— Беш аз як моҳ боз шавҳарам дар боздоштгоҳ асту ман бо чор фарзанди ноболиғ дар кӯчаи сарсонӣ. Оқибати ин ҳама бесарусомонии мо ҳамагӣ як “флеш” аст, ки ба сари мову оилаамон тамоми балоҳоро овард. 13 сол бо шавҳарам зиндагии осоишта доштему аз меҳнати ҳалол нон мехӯрдем. Аммо наздики ду моҳ боз тамоми бори зиндагӣ бар дӯши худам бор аст. Се фарзанди мактабхон дораму як кӯдаки боғчарав, вале ҳама дар хона танҳоянд, зеро ман аз пайи пайдо намудани қутти лоямути онҳо ҳастаму падарашон дар СИЗО,- бо ашку нола нақл мекунад Таҳмина Холматова.

Ин зан сокини шаҳраки Палос, ҷамоати деҳоти ба номи Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, шавҳараш Ҳалимбой Холматов чанде пеш аз ҷониби корманди мақомоти қудратӣ бо ҷурми пайвастан ба ҷараёни экстремистии “Салафия” дастгир шудаасту айни ҳол дар боздошт қарор дорад.

Ҳалимбой аз куҷо асту чикора?
Ҳалимбой Холматов соли 1981 дар оилаи деҳқон ба дунё омада, соли 1987 ба МТМУ №43-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дохил шудааст, аммо соли 1992 бинобар сабаби ноором будани вазъ дар минтақа ба шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) кӯч баста омадааст. Баъди сукунат дар шаҳри Бӯстон ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №11 дохил шуда, соли 1998 онро хатм кардааст.
Холматов дар баёноташ сабабгори ҳама сарсониҳо ва аз таҳсили олӣ дур монданашро аз модарандараш вобаста навиштааст:
— Аз сабаби он, ки дар дасти моиндар зиндагӣ доштам, бо вуҷуди орзуи дар донишгоҳ дохил шуданро доштан, аз таҳсили илм дур монда, ба корҳои саҳроӣ рӯ оварда будам. Аз соли 1998 то соли 2002 пурра ба корҳои хоҷагӣ машғул будам. Зеро ҳар шабу рӯз модарандарам таъна мезад, ки «ту, бача, калон шудӣ ва то ҳол нонатро худат ёфта намехӯрӣ, ту як тайёрхӯр ҳастӣ…». Аз ин рӯ, бо тамоми қувва аз саҳар то шаб новобаста аз вазъи ҳаво кор карда, бо арақи ҷабин як бурида нон меёфтам. Дидам, ки бо нони деҳқонӣ зиндагӣ пеш бурдан мушкил, маҷбур шудам рӯ ба муҳоҷират орам. 6 соли умрам пурра дар муҳоҷират гузашт ва азм кардам, ки минбаъд ҳунари сохтмончигиро омӯхта, дар ватан ба устоӣ машғул мешавам ва рӯзамро мегузаронам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Аз соли 2008 ҳам ба устоӣ машғул будаму ҳам дар беморхонаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳайси «хлорчик» кор мекардам. Аммо…

