Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалие фаъолият мекунанд, ки бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд. Яке аз чунин ташкилотҳо, ки аввалин шуда тӯли чанд сол боз бо ҷалби журналистон бо ин падида мубориза мебарад, Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) маҳсуб меёбад. Мо тасмим гирифтем бо яке аз намояндагони фаъоли ин ташкилоти байналмилалӣ Лола Олимова дар мавриди лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” сўҳбате дошта бошем.

 — Тавре огоҳем ташкилоти шумо баҳри пешгирии ифротишавии одамон лоиҳаи вижаеро роҳандозӣ намудааст. Лутфан, мегуфтед, ки идеяи рўи кор омадани ин лоиҳа аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шуд?

— Оид ба мавзӯи ифротгароӣ ташкилоти мо аз соли 2013 ба кор оғоз кард. Соли 2013 як лоиҳае доштем, ки он баҳри дифои ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон равона гардида буд. Он вақт мо бо журналистон кор мекардем ва оид ба ин мавзӯъ, ки чӣ гуна бояд аз меъёрҳои журналистика истифода бурд, тренингҳои омӯзишӣ гузаронида будем. Аслан, ин мавзӯъ аз соли 2012 дар тамоми ҷаҳон шиддат гирифт. Ҳамчунон, дар Тоҷикистон низ аз соли 2013 дар мавриди гаравиши ҷавонони тоҷик ба ДИИШ сарусадоҳо зиёд шуда буд. Чӣ гунае ки мо медонем, вазъият муташанниҷ гардид ва ин равиш дар кишвари мо дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳон ба як мавзӯи доғ мубаддал гардид. Аз он вақт мо корро шурӯъ карда будем. Лоиҳаи наверо, ки “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” ном дорад, аз соли 2016 оғоз кардем, ки ба наздикӣ ҷамъбаст мегардад. Дар доираи ин лоиҳа мо натанҳо бо журналистон, балки бо се табақаи ҷомеа ҳамкории зич дорем. Лоиҳаи мазкур каме ҳам бошад, ба манфиати ҷомеа аст, чун дар доираи ин лоиҳа мо зиёда аз 36 журналистро омӯзонидем ва онҳо фаъолона кор карданд. Пайгирии ин мавзӯъ яку якбора дар тамоми расонаҳои кишвар инъикос ёфт ва журналистони мо тавонистанд, ки ба ҷомеа то кадом андоза хатар доштани ин равандро расонанд.

— Чун ин масъала бисёр нозук аст, эҳтимоли хатар ба журналистоне, ки ба инъикоси масъалаи гаравидани одамон ба гурўҳҳои ифротӣ машғуланд, вуҷуд дорад?

— Албатта, чӣ гунае гуфтед, ин мавзӯъ зиёд ҳассос аст ва хатарҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, якум хатар ин аст, ки журналист дар рафти пайгирии ин мавӯъ метавонад худ мағзшӯӣ (вербовка) шавад. Рисолати журналист, ин иттилоъ расонидан аст ва вақте ки журналист мавод омода мекунад, бояд меъёрҳои байналмилалиро риоя кунад. Яъне, чун ӯ бо нафароне, ки мағзшӯӣ шудаанд, сўҳбат мекунад, хатаре вуҷуд дорад, ки журналистро низ метавонанд мағзшӯӣ кунанд. Он нафароне, ки ҷавононро ба ин роҳ ҷалб мекунанд, онҳо равоншиносони ботаҷриба ҳастанд, ки метавонанд ба воситаи методҳои худ ҳатто журналистонро ҷалб намоянд. Ин хатари якум. Дуюм хатар ин аст, ки журналист бояд аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар зидди ифротгароӣ равона гардидааст, бохабар бошад. Албатта, чун мавзӯи ифротгароӣ зиёд ҳассос аст, Ҳукумати кишвар бар зидди он мубориза мебарад ва вобаста ба ин раванд қонуни навро ҷорӣ намуд, ки он ворид шудан ба сайтҳои мамнӯъ,  ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯи террористиро манъ мекунад. Журналист албатта бояд аз ин огоҳ бошад. Дар сурати хабар надоштан журналистро метавонанд ҳамчун террорист ҷазо диҳанд ва ё гунаҳгор ҳисобанд. Ин гуна хатар низ вуҷуд дорад. Маҳз барои ҳамин мо дар ин раванд семинарҳои омӯзишӣ гузаронидем ва журналистонро огоҳ кардем, рӯйхати ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъро ба онҳо пешниҳод кардем.

Чизи дигар ин аст, ки дар ин раванд бояд журналистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дошта бошанд. Чун кор бо мақомот ба фоидаи ҷомеа ва худи журналист хошад буд. Аммо чизи ҳассоси дигар ин аст, ки ҳангоми баррасӣ ва инъикоси мавзӯи мубориза бар зидди ифротгароӣ набояд ҳуқуқи инсон поймол карда шавад. Дар ин ҷо журналистон бояд нақши бориз дошта бошанд.

— Дар сурати ба мушкилӣ мувоҷеҳ гаштани журналисте, ки дар доираи лоиҳа матлаб таҳия кардааст, аз ҷониби ташкилоти шумо чӣ бархўрд хоҳад шуд?

