Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон пеш аз ҳама барои мардуми кишварамон олитарин ифодаи амният — сулҳу ваҳдати миллиро ҳадя намуданд. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат, «ҳифзи амнияти давлату миллат масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз, амнияти миллӣ омили сарнавиштсоз ва таъмини бақои миллату давлат мебошад.

Ба таъкиди донишманди маъруфи тоҷик, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саймумин Ятимов, «аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оид ба ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат» зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад».

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати таъмини амнияти комил ва суботи сиёсӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, аҳли ҷомеа ва мақомоти дахдори таъминкунандаи сулҳу амниятро аз таҳдиду хатарҳои ба он алоқаманд огоҳ менамоянд ва онҳоро барои барҳам задани омилҳои хатарзо даъват мекунанд. Аз назари Пешвои миллат, «зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад».

Амнияти иттилоотӣ ҷузъи муҳими амнияти миллӣ буда, дар шароити кунунӣ таъмини он калиди муваффақияту пешравӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи иттилоот, аз ҷумла захираҳои давлатии иттилоотӣ таъсис ва мустаҳкам карда мешаванд. Қабули қарорҳо аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷӣ бояд ба иттилооти объективӣ ва огоҳона дар бораи тамоюлҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои дигар, хусусан давлатҳои ҳамҷавор асос ёбад. Маҳз ба ҳамин хотир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ рушд меёбад.

Кишварҳое, ки дар татбиқи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд.

Аз нигоҳи Пешвои миллат, истифодаи интернет бояд ба манфиати сулҳу суботи сайёра равона карда шавад: «Чунин мешуморем, ки идораи истифодаи Интернет дар сатҳи байналхалқӣ бояд дар асоси бисёрпаҳлуӣ, шаффофият ва демократӣ, бо иштироки мақомоти идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ сурат гирад. Дар фаъолияти воситаҳои иттилоотии омма пеш аз ҳама бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастовардҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ ба роҳ монда шавад. Ташаккул ва рушди сиёсати иттилоотӣ чун қисми таркибии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бояд ба амалигардонии талаботи Конститутсияи Тоҷикистон дар бобати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба таври муассир мусоидат намояд».

Вобаста ба ин Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбута қабул шудаанд, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба таъмини амнияти миллӣ ва иттилоотӣ равона гардида, сокинони сарбаланди Тоҷикистон вазифадоранд, баҳри пойдории амнияти миллию иттилоотӣ пайрави ростини Пешвои миллат бошанд.

 

Муродулло ПОЧОЗОДА,

муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Мирзоолим МИРЗОРАҲИМОВ,

сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий