Дар замони муосир таъмини бехатарии иттилоотӣ барои ҳар як мамлакат ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Тоҷикистон чун дигар давлатҳои ИДМ ва дигар мамолики сайёра дар соҳаи амнияти иттилоотӣ сиёсати хешро дорад.

Кишвари тозаистиқлоли мо пеш аз ҳама мутобиқ ба манфиатҳои миллии худ, консепсияи амнияти иттилоотии ҷумҳуриро таҳия намудааст. Чунки дар ҳифзи рушди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, омили асосӣ — ин амнияти иттилоотист ва дар ин ҷараён васоити ахбори омма (ВАО) нақши бузургро дорост. Ин омил бешубҳа, ҷабҳаҳои мусбати суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки тӯли солҳои охир Тоҷикистон низ дар раванди ҷангҳои иттилоотӣ таъсири амиқ эҳсос намуда истодааст ва ин раванд дар кишвари мо низ вусъат пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки нисбати амнияти иттилоотии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Неруҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода намуда, маълумоти харобсоз ва нобоваронаро паҳн менамоянд. ВАО-и электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро бомуваффақият фаро мегирад. Аз ин нуқтаи назар, ҷаҳонишавии ВАО ва рушди технологияи нави электронӣ (интернет) имрӯз аз тарафи ВАО-и хориҷа масъалаи экспансияи фазои иттилоотии ҷумҳуриро тавлид сохтааст.

Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷа ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид намояд. Бояд таъкид намуд, ки зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ ҳолати ҳифзшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад.

Гузашта аз ин, интернет дар кишвари мо на ба ҳама дастрас аст ва доираи васеи хонандагонро соҳиб нест. Вале дар ҳолати бар зидди Тоҷикистон истифода гардидани «яроқи зӯр» — телевизион ва радио таъмини амнияти иттилоотӣ бешак масъалаи марказӣ хоҳад шуд. Дар доираи илмҳои сиёсӣ мафҳумҳои «гегемонизми иттилоотӣ», «таъсири иттилоотӣ», «ҷанги иттилоотӣ» васеъ истифода мешавад ва пайдоиши ин вожаҳо низ бо чунин равандҳо алоқамандӣ дорад.

Баҳри таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва дифоъ аз экспансияи иттилоотии кишварҳои хориҷа чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама бояд ба рушди ВАО-и ҷумҳурӣ мусоидат кард ва фазои холии иттилоотии саросари кишварро пурра намуд. Вақти он расидааст, ки ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳу маблағгузории давлатию хусусиро боз ҳам ташаккул дод.

Солҳои охир аксар мамлакатҳои дунё кӯшиши сохтани ҷомеаи глобалии иттилоотиро доранд. Лекин рушди иттилоотикунонӣ дар баъзе кишварҳо бинобар як қатор омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва техникӣ боздошта шудааст. Кишварҳои дараҷаи гуногуни тараққиётдошта ба рушди интернет муносибати хоса менамоянд. Дар Тоҷикистон, ки кишвари рӯ ба рушд аст, вазъи инкишофи интернет дар зинаи аввал қарор дорад. Мардуми тоҷик ҳоло ҳам фарҳанги истифодаи интернетро ба таври дуруст дарк накардаанд. Бархе аз коршиносон бар он ақидаанд, ки дар сайтҳои мазкур даъватҳои оҳанги миллатгароӣ ва бадбинии нажодӣ, манипулятсияи иттилоотӣ, поймоли ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони алоҳида ҷой доранд, ки баъзеи онҳо сарчашмаи таҳдид ба амнияти иттилоотии кишвари мо мебошанд.

Мавҷуд набудани қонун дар бораи танзими фаъолияти интернет дар Тоҷикистон низ яке аз омили тараққиёти сусти ин соҳаи коммуникатсияи оммавӣ мешавад. Дар партави фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба консепсияи бехатарии иттилоотӣ» баҳри таъмину пур намудани фазои холии иттилоотии кишвар ҷустани чораҳо ба мақсад мувофиқ аст. Аввалин Форуми матбуоти форсизабон ба ташаккул ва рушди фазои ягонаи иттилоотии халқҳое, ки дар доираи забони форсу тоҷик муошират менамоянд, мусоидат менамояд. Иштирокчиёни Форум пешниҳоди ташкили телевизиони форсизабонро карданд, ки фазои иттилоотии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро фаро гирад ва он метавонад кафилу гарави таъмини бехатарии иттилоотӣ бошад. Тавассути ҳавзаи иттилоотии Русия барои мо на танҳо дарҳои Русия, балки Ғарб ҳам кушода мегардад. Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба ҳавзаи иттилоотии форсӣ ворид гардем. Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар ин, поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан вазифаи аввалиндараҷаи ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии тамаддуни иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рӯзноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад. Тамоюли  вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компутерӣ ва ғайра мебошад.

Ҳоло мо дар як шароити ҳассосу тағйирёбанда қарор дорем, ки ҳамарӯза воқеаҳои сиёсӣ ба худ тобиши нав пайдо менамоянд. Ва ҳар як кишвар кӯшиш дорад, ки дар ин вазъият бо тамоми қувваи зеҳниву иқтидори иқтисодияш баҳри ҳимояи амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, таъмини бехатарии миллӣ, таъмини озуқавории миллӣ, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини саломатии мардум, таъмини беҳбудии ҳаёти солими мардум ва амсоли инҳо ҷидду талош намояд.

Аз ҳама муҳим, агар дар ҷомеа, дар давлат таъмини суботи сиёсӣ ҷой надошта бошад, дигар манфиатҳои зикргардида ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона дур мебошад. Дар солҳои наздик ҳамон ҷомеа ба муваффақияту тараққиёт ноил мегардад, ки фазои ҷомеа ва вазъи ҷомеа қобили рушд кардан бошад. Ба хотири рушди ҳар як миллату давлат ва ҷомеа таъмини амният аз ҳама масъалаи муҳим буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз ҳамин нуқтаи назар, барои пешрафту муваффақияти давлати Тоҷикистон низ таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

 

Т. АЗИМОВ,

муҳаққиқи масъалаҳои сиёсӣ

Добавить комментарий