Ҳукми муфаттиши собиқи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода рӯзи 19-уми сентябри соли равон аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон содир гардид, ки бар асоси он айбдоршаванда ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Гуфта мешавад, дар асоси ин ҳукм амволи Фирӯз Холмуродзода мусодира шуда, ҳамчунин ӯ пас аз иҷрои муҳлати ҷазо то 5 соли дигар ҳаққи ишғоли мансабро надорад.

Наздикони Холмуродзода, ки мурофиаи судиаш пушти дарҳои баста сурат мегирифт, ба расонаҳо гуфтаанд, ки дар мурофиаи охирини рӯзи 12-уми сентябр прокурор барои Фирӯз Холмуродзода 17 соли зиндон талаб карда буд.
Боздошти Фирӯз Холмуродзода дар пайи силсилабоздоштҳои чанд корманди Агентии зидди коррупсия, ки охирҳои моҳи апрели соли равон оғоз шуда буд, ба вуқуъ пайваст. Он замон Агентии зидди коррупсияи кишвар хабар дода буд, ки нисбат ба муфаттиши калон Фирӯз Холмуродзода аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ — 247 (қаллобӣ) ва 391 (сӯйистифода аз мақом ё баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парванда боз шуда, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Наздикон: Фарзандонамон ба ин андоза коре накардаанд…
Дар баробари Фирӯз Холмуродзода, рӯзи 19-уми сентябр Суди Олӣ инчунин ҳукми боз панҷ нафари дигар аз ҳамсангарони ӯро низ эълон кард, ки ба муҳлати гуногун маҳкум карда шуданд. Аз ҷумла, Фирдавс Абдуғаффорзода ба 13 сол, Амиршо Султонзода 10 сол, Қосим Давлатов, Сафаралӣ Ҳомидзода ва Афзалов, ки ҳамчунин ба ҷиноятҳои ришвагирию қаллобӣ айбдор дониста шуданд, ба муҳлати 6-солӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Наздикони судшудаҳо, ки бо сабаби пушти дарҳои баста сурат гирифтани ҷараёни мурофиаи судӣ дар берун мунтазири адвокатҳо менишастанд, ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳо (ишора ба судшудаҳо) ба ин андоза коре накардаанд, ки ба 15,13 ва 10 соли зиндон маҳкум шаванд ва аз рӯи ҳукми суд ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Фарҳод Холмуродов, бародари Фирӯз Холмуродзода ҳукми ба 15 сол маҳкум кардани бародарашро ноодилона арзёбӣ карда, бар он назар аст, ки аз нигоҳи ӯ ҳамчун ҳуқуқшинос бародараш бегуноҳ аст ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии суд шикоят мебаранд. Ба андешаи Фарҳод, бародараш Фирӯз қурбонии «интиқоми гуруҳӣ» шудааст.

Фарҳод: Бо бародарам хусумат доштанд
Фарҳод Холмуродов, бародари Фирӯз Холмуродзода дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки дар муддати боздошти бародараш шахсан натавонистааст бо ӯ вохӯрад, вале модараш ду маротиба бо Фирӯз мулоқот доштааст. Дар ҳар ду дидор Фирӯз модарашро бо қатъият бовар кунонидааст, ки бегуноҳ аст ва «инҳо ягон далел барои гунаҳкор карданаш надоранд. Ҳеҷ исботе надоранд».
Ба гуфтаи Холмуродов, «ин ҷо гап фақат дар сари пора меравад. Гӯё як нафар даъво карда бошад, ки ба Фирӯз ришва дода будааст. Он одам кист ва чаро пора дод, ягон ҷавоб нест. Ягон далел, ки касе дида бошад ё дар куҷое сабт шуда бошад, вуҷуд надорад. Вақте парвандаро махфӣ эълон карданд, фаҳмидам, ки ҳадаф дигар аст. Муҳри махфӣ гирифтани парванда фақат ба хотири берун набаромадани ҳақиқат буд. Агар далел медоштанд, ҳеҷ гоҳ мурофиаро махфӣ намекарданд, баръакс, нишон медоданд, ки бубинед, инҳо чӣ кор кардаанд. Агар мурофиа боз мешуд, журналистҳоро роҳ медоданд, он гоҳ бисёр саволҳо пайдо мешуд. Дур намеравем, ҳамин боздошти Улукаев, вазири молияи Русияро бубинед. Боздошт шуд, чизеро пинҳон накарданд. Ҳамаро ошкоро гуфтанд. Ҳатто ӯро дар зиндон нигоҳ намедоранд ва аз хонааш ба мурофиаҳо меравад, чӣ тавре қонун мегӯяд. Шояд аз мо бисёр чизҳоро пинҳон мекунанд. Аммо вақту соаташ мерасад, ки ҳама чиз ошкор мешавад. Ҳамин қадар медонам, ки ин кор аз тарафи як ниҳоди қудратӣ шудааст. Бародарам кадом наздикони онҳоро боздошт карда буд ва аз ҳамон вақт аз пасаш буданд. Дар чунин парвандаҳо ҳатман тарафи манфиатдор вуҷуд дорад. Чунин парвандаҳо худ ба худ пайдо намешаванд».
Дар идома Фарҳод Холмуродов ин боздоштро ба хусумат доштани яке аз кормандони Кумитаи амнияти миллӣ бо бародараш рабт дода, мегӯяд, ки «пулу тилло ва хонаву дар ҳама гапи дурӯғ буд. Ҳама медонист, ки ӯ қариб як сол пеш дар биноҳои пушти ҳайкали Синои пойтахт хона харида буд. Онро ҳам падару модарам кӯмак карданд. То хона гирифтанаш иҷора менишаст. Вақте ӯ иҷоранишин буд, баъзе коргарони баробари ӯ коттеҷ доштанд. Доим мегуфт, ки одам бояд имрӯзашро фикр накунад».

