Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳу созмонҳои ифротгаро яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро таъсири идеологияи экстремистӣ то ҳол бо роҳу воситаҳои гуногун ҷавононро ба коми худ афканда, боиси хатару нооромиҳо гардида, ба ваҳдату амнияти кишварҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд.

Бояд қайд намуд, ки кӯшиши тамоми ҷомеа аз сиёсати ваҳдатҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди чунин гуруҳҳои экстремистиву террористӣ сарчашма мегирад. Ҳамзамон, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлатамон таъкид намуданд, ки «терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон гардидааст. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Хотирнишон бояд кард, ки масъалаи терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ дар замони имрӯз яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Дар кишвари мо низ барои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба чунин созмонҳои ифротӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Хусусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи як қатор қонунҳо, масалан «Мубориза бар зидди терроризм» ва «Мубориза бар зидди экстремизм» ҳамчун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мавриди истифода қарор дода шудааст.

Амалҳои радикалӣ, бахусус экстремистӣ боиси cap задани амалҳои дигари номатлуб, аз қабили тафриқаандозӣ, маҳалчигию бадбинӣ миёни мардуми мусалмон гардид. Чунки экстремизми динӣ, қатъиян эътироф накардани ғояҳои динӣ ва муносибати манфӣ доштан ба пайравони мазҳаби бегона ба кӯшиши решакану бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар оварда мерасонад.

Ишора намудан бамаврид аст, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба ин равияҳои манфӣ сатҳи пасти маърифати диниву дунявӣ, қадрдонӣ накардани арзишҳои сиёсии истиқлолият, ваҳдат, ҳимояи ватан ва дигар арзишҳо ба шумор меравад. Суръати ин раванд, ҳамзамон аз сатҳи баланди бекорӣ, пастии вазъи иҷтимоӣ ва шароитҳои зиндагӣ ба инкишофи ин равияҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Пӯшида нест, ки ҳаракату ҷараёнҳои экстримистӣ, ки фаъолияти онҳо дар мамлакат мамнуъ мебошад, то ба имрӯз талоши ба ҷавонон дарафтодану ба доми худ афканданро намудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавононе пайравӣ мекунанд, ки на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ бехабаранд, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ бенасиб мондаанд.

Тавре маълум аст, пешравии кишвар на танҳо аз натиҷаҳои бузурги иқтисодӣ, балки аз пояҳои фарҳангиву маънавии миллат низ вобастагӣ дорад. Таърихан яке аз арзишҳои суннатии мардуми мо фарҳанги динӣ аст, ки дар заминаи таъриху миллат ва унсурҳои ислом ба ҳам наздик гардида, ҷомеаи моро чузъи тамаддуни исломӣ мегардонад. Дар ин асно, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва динӣ яке аз масоили муҳим ба шумор меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз мустаҳкам намудани меъёрҳои ватандӯстӣ нигоҳдори суботи ҷомеаамон буда метавонад. Зеро меъёрҳои ватандӯстӣ бунёди сохтори иҷтимоии кишвар буда, асосҳои маънавии он аз ахлоқ ва шуури сиёсии ҷавонон сарчашма мегирад. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, хислатҳои неки инсониву соҳибилмӣ ва худогоҳу ватандӯст шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва қонунҳои демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми  ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳанд.

Чи тавре қайд намудем, зуҳуроти ифротгароӣ бо асли дини мубини ислом бегона мебошад. Мутаассифона, бархе ашхос ва гуруҳҳои сиёсӣ зери ниқоби ис­лом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷавононро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят менамоянд.

Хатари ҷиддие, ки ба раванди муттаҳидию худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар Тоҷикистон монеа эҷод намудааст, густариши фаъолияти пинҳонии экстремистии салафия мебошад. Намояндагони ин равияҳои экстремист баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои нопок ва ҷалби ҷавонон аз тамоми воситаҳо истифода мекунанду ҷавонони камсаводи моро ба худ ҷалб месозанд. Фаъолияти густурдаи ҷараёни «Салафия» низ ба пояи ваҳдати мазҳабии кишвар зарба зада, ақоиди иртиҷоиро дар мафкураи ҷавонон паҳн месозад. Ба ҳамин сабаб, Суди Олии Тоҷикистон 8-уми январи соли 2009 равияи «Салафия»-ро ба рӯйхати гуруҳҳои динии ифротии фаъолияташон мамнуъ дар кишвар ворид намуд.

Баҳри баланд бардоштани шуури динии ҷавонон, бо ҳидоятҳои падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси “Қуръон” ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ба ҷои мутолиаи ин китобҳо рӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ оварда, ба ваъдаҳои гуруҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна бовар карда, шомили онҳо мегарданд. Ин, албатта, сулҳу суботи ҷомеаи кишварамонро халалдор месозад.

Аз ин рӯ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худшиносу худогоҳ буда, танҳо бо ҳамин роҳ метавонем Ватанамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

 

Зиёрат КИРОМЗОДА, муҳаққиқ

Гулмоҳ ҚОДИРОВА, номзади илмҳои иқтисодӣ

Добавить комментарий