— Аввалин қадаме, ки мо дар доираи ин лоиҳа гузоштем, ин ба журналистон қонунгузории Тоҷикистонро шиносоӣ намудан ва бо бандҳои нав, ошно сохтан буд. Дигар ин ки, мо дар лоиҳаи худ ҳуқуқшиноси ботаҷрибаро интихоб намудаем. Тамоми матолиби журналистоне, ки дар доираи лоиҳаи мо кор мекунанд, аввалан аз назари ҳуқуқшинос гузаронида мешавад, чун хатари асосӣ ин маводи журналист аст. Барои ҳамин набояд ҳам худи журналист зери хатар қарор гирад ва ҳам ҷомеа ноором шавад. Бинобар ин, ин тасмим бисёр манфиатовар аст, ки журналистон аз маслиҳату машваратҳои ҳуқуқшинос истифода мекунанд, ҳам матолиб бехатар ва ҳам худи журналистро аз хатар эмин медорад. Дар ин бора ҳуқуқшиноси мо Шоира Давлатова — роҳбари Маркази мустаќили ҳифзи ҳуќуќи инсон омода аст, ки натанҳо ба матолиби дар диораи лоиҳа буда, балки ба тамоми маводҳое, ки журналистони Тоҷикистон омода мекунанд, машваратҳои ҳуќуќӣ диҳад. Ҳамзамон, коршиносони хуб низ дорем, ки метавонанд бе чуну чаро дар ин мавзӯъ фикру ақидаи худро баён намоянд.

 — Рўзноманигорон ҳангоми фаъолияти корӣ дар доираи ин лоиҳа аз кадом стандартҳо бояд бештар истифода намоянд?

 — Ташкилоити мо, яъне Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR)-ро дар 40 мамлакати дунё бо риояи меъёрҳои байналмилалиаш мешиносанд. Чун меъёрҳое, ки дар дохили ташкилотамон истифода мекунем, хеле  баландмазмунанд.  Айни замон, мо дар ҷаҳон мебинем, ки журналистон худ ин меъёрҳоро поймол мекунанд ва аз меъёрҳои беғаразӣ, бетараф будан, риояи тавозун, пропаганда накардан журналистон хеле дур шудаанд. Мо медонем, ки айни ҳол дар ҷаҳон “Ҷанги иттилоотӣ”  сар задааст, аммо бояд журналистон бо риояи меъёрҳои асосӣ кор кунанд.

 — Тўли чанд моҳ, ки матолиби зиёд дар доираи лоиҳа пахшу нашр шуданд, ба чӣ хулоса омадед? Ба назаратон, мубориза бо ифротгароӣ тариќи ВАО то куҷо таъсир дорад?

 — Матолибе, ки аз ҷониби 36 нафар журналист таълиф шуданд, хеле таъсиррасон буданд. Чун журналистон тавонистанд тамоми мушкилиҳоеро, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, баррасӣ ва инъикос намоянд. Масалан, дар маводе, ки хешу ақрабои шахсони ба ДИИШ шомилшуда ва волидайне, ки пас аз рафтани фарзандаш бекас ва зану фарзандоне, ки бесарпаноҳ мондаанд ва онҳое, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқанд, журналистон инъикос намуданд, ба ҷомеаи мо таъсири амиқи худро гузошт. Мо бо сармуҳаррирони расонаҳо сўҳбат доштем. Онҳо дар бораи алоқа бо хонандагон нақл карда гуфтанд, ки шояд пас аз хондан дар бораи худашон дар расонаҳо, дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ин роҳ баргарданд. Хуб, агар мо бо инъикоси чунин масъалаҳо ҳадди ақал 10 нафарро аз Суриву Ироқ ва дигар кишварҳое, ки шаҳрвандони мо онҷо меҷанганд, баргардонида бошем, худ ғалабаи бузург аст.

— Матолибе, ки дар доираи лоиҳа ба табъ мерасанд, аз ҷониби хонандагон, бахусус аз тарафи маќомоти давлатӣ чи гуна ќабул мешаванд?

— Ростӣ, ман дар хотир надорам, ки он матолибе, ки журналистон дар доираи лоиҳаи мо омода намудаанд, ягон вокуниш ё ба таври манфӣ хоҳ аз ҷониби хонандагон ё аз ҷониби мақомоти қудратӣ, қабул карда бошанд. Баръакс, соли гузашта кишвари мо стратегияи калонро бар зидди ифротгароӣ қабул намуд, ки бояд тамоми мақомоти давлатӣ онро пайгирӣ намоянд ва онҳо маводи журналистонеро, ки дар доираи лоиҳаи мо кор карданд, дар лексияҳои худ истифода мекарданд.

 — Ба назари Шумо, боз аз кадом роҳҳои мубориза бо ифротгароӣ метавон истифода бурд?

 — Пеш аз ҳама, мубориза бар зидди ифротгароиро бояд мақомоти қудратии мо пеш барад ва ин падидаро пешгирӣ намояд. Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ вуҷуд доранд. Якум роҳаш, маърифатнокиву донишандӯзии ҷавононро бояд боло бардошт. Ин чизест, ки метавонад мардумро аз ин роҳ баргардонад. Зеро тадқиқотҳо нишон медиҳанд, онҳое, ки зери таъсири мағзшӯён қарор мегиранд ва ба доми фиреби онҳо меафтанд, дониши диниву дунявии кофӣ надоранд. Ҷавонон бояд дар кишвари худ роҳи дурусти зиндагиро пайдо кунанд ва на ба муҳоҷират раванду на ба Сурияву дигар ҷойҳо. Масалан, дар Аврупо онҳое ба ДИИШ пайваст мешаванд, ки имкониятҳои хуби корӣ дар кишвари худро доранд, лекин ба ин нигоҳ накарда, онҳо фиреб хўрдаву рафтаанд. Чӣ сабаби асосӣ аст, ки як нафарро ба онҷо тела медиҳад, то ҳол муайян нашудааст. Аз ҳама асосӣ дониши кофӣ доштан ҳам аз ҷиҳати динӣ ва ҳам аз ҷиҳати дунявӣ аст. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷавононамонро аз роҳи ифротгароӣ баргардонем.

 Мусоҳиб: Фарзонаи УМАРАЛӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here