Ба тахмин, солҳои 80 — 90 – уми асри гузашта дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ симои як дуторнавоз бештару бештар пеши назар ҷилвагар буд ва аксар ӯро аршади дуторнавозони кишвар мешумурданд. Он мутриби варзида Ҳотам Пӯлодов аст, ки дар ҳайати дастаи «Шашмақом» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ҳунар менамуд. Ба пиндори ҳаводорон низ, ӯ ягонаи даврони дуторнавозон маҳсуб меёфт. Зеро ҳунари волову симои ёдмонаш, бо ҳамон тоқии чоргул, ба лавҳи хотир сахт нақш баста буд. Ҳарчанд гоҳу ногаҳ симои тозаи ягон дуторнавоз аз телевизион падид меомад, аммо он ба зудӣ фаромӯш мегашт…

Вале, сар аз соли 2002, маҷрои ҳунар тағйир хӯрд. Шукронаи насими истиқлоли мушкбез, чандин соли охир бо эҳёи дастаҳои зиёди шашмақомхонҳо дар саросари мамлакат, созмони Академияи мақом (2003), Консерваторияи  миллии ҷумҳурӣ (2004), муассисаҳои гуногуни телевизионӣ симоҳои нав ба нави дуторнавозон дар арсаи санъат падид омаданд, ки яке аз дигарӣ моҳиртар ба назар мерасид…

Аз зумраи он гулҳои худрӯй, ҳунари мутриби мумтоз, симои навосанҷи борикхаёл, ҳунарманди асил Сироҷиддин Ҷӯраев аз он миён аз ҳама бештару хубтар аст. Кунун, ин ҷониб ин хунёгарро ҳамчун мутриби ин сози қадима мумтоз мешуморад. Бори нахуст ҳаводорони санъати классикӣ ӯро 12 — уми майи соли 2002, рӯзи иди «Шашмақом», дар толори хуштарҳи хонаи Радиои тоҷик диданд. Дар он маҳфили пуршукуҳ мутриби хушадо оҳанги марғуберо ба тамошобинон пешкаш намуд, ки он нағма ва навозиши дилнишин ба ҳозирон писанд омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари мутриб — дуторнавози моҳир баҳои сазовор доданд.

Ба гуфте, фарқ байни Сироҷиддину дигар мутрибони сози дутори солҳои пешин аз замин то ба самост. Зеро то ба оғози солҳои 2000 — ум дуторнавозони тоҷик танҳо дар ҳудуди кишвар маҳбубияти хосаро касб карда буданд. Аммо Сироҷиддин Ҷӯраев чандест, ки бо дутори пардаи хеш санъати тоҷикро дар ақсои олам муаррифгар аст. Аз навозишҳои марғуби ӯ қалбҳои зиёди тамошогарон дар хурӯш аст. Кай шунида будем, ки як мутриби тоҷик кадом соле дар Донишгоҳи Гарварди Амрико ба донишҷӯёни миллатҳои гуногуни олам дарс мегӯяд? Сироҷиддин Ҷӯраеви ҷаҳонзеб имрӯз дар ақсои олам ҳунари тоҷикро ба арши олӣ бардошта…

Инак, 17 сол аст, ки ҳунар ва симои ӯ пайваста дар маъракаву саҳнаҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он ҷилвагар аст. Дар миёни муғанниён дуторнавози мумтозе арзи ҳастӣ намуд, ки ӯро метавон бе муҳобо ҷойгузини устодони забардаст шумурд.

Сироҷиддин алҳол ба ҳайси омӯзгор дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон (аз соли 2007), ҳамчунон ба сифати мутриби ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2008) фаъолият дорад…

Ин ҷониб боре нисбат ба ҳунари ин мутриби мумтоз ба танбӯрнавози шинохта Муродҷон Эшонқулов изҳори ақида кардам. Аз миён чанде нагузашта рӯзе муғаннӣ бо ҷавони миёнақади газгӯшти ситорагарме падид омад. Меҳмонро муаррифӣ намуд: Сироҷиддин Ҷӯраев. Ва ин дидор оғози ошноиҳо гашт.

Чанде қабл бо мутриби хушсалиқа суҳбати пурмуҳтавое доштем. Инак, порае аз он муколамаи ёдмонро ба дӯстдорони ҳунар пешкаш менамоем.

