Мақомоти тоҷик дар супурдани онҳо ба наздиконашон шитоб намекунанд ва мехоҳанд мутмаин бошанд, ки ин атфол дар оянда ҳеҷ таҳдиде ба ҷомеа нахоҳанд дошт.

Ҳамза Турабеков духтарашро, ки дар маҳбаси Ироқ қарор дорад, розӣ кунонд, то барои ба Тоҷикистон овардани фарзандҳояш иҷозат бидиҳад. Аммо бо гузашти чор моҳ аз баргардонидани онҳо ҳанӯз барои дидани набераҳояш муваффақ нашудааст.

Мақомоти тоҷик кӯдакони аз Ироқ баргардонидашударо ба мактаб-интернат ва хонаи кӯдакон супурданд. Аммо наздикони ин атфол ҳанӯз мунтазири иҷозат ҳастанд, то онҳоро зери муроқибати худ бигиранд.

Аз 84 кӯдак, ки аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд, то имрӯз ҳеҷ кадомеро ба ихтиёри пайвандон насупурдаанд. Дар ин бора зимни суҳбат бо намояндагони Вазорати тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва Вазорати маориф ва илм маълум гардид.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки кӯдакони синни мактабӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва атфоли томактабӣ ба хонаводаҳо дода мешаванд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар суҳбат бо CABAR.asia таъкид намуд, нафаре аз хешовандон ё афроди ғайр метавонад ин кӯдаконро ба писархондӣ ё духтархондӣ қабул намояд, ки шароити хуби зиндагӣ дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, 44 кӯдаки аз як то панҷсола ба Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд. 33 кӯдаки синни мактабӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати маориф ва илм фаро гирифта шудаанд.

Қаблан Шодихон Ҷамшед дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфта буд, миёни афроди аз Ироқ баргардонидашуда ду духтари ноболиғ бо кӯдакони ширмак ҳам буданд, ки барои касбомӯзӣ ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Вазорати меҳнат фиристода шудаанд. Ҳоло чор кӯдак ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд, дигарон солим ҳастанд. Муовини вазир ваъда супурд, ки барои кӯдакони баргардонидашуда тамоми хизматрасониҳои зарурии тиббӣ пешниҳод мегарданд.

Таълими баробар бо хонандаҳои дигар

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт низ ба CABAR.asia тасдиқ намуд, ки тамоми кӯдакони синни мактабӣ ба мактаб-интернатҳо супурда шудаанд ва дар ҳоли ҳозир ҳамроҳ бо дигар ҳамсолонашон дарс меомӯзанд.

— Тамоми кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шуданд, зери назорати давлату ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қарор доранд. Гуруҳи кории вазорат сари чанд вақт дар мавриди вазъияти ин кӯдакон иттилоъ мегирад ва барои зиндагии онҳо тамоми шароитро фароҳам меоварад,-таъкид намуд Эҳсони Хушбахт.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ба CABAR.asia гуфт, онҳое, ки дар хонаи кӯдакон ҳастанд, бар асоси дуруст кардани ҳуҷҷат ва шахсият оҳиста-оҳиста дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба хешутабор баргардонида мешаванд. Шодихон Ҷамшед аз шарҳи бештар худдорӣ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи кӯдаконро дигар мақомот ҳал мекунанд.

Авохири моҳи апрел мақомоти Тоҷикистон 84 кӯдаки шаҳрвандони кишварро, ки дар қаламрави зери назорати гуруҳи террористии ДОИШ (фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон)-и Сурия ва Ироқ қарор доштанд, ба кишвар оварданд. Модарони ин ва дигар кӯдакон, ки аз сӯи мақомоти Ироқ боздошт шудаанд, дар ҳабс қарор доранд. Бино ба хабари расонаҳо, дар маҷмуъ 35 хонавода дар Тоҷикистон барои тарбияти ин кӯдакон дархост фиристодаанд.

Аммо аснои суҳбат бо CABAR.asia баъзе аз намояндаҳои ин оилаҳо гуфтанд, ки ҳанӯз иҷозаи муроқибати кӯдаконро дарёфт накардаанд. Ба иттилои наздикони онҳо, кӯдаконро аз осоишгоҳи “Харангон” оварда, ба мактаб-интернат ва хонаи кӯдакон ҷо ба ҷо кардаанд. Аммо, ҳоло мақомот намегӯянд, ки кай кӯдакони аз Ироқ баргардонидашударо ба ихтиёри хешовандонашон месупоранд.

“Барои ду набераам утоқи алоҳида омода кардаам”

Бархе аз хешовандони ин кӯдакон ба CABAR.asia гуфтанд, ки барои қабули кӯдакон тамоми шароитро доранд. Ду набераи Нуриддин Туранов, сокини 60-солаи Панҷакент — Хадичаи 7-сола ва Фотимаи 4-сола ҳамроҳ бо дигар атфол аз Ироқ ба ватан оварда шуда, дар осоишгоҳи “Харангон” нигаҳдорӣ мешуданд. Баъдан, Хадича ба мактаб қабул шуд. Аммо бобояш Нуриддин ҳанӯз набераашро надидааст. Мақомот ваъда додаанд, ки ба зудӣ тамос мегиранд ва метавонад ӯро бубинад.

Тақрибан як моҳ пеш Нуриддин Туранов набераи дигараш — Фотимаи 4-соларо, ки дар Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе қарор дорад, дид. Ба гуфтаи ӯ, шароити нигаҳдорӣ онҷо хуб аст ва ба вай ваъда додаанд, ки баъди омода кардани санадҳои зарурӣ набераашро ба ихтиёраш месупоранд.

Баъди ба кишвар овардани набераҳо Нуриддин Туранов бо келинаш, ки ҳоло дар маҳбаси Ироқ қарор дорад, суҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, кӯдаконро ба хешовандони наздик медиҳанд.

— Мо мехоҳем, ки онҳоро зери муроқибати худ бигирем. Ман барои набераҳоям утоқи ҷудогона омода кардаам, тамоми шароитро барои зиндагӣ муҳайё сохтаам. Интизори розигии мақомот ҳастем,- афзуд Нуриддин Туранов.

“Раванди мутобиқ шудан осон нест”

Мансабдорон мегӯянд, ки кӯдакони то сесола бо эҳтимоли зиёд бо таҳия кардани ҳуҷҷатҳои лозим ба ихтиёри пайвандонашон супурда мешаванд, кӯдакони синни мактабӣ бошанд, барои чанд муддат дар муассисаҳои таълимӣ хоҳанд монд. Мансабдорон бар инанд, ки ин гуруҳи кӯдакон аз нигоҳи равонӣ осеб дида ва барои барқарор намудани он барномаҳои махсус лозиманд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки раванди мутобиқшавии кӯдакон осон нахоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, барои он ки кӯдакон дар муҳити хуб тарбият ёбанд, зарур аст, нахуст онҳоеро хуб мавриди санҷиш қарор дод, ки мехоҳанд ин атфолро дар хонаводаҳояшон бузург кунанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар охирин нишасти хабарии ниҳодаш ба таъсири фазои ҷангу хунрезӣ ба равон ва афкори ин кӯдакон таъкид намуд. “Мо тамоми чораҳои заруриро меандешем, то онҳо аъзои солими ҷомеа шаванд. Аз идеология ва менталитете, ки онҷо қабул кардаанд, канор бираванд”,- гуфт Раҳимзода.

Моҳи июли соли равон Вазорати маориф ва илм барои мусоидат ба раванди мутобиқгардонии кӯдакон ба зиндагии нав гуруҳи вижае созмон дод. Дар вазорат ба ин натиҷа расиданд, ки омода намудани ин кӯдакон ба соли нави таҳсил низ душвор хоҳад буд. Барои мисол, бархе наврасон бо алифбои забони тоҷикӣ ошно нестанд. Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар нишасти хабарии моҳи июл гуфт, ки бо ин наврасон дарсҳои иловагӣ гузаронида мешавад. “Масъалаи таъмини ғизо, либос, саломатӣ ва барқарор намудани муносибот бо хешовандони кӯдакон зери назорат қарор дорад”,- идома дод Нуриддин Саид.

“Ман ҳанӯз набераҳоямро надидаам…”

Ҳамза Турабеков, сокини 50-солаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд мегӯяд, баъди он ки фаҳмид, як гуруҳи кӯдакон аз осоишгоҳи “Харангон” ба Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе оварда шудаанд, барои аёдати набераи 4-солааш онҷо рафт. Аммо ӯро пайдо накард… Корманди КДАМ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекардааст, ба Турабеков гуфтааст, ки наметавонад набераашро бубинад, зеро ӯ ҳоло давраи муолиҷаро пушти сар мекунад. Мақомот ба ӯ ваъда додаанд, ки баъди беҳтар шудани саломатии наберааш имкон дорад ӯро аёдат кунад.

Турабеков аз дидори набераи дигараш низ, ки панҷ сол дорад, бенасиб монд. Ба гуфтаи корманди КДАМ, ҳоло наберааш дар мактаб-интернат қарор дорад, аммо мушаххас нагуфтааст, ки дар кадом. Ба ин тартиб, Турабеков ҳанӯз ба дидани ҳеҷ яке аз набераҳояш мушарраф нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони дар Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе қарордошта дар шароити хуб нигаҳ дошта мешаванд. Аммо вай таъкид мекунад, ки ба онҳо меҳрубонии волидону муҳаббати бобову бибӣ намерасад. “Онҳо дар Тоҷикистон дигар касе надоранд, падаронашон фавтидаанд, модаронашон ҳукми абад гирифтаанд. Ман муваззафам, ки аз онҳо муроқибат кунам”,- мегӯяд Ҳамза Турабеков.

