Дар вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон руҳониён ва имомхатибони масоҷиди панҷвақта мисле, ки миёни ҳам мусобиқа доранд, дар корҳои ободонӣ дар шаҳру навоҳӣ саҳм мегузоранд. Сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, харидории мошини ёрии таъҷилӣ, роҳсозию обкашонии деҳоти беоб масъулияти дигари руҳониёни дар ин вилоят шудааст, ки дар аксар навоҳӣ мушоҳида мешавад.

Ин иқдомро коршиносону таҳлилгарон як амали супоришӣ аз сӯи мақомот гуфта, мавзуро ба чолиш кашидаанд, ки имомхатибон мехоҳанд бо нишон додани саҳми худ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунанд. Саҳмгузории онҳо дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик чанд соли пеш бо намоиши видеоҳо аз бадахлоқии чанд нафар бо номи мулло ба шаъни онҳо доғ овард, бастани даҳҳо масҷид дар шаҳру навоҳӣ тарси онҳоро бештар кард.

Усмоналӣ Нуров — имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар гуфт, ки аз ҳисоби худаш як мактаберо дар ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш таъмир намудааст, ки харҷаш 100 ҳазор сомонӣ (тақрибан 10,6 ҳазор доллари ИМА) гуфта мешавад. Аммо ӯ гуфт, ки масҷиди марказии шаҳри Бохтар аз ҳисоби пулҳои ҷаъмшудааш ба ятимону камбизоатон кӯмакашро мерасонад ва дар ободии шаҳр, аз ҷумла шинондани гулу дарахтон саҳм гузоштаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон низ аз иқдоми муллоҳо ва имомхатибони масоҷиди ноҳия истиқбол кард. Онҳо гуфтанд, ки дар корҳои ҷаъмиятӣ саҳмашон назаррас будааст.

Танҳо масҷидҳо дар 75 ҳазор сомонӣ (тақрибан 8 ҳазор доллар) барои мактабҳо мизу курсӣ харидорӣ намуда, боз ба миқдори 34 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4 ҳазор доллар) сохтмони ду синфхонаи иловагиро дар назар доранд.

Ҳамсуҳбати мо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуфт, ки дар назар аст аз ҳисоби имомхатибон дар ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнов саҳмгузорӣ кунанд, ки мактабе бунёд шавад. Маҳмадюнус Кабут, раиси ноҳияи Панҷ низ гуфт, ки имомхатибон дар ноҳия дар сохтмони роҳҳои вайроншуда саҳм мегузоранд.

Аз бахши дин ва танзими расму оинҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфтанд, ки иқдоми саҳмгузории руҳониёну имомхатибон ва иттиҳодияҳои динӣ дар вилоят идома дорад, омори миқдори пули сарфкарда дар дасти онҳо нест.

Тибқи маълумоти расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ки нуфузаш 4 миллион аст, 1734 масҷид ё иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунанд, ки даҳҳо масҷид ба хотири надоштани ҳуҷҷати расмӣ самти фаъолияташон дигар шудааст. Дар масҷидҳое, ки ғайрирасмӣ гуфтаанд, онҳоро ба бунгоҳои тиббӣ, идораи фарҳанг, боғчаю идораҳои ҷамоатҳо табдил додаанд.

Чанд моҳи пеш имом-хатибон дар ноҳияи Шаҳритус — 120-километрии ҷануби Душанбе аз мақомоти ноҳия дастури таъмири ҳайкали Владимир Ленин, пешвои коммунистҳоро гирифтаву онро таъмир кардаанд. Ин ҳайкал дар маркази ноҳия аз Шӯравӣ гузошта шуда, дар гармию сардӣ рангаш тира шуда ва дасташ шикаста буд. Меҳриниссо Раҷабзода гуфт, ки имомхатибон бо пули садақа ҳайкалро таъмир кардаанд.

Руҳониён Владимир Ленинро ба хотири ақидаҳои зиддинияш эътироф намекарданд ва намозгузорони коммунистро чандон хуш надоштанд, аммо иқдоми бозсозии ҳайкали доҳии пролетарҳоро коршиносон ташаббуси маҷбурӣ мегӯянд.

Як мақоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус низ тасдиқ кард, ки ба руҳониён, ки дар сандуқҳои хайрияашон пул доранд, гуфтаанд, ки ҳайкалро таъмир кунанд.

Руҳониёну имомхатибон мегӯянд, ки саҳмгузориро ба корҳои ҷамъиятӣ, аз қабили роҳсозию бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ё харидорӣ намудани мошинҳои ёрии таъҷилиро ба хотири ободонӣ анҷом медиҳанд. Ба дастури худи мақомот аст ё ташабусси худи онҳо, тасдиқ ва рад намекунанд.

