Дар Тоҷикистон парвандаи марбут ба вандализм ё “таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо”ро дар қабристони рустои Боғи Калони ноҳияи Истаравшани Суғд қатъ карданд.

Оғози моҳи март панҷ санги мазори оромгоҳи деҳаи Боғи Калон аз сӯи афроди номаълум тахриб шуд. Дар анҷоми ин амал як навраси 14-сола (бо далели ноболиғ будан, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон номи ӯро ифшо намекунем) гумонбар дониста шуд. Ориф Саъдуллоев — раиси ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан он замон изҳор дошт, ки ин наврас аз беэътиноӣ ба ин амал даст задааст: “Навраси 14-сола гӯсфандони худро барои чаро наздикии оромгоҳ бурдааст. Вақте як гӯсфандро ронданӣ мешавад, санги ба сӯйи ӯ андохта ба лавҳаи сари як гӯр мерасад ва онро мешиканад. Бо ин шева чор санги мазорро шикастааст”.

Баъди ин ҳодиса наврас мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта, пасон ба хонаашон рухсат шудааст. Волидонаш дар Русия кор мекунанд ва ӯ феълан зери муроқибати тағояш қарор дорад. Парвандаи марбут ба ҳодисаи мазкур қатъ шудааст: “Ман бо нозири минтақавӣ суҳбат кардам. Аз сабаби он ки ноболиғ аст, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуда, парвандаро қатъ карданд”.

 

Ҷиноятҳои бидуни ҷазо

Бар пояи қонунгузорӣ, тахриби қабр ва ё беэҳтиромӣ нисбат ба ҷасади фавтидаҳо ҷиноят ҳисобида мешавад. Дар моддаи 243-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — “Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо” барои муҷримон ҷарима дар ҳаҷми 16500 сомонӣ ($1747,8 ) ё маҳрумият аз озодӣ аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Ҳолатҳои вандализм дар Тоҷикистон тақрибан ҳамеша ошкорнашуда боқӣ мемонанд ва ё онро то охир пеш намебаранд.

Бино ба иттилои радиои “Озодӣ”, соли 2017 дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон тақрибан 30 санги мазорро тахриб карданд. Мақомот он замон гуфтанд, ин амалро ҷавоне анҷом дода, ки мубтало ба бемории равонӣ мебошад.

Соли 2015 афроди номаълум 30 сангу катибаҳои болои мазоре дар рустои Ревади ноҳияи Айниро шикастанд. Бо гузашти ду сол муҷримин пайдо нашуданд ва аз ин рӯ парванда қатъ гардид.

Авохири соли 2015 дар ноҳияи Фархор афроди ношинос беш аз чор ҳазор санги оромгоҳи масеҳиёнро нобуд карданд. Муҷримин ёфт нашуданд.

Афроде ҳам, ки дар оромгоҳи ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров харобкорӣ карданд, беҷазо монданд. Соли 2012 одамони номаълум санги мазор ва панҷараҳои 16 қабрро хароб карданд.

 

Иттиҳомоти машкук

Коршиносон ва сокинони маҳаллӣ бар инанд, ки харобкорӣ дар оромгоҳҳои Тоҷикистон ҷанбаи динӣ дорад. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муътақиданд, ин танҳо вандализм ва авбошӣ аст.

Дар робита ба ҳодисаи рустои Боғи Калон бештари соҳибназарон гуфтанд, ин фарзия, ки навраси 14-сола тавони хароб кардани сангҳои мазорро дорад, шубҳанок аст.

“Ӯ ҷисман як навраси майда аст ва наметавонист сангҳои мазорро хароб кунад. Он рӯз дар майдончаи варзишӣ кӯдакон аз деҳаи дигар бозӣ мекарданд. Шояд онҳо сангҳои мазорро шикаста бошанд. Агар шумо ӯро бубинед, дарк мекунед, ки нерӯи ӯ барои шикастани сангҳо басанда нест. Ҳатто додситон бо дидани вай бовар накард, ки чунин коре карда тавонад”,- гуфт Шариф Абдуллоев — равоншиноси ин наврас дар суҳбат бо CABAR.asia.

Як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ифшо шавад, иброз дошт, шояд ин кори гуруҳе аз ҷавонони ҷамоат бошад, ки нигоҳҳои тундгароёна доранд ва дар гузашта дар бетартибиҳое ҳам даст доштанд: “Чун пулис хоҳиши бо онҳо сарбасар шуданро надорад, тасмим гирифта, тамоми гуноҳро ба гардани кӯдак бор кунад. Худатон фикр кунед, ки сангҳои мазор чӣ қадар ғафсу вазнин ҳастанд ва барои шикастани онҳо путк ё дигар асбоби калон лозим аст. Бо як санг намешавад онро хароб кард, махсусан агар онро як кӯдаки 14-сола партоб карда бошад. Барои сар назадани ҷанҷол, пулис ба он бачаҳо даст намезанад ва гуноҳро ба ноболиғе бор кард, ки мешавад ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд”.

Ба гуфтаи корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Мулломухтор Муллоев, пушти вандализм дар Тоҷикистон метавонанд равияҳои диние истода бошанд, ки санги мазорро бутпарастӣ мепиндоранд.

— Насли ҷавонон чунин андеша дорад, ки дар Ислом гузоштани санг рӯи гӯрҳо мумкин нест ва ин амали ғайриисломӣ аст. Онҳое, ки сангҳои мазорро хароб мекунанд, фикр доранд, кори дурусте анҷом медиҳанд. Кӯдакон намедонанд, ки қабр ё оромгоҳ чӣ аст. Фикр мекунам, пушти ин кор онҳое истодаанд, ки мехоҳанд нақшаҳои худро бо дасти дигарон амалӣ созанд,- таъкид намуд Муллоев.

Ба гуфтаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои кишвар таҳким бахшида шаванд. “Бояд барои хонанда ва омӯзгорони мактабҳо, намояндагони мақомоти минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳарчи бештар давраҳои омӯзишӣ баргузор кард. Ҳарчанд онҳо дар ин бахш кор мекунанд, аммо ҳолатҳои пинҳон кадани маълумот дар бораи ҷиноятҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо бештар карда шавад”,- илова намуд Муллоев.

 

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

Добавить комментарий