 

— Сироҷиддин, ҳунари мутрибӣ, меҳр ба ин сози қадимӣ, аз куҷо то ба куҷо дар қалби шумо маъво гирифта…

— Аҷабе не ирсӣ бошад, зеро қиблагоҳ гоҳу ногаҳ дар дутори бобоям зарб менавохт. Аммо аз ҳафт тан фарзандони падар ягон кас ба санъат, ба вижа ба ин сози нодир, сарукоре нагирифт. Гоҳ-гоҳ шуълаҳаке дар қалби ман намоён мешуд, аммо он ҳам ба асбоби дигар, ба аккордеон. Шояд ин аз он бошад, ки он солҳо тавассути филмҳои ҳиндӣ ин соз муд гаштаву фаровон дар дастаҳои ҳаваскорони санъат ва касбӣ истифода мешуд…

Соли 1985 рӯзе, мумкин аз ҳавою ҳавас бошад, назди падар эълон доштам, ки маро ба мактаби мусиқӣ, ба сози аккордеон супорад. Қиблагоҳи маътали ишора маро зуд ба мактаби мусиқии №1- и ноҳияи Нов (ҳозира Спитамен) бурд. Бо ҷурми хурдҷуссагӣ зӯри бардошту кашиши аккордеон накардам ва бо маслиҳати падар сози дуторро пазируфтам.

Ва аз 10 — солагӣ бо дутор ёру мунис шудед?

— Бале. Инак 34 сол мешавад, ки ин асбоби қадима ҳамрозу ҳамсафари ман аст. Бо он меболам ва онро анису ҳамдами хеш мехонам…

 

М У А Р Р И Ф Ӣ

Ҷӯраев Сироҷиддин Шарофиддинович 27.12.1975 дар шаҳраки Нов (ҳоло ноҳияи Спитамен) – и вилояти Суғд, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.

Дар мактаби миёнаи № 1 -и ба номи В.И.Ленин (1982 – 1985) таҳсил, дар мактаби мусиқии № 1 — и ноҳияи Спитамен (1985 – 1989)  навохтани  дуторро аз устод Машраф Султон омӯхт.

Чор сол дар Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд аз устод Обидхон Алиакбар нозукиҳои асбоби дуторро андӯхтааст (1989 – 1994).

Соли 1994 ба факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, дар ин ҷо аз Султоналӣ Худойбердӣ назария ва навозиши дуторро мукаммалтар аз бар мекунад. Ҳамзамон, ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ (1998 – 1999), консертмейстер ва омӯзгор буд.

Дар дастаи ҳунарии «Нури Хуҷанд» (1999 – 2003) таҳти роҳбарии устодон Боймуҳаммад Ниёзов ва Ҷӯрабек Муродов ҳамчун дуторнавоз фаъолият дошт.

Солҳои 2004 – 2007 дар Академияи мақом (ш. Душанбе) таҳти роҳбарии Абдувалӣ Абдурашидов илми шашмақомро меомӯзад. Бо ҳайати ҳунармандон дар зарфи чор сол ҳамаи қисмҳои «Наср» — и шашмақомро бо тарзи силсилавӣ омода, иҷро ва дар редаксияи нав, дар СД, сабт карданд. Ҳамчунон, онҳо силсилаи вокалии «Наср» — и мақоми «Сегоҳ» — ро омода ва сабт намуданд.

Моҳи майи соли 2007 Академияи мақомро хатм ва аз моҳи сентябри 2007 ба сифати устоди факултаи мутрибони анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.

ОЗМУНҲО: озмуни «Ганҷина» (ҷойи 1-ум, 1992, ш.Хуҷанд), озмуни байналмилалии мақомчиён (ҷойи 1-ум, 1995, Тошканд), номинант ва барандаи Ҷоизаи Гремми (2007, Амрико), озмун – форуми мақом дар Ӯзбекистон (Гран – при, 2018, Шаҳрисабз).

Бо медали «Хизмати шоиста» (2011) сарфароз гаштааст.

Оиладор, 3 фарзанд дорад: Севара, Ғиёсиддин, Равшанбек.

 

— Киро устоди нахустини хеш меҳисобед?

