Садои форам, ширин, вале марғуладори Борбад ба гӯш мерасаду инсонро ба олами ишқу муҳаббат ва инсондӯстӣ ҳидоят менамояд, чунки эҷодиёти ин ҳофизи ҷавон пур аз маънист. Метавон ӯро Борбади сонӣ ном ниҳод, чунки садояш лоиқ ба ин гуфтаҳост.

Борбади Бадалиён 16-уми июни соли 1990 дар деҳаи зебоманзари Ревади ноҳияи Айнӣ дар оилаи омӯзгор чашм ба олами ҳастӣ кушод. Гарчанде дар авлоди ин ҷавон соҳибзавқ санъаткор набуд, аммо дар ибтидо аллаи махмалини модар, садои булбулон, навои чашмасорони куҳистон устодони нахустини ин ошиқи санъат ҳастанд. Баъд аз хатми мактаби миёна соли 2008 ба шуъбаи овозхони анъанавии Кансерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дохил шуд. Дар қадамҳои нахустин ба ӯ корманди ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон Рустами Одинабой нозукиҳои санъати овозхониро нишон медод.

Дар раванди таҳсил дар консерватория аз омӯзгорони ин боргоҳи таълиму тарбия Муътабар Муъминова, Насиба Амонбоева, Фурқат Саидов нозукиҳои санъати касбӣ, аз ҷумла якчанд шохаҳои «Шашмақом»-ро аз худ намуд. Баъд аз хатми консерватория ба ансамбли шашмақомхонони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба кор ҷалб карда шуд ва то ҳол дар ин ансамбл фаъолият дорад. То ҳол зиёда аз 20 суруд сабт намудааст, ки 15 сурудашро худаш бо кӯмаки Хосияти Зарафшонӣ ва бастакори ҷавон Қобил Шарипов эҷод кардааст.

Аз шоирон К. Хуҷандӣ («Офтоб»), Саъдӣ Шерозӣ («Ёрони ҳамдам»), Лоиқ («Ошиқ шудам») сурудҳо сароида, бо шоирони имрӯз — Озарахш, Озари Ориф, Махсум Олимӣ, Абдулло Қодирӣ, Саид Ризо, Бузургмеҳри Тоҷидин, Иброҳими Мирмуҳаммед ҳамкории қавӣ дорад.

Барномаи консертии «Базми ману ҷавонӣ» нахустин қадами санъаткор ба саҳнаи мустақил аст. Яъне ин нахустин имтиҳонест, ки аз ҷониби мухлисонаш пазироӣ ва баҳо дода мешавад. Барномаи консертӣ санаи 10-уми октябр дар толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад. Албатта, дар ин консерт ӯро Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ки яке аз наздиктарин устодонаш мебошад, ҳамроҳӣ менамояд ва барои инкишофи минбаъда дасти дуо медиҳад.

Ҳасан Нурматзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here