.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 02 Январ 2019 - || ФАРАЖ

Имрӯз дар кишвар зиёда аз 15 номгӯи барномаҳои вобаста ба соҳаи тандурустӣ марвриди амал қарор доранд, ки аз он барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО ва БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 аз нав қабул ва то соли 2020 тамдид ва барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 ба анҷом расидаанд.

Дар заминаи барномаҳои зикршуда, ки бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ ҷиҳати татбиқи онҳо низ ба тасвиб расидаанд.

Барои посух пайдо намудан ба суолҳои “сарчашмаи маблағгузории ин барномаҳо аз куҷост?”, “оё ин барномаҳо мушаххас маблағгузорӣ мешаванд ва ё аз буҷети маҳаллӣ амалишавии онҳо сурат мегирад?” бо чанде аз табибон ҳамсуҳбат шудем.

Мутахасисон ва коршиносони соҳа мегӯянд, ки барномаҳо қабул шаванд ҳам, вале онҳо маблағ надоранд ва барномаҳои бемаблағ роҳи ҳалли мушкили соҳа нест. 

Таҳлилҳо муайян намуд, ки ҳини қабули ин барномаҳо, маблағгузории алоҳида на аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва на аз ҷониби ҳукумати вилояту шаҳру навоҳӣ дар татбиқи ин барномаҳо сарчашмаи махсуси маблағгузорӣ зикр нашудааст.

Тавре менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов мегӯяд, барои татбиқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ мушаххасан аз буҷети маҳаллӣ ҷудо намудани маблағ пешбинӣ нашудааст. Иҷроиши ин барномаҳо дар доираи ҳамон маблағҳое мебошад, ки аз буҷет барои соҳаи тандурустӣ маблағ гузаронида шудааст.

- Вале баъзе барномаҳои соҳаи тандурустӣ аз дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд. Барои мисол: барноми миллии имуннопрофилактика аз ҷониби ташкилоти ЮНИСЕФ, барномаи диабети қанд аз ҷониби раиси вилоят, Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҳисоби фармони №600 маблағгузорӣ мешавад. Аммо барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қариб ки маблағгузорӣ намешавад,- мегӯяд ҷаноби Ортиқов.

Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар қарорҳои марбутаи раиси вилоят ва раиси шаҳр низ, ки онҳо дар асоси Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия мешаванд, маблғгузории алоҳида пешбинӣ нашудааст.

Дар гуруҳбандии буҷети муассисаҳои тандурустии шаҳр барои солҳои 2016-2017 ва 9 моҳи соли 2018 ва маблағҳои аз ҳисоби қарори №600 ба даст омада низ барои татбиқи ин барномаҳо маблағ пешбинӣ нагардидааст.

 

Гуруҳбандии буҷети КАТС дар солҳои 2016-2017:

Гуруҳбандии истифодаи маблағҳое, ки тибқи Қарори №600-и Ҳукумати ҶТ дар суратҳисоби махсуси КАТС солҳои 2016-2017 ҷамъ шудаанд:

 Манбаъ: Раёсати молия

Байни ин барномаҳо қоидаҳои  гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 23.08.2016, таҳти №374 ба тасвиб расидааст, истисно аст.

Менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Панҷакент Абдусамеъ Ортиқов изҳор дошт, ки барои татбиқи он соли 2017 аз буҷети маҳаллии шаҳри Панҷакент 120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки то ҳол дар доираи он маблағ амал намуда истодаанд.

Вале дар ин ҳол муассисаҳои тиббӣ дар доираи маблағҳои барои соҳа ҷудошуда ҷиҳати иҷрои ин барномаҳо тадбир меҷӯянд.

Ҳарчанд дар буҷети соҳа барои татбиқи барномаҳои миллӣ мушаххас маблағ пешбинӣ нашудааст, вале маблағҳое, ки барои фаъолияти Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/БМНМ, Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ, Маркази мубориза бо бемориҳои сил, Маркази мубориза бо бемориҳои руҳӣ ва диспансери наркологӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ҷудо гардидаанд, дар маҷмуъ барои иҷрои ҳадафҳои барномаҳои миллии соҳавӣ масраф мешаванд, яъне бо забони дигар, бо азобе бори худро мекашанд. 

