Заррае гар ҷаҳди ту афзун бувад,

Дар тарозуи Худо мавзун бувад.

Мавлоно

Ягона ошёнае, ки имрӯз қудрати бардошти ҳама гуна рафторҳои инсониятро дорад, Замин аст, ки он барои ҳамагон чун Модар маҳбубу писандида мебошад. Ободонӣ ва масъулияти ҳифзу ободонии он аз тахрибшавӣ бар дӯши мо фарзандони Одам аст.

Дар ҷаҳони муосир рушду такомули илму техника ба ҷое расидааст, ки дигар танҳо тавассути ваҳдату ягонагӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ метавон аз офоту бебандуборӣ наҷот ёфт. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар вохӯриҳое, ки бо қишрҳои гуногуни ҷомеа анҷом медиҳад, ба ҳамин ваҳдату ягонагӣ ишора ва таъкид месозад, ки дӯст бошеду қадри ин ватану миллат ва оромию суботамонро бидонед.

Раванди ҷаҳонишавӣ ба тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа беасар намемонад ва аз ин нуктаи назар, дину фарҳанг ва маънавиёт низ иснисно нест, зеро моҳияти умумиинсонии маънавиёт нисбат ба дигар бахшҳои ҷомеа решаҳои бештаре дар умқи таърих дорад.

Санаи 12-уми майи сол 2018 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карда буд, ки «барои Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, Ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба шумор меравад». Дар воқеъ, дар қатори дигар кишварҳои мутамаддини олам, сокинони кишвари мо низ дар доираи аҳкоми шариати исломӣ фаризаву воҷиботи диниро дар ҳадди лозим анҷом медиҳанд. Агар ба табиат ва моҳияти ойини муқаддаси Ислом таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ҳадафи аслии он ташаккули ҷаҳони маънавии инсон ва ба камол расонидани шахсияти ӯст, вале, дар баробари ин, бархӯрди абарқудратҳо ба хотири тақсимоти неъматҳои моддӣ ҷиҳати рушди маънавиёт монеаҳо эҷод менамояд ва намегузорад, ки ҷаҳони маънавиёти башар рӯ ба ташаккул орад. Ин аст, ки афкори носолиму шахсиятҳои музир рӯи саҳна меоянду раванди ташаккули маърифату маънавиётро бозмедоранд ва яке аз омилҳои боздорандаи иттиҳод, сулҳу субот ва ҳамбастагии инсоният, ин низоъҳои сиёсиву мазҳабист, ки заминаи асосии онро ифроту тафрит дар ҳама бахшҳои иҷтимоӣ ва тахрибкорӣ ташкил медиҳад. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳеч амали инсон беподош нахоҳад монд. Ба қавли Мавлоно:

Лутфи Ҳақ бо ту муросоҳо кунад,

Лек аз ҳад бигзарӣ, расвот кунад.

Ин ҷаҳон куҳ аст, феъли мо нидо,

Сӯйи мо ояд нидоҳоро садо…

Моҷароҳои сиёсиву минтақавӣ, низоъҳои мазҳабӣ, муноқишоту табаддулот ва инқилобҳои фарҳангиву иқтисодӣ ба зиндагии рӯзмарраи инсоният таъсири манфӣ мегузорад, ки бадтарин нишонаи он аз байн рафтани раҳму шафқат ва боло рафтани ҷаҳлу ҷаҳолат аст. Ин вазъ барои ҷомеа ва тамаддунҳои солим нигаронкунанда аст ва намегузорад, ки инсоният аз арзишҳои умумибашарии созанда бархӯрдор гардад. Аз инҷост, ки «чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқии озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Таҳлилҳо ва омори мавҷудбуда шаҳодат медиҳанд, ки аксари қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзадаро мусулмонҳо ташкил медиҳанд ва ҳатто чунин бебандуборию даҳшатҳо дар кишварҳои мусулмоннишин рух медиҳанд, ки ин боиси хиҷолати ҷомеаи мусулмонӣ шудааст. Бадбинию ҳасодат, кинаву адоват, худбузургбинию ҷаҳолат ва таассубу ношукрӣ яке аз сабабҳои асосии ин даргириҳост. Зиёда аз 800 сол пеш Мавлоно авомили чунин офатҳоро эҳсос ва баён сохта буд, ки мефармояд:

Дон, ки ношукрӣ бувад шуму шанор,

Мебарад ношукрро дар қаъри нор.