— Албатта, Машраф Султонро. 5 сол сабақҳои аввалини шогирдиро аз эшон гирифтаам. Аммо чӣ хел, аввал он чизе, ки устод мегуфтанду нишон медоданд, ба гуфти бачаҳо қориазёд мекардам. Дар ин миён, воқеаи аҷибе рух дод, ки онро то ҳол сармашқи зиндагии хеш медонам.

— Боис ба ёдоварист?..

— Чаро на. Онро воқеаи «нота» ном гузоштам. Аз омӯзишу таҳсилам чанд вақт сипарӣ шуду устод аз боби «нота» (адвор) пурсон шуд. Лол мондам. Қаҳри устод боло гирифт ва бо як силӣ ҳуҷайраи адвори майнаамро « бедор» кард. Нақши он дарс дар намои ман акс ёфт ва маъюс ба хона баргашта, ба падар арз бурдам. Бо ҳам ба мактаб омадем. Қиблагоҳ асли воқеаро фаҳмида, ором ба муаллим гуфтанд: «Гӯшту пӯсташ аз шумову устухонаш аз ман…».

— Бо «бедор» шудани ҳуҷайраи адвор давомот дар мактаби мусиқӣ ба чӣ анҷомид?

— (Механдад). Таҳсил хуб ҷараён гирифт. Мактабро нағз ба итмом расондам. Ҳамон сол ба бахши  мақомхонони омӯзишгоҳи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳр Хуҷанд шомил шудам. Таҳсил дар ин боргоҳи ҳунар мароми тоза гирифт. Ҳангоми дар курси сеюм хондан, дар озмуни мутрибони байни омӯзишгоҳ ҷои 1- умро сазовор шудам. Ин пирӯзӣ, албатта, аз хидмат ва меҳрубонии устод Обидхон Алиакбар шаҳодат медод.

Соли 1994 омӯзишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда, таҳсилро дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома бахшидам…

— Ҷараёни озмуне, ки аз лавҳи хотиратон зудуда намегардад?

— Моҳи майи соли 1995, соли дувуми донишҷӯӣ, масъулони донишгоҳ ширкати бандаро дар озмун – фестивали байналмилалии мақомчиён (мутрибон), дар шаҳри Тошканд лоиқ донистанд.

Дар он фестивал 50 – 60 мутриб қувва меозмуданд. Аз рӯи қуръапартоӣ навбати 10 – ум ба ман расид. Озмун дар се тур (давр), ҳар навбат бо навозиши се оҳанг муқаррар шуд. Ба ду навбат омодагии хуб доштам, аммо дар фикру хаёли мо (бо устодон) навбати сеюм набуд. Аз ин рӯ, баъди гузаштани ду тур ҳама дар такопӯ афтодем…

— Ҳайати раёсати он озмуни воломақомро дар хотир доред?

— Бале. Дар раёсат пешаварони номии Ӯзбекистон, устодон Файзулло Кароматов  (мусиқишинос, устоди танбӯр), Фаттоҳхон Мамадалиев (овозхони хушадо), Турғун Алиматов (навозандаи мумтози дутор, танбӯр, сато) ҳузур доштаанд.

— Дар ин сафар кӣ шуморо ҳамроҳӣ мекард?

— Устодони ҳирфаӣ Султоналӣ Худойбердӣ, Сайдуллои Убайдулло ва  Баёт Ҳамроҳқул…

— Омодагӣ ба навбати сеюм чӣ сон ҷараён гирифт?

— Ҳама дар таҳлука мондем. Дар дили як шаб аз устодон тамрин гирифтам. Бо тавсияи омӯзгорон, аз рӯи шарти озмуни бахши сеюм, «Сарахбори наво» — ро бо таронаҳояш ба низом овардем. Дар интиҳо байни мутрибон ҷойи 1- умро сазовор шуда, бо дипломи «дараҷаи якум» ва туҳфа – соати деворӣ ба ватан баргаштем.

— Дар ин озмун киҳо аз Тоҷикистон ширкат доштанд?

— Аз ҳамватанон дар бахши овозхонӣ мақоми дувумро Нодира Пирматова (аз шаҳри Исфара) шарафёб гашт. Нодира алҳол дар Донишкадаи маданияти Ӯзбекистон омӯзгор аст…

— Кай бо устод Абдувалӣ Абдурашид ошно шудед?

— Соли 1994 эшон тӯли чанд муддат дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба мо дарс гуфта буданд. Муаллим аз ҳамон давра аз ҳунари банда огаҳӣ доштанд.

