Чеҳраҳои таърих, дин ва адабиёту фарҳанги башарият дар тӯли мавҷудияти ҳаёт ҳамеша ба инсонҳо тарғиб намудаанд, ки беҳтарин ганҷина ва дурдонаи ҷавҳари одамият посу гиромӣ доштан ва хизмати содиқона намудан ба Модар ва Ватан аст. Ин падида имрӯз низ моҳияти худро гум накардааст ва шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб меёбад. Зарфияти ин амал дар он аст, ки он бояд беғараз бошад. Яъне хизмат кардан ба Модар ва Ватан бояд холисона ва бидуни интизори манфиате бошад ва бар ивази он чизе тамаъ карда нашавад.

Инсонҳо бо тарзҳои гуногун ба Модар ва Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд. Аммо тавре медонем, дар ҳама давру замон буданд ва ҳастанд тоифаи мардумоне, ки ба ҷои роҳи рост роҳи каҷ, ба ҷои сухани дурусту саҳеҳ сухани бофтаю дурӯғ, ба ҷои амали шоистаю нек амали зишту фасод ва ба ҷои хизмати арзандаю беғараз намудан ба Модар ва Ватан «хизмати» дурӯғини пардапӯш дар симои «миллатдӯстӣ, масъулияти ватандорӣ, инсондӯстӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангсолорӣ» менамоянд. Ин тоифа дар фаъолияти худ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии дигар давлат, шахсият ва созмону ташкилотҳоро инъикосу амалӣ менамоянд ва зери паноҳу пуштибонии онҳо қарор доранд. Самт ва усули асосии кору фаъолияти ин гуруҳ иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ, тарғиби андешаҳои зиддидавлатӣ, калону воҳиманок нишон додани камбудиҳои ҷомеа ва сӯйистифода аз тамоми муқаддасот бар ивази амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ ва ба ин васила ғасби ҳокимият мебошад. Ин тоифа дар роҳи бунёдкориву созандагӣ танҳо бо забон амал намуда, аз дин, оин, имон, виҷдон, номус ва номи муқаддаси миллату давлат сӯйистифода менамоянд ва худро «дилсӯзи» башарият вонамуд карда, гӯё ҳамеша ғамхору мададгори аҳли ҷомеа мебошанд. Аммо дар асл ботин ва зоҳири онҳо бо ниқоби сиёсӣ пӯшонида шудааст ва дар зери он бозиҳои сиёсие нуҳуфтаанд, ки аз онҳо бӯи хуни мардуми бегуноҳ, ятимшавии ҳазорон тифлон, ашки чашм ва андуҳи гарони ҳазорон модарон ва оташи ҷанг дар замини муқаддаси Ватан ҷойгир аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии кишвар дар фазои Ватани соҳибистиқлоли мо низ чунин як гуруҳ аз фаъолияти пардапӯши худ ба фаъолияти озоду ошкоро гузашт. Ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи манфиатхоҳӣ ва қудратталабии ин тоифа мардуми шарифи Тоҷикистон ба бадбахтӣ ва ваҳшонияти ғайриинсонӣ гирифтор гардид. Хушбахтона, «Бори каҷ ба манзил намерасад» мегӯянд. Дар бахт ва ҳастии миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо Худованд дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ғамхору мададгор аст. Ин дафъа низ Худованд бар сари мардуми шарифи Тоҷикистон Сарвари муаззам ва ҳифзкунандаи имону дин, фарҳангу адабиёт, раъиятпарвару мардумӣ ва сулҳпарвару ваҳдатсолор Эмомалӣ Раҳмонро роҳбар гардонид. Чун бузургии Худо дар бахшояндагӣ ва меҳрубонии Ӯст, дар ботини Эмомалӣ Раҳмон низ ин хислатҳо нуҳуфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тоифаро новобаста аз ҳамаи амалҳои зишти ғайриинсониашон авф намуданд ва бо умедҳои зиёд чун фарзандони як модар дар бари худ дар мансабҳои гуногуни давлатӣ ҷой карданд. Волоияти қонунро таъмин намуда, ба ҳуқуқу озодиҳо, махсусан ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон арҷгузорӣ намуданд. Имкон дода шуд, ки ҳамаи гуруҳҳои сиёсӣ фаъолияти худро дар чорчӯбаи қонун ба роҳ монда, фаъолияти сиёсӣ баранд. Ба эътиқоди динии мардум низ арҷгузорӣ карда шуда, имконияти фарох фароҳам оварда шуд, ки тамоми фароизи динӣ иҷро гардад. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа таҷлил карда шуд. Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ баргардонида шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд маротиба бо аъзои ҳукумат ва аҳли оилаи худ Хонаи Худоро зиёрат намуда, дуои хайр дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ободию осудагии кишвар карданд. Шумораи масҷидҳо дар кишвар аз шумораи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёд гардид.