Шукр набвад пешаи он бадрагон,

Ки вафошон ҳаст камтар аз сагон.

Ҳар сагеро луқмаи ноне зи дар,

Чун расад бар дар, ҳамебандад камар,

Посбону ҳориси дар мешавад,

Гарчи бар вай ҷавру сахтӣ меравад.

Носипосию фаромӯшии ту,

Ёд н-орад он асалнӯшии ту.

Мар сагонро чун вафо омад шиор,

Рав, сагонро нангу бадномӣ маёр.

Бевафоӣ чун сагонро ор буд,

Бевафоӣ чун раво дорӣ намуд…

«… Фарзандони бонангу номуси миллат ва кулли шаҳрвандони кишвар вазифадоранд, ки бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёрамон ба хотири ҳимояи истиқлолияту озодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллату давлатамон саъю кӯшиш намоянд» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Набояд фаромӯш кард, ки муҳимтарин силоҳ барои инсон ва ҷомеаҳои мутамаддин, ки метавонад онҳоро ҳам ба саодату пешрафт бирасонад ва ё баръакс, ҳам ба бадбахтию бебандуборӣ, илм аст. Агар илм дар ҳаёт бар мабнои хирад татбиқ шавад, омили хушбахтӣ хоҳад шуд ва агар бар асоси манофеи фардию ғараз истифода гардад, василаи шикасту зиён хоҳад буд. Имрӯз илме ба кор меояд, ки илми виҷдонию маънавӣ бошад, ки олими воқеиро ба ҷомеа ҳадя созад. Кашфиёти илмӣ метавонад ҳам ҷомеасоз бошад ва ҳам ҷомеасӯз, яъне илм низ маҳрам мехоҳад. Аз инҷост, ки Мавлоно таълиму мансаб додан ба ноаслу нокасро ҷоиз намедонад:

Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

Додани теғ аст дасти роҳзан.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,

Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.

Илм агар бар тан занад, боре занад,

Илм агар бар ҷон занад, ҳоле занад.

Пас, олим он аст, ки илму фаросаташ бо виҷдону имонаш тавъам аст ва аз инҷост, ки нафъаш ба тамоми башар тааллуқ дорад. Саводу маърифат бояд ҳамеша ба хотири созандагӣ ба кор гирифта шавад. Таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба илму маърифат, аҳли илму зиёро водор месозанд, ки насли навро дар руҳияи илмомӯзию маърифатнокӣ тарбия кунанд: «Мо бояд тамоми кӯшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд».

Имрӯз кишварҳои олам ва сокинони онҳо дар талоши рушду такомули худанд ва дар равобити байналмилалӣ бо дигар халқияту давлатҳои пешрафта манфиатдоранд, то дар масири тараққиёт қарор гиранд. Пас, миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ бояд аз чунин раванд бархӯрдор бошад, «танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд ва обрӯю мартабаи Тоҷикистони мо дар байни кишварҳои пешрафтаи олам боз ҳам баландтар гардад. Миллат ҳар қадар босавод бошад, давлат низ ба ҳамон андоза тараққӣ мекунад. Дар ин кори хайр, ки ояндаи осудаву ободи Ватани маҳбубамон аз он вобаста аст, ҳар як фарди баору номуси миллат, зиёиён, падару модарон, аҳли маориф, фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот, хулоса, кулли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд» (аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, санаи 12-уми майи сол 2018).

Набояд фаромӯш кард, ки муҳимтарин сарчашмаи созандагӣ илму маориф ва маънавиёт аст, ки он метавонад моддиётро низ такомул бахшад ва тамоми комёбиву пешрафтҳои миллат низ аз афроди он вобастагӣ дорад. Дар қиболи ин ҳама неъматҳо, арзишҳои оини муқаддаси Ислом, аз қабили раҳму шафқат, садоқату амонат, муҳаббат, таҳаммулу тафаккур ва эҳсону икром дар рушду такомули башар нақши созандаву тақдирсоз дошта, метавонанд ҷомеаро аз фасоди ахлоқӣ наҷот бахшанд. Дар воқеъ, «Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд». Пас, муқаддасот ва арзишҳои Ислом агар дар ҷомеа бе ғаразҳои сиёсӣ мавриди истифода қарор гиранд, омили ташаккули маънавиёт хоҳанд буд. Ба қавли аллома Иқболи Лоҳурӣ:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт…

Сафархон ВАЛИЗОДА, 

муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти бехатарии факултети №6-и Академияи ВКД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here