— Бори аввал кай дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ кардед?

— 12 майи соли 2002 дар хонаи Радиои пойтахт консерти шашмақом доир шуд. Дар ин маъракаи бонуфуз якканавозӣ кардам. Навозиш ба ҳозирин мақбул афтод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари банда баҳои сазоворро лоиқ донистанд. Дар фароварди сухан Пешвои миллат гуфтанд: «Сироҷиддин, ҷойи ту Душанбе аст, ба пойтахт биё…». Ва ман беистилоҳа аз Хуҷанд сӯи шаҳри дилорои Душанбе ба парвоз омадам.

— Озмуни таъсисёбии Академияи мақом кай доир шуд ва чанд нафар донишёр ба гуруҳи аввал шомил гашт?

— Моҳҳои январ — феврали соли 2002 дар шаҳри Хуҷанд озмун доир гашт. Ниҳоят, устод Абдувалӣ Абдурашидов, баъди аз ғирбол гузарондани довталабон, 5 нафарро ба шогирдӣ пазируфт: Сироҷиддин Ҷӯраев (дутор), Камолиддин Ҳамдамов (танбӯр, овозхон), Зумрад Самиҷонова (овозхон), Насиба Амонбоева (овозхон), Хуршед Иброҳимов (танбӯр, овозхон). Дар шаҳри Душанбе се ҳунарманд: Ҷамшед Эргашев (овозхон, танбӯр, дойра), Озода Ашӯрова (овозхон) ва Тоҳирҷон Ҷӯраев (овозхон, танбӯр) ба гуруҳи асосӣ пайвастанд.

— Академияи мақом чӣ гуна муассисаест ва аз ҳисоби кадом ташкилот парасторӣ мешавад?

— Академияи мақом соли 2003 аз ҳисоби гранти Граст (Фонд) – и Оғохон оид ба фарҳанг созмон ёфтааст. Асосгузор ва сарвари Академияи мақом Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов мебошад…

Академияи мақом донишкадаи олии хусусӣ ва муассисаи илмӣ — тадқиқотӣ маҳсуб меёбад. Таҳсил дар академия чор сол аст. Боис ба ёдоварист, ки консерти нахустини толибилмони Академияи мақом соли 2004 баргузор гардида буд.

— То ба Академияи мақом омадан, шумо, ба қавле, се мактаби мусиқиро хатм намудед. Фарқи онҳо аз куҷо то ба куҷост?

— Ҳама он ҳунар ва саводе, ки дар он се мактаб омӯхта будам, ба назарам то андозае нотамом буд. Дар академия дониши мусиқиро ҳаматарафа, амиқтар аз бар намудам ва то ба дараҷаи касбият расидам. Дар ин боргоҳ илми шашмақомро бо ҳама паҳлуҳояш ёд гирифтам. Аз устод пардаҳои шашмақом, вазни шеър, нозукиҳои сози танбӯр, саторо омӯхтам…

— Ба қавле, чор соли ҳаётатон дар академия бар ҳадар нарафт?..

— Оре, дуруст зикр намудед. Ба ҷуз омӯзиши паҳлуҳои шашмақом дар ҳамдастӣ ва роҳбарии устод Абдувалӣ Абдурашид:

а) қисмати «наср» — и шашмақомро ба шакли силсила иҷро ва сабт намудем.

б) шуъбаи 2 — юми «наср»: «савт», «муғулча» — ро таҳқиқкорона омӯхта, онро то ҳол идома дода истодаем.

в) 12 навъи асарҳои силсилавӣ дар шуъбаи дувуми шашмақомро эҷод намудем.

— Соли 2007 шумо Академияи мақомро поён бурдед. Ба гуфте, паррончак шудед. Аз шарикони шумо кӣ то ба куҷоҳо парвоз кард?

