш қарор мегирифтанд. Аз ин ҷо мо хуб дарк мекунем, ки маҳбубияти Ато Карим дар байни пиру барно аз куҷо сарчашма мегирифтааст. Падару модари талабагон чунон нисбати Ато Карим муҳаббат ва эҳтироме доштаанд, ки наметавон онро бо сухан тасвир кард. Ҳамаи ин шаҳодат бар он медиҳад, ки Ато Карим муаллиме буда, аз тасавуроти мо берун, вале намунаи ибрат. Ба ибораи дигар бигӯем, дар симои Ато Карим мо муаллимеро мебинем, ки дар зиндагиномаи бузургон мутолиа кардаем, яъне фалон устоди ҳалим боис шуда, то Пури Сино, Саноӣ, Аттор, Ҳофиз, Мавлавӣ ва… ба чунон нубӯғӣ расидаанд. Чи тавре Мавлавӣ мефармояд:

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд…

Мавлоно худ шахсият ва устоде буд, ки натанҳо як қитъаро, балки дунёро зери таъсири осори гаронбаҳои худ қарор додааст, вале ба чунин хулосае омада расида, ки он чӣ ӯ ба даст овард, ба юмни Шамси Табрезии устодаш аст. Аксарияти бузургони ҷаҳон нисбати устод ва муаллим эҳтирому ихлоси хосе доштанд ва ишораҳо ҳам шуда, ки эҳтироми устодро аз падар пеш намонӣ, “одам шудани туро Худо медонад”.

Ато Карим аз зумраи чунин устодоне будааст, ки мардуми натанҳо як минтақа ё як маҳал, илло як водии бузург эҳтироми хосае нисбаташ доштаанд.

Шоир

Бояд пеш аз ҳама бигӯям, ки камина шеършиносу шеъргӯ нестам, он чӣ мегӯям, ба унвони як мухлиси манзумаву мансур асту бас.

Чи тур, ки дар боло зикр намудам, мардуми водии Зарафшон Ато Каримро бештар ҳамчун Ато Карими шоир мешиносанд. Медонед барои чӣ бештар мардум ӯро аз ин зовия мешиносанд? Албатта, дар ҳар минтақа суханвароне ҳастанд, ки беш аз пеш дар дили мардуми он диёр маъво гирифтаанду маҳбуби эшон ҳастанд. Ато Карим аз зумраи шоиронест, ки нахуст дар дили мардуми диёри худ ва сипас дар дили миллат роҳ ёфтаву маскан гирифтааст. Аммо ин ҷо мехоҳам бештар роҷеъ ба маҳбубияти ӯ дар водии Зарафшон сухан гуфта бошам. Зеро Ато Каримро аксарияти мардуми ин водӣ хуб мешиносанд. Бештар ба воситаи ҳофизони маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки шеъру ғазалҳои ӯро бешумор оҳанг баставу зам-зама кардаанд, мешиносанд. Суруду таронаҳои ҳофизон, ки аз эҷодиёти Ато Карим кам нест, бештар дар дили мухлисон роҳ ёфтааст. Аз ин ҷост, ки сабки эҷодиёти Ато Карим бештар мардумисту ба сабки саҳли мумтанеъ рафта мерасад. Барои азхудкунии шеъру ғазалаҳои Ато Карим касро душворӣ пеш намеояд, зеро тарзи баён ва равонии ғазалҳо чунон ширину гуворо ва ба забони мардумӣ наздик аст, ки агар андаке зеҳни тез дошта бошӣ, аз як ё ду бор такрор кардан азхуд мешавад. Албатта, ин тур эҷод намудан чандон осон нест, хеле заҳмату таъби нафис мебояд дошт, ки ин истеъдодро Худованд ба Ато Карим арзонӣ доштааст. Бинобар ин, мардум бештар ба эҷодиёти ӯ рӯ овардаанд, ки дарди дили эшонро бозгӯ ва ифода менамояд. Барои мисол:

Баъди сари ман, эй писар,

Нола макун ҷони падар.

Бар сари қабрам ҳар саҳар,

Як фотиҳа хону гузар.

Ин шеърро аз даҳсола то ҳаштодсолаи мардуми водии Зарафшон аз ёд медонанд. Шумораи ҳофизонеро, ки ин шеърро хондаанд, дақиқ намедонам, лек ҳамин қадарашро медонам, ки дар водии Зарафшон чанд тан ҳофизе, ки ҳаст, ин сурудро хондааст ва хеле ҳам бо як оҳанги ҳазину ба гӯш форам ин шеър оҳанг баста шуда, ки аз шуниднаш кас сер намегардад. Як воқеаро нақл мекунам, ки вобаста ба ин шеър аст. Рӯзе бо ҳамроҳии устод Хуршед (фарзанди Ато Карим) дар сафар будем. Ҳини роҳпаймоӣ бо худрав ногаҳон андешае ба сарам омад, ки ҳамин сурудро бихонам, гӯш кунед, шояд писандатон ояд (банда кам-кам беҷуръатона ҳам бошад, сурудхонӣ мекунам, ки аслан бештар аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир мехонему ба қавле дарди дил холӣ мекунем). Ниҳоят чанд мисраи онро хонда истода будам, ки баногаҳ устод Хуршед гуфтанд, ист, Дадема занг занам, гӯш кунанд. Муаллим телефонро бардоштанду баъди паёму дуруд устод ба муаллим изҳор доштанд, ки як шогирдам шеъри Шуморо мехонад, гӯш кунед. Сипас банда сурудро хондаму он кас “бай-бай, офарин” гӯён изҳор доштанд, ки “нағз хондед, лаззат бурдам”. Дар ҷавоб ҳазломез гуфтам, ки муаллим, шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям, албатта, хуб мебарояд дияя… Хандида гуфтанд, қабул, қабул, зебо буд…