Дар гузашта пули сандуқи хайрияи имомхатибон танҳо ба ятимону ниёзмандон мерафт, аммо аз гузоришҳо аз шаҳру навоҳӣ маълум мешавад, ки имомхатибон дар сохтмонҳои азиме, ки бояд аз пули буҷа сохта шаванд, саҳм мегузоранд.

Амонуллоҳи Хатлонӣ — коршинос аз Хатлон мегӯяд, ки мақомот хайрҳои руҳониён, имомхатибону иттиҳодияҳои диниро шикастааст, аммо онҳо аз ин иқдомашон метавонанд манфиат дошта бошанд. “Видеои чанд нафар, ки дар миёни мардуми минтақаи худ маъруф буданд ва онҳоро ҳамчун руҳонӣ, имомхатиб, бо лақаби эшону ҳазрат мешинохтанд, сарусадои зиёдеро ба миён овард, хусусан видеоҳое, ки амалҳои шаҳвонӣ ва навиштани оятҳо дар бадани занон шабакаҳои иҷтимоиро пурбаҳс карда буд. Мақомот аз онҳо гоҳо муллою эшон ва имомхатиб муаррифӣ мекард, ки мавқеи тамоми руҳониён поён рафт, ҳатто худи имомхатибон аз эҳтиёт кор мегирифтанд”,- мегӯяд Амонуллоҳи Хатлонӣ.

Суҳроби Сафар — коршиноси дигар аз Хатлон гуфт, ки аз иқдоми имомхатибон пуштибонӣ мекунад, вале бояд мақомот худаш ба сохтмони иншооти расмӣ, мисли мактабу бунгоҳӣ тиббӣ даст занад: “Хуб мешуд, ки онҳо мисли пеш ба оилаҳои ниёзманд, ки даромади молӣ надоранд, кӯмак кунанд. Худи иттиҳодияҳои динӣ дар гузашта ин корро мекарданд, вале ҳоло бояд ба сохтмони корхонаҳо саҳм гузоранд”.

Суҳроби Сафар мегӯяд, ки руҳониён мехоҳанд мавқеи худро дар ҷомеа бештар кунанд, чун дар чанд соли ахир онҳо назар ба даҳ соли пеш миёни мардум эътибор надоранд. Ба гуфти коршинос, руҳониён дар ҷавоби кӯмакҳо мехоҳанд, ки нуфузи худро бо сохтани мактабу бунгоҳи тиббӣ пайдо кунанд, аммо гоҳо онҳоро барои анҷоми ин корҳо супориш медиҳанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки даҳҳо масҷид ба хотири ғайрирасмӣ будан баста шуд, ки як навъи ҳушдори мақомот ба имомхатибону намозгузорон аст, аммо руҳониён бастани масҷидҳоро шарҳ намедиҳанд.

Кӯмак ба мардум, аз ҷумла сохтмони мактабҳо аз сӯи муллою имомхатибҳо дар ҳолест, ки дар соли 2014 то соли 2016 чандин нафарро, ки аз онҳо муллою эшон ва сархатибу хатиби масҷид бо тахаллусҳои гуногун муаррифӣ мекарданд, муносибати ғайриахлоқияшонро расонаӣ карданд ва ҳатто ин видеоҳо дар шабакаҳои давлатӣ пахш шуд.

Таҳлилгарони Хатлонӣ бар ин назаранд, ки ин намоиш мартабаи руҳониёнро дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон поён бурд.

Дар Хатлон 561 масҷид самти фаъолияташро дигар кардааст. Дар ин бора аз Додситонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки онҳо ғайрирасмӣ будаанд, ки ба бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва муассисаҳои фарҳангию хаётӣ табдил шудаанд. Ҳоло дар вилояти Хатлон шумораи иттиҳодияҳои динӣ 1734-то будааст.

Бо ин вуҷуд масҷиду имомхатибон дар зарабини мақомоти интизомӣ қарор доранд, ҳудуди 10 масҷидеро, ки тамос гирифтем, гуфтанд, ки бо дастури мақомот онҳо камераҳоро насб карда, рафти намозгузориро назорат мекунанд.

Чанд соли пеш дар ноҳияи Шаҳритус аз миёни намозгузорон афроди шубҳанокро боздошт карда будаанд, ки дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба расонаҳо хабар дода буданд.

 

Ин матлаб дар доираи силсилагузоришҳои CABAR.asia, ки бо ҳадафи огоҳии ҷомеа аз гуногунии фазои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд, омода шудааст. Муаллифони ин матолиб қасди тарғиби ҳеҷ дину мазҳаберо надоранд.

Добавить комментарий