— Хуршед Иброҳимов дар мактаби шашмақоми назди Академия гуруҳи худро созмон дод. Ҳамчунон, Хуршед шуруъ аз соли 2010 овозхони ансамбли «Шашмақом» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аст. Камолиддин Ҳамдамов ҳамчун овозхон дар ансамбли «Нури Хуҷанд» — и вилояти Суғд фаъолият дорад. Ҷамшед Эргашев алҳол овозхони ансамбли «Шашмақом» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мебошад. Тоҳирҷон Ҷӯраев дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба сифати сароянда шуғл меварзад. Насиба Амонбоева ба ҳайси овозхон дар Хонаи фарҳанги шаҳри Гулистони вилояти Суғд адои вазифа дорад. Озода Ашӯрова дар дастаи «Шашмақом» — и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати овозхон кор мебаранд…

— То ин дам чанд оҳангро дар дутор ба пуррагӣ аз худ кардаед?

— Зиёдтар аз 40 оҳангро пурра ва мустақилона менавозам.

— Оҳанг эҷод кардаед?

— Оре, соли 1995 шабе дар хобам як оҳангро дидам. Рӯзи дигар он оҳангро ба устод Султоналӣ Худойбердӣ пешкаш намудам. Бо маслиҳати эшон оҳанг ба низом омад. Оҳанги нахустинамро «Завқи ҷавонӣ» ном мондем. Оҳангҳои баъдӣ «Питсиката», «Навои дил», «Машқи дутор», «Меҳрнома», «Орзу», «Париваш», «Тановари Сироҷ», «Уфар бо дутор», «Уфар бо танбӯр», «Рӯъё»  ва ғайра аст…

— Шумо як оҳанги ҷаззобу дилнишинеро, ба қавле, якдаста менавозед, ки он басо форам аст. Чӣ оҳангест он ва кай шумо онро аз бар намудаед?

— Он оҳанги ширин «Қуштор» унвон дорад. Ин оҳанги халқист. Онро мутриби номии Ӯзбекистон Қузӣ Мадраҳимов такмил додааст. Бори нахустин ман «Қуштор» — ро 16 сол  қабл аз бар ва навохта будам.

— Агар хато накунам, он оҳанг бори аввал дар иҷрои шумо соли 2002 дар толори хонаи Радиои кишвар садо дода буд?

— Ёфтед…

— Дар Тоҷикистон навозандагони сози дутор зиёданд, аммо ҳунару навозиши на ҳар мутриб мақбули мову шумо буда метавонад. Аз он замоне ки худро мешиносед, аз мутрибони ин сози дилрабо, навозандагони мумтози кишвар киро мепарастед?

— Устодон Мирзоқурбон Солиев, Фазлиддин Шаҳобов, Муҳаммадҷон Муминов (руҳашон шод бод) ва муаллими худам Султоналӣ Худойбердиро меписандам.

— То ҷое огаҳӣ дорем, ҳини чаҳор соли таҳсил дар Академияи мақом сафарҳои зиёде доштед.

— Касаба маро бологузар кард ва бо ин маслаки олӣ тӯли солҳои 2004 – 2007, дар 17 давлати дунё будам, ки аз ин тақдири баланди хеш меболам. Соли 2004 – Фаронса, Англия, Италия, Нидерланд, Германия, Ҳиндустон. Соли 2005 – Эрон, Мисри Араб, Фаронса, Марокаш, Словения, Шветсия, Юнон, Англия, Испания, Қирғизистон. Соли 2006 – Ӯзбекистон (Самарқанд, Бухоро, Тошканд), Қазоқистон (Алмаато), ИМА (иёлатҳои  Ню – Йорк, Вашингтон, Техас). Соли 2007 – Фаронса (Париж), Ӯзбекистон ( Самарқанд)  — ро сайр ва дар ин мамолик  ҳунарнамоӣ кардем.

— Аз соли 2008 ин тараф чӣ?

— Октябри соли 2008 Афғонистон (Ҳирот, Кобул), моҳи марти 2009 Озарбойҷон (Боку), майи 2009 Фаронса (Париж), ноябри 2009 Италия (Рим), Фаронса (Париж), октябри 2010 Чин (Шанхай), ноябри 2010 Туркманистон (Ашқобод), апрели 2011 Испания (Сантяго – Компостелло), апрели 2011 Тоҷикистон (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Спитамен), майи 2011 Фаронса (Париж), Қазоқистон (Остона), июни 2011 Чин (Пекин, Урумчи), сентяб – октябри 2011 Миср (Асуван), ноябри 2011 Алҷазоир (Темсеи), декабри 2011 Фаронса (Париж) ва ғайра.

— Амали ёдмоне, ки анҷом додед?

