Дар ҷаҳони муосир, ки дар раванди тағйироти бошиддати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ қарор дорад, баъзе аз давлатҳои алоҳида ва ё абарқудрат, инчунин шахсиятҳои ҷудогонаи манфиатҷӯ кӯшиши амалӣ намудани ниятҳои ғаразнок ва нопоки худро дар давлатҳои хурд ва ё рӯ ба инкишоф менамоянд. Яқин аст, ки чунин амал ва ё сиёсати «муваффақ» бо тарз ва роҳҳои гуногун роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад, ки ба ягон принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯ нест. Чунин сиёсатро дар аксар маврид «сиёсати духӯра» низ ном мебаранд.

Давлате, ки дар он барои шаҳрвандон тамоми шароитҳои зиндагӣ, оромиву осудаҳолӣ ва амнияту якпорчагӣ таъмин аст, дигар меъёрҳо ва арзишҳои барои миллату давлат бегона ба мақоми дуввум меафтанд. Мутаассифона, дар раванди давлатдорӣ баъзе равияву ҳизбҳое пайдо мешаванд, ки дар дил нияти нопоки тарғиби арзишҳои бегона, вайрон намудани якпорчагӣ ва амнияти давлат, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохтори конститутсиониро мепарваранд. Онҳо бо ҳар роҳу восита манфиатҳои шахсӣ ва ғаразноки худро аз манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ боло гузошта, ба ҳама гуна амалҳои ношоиставу нопок даст мезананд ва оромиву осудаҳолии мардумро барҳам мезананд. Бо қатъият иброз медорем, ки ҷойи ин гуна нафарон пушти панҷараи зиндон аст. Яке аз чунин ҳизбҳо ТЭТ ҲНИ буд, ки фаъолияти он бо далелҳои асосноку муътамад тибқи қарори суд манъ карда шуд. Оид ба ташкилоти терорристӣ ва экстремистӣ будани ҲНИ ягон ҷои баҳс нест. Зеро аз мақсаду ниятҳои пасипардагии ҲНИ ва роҳбарияти он мардум хуб огоҳ аст. Илова бар ин, аъзои ҲНИ пас аз ошкор гардидани фаъолияти ҷинояткоронаашон бо далелҳои асоснок ва қонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки яке аз онҳо М. Ҳайит мебошад.

Дар марҳилаи кунунӣ, мутаассифона, муборизаҳои иттилоотӣ аксаран хусусияти ғаразнокӣ, манфиатҷӯёна ва якҷонибаро ба худ касб кардааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе сомонаҳои интернетӣ дар ин мубориза ба манфиати гуруҳи муайян, шахси алоҳида ва ё кадом созмони ба ном «ҳуқуқи башар» хизмат мекунанд. Чунончи санаи 20-уми марти соли 2019 дар сомонаҳои www.ozodi.org ва www.akhbor.com ду маводи ҳаммазмун таҳти унвонҳои «9 созмони ҳомии ҳуқуқ хостори озодии Маҳмадалӣ Ҳайит шуданд» ва «Талаби 9 созмони ҳуқуқи инсон: Маҳмадалӣ Ҳайитро аз зиндон озод кунед» ба нашр расиданд, ки ба андешаи инҷониб, на танҳо ба воқеият наздик нестанд, балки як навъ ба вуҷуд овардани фазои нобоварӣ ва тарғиби ақидаҳои зиддидавлатӣ мебошанд. Рисолати ВАО пеш аз ҳама тарғиби иттилооту маълумоти ба воқеият наздик мебошад, на ин ки паҳн намудани итттилооте, ки оқибат ба халалдор намудани амнияти давлату миллат ва озодиву оромии мардум оварда мерасонад. Аз ин рӯ, нашри чунин маводи сӯзанда моро аз ҳарвақта бештар водор менамояд, ки ақли солими инсониро боло гузошта, худ ва миллати худро аз чунин ғаразҳои хусуматомез эмин нигоҳ дорем.

Мувофиқи маводи нашршуда созмонҳое чун Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, Freedom House, Freedom Now, Global Advocates, Human Rights Vision Foundation, Human Rights Watch, International Partnership for Human Rights ва Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ, ки номи баъзеашро хонанда шояд нахустин маротиба мешунавад, дар изҳороти худ чунин овардаанд: «Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба таври билфосила ва бидуни қайду шарт фаъоли сиёсии шадидан маризро, ки аз шиканҷа шикоят кардааст, озод кунад». Бояд қайд кард, ки созмонҳои мазкур ин изҳороти худро тавре баён кардаанд, ки хонанда фикр мекунад М. Ҳайит чанд рӯз пеш дастгир ва ҳабс шудааст. Дар изҳорот М. Ҳайит ҳамчун фаъоли сиёсӣ омадааст. Ҳол он ки М. Ҳайит тақрибан 4 сол мешавад, ки бо ҳукми суд ҷазоро адо карда истодааст ва ӯ маҳкумшуда аст, на фаъоли сиёсӣ. М. Ҳайит ҳеҷ гоҳ фаъоли сиёсӣ набуд. Ба андешаи мо имрӯз замоне расида, ки созмонҳои ба истилоҳ «ҳомии ҳуқуқ» ҳангоми истифодаи ин ибора аз рӯи масъулият кор бигиранд. Зеро фаъоли сиёсӣ нафареро мегӯянд, ки дар ҳаёти сиёсӣ на ба нафъи шахсии худ ё ғаразҳои инфиродӣ, балки ба манфиати ҷомеа ва давлату миллат кореро анҷом медиҳад. Фаъоли сиёсӣ бояд орӣ аз ҳама гуна аъмоли баду ҷиноёт бошад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе созмонҳои «ҳомии» ҳуқуқи инсон дилхоҳ нафари бо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин гунаҳгорро чун қурбонӣ нишон дода, аз ӯ «фаъоли сиёсӣ», «қурбонии сиёсӣ» ё «маҳбуси сиёсӣ» метарошанд. Ҳол он ки худи ин созмонҳои «ҳомӣ» барои беҳбудии вазъи ҳуқуқи инсон дар ягон давлати муҳтоҷ ба ин амал беғаразона хасеро болои хас нагузоштаанд.

Дар изҳорот сухан дар бораи зери шиканҷа қарор гирифтани Маҳмадалӣ Ҳайит меравад, ки буҳтоне беш нест. Ба таваҷҷуҳи «ҳомиёни ҳуқуқи инсон» мерасонем, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиканҷа ҷиноят буда, шахси мансабдор ё дигар нафари масъуле, ки нисбат ба маҳкумшуда чунин амалро раво мебинад, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад ва ба ҷазои сахти қонун гирифтор мегардад. Тамоми созмонҳои байналмилалӣ огоҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ҳолатҳои содиршавии шиканҷа тамоми чораҳоро меандешад ва бар зидди ин ҷиноят муборизаи беамон мебарад. Бо ин мақсад комиссияҳои махсуси мустақил дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳои дахлдор пайваста ҳолатҳои содиршавии шиканҷаро месанҷанд ва роҳҳои пешгирии онро тарҳрезӣ менамоянд. Оғоз гардидани якчанд парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони мансабдоре, ки дар фаъолияти худ ба шиканҷа роҳ дода буданд, далели гуфтаҳои мост, ки аз натиҷаи он тамоми созмонҳои байналмилалӣ огоҳ ҳастанд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани моддаи махсус дар бораи шиканҷа худ далели аз ҷониби кишвари мо иҷро гардидани уҳдадориҳои байналмилалӣ аст.

Дар изҳороти ин 9 созмон ҳамчунин омадааст, ки «Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои калидии байналмилалӣ бояд бо сароҳат ба озодии М. Ҳайит ва тамоми дигар маҳбусоне, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳомоти сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, даъват кунанд». Ин бахши изҳороти мазкур пурра хилофи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Созмонҳои мазкур, ки худро ҳомии ҳуқуқи инсон меҳисобанд, бояд ҳангоми фаъолият ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳтиром ба ҷо оранд. Яке аз чунин принсипҳо дахолат накардан ба корҳои дохилии давлати дигар ё вайрон накардани соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад. Бархилофи принсипи мазкур онҳо аз давлати абарқудрате чун ИМА ва иттиҳоди бонуфузе чун Иттиҳоди Аврупо даъват ба дахолат кардан ба корҳои дохилии давлати мустақил ва соҳибихтиёр мекунанд, ки аз барои кайк сӯзондани пӯстинро мемонад. Чунончи, дар маводи нашркардаи сомонаҳои зикргардида гуфтори Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Хелсинки Норвегия дар Осиёи Миёна чунин оварда шудааст: «Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд дар маҳзари ом ва якдилона ин таҳқири адолатро маҳкум кунанд. Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон башиддат бад мешавад ва Вошингтон, Брюссел ва ҷонибҳои дигар дар сурати наандешидани тадбирҳои оҷил дар масъалаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон бояд масъалаи қабули чораҳои дақиқи муҷозотиро баррасӣ кунанд». Суоле посух мехоҳад, ки чаро созмонҳои мазкур бо намояндагонашон ҳангоми ба таври оммавӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон дар давлатҳои Ироқу Шом, Либия ва ғайра лаб фурӯ баст буданд? Чаро тақдири садҳо гурезаҳо, ки бо сабаби аз ҷониби давлатҳои Аврупо иҷозати ворид шуданро нагирифтан дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шуданд, барои ин созмонҳо ягон зарра аҳамият надорад?

Созмонҳои «ҳомии» ҳуқуқи инсон бояд дарк кунанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст ва корҳои дохилии худро мустақилона анҷом медиҳад. Тоҷикистон имрӯз пурра соҳибистиқлол аст! Тобеъ ва ё муҳтоҷи ягон кишвар ва ё созмони «ҳомӣ» нест!

Кишвари мо дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки баъзе давлатҳои мутараққии олам дар ин самт чунин пешрафт надоранд. Аз қабили тасдиқи аксарияти санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсиси шуъбаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ғайра. Аммо аз чӣ бошад, ки созмонҳои «ҳомии» ҳуқуқи инсон ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд. Саволе ба миён меояд, ки кадом дастовард ё пешрафти кишвари моро дар бахши ҳуқуқи инсон ин созмонҳо хуб истиқбол кардаанд? Хеҷ якеро! Созмонҳои мазкур ҳамагӣ бо маблағгузории гурӯҳҳои муайян ва зери итоати нафарони манфиатхоҳ фаъолият менамоянд. Онҳо ба ғайр аз ҷустани камбудӣ, барангехтани адоват, фитнаандозӣ, ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ, нооромӣ ва бесубот намудани ҷомеа дигар кори неке аз дасташон намеояд. Созмонҳои «ҳомӣ» ғофил аз онанд, ки миллати тоҷик ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дорои хиради азалӣ буда, сиёҳро аз сафед фарқ менамоянд. Таҷрибаи таърихи начандон дури мо исбот намуд, ки ҳеҷ як созмони «ҳомии» ҳуқуқи инсон, ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ бегона ба ҷои мо кишвари моро обод намесозад ва ҳуқуқи шаҳрвандони моро дифоъ наменамояд. Аз ин рӯ, тақдири ватан, миллат ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар дасти худи мост.

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Саломиддини АБДУЛЛО, таҳлилгар

Добавить комментарий