 

Маблағгузории буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаҳои тиббие, ки ба табобату пешгирии бемориҳои ҷудогона, тибқи барномаҳои миллӣ машғуланд:

  Манбаъ: Раёсати молия

Тавре аз ин нишондиҳандаҳо бармеояд, маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои зикршуда, ки фаъолияташон ба татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ нигаронида шудааст, сол то сол меафзояд, вале ин афзоиш ба андешаи коршиносон асосан барои пардохти маоши кормандон, ки бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат меафзояд, масраф мешавад.

Баробари ин, дар КАТС ва Беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаҳои минтақавӣ гуфта натавонистанд, ки барои татбиқи ин ё он барномаи миллӣ чӣ қадар маблағ масраф карда шудааст. Яъне маблағи муайян, ки нест, харҷи муайян ҳам надорад.

 

Хуршед ФОЗИЛОВ, 

Ҷӯраи МУЛЛО

Шумо дар Ҷомеъа

Дар шаҳри Маскави кишвари Русия арзиши патенти корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ  аз 1-уми январи соли 2019-ум 5 ҳазор рубл муқаррар гардид. Қаблан арзиши патент дар шаҳри  Маскав 4,5 ҳазор рублро ташкил медод.   

Парлумони шаҳри Маскав, дар охири моҳи ноябри соли 2018 дар ин бора ба қонун тағйиру иловаҳо ворид карда буд. 

Бино ба иттилои раиси комиссияи сиёсати иқтисодӣ ва молиявии парлумони шаҳри Маскав Людмила Гусева, ба шаҳри Маскав бояд он муҳоҷироне биёянд, ки  маълумоти олии касбӣ дошта бошанд.   

Қаблан ӯ таъкид карда буд, ки боло бурдани нархи патент, барои пур кардани буҷаи кишвар кумак мерасонад ва маблағҳои воридшуда ба ниёзмандиҳои иҷтимоӣ равона мегардад. 

Дар баробари тасмими шаҳри Маскав дар бораи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон, чунин тасмимро парлумони вилояти назди Маскав низ гирифт. Аз 1-уми январи соли 2019 дар ин минтақа нархи патент 450 рубл зиёд шуда ба 4 ҳазору 750 рубл расидааст.

Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, дар натиҷаи ҷорӣ намудани патент сатҳи содир намудани ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон дар пойтахти Русия коҳиш ёфтааст.

“Ҳоло беш аз 70 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ сабти иқомат мекунанд ва патент мегиранд. Онҳо дар бораи худ пурра маълумот мегузоранд, мо онҳоро мебинем ва медонем дар куҷо ҳастанд. Ин раванд  содир намудани ҷиноят дар соҳаи муҳоҷиратро коҳиш додааст”, - эълон карда буд Собянин.

Шумо дар Хабари-рӯз

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки дар инфиҷори як бино дар шаҳри Магнитокорски Русия то ҳол аз ҳалокати 11 нафар хабар дода мешавад. Чанд тани дигар зинда, вале дар ҳоли вазнин берун оварда шудаанд. Дар миёни зиндаҳо тифлаки 11-моҳа низ будааст. Бино ба хабарҳо зери ин вайрона як хонаводаи тоҷик аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ низ ҳастанд.

Аз  зери вайронаҳои як хонаи инфиҷорёфта аз таркиши газ дар шаҳри Магнитогорски Русия 11 ҷасад берун оварда шудааст. Теъдоди ҳалокшудагон номаълум аст. Мақомоти наҷот корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.

Ин хона шаби 31-уми декабр бар асари инфиҷори таҷҳизоти газӣ ба харобазор табдил шудааст. Бино ба гузоришҳои расмии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия то кунун чанд нафар зинда берун оварда шудаанд ва дар бемористон бистарианд. Яке аз онҳо тифли 11-моҳа будааст. Табибон ҳоли аксари бистаришудагон дар бемористонҳоро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Чуноне хабар дода будем, як хонаводаи тоