Аз ҷониби ашхоси моҷароҷӯ хабарҳои иғвоангезу фитнабор бо номи «Лидерҳои Бадахшон» бо мақсади эҷоди ҷудоиандозӣ, барангехтани кинаву адовати қавмӣ, афрӯхтани шӯълаи маҳалгароӣ ва ба шур овардани мардум дар  фазои иттилоотӣ ба табъ расонида шудааст.

Мувофиқи андеша ва назарҳои бардурӯғу ботили пахшкунандаи ин хабар, гӯё лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дидорбинӣ ва вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада,  тақдири онҳо то ҳануз  маълум нест. Ин андеша комилан ғалат аст. 

Аслан шахсиятҳои ба ном «лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон» бо хоҳиш ва иқдоми пешгирифтаи худ баҳри тамошои шаҳри Душанбе дидан намуда бо хешону наздиконашон аз Душанбе аз наздик ошноӣ пайдо намуда, айни ҳол сиҳату саломат аз пайи кору пайкоранд ва ба Бадахшон баргаштаанд.

Мардуми меҳандӯсту меҳнатқарини  Бадахшон дар ҳама давру замон новобаста аз сиёсатҳои ҷаҳонӣ, бархӯрди манфитҳои геопалитикӣ ва таззодҳои минтақавию ҷаҳонӣ мулоҳизакорона андеша намуда, бо меҳнати софдилонаю ҳалол зиндагии хешро пеш бурда, аз марзу буми меҳани азизамон-Тоҷикистон пуштибонӣ намуда истодаанд. Ногуфта намонад, ки Душанбе-пойтахти Тоҷикистон, шаҳри тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Дар ин шаҳри дилкашу писандида дар қатори мардумони Суғду Хатлон, Ҳисор, Кӯлоб ва Рашт садҳо сокинони Бадахшон дар муҳити якдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ, сулҳу оромӣ ва дӯстию бародарӣ, хешу табори кору зиндагӣ доранд.

Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ бамаврид гуфта буд:

Садбаргу Бунафша Хайриву Ёсуманем,

Аз гулшани як баҳор аз як чаманем.

Аз Вахшу Хуҷанду Ғарму Хатлону Ҳисор,

Чашму дилу руву ҷигари як баданем.

Онҳое, ки тафриқа меандозанд, аз назари маҳалгароӣ ва хусуматангезӣ ҳарф мезананд, эшонро нафрин намуда, нагузорем, ки хоки поки ин сарзаминро палид созанд. Нагузорем, ки Тоҷикистони якторо пора сохта ба минтақаҳо ҷудо созанд.  Зеро як бори дигар мардуми азияткашидаи тоҷик шаҳди маҳалгароӣ, миллатгароӣ ва аз ҳама даҳшатбораш оташи ҷанги таҳмилиро паси сар намуда буданд. Аҳриманони моҷароҷӯ ва душманони халқи тоҷик донад, ки дигарбора мардуми азияткашидаи мо ба найрангҳои ин шайтонсифатон гӯш намедиҳанд. Ба бадхоҳону фитнагарони дохилию хориҷӣ аҳамият надода, бо як азму талош ва иродаи устувор «аз як гиребон сар бароварда» меҳнату заҳмат кашида, кишварамонро обод намоем ва миллатамонро муаррифгар бошем. Муғризони фитнаангез донанд, ки найрангҳои онҳо дигар ба кор намеравад.

Имрӯзҳо сокинони Бадахшон аз пешрафт ва ободии Душанбешаҳр ва ҳамзистии  халқу миллатҳои гуногун аз наздик ошноӣ пайдо намуда, озодона ҳуқуқ доранд дар пойтахти кишвар ва шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он бимонанд ё ба зодгоҳашон «Боми ҷаҳон» Бадахшон баргарданд. Ба истилоҳ лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва аз дигар инсонҳо ягон фарқе надоранд.

Дар вокеъ имрӯзҳо баъзе аз душманони миллати тоҷик чӣ дар дохил ва ё аз хориҷи кишвар  барои бадном намудани Ҳукумати Тоҷикистон ва осебпазир намудани фазои иттилоотӣ, идея ва маълумотҳои ғаразнокро табъу нашр менамоянд. Албата ин тоифаи иғвоангез рисолати худро иҷро мекунанд, аммо фаромӯш кардаанд,  ки халқи тоҷик дигар ба найрангу дассисабозиҳои онҳо бовар надоранд. Дӯстии мардуми Бадахшону дигар манотиқ абадӣ ва ҷовидона аст. Қонун барои ҳама як аст ва ҳама дар назди қонун баробар ҷавоб хоҳанд гуфт.  Аз ин лиҳоз барангехтани тухми кинаву адовати миллӣ ва қавмӣ-мазҳабӣ аз ҷониби гурӯҳ ва шахсони алохида худ хиёнат ба миллат ва халқи тоҷик мебошад.

Оне ки заррае ҳисси миллӣ дар вуҷудаш дошта бошад, пеш аз оне ки як хабарро ба табъ мерасонад,  бояд каме андеша ва фикр намояд, ки бо кадом мақсад чунин амалҳоро анҷом медиҳад. Мутаассифона имрӯз афроде ба назар мерасанд, ки дидаву дониста аз рӯи ғараз ва кинадузӣ, бетаҳаммулӣ мақолаҳои беасос ва хабарҳои дуруғро ба нашр мерасонанд. 

Ҳангоме ин сатрҳоро менавиштам, хабар расид, ки духтари 12- солаи Кимиёи Хурсанд, (Мазоров) яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад. КДАМ қаблан хабар дод, ки Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ шаби 24 ба 25 ноябр дар ҳолати мастӣ ва бо суръати баланд мошин ронда, аввал дар кӯчаи Шоҳқирғиз мошини корманди милитсияро зада, сипас дар маҳаллаи Тирчид Кимиёро пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ҷустуҷӯи Муслим Зикиллобеков идома дорад. Ин хабарро хонда, ба андешае рафтам, ки оқибати қонуннописандӣ ин аст. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша аз пайи риояи қонун бошем.

Ба кулли мардуми Бадахшон гуфтаниам, ки  барои ободӣ ва беҳбудии  ин кишвар вафодории мукаммал ва садоқати худро собит созед. Обурӯи миллати худро бо заҳмати фидокорона ва донишу малакаи олӣ дар миқёси ҷаҳон баланд намоед. Нагузоред, ки ашхоси иғвоангез ва моҷароҷӯ обрӯ ва этибори кишварамонро дар арсаи байналхалқӣ паст зананд. Кулли мардуми Бадахшон сипосгузоранд, ки зиндагии хушу хуррам, ҳамингуна мамлакати тинҷу ободе, ки Сарвари давлат ба онҳо ҳадя намудааст, дошта бошанд. Тамоми сокинони вилоят осоиштагии кишварамонро амри воҷиб медонанд.

 

 Аламбеков Давлатмамад,

 сокини шаҳри Душанбе 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here