Чун ҷавонони саодатмани тоҷик дар ҳама тариқ пайрави Пешвои миллатанд, беваҷҳ нест, ки хостори маъноии матлаби мо аз гуфтори ибратомӯзи Сарвари давлат маншаъ гирад, ки гуфтаанд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвари мо бар зидди терроризму ифротгароӣ ҳамеша муборизаи беамон бурда, ҷомеаи моро аз ин хатар эмин нигоҳ доштааст. Пешвои миллат аҳли кишвар, бавежа аҳли зиёро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, минҷумла оромию субот ва истиқлолу хештаншиносӣ масъул ва вазифадор шуморида, дар мулоқоти худ ба онҳо таъкид доштаанд, ки дар баробари тарғиби ғояҳои худшиносӣ моҳияти терроризм ва ифротгароиро ба ҷомеа, бахусус барои ҷавонон аз ҳар ҷониб тафсир намоянд.

Тавре гуфтаанд:

Ободии бутхона зи вайронии мост,

Ҷамъияти куфр аз парешонии мост.

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Ба ин ё он дину оин мансуб донистани терроризм ва ё ифротгароӣ заминаи таърихӣ надорад, зеро ин ду падидаи номатлуб пеш аз ба вуҷуд омадани дин ҳамчун тафаккури эътиқодии омма вуҷуд доштанд. Маҳз фаҳмиши нодуруст имрӯз боис шуда, ки як зумра ҷавонони мо фирефтаи ғояҳои бегонапарасӣ гардида, ободкорирҳои рӯзафзуни кишварамонро нодида мегиранд. Дарвоқеъ, нақши аҳли зиё имрӯз бениҳоят муҳим буда, бояд ҳамеша муттакои ҷавонон ва раҳомӯзу раҳбалади онҳо ба роҳи нек бошанд.

Маҳкуми терроризм ва ифротгароӣ як паҳлуи масъала, аз ҷониби мутахассисон ва аҳли зиё бо тамоми нозукӣ тафсир кардани оқибатҳои он масъалаи дигар аст, ки хушбахтона, ин кор дар солҳои охир хуб ба роҳ монда шудааст. Аммо, ба андешаи мо, таълими андешаи солим ва тафсири муҳтавои терроризм ва ифротгароӣ бояд аз мактабҳои таҳсилоти миёна ба таври бояду шояд шуруъ шавад. Маҳз ба роҳ мондани ин масъала яке аз омилҳои мубориза бо гаравиши ҷавонон ба самти терроризм ва ифтрогароӣ хоҳад буд.

Хушбахтона, имрӯз маҳз таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати рушди ҷавонон ва ҳимояи ин гуруҳи ҷамъиятӣ аз ҳуҷумҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, ботадриҷ татбиқ шуда истодаанд. Танҳо мо — ҷавононро зарур аст, ки бо дарки масъулияти бузурги хештаншиносӣ, меҳанпарастию худогоҳӣ ба боварии Сарвари давлат, ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ ва сазовор бошем. Зиёда аз ин, дар роҳи рушди комилтари ҷомеа ба қадри имкон саҳм гузорем.

Зафарҷон ЁҚУБОВ,

сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мастчоҳ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here