Ин ҳодиса боис гардид, ки камина бори нахуст бо Ато Карим, ки номашонро аз хурдсолӣ шунида будам, вале то кунун надида будам, “ҳамсуҳбат” гардидам. Вале баъдтар маро дидори муборакашон насиб гардид ва аз наздик ошноӣ пайдо кардаму Ато Каримро бештар аз гумонам дарёфтам, ки воқеан як инсони ҳалиму хоксор ва аз ҳама муҳим, аз чеҳраи эшон инсониятро бармало медидам.

Чи тавре, ки дар боло зикр намудем, Ато Карим дар синнӣ 11-солагӣ аллакай ба шеъргӯӣ сар карда буд. Баъдҳо таҳти унвонҳои «Садо аз зиндон» (1998), «Ашки Ҳасрат» (1999), «Тӯшаи ғарибон» (2009), «Фарёди дил» (2011), «Пули ҳаром» (2014) китобҳо ба нашр расиданд ва инчунин, дар якчанд маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ осори Ато Карим нашр шудаанд.

То охири умр бо касби омӯзгорӣ, ба тарбияи насли наврас ва эҷодиёт машғул будаанд.

Ҳамаи эҷодиёти Ато Каримро агар бо як ҷумла ифода намоем, мақсуд аз шеър гуфтани мавсуф инсонҳоро ба асли худ шиносондану инсонтар намудан будааст.

Инсон

Ато Карим дар зиндагӣ зиёд шебу фарозҳоро дидаасту бо ҳар кадоми он аз ақлу хирад кор гирифтааст, аз ин рӯ, пастиву баландии зиндагиро хирадмандона гузаштааст. Агар гӯем зиндагиномаи Ато Карим боистаи омӯзиш ва раҳнамои намунавӣ дар роҳҳои зиндагист, қатъан хато намекунем. Чунки муаллим аз сахтиву сардӣ, шодиву нишоти рӯзгор наҳаросидаву аз худ нарафта, собитқадам ба сӯи мақсуд ва ҳадафи хеш рафтааст. Дар зиндагидорӣ низ ахлоқи ҳамидае доштааст, ки аксарият орзуяшро мехӯрдаанд. Муаллим бо ҳамсари меҳрубону хушахлоқи худ оилаи намунавӣ миёни ҷомеа доштааст, ки дар вафову аҳду паймони худ устувор боқӣ мондаанд. Мисоли воқеӣ меоварам, ки худ шоҳидаш будам. Соли равон ҳамсари муаллим каме бетоб мешаванд ва ҳамсарашонро бемористон меоваранд. Пас аз чанд рӯз мо як гуруҳ ҳамкорон ба дидорбинии эшон рафтем. Замоне, ки вориди ҳуҷраашон гардидем, ҳар ду пиру кампир дар як ҳуҷра буданд, дигар касе дар он ҳуҷра набуд, ҳарчанд барои ду нафари дигар ҳам ҷой буд. Хуб, мо аҳволпурсӣ кардему каме шӯхиву ҳазл кардем, то хотири пиру кампир шод гардад. Пас аз шӯхиҳое, ки мо гуфтем, ҷойи бароҳат ва мувофиқ аст, то дар дилатон задан инҷо истироҳат бикунед. Ҳамсарашон лабханд зада гуфтанд, ки ҳарчанд Ҳоҷиро (Ато Карим дар назар аст) мегӯям, хонаи фарзандон равед, истироҳат кунед, рӯзе як маротиба ба дидорбиниам оед, кифоя, аммо дар ҷавоби гапи ман қатъӣ мегӯянд, ки ман аз ту ҷудо буда наметавонам ва ҳамчунин туро ин ҷо танҳо гузошта намеравам, дар паҳлуят ҷой гирифтам ва то замони рухсат додани табибон ин ҷо мемонам. Бовар кунед, дар ҳайрат уфтодем, аз чунин ишқу муҳаббати воқеӣ, ки дар шахси онҳо дида мешуд.

Худ қазоват бикунед, ки чи тур чунин оиладорӣ намунаи ибрат ва ҳам шоистаи пайравӣ набошад?

Ин ҳама диду водидҳо аз зиндагии муаллим, шахсан таваҷҷуҳи каминаро бештар ҷалб намуда буд. Худ ба худ мегуфтам, ки муаллим намоди инсони воқеист, кашфи чунин инсонҳо осон ба даст намеояд. Зиёд талошу ҷустуҷӯ мебояд, то умқи ҳастии чунин инсонҳоро дарёбӣ. Хулоса гуфтан дар мавриди ҳаёт ва фаъолияти чунин ашхос комилан ғайри мумкин аст. Чун ҳарчанд фурӯтар меравӣ, сафҳаи дигаре аз рӯзгори онон боз мешавад ва ин сафҳаҳо беохиранд. Ато Карим худ дар ин боб фармудааст:

Ҳаргиз магӯ, Каримӣ, як фарди бенишонӣ,

Шеъру таронаҳоям-умри дубораи ман.

Равонат шоду хотират гиромӣ бод, муаллими даврони мо!

Зоҳири САЙФУЛЛО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here