Аммо, тавре мегӯянд, «оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад». Тоифае, ки дар боло зикраш кардем, фаъолияти худро бо таъсис додани ҳизби сиёсии наҳзати ислом ба роҳ монда, гӯё пуштибон аз дину мазҳаб ва имони мардуми мусулмон буданд. Ин тоифа аз муқаддасоти динӣ, имони мардум ва номи Худованду китоби муқаддаси Ӯ — Қуръон сӯйистифода намуда, мехостанд соҳиби тоҷу тахт ва қудрат гардида, ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худро амалӣ намоянд. Онҳо худро «ғамхори» мардум ва «ҳимоятгари» ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нишон медиҳанд. Дар фаъолияти сиёсии худ онҳо иғвоангезиро пеш гирифта, мардумро гумроҳу шӯрангез менамоянд. Баъди мағлубиятҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи парлумонӣ аъзои ин ҳизби террористӣ, махсусан роҳбарияти он роҳи муборизаи сиёсии берун аз чаҳорчӯбаи қонунро шадиду зиёда гардониданд. Дар расонаҳои хабарии манфиатҷӯ андешаҳои носолими иғвоангезонаю фасоди худро паҳн намуда, мехостанд мардум ба шӯр биёяд. Ин ҳама иғвоангезию гумроҳсозии мардум кам будааст, ки моҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатиро пеш гирифтанд. Ин хиёнати онҳо ба Ватан ва мардуми шарифи кишвар низ онҳоро ором нагузошт. Имрӯзҳо ба воситаи расонаҳои хабарии хориҷӣ, шабакаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, созмонҳои гуногун, шахсиятҳо ва давлатҳои алоҳида бар зидди давлат, ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон туҳматҳои беасосу хиёнаткорона мезананд ва сокинони кишварро боз ба ҷанги шаҳрвандӣ даъват менамоянд.

Набояд фаромӯш созем, ки ягон шахси хориҷӣ, давлат ва созмони бегона бе манфиати ғаразноки хеш ин ё он давлат ва ҳизбро дастгирӣ намекунад. Шахсиятҳо, созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ аз ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон гаштаи ҳизби наҳзати ислом пуштибонӣ карда, онро ба бозичаи дасти худ табдил медиҳанд. Агар аъзои ин ҳизби ифротӣ ватандӯст мебуданд, онҳоро сокинони Ватан дастгирию пуштибонӣ мекарданд, на хоҷагони хориҷияшон. Агар маблағгузору хоҷагони ин ҳизб хориҷиён намебуданд, онҳоро имрӯз пуштибонӣ намекарданд. Агар созмонҳои хориҷӣ ва давлатҳои алоҳида роҳбар ва маблағгузори ин ҳизб намебуданд, пас сарчашмаи даромади ҳизб аз куҷо буд? Агар аъзои ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон гаштаи ҳизби наҳзати ислом сулҳхоҳу ваҳдатсолор мебуданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ рӯй намедод. Агар аъзои он имони комил медоштанд ва бузургии Худову китоби муқаддаси Ӯ — Қуръонро эҳтиром мекарданд, пас барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан ва қонеъ гардонидани талаботи нафси худ аз номи Худо ва Қуръону Пайғамбар (с.а.с.) сӯйистифода намекарданд.

Иноятулло КАРИМОВ,

устоди ДИТ ба номи Имом Абуҳанифа

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here