Бо мудири амбор дӯстӣ карду фикру зиндагиаш вайрон шуд
Аммо дӯстӣ ва ошноӣ бо нафарони ақидаи вайрони динӣ дошта зиндагии осоиштаи Ҳалимбойро ба самти манфӣ дигаргун сохт. Дар мардуми мо мақоле ҳаст, ки “об ҷару ҷӯйро вайрон мекунаду одам одамро”. Дар вайрон шудани роҳи зиндагии Ҳалимбой ҳам интихоби хатои дӯст сабаб шудааст. Бино ба гуфти масъулин (то дами эълон гардидани ҳукми суд аз ному насаби масъулин худдорӣ мекунем), Ҳалимбой Холматов бо Лутфулло Раҳматов ном шаҳрванд, ки собиқ мудири амбори ҶДММ “Коорект”-и шаҳри Бӯстон ва дар як вақт яке аз фаъолони ҷараёни “Салафия” ба шумор меравад, дӯстӣ карда, дар як муддати кӯтоҳ ақидаҳои динии худро тағйир додааст. Аз Раҳматов адабиёти салафиро гирифта, аввал худ ба ҷараёни мазкур мепайвандад, баъдан бо хоҳиш ва маҷбуриятҳои Лутфуллоҳ Раҳматов, яъне собиқ мудири амбори ҶДММ “Коорект”-и шаҳри Бӯстон ба тарғиби адабиёти салафӣ машғул мешавад. Флеше, ки ба гуфти ҳамсари Ҳалимбой ба сари оилаи ӯ балои зиёдро овардааст, маҳз моли Лутфуллоҳ буда, дар дохили он аудио, видео ва матнҳои салафигӣ ҷойгир будааст.
Айни ҳол нисбати Ҳалимбой Холматов бо моддаи 307 (даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Сатрбанду намозхон набудам, аммо…
Рӯзе, ки бо ҳамсари Холматов — Таҳмина суҳбат доштам, ӯ дар бар куртаи дароз ва дар сар сатр дошт. Фикр кардам, ки шояд шавҳараш ӯро барои бастани сатр маҷбур карда бошад. Вақте сабаб ва аз кай сатрбанду намозхон шуданашро пурсидам, ҷавоб дод:
— Аз давраи духтариям орзу доштам, ки намозхон ва сатрбанд бошам. Вале ин орзуи ман пас аз панҷ соли оиладорӣ амалӣ шуд. Шояд ҳама фикр кунанд, ки шавҳарам маро маҷбур кардааст, то намозхону сатрбанд шавам, аммо ин тавр нест. Ҳатто дар замони духтариям чанд бор кӯшиш кардам, вале модару падарам «кайе шавҳар кунӣ, сатр мебандӣ ва намозҳоятро мехонӣ» мегуфтанд. Аз замони оиладорӣ то имрӯз хеле аз як иҷора ба иҷораи дигар кӯч баста, сарсон шудем. Охираш ба ҳамин ҳавлиҳои нимбуру валангор кӯч баста омадем. Шавҳарам, ки худашон усто буданд, кам-кам ҳавлӣ ва хонаву дарамонро обод карда истода буданд. Ҳатто дар моҳи мубораки Рамазон бо даҳони баста ҳавлиҳоро ҳамвор ва семент карда буданд. «Фалокат аз зери пой сар мезанад» гуфтагӣ барин, якбора балои ногаҳонӣ дари кулбаи нимбуди моро кӯфт, ҳама сарсону ҳайрон мондем. Ҳоло истироҳат асту каме хотирам ҷамъ, тарс аз он дорам, ки баъди оғози таҳсил фарзандонам зери таънаи ҳамсинфони худ намонанд.

Муҳаммадҷон: То падарам наояд, ба мактаб намеравам
Рӯзе, ки барои суҳбат ба хонаи Холматов рафтем, рӯи ҳавлӣ чор кӯдак ин сӯву он сӯ мегаштанд, аниқтараш мисоли чизеро гум карда ҳама парешон менамуданд. Ҳар чаҳор аз ҳамдигар боодоб ва зебову дидадаро, вале ҳайҳот, ки падари онҳо дар симои фарзандонаш ғам, яъсу ноумедиро ҷилвагар кардааст. Ҳатто фарзандон чунон дилтанг шудаанд, ки номашонро пурсӣ, чашмонашон пур аз ашк мешавад.
Фарзанди кенҷагии ин хонадон Муҳаммадҷон ном дошта, ҳамагӣ чор сол дорад. Вале аллакай ғами зиндагиро чашидааст ва ба гуфти модараш, “аз калонҳо ҳам боақлтар аст”. Аз Муҳаммадҷон пурсидем, ки падарашро дӯст медорад ё модарашро? Ба забони ширини кӯдакӣ гуфт: «Падарамро нағз мебинам. Пешашон рафтем, аммо модарам маро нагузошт, ки дар пеши дадоҷонам истам, маро гирифта ба хона овард. Ин даъфа дидан равем пеши падарам меистам, чунки он касро сахт-сахт ёд мекунам ва ҳар шаб хоб мебинам. То падарам наоянд, ба мактаб ҳам, ба боғча ҳам намеравам. Чунки ҳамаи ҷӯраҳоямро падарашон бозор ва боғча мебаранд, маро ҳам падарам баранд, модарам не…».
Ин суханҳои кӯдаконаи саропо дарди Муҳаммадҷони 4-сола аст, ки ғурбати ба сари фарзандон овардаи падар хандаи софу беғаши кӯдаконаи Муҳаммадҷон ва апаҳову бародари ӯро кушта, ба ҷои хандаи лаб ашки чашмро дар он хонадон ҳукмфармо кардааст.