Ҳамсар, духтар ва ду писари Ҳамза Турабеков соли 2015 нахуст ба минтақаҳои зери назорати ДОИШ (фаъолияташ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҷаҳон мамнуъ)-и Сурия ва пасон Ироқ рафтаанд. Аз писарон ягон хату хабар нест, аммо ҳамсар ва духтари ӯ дар Ироқ бо иттиҳоми “убури ғайриқонунии марз” ва “мусоидат ба террористҳо” ҳукми абад гирифтаанд. То вақте духтараш аз зиндони Бағдод бо ӯ тамос нагирифт, хабар надошт, ки ҳамсараш, ки аз ӯ талоқ гирифта буд, низ ба Сурия рафтааст.

“Духтарам розӣ шуд, аммо шарт гузошт”

Дар оғоз духтари Турабеков барои ба Тоҷикистон овардани фарзандонаш ризоият надодааст. “Баъдан ба ман занг зада хоҳиш карданд, ки розияш кунонам. Ӯ бо як шарт розӣ шуд, ки ин кӯдаконро ман зери муроқибати худ бигирам. Аммо бо гузашти 120 рӯз мақомот кӯдаконро ба ман надодаанд. Ҳоло ки ҳамроҳи духтари дигар ва ҳамсари навам тамоми шароитро барои писархондӣ омода кардем, маълум нест, ки мақомот чӣ хулосае мебароранд”,- гуфт дар идома Ҳамза Турабеков. Ӯ таъкид намуд, ки чанд вақт пештар мақомот ба хешовандон иҷозат додаанд, ки моҳе як маротиба бо кӯдакони то мактабӣ дидор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт мегӯяд, хешовандон метавонанд “бидуни монеа” ҳамеша кӯдаконро дар мактаб хабар бигиранд. “Инчунин раҳбарони мактаб-интернатҳоро муваззаф карданд, ки дар бораи ин кӯдакон ба Вазорати маориф ва илм хабар бидиҳанд”,- илова кард Эҳсони Хушбахт. Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони синни мактабӣ на танҳо дар мактаб-интернатҳои Душанбе, балки дар дигар муассисаҳои таълимии кишвар тақсим шудаанд.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба муҳити осоишта мутобиқ шудани кӯдакон, онҳо ба наздиконашон баргардонида шаванд.

Чаро кӯдаконро ба наздиконашон намедиҳанд?

Равоншинос Марям Давлатова бар ин аст, ки ҳамаи ин кӯдакон, ки миёни террористон қарор доштанд, осеби ҷиддии равонӣ бардоштаанд. Барои ҳалли ин мушкил кори мутахассис ва вақту талоши зиёд лозим аст.

“Аммо дар хонаводаҳо муҳаббат ба кӯдак аст, ки онро ҳеҷ чизе иваз карда наметавонад”,- таъкид намуд Давлатова.

Ӯ мегӯяд, агар ба хешовандони наздик иҷозат бидиҳанд, ки кӯдаконро дар мактаб-интернатҳо бештар аёдат кунанд, раванди табобат зудтар анҷом мешавад.

Марям Давлатова чунин андеша дорад, ки ин кӯдакон барои дигарон ҳеҷ хатаре надоранд, зеро шабонарӯзӣ зери назорати мактаб-интернат ҳастанд.

Ҷомеашинос Назрӣ Асадзода низ аз саломатии равонии ин кӯдакон нигарон аст. Мегӯяд, баъди суҳбат бо равоншинос Маҳмадулло Давлатов, ки бо дастури мақомот пажуҳиши вазъи равонии кӯдакони аз Ироқ овардашударо анҷом медиҳад, ба ин натиҷа расидааст. Назрӣ Асадзода муътақид аст, ки баъзе кӯдакон атрофиёнро “кофир” медонанд. Аз ин сабаб, ба гуфтаи ӯ, ин ноболиғон набояд ҳоло бидуни назорат гузошта шаванд.

— Барои тағйири нигоҳҳои экстремистӣ ва хатарбори кӯдакон аз як сӯ вақти зиёд ва аз сӯи дигар кӯмаки мутахассисон лозим аст. Бо назардошти нигоҳҳои экстремистии ин ноболиғон, беҳтар аст онҳо дар шароити махсус нигоҳдорӣ шуда, ба онҳо кӯмаки равонӣ ва омӯзишии мутахассисони ботаҷриба расонида шавад. Идомаи чунин корҳо ҳам ба нафъи кӯдакон ва ҳам ба нафъи ҷомеа хоҳад буд,- андеша дорад Назрӣ Асадзода.

Ба гуфтаи ӯ, кафолати дар шароити хонавода, бидуни истифодаи роҳҳои махсуси илмӣ ва бидуни мусоидати мутахассис дигар кардани тафаккури ин кӯдакон мавҷуд нест. “Ба вижа ин ба он хонаводаҳое тааллуқ дорад, ки нигоҳҳои ифротгароӣ доранд”,- таъкид намуд Назрӣ Асадзода.

Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

Добавить комментарий