— Моҳи октябри соли 2007, бори нахуст, дар студияи Алишер Солиев, дар пойтахт, 17 оҳангро (соло) дар СД сабт намудем. Нусхаҳои аввалини онро ба Олмон бурданд. Бори дувум соли 2014 дар Амрико, сутдияи Ҷо Гордон (Joe Gordon) дар дутор, танбӯр ва сато 20 оҳанг сабт намудам…

— Баъд аз он шумо сафаре хотирмон ба Амрико доштед…

— Аз 1 январ то 15 феврали соли 2014 бо даъвати профессори Донишгоҳи Гарвард Ричард Волф дар Амрико будам. Тӯли ин муддат дар шуъбаи мусиқии ин донишгоҳ ҳамчун мутриб ва мутахассиси мусиқии классикӣ ва суннатии тоҷик ба донишҷӯён дарс гуфтам…

— Шумо чӣ хел бо профессор Ричард Волф ошно шудед?

— Бо амри тақдир. Ричард Волф, қаблан, соли 2012 дар шаҳри Душанбе буд. Дар Консерватория ба эшон тӯли 6 моҳ аз асосҳои мақом ва танбӯр таълим додам. Ӯ, баъди рафтан, бо ман дар мукотиба буд…

Соли 2016 дар асоси барномаи Фулбрайт маро боз ба Гарвард даъват намуданд. Ин маротиб 4 моҳ ба донишҷӯён дарс гузаштам. Ҳамзамон, ман низ мусиқии суннатии кишвари Амрикоро якҷоя бо ҳунармандони ин жанр омӯхтам.

Дар натиҷа, дар толори Донишгоҳи Гарвард дар созҳои дутор, танбӯр ва сато (соло) консерт додам. Дар Донишгоҳи Селан Стет ҳамроҳи дойранавози машҳури Ӯзбекистон Аббос Қосимов барномаи консертӣ ва ба донишҷӯён дарси маҳорат (мастер – класс) гузарондем. Дар Донишгоҳи Индиана барномаи махсуси консертӣ (танҳо) доштам. Дар Донишгоҳи Станфурди Калифорния ҳамроҳи Аббос Қосимов консерт ва дарси маҳорат гузарондем…

— Дар торномаҳо як номери консертии дилнишине бо иштироки шумо сайр мекунад…

— Дар ҳамон сафар, соли 2016, чор нафар дар Калифорния бо пианинонавози маъруфи дунё Осам Эзлиддин, дойранавоз Аббос Қосимов, аҳли зарб Силва Гениш композитсияе омода, дар як вақт ҳам сабти овозӣ ва ҳам видеоӣ анҷом додем. Шумо ин сабтро дар интернет ва телевизиони «Сафина» тамошо кардаед…

— Ҳамаи комёбӣ, кӯшишу ғайрат, фаъолияти ҳунарӣ бе оилаи солим, бе саодати хонаводагӣ, бонуи меҳрубон ва фарзандони дӯстрӯяк ҳеҷ аст. Ба гуфти мардум, ақибгоҳи шумо дар кадом вазъ ва  шароити зисти оилавиатон чун аст?

— Соли 2001 оиладор шудам. Бо ҳамсар ва фарзандонам Севара (2003), Ғиёсиддин (2005) ва Равшанбек (2011) аҳлона умр ба сар дорем. Солҳост, ки аз хонаи падарӣ парончак шуда ба парвоз омадаам, Орзуҳо бурдам. Бо ҳидоят ва ғамхории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгрии марди асил Асадулло Раҳмон (соли 2009) соҳиби хона шудем, ки аз эшон як ҷаҳон сипосгузорам.

— Чӣ орзу доред?

— Аз пушти рисолаи номзадиям. Фатҳи қуллаҳои нав ба нави эҷодӣ ҳоло дар пешанд. Инак 12 сол мешавад, ки (аз сентябри 2007) ба сифати устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов заҳмат мекашам. Мехоҳам, ки дар ҷодаи омӯзгорӣ соҳибкасб бошам…

Ҷаҳонзеб аз пайи ҳунар дар тоз аст. Ҷузвдон бари кашу дутор сари даст аз назар пинҳон гашт. Роҳи муғаннии мумтозу маъруф Сироҷиддин Ҷӯраев рӯшан аст. Зеро ӯ худ чароғ аст.

Умари  ШЕРХОН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here