Наздикони Хайрзода: Ӯ қасди фирор надошт
Қаблан, рӯзи 27-уми июли соли равон Суди Олии Тоҷикистон муовини собиқи раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Давлатбек Хайрзода ва муовини раиси идораи гумруки Хуҷанд Фаридун Беназирзодаро, ки дар гузашта дар мақоми сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии зидди фасод фаъолият мекард, ба 10,5-солии зиндон маҳкум кард.
Давлатбек Хайрзода ва Фаридун Беназирзода бо моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешуданд, ки аз рӯи ин модда шахс барои гирифтани пора ба миқдори калон аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта айбдор дониста шуда, ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро пешбинӣ мекунад.
Давлатбек Хайрзода 3 моҳ қабл аз боздошташ, моҳи январи соли равон ба нафақа баромада буд ва мақомот гуфтанд, ӯро зимни фирор карданаш аз Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд дастгир кардаанд, вале наздикони ӯ ин гуфтаҳоро рад намуда, ба расонаҳо иброз доштанд, ки Хайрзода қасди фирор надошт ва танҳо мехост барои табобат ба Русия равад.

Назари мардум дигар шуд
Боздошти кормандони Агентии зидди коррупсия сарусадоҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум ба бор овард. Бархеҳо бар он назаранд, ки ин ниҳод ба хотири аз байн бурдани фасод дар ҷомеа таъсис ёфта буд, вале кормандонаш ба ҷои решакан намудани он худ ба ботлоқи фасод ғӯтта заданд. Ба андешаи эшон, вақти он расидааст, ки ин ниҳод аз байн бурда шавад, зеро дар мақомоти прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ низ чунин шуъбаҳое мавҷуд аст, ки барои назорат ва тафтиши амалҳои коррупсионӣ вазифадоранд. Бештар аз ин, ба андешаи мусоҳибон, вақтҳои охир ин ниҳоди зидди коррупсияи давлатӣ вазифаву уҳдадориҳои худро то ҷое дигар карда, ҳатто дар ошкор намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар ва пайдо кардани дуздони молу ашёи мардум мехоҳад саҳим бошад.
Соли гузашта худи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар мулоқот бо кормандони прокуратураву Агентии зидди фасод бо таассуф ба ин нукта сахт эрод гирифта, бо қатъият иброз доштанд, ки ин ниҳодро барои аз байн бурдани коррупсия таъсис дода буданд, вале бархе аз кормандони Агентии зидди коррупсия худ ба коррупсионер табдил ёфтаанд: «Ман худам ин ниҳодро таъсис додам ва лозим шавад, барҳам медиҳам!».
Ин эродгириҳои Президенти кишвар назари мардумро ба ояндаи неки дурахшони Тоҷикистон боз ҳам қавитару рӯшантар намуд.
Коршиносон вобаста ба таъйини ҷазо нисбати мансабдороне, ки даст ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта мезананд, изҳори норизоӣ мекунанд ва бар он назаранд, ки бояд қонунҳои кишвар нисбат ба ин масъала бознигарӣ шаванд.
Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик дар робита ба 11 соли зиндон ҳукм гирифтани рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ барои 400 сомонӣ изҳори нигаронӣ намуд, вале гуфт, дар урфият «сӯзандузд ҳам дузду шутурдузд ҳам дузд» мегӯянд. «Ҳамин тавр, барои атрофиён ва аслан барои хулосабарорӣ дигар фарқе надорад, ки кӣ чӣ тамаъ кардаву чӣ гирифта. Ҳам дар шариат ва ҳам аз нигоҳи қонунҳои як кишвари муосир дуздӣ, ришваситонӣ ва ҳаромхӯрӣ муҷозотро дар пай доранд. Дар мавриди ҳукмҳои сангини додгоҳӣ дар Тоҷикистон зиёд гуфтаанду хоҳанд гуфт ва албатта замони бознигарии бархе аз нукоти баҳсбарангези ин қавонин фаро расидааст»,- иброз дошт журналист.
Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис дод. Дар оғоз ин ниҳодро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати Агентӣ Рустами Эмомалӣ, писари калонии Президенти Тоҷикистон омад ва каме беш аз як сол онро роҳбарӣ намуд.
Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ ё «Транспаренси Интернешнл» Тоҷикистонро дар сатҳи ришвахорӣ дар мақоми 152-юм ва дар яке аз зинаҳои поёнӣ қарор додааст, ки ба гуфтаи масъулони ин созмон, далелҳо нишон медиҳанд, «ришвахорӣ васеъ паҳн шудааст ва дар тамоми сатҳҳои ҷомеа вуҷуд дорад».

Шамсулло ФОЗИЛОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here