Мӯсозода: Манфиатҷӯён аз дин сӯйистифода мекунанд
Дини Ислом дини иззату эҳтиром, дини сулҳу бародарӣ, дини эҳтироми дигар адён ва хусусан дини насиҳат, одобу ахлоқ ва меҳру муҳаббат мебошад. Баъзан аз номи дин ашхоси алоҳида, аҳзоби динӣ, гуруҳҳо ё ҷараёнҳои динӣ барои манфиати шахсӣ, ҳизбӣ ё гуруҳии худ сӯйистифода мекунанд. Дини мубини ислом ба экстремизм ва терроризм ҳеҷ гуна алоқамандие надорад.
Маънои калимаи экстремизм бо як сухан маънои «моҷаро»-ро дорад ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯӣ низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстремизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гуруҳҳои маълум мехоҳанд бо истифодаи ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Худ айб дар мусулмонӣ ва фаҳмиши баъзе афроди аҳли ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) аз рӯзҳои аввали нубуввати худ ва пайдоиши дини ислом уммати худро ҳамеша ба иттиҳоду якпорагӣ, тадаббуру тафаккур ва дурандешӣ даъват мекарданд ва низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки «дар дини ислом таассуб нест».
Ёдовар шудани фармудаҳои ҳазрати Пайғамбар (с.с.) бинобар он аст, ки ҳарифони дини ислом барои тезутунд кардани авзои сиёсии ин ё он мавзеъ ҳамеша моҷароро бо истифода аз таассуби динӣ ривоҷ медиҳанд. Яъне, ин ҷо экстремизм ва таассуби динӣ хеле ҳиллакорона истифода бурда мешавад.

2 моҳ пеш низ 4 нафар салафӣ ба “курсии айбдорӣ” нишаста буданд
Дастгир шудани Холматов дар соли ҷорӣ ҳодисаи аввалин набуда, қаблан низ, аниқтараш 12-уми май чаҳор сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия” дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.
Мақомоти додгоҳи вилояти Суғд мегӯянд, аз соли гузашта то ба ҳол даҳҳо парванда бо иттиҳоми иштирок дар фаъолияти ҳизбу созмон ва иттиҳодияҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, вале ҳеҷ яке аз айбдоршудаҳо сафед ва аз толор раҳо карда нашудаанд. Дар ҳоле, ки бархе аз боздоштшудаҳо иттиҳоми алайҳи худро бепоя номида, гуфтаанд, ҳатто бо хати арабиву ақидаи “Салафия” ошно нестанд.
«Салафия» ҷараёни тозапайдои ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо “Ваҳҳобия” тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни «Салафия»-ро дар қаламрави кишвар мамнуъ ва дар пай, соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард. Мубориза алайҳи пайравони «Салафия» соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситонии кулли Тоҷикистон таъкид кард, аксари беш аз ҳазор тоҷик асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Вале ҳар кадоме баъди “кор аз кор гузаштан”, яъне паси панҷара нишастан иқрор мешаванд, ки хато кардаанду воқеан донишу саводи динӣ надоранд.
Ба ибораи дигар, метавон гуфт:
— Ноогоҳии динӣ “забт”-и асосии тафаккур аст, ки имрӯз садҳо оила чун оилаи Холматов аз дасти он дар кӯи сарсонӣ мондаву кӯдаконашон дар пеши ҳамсолони худ, ҳамсинфон ва ҳамсоягон мазлуму паршикастаанд…

Фарзона МУРОДӢ,
Хуҷанд — Б. Ғафуров – Хуҷанд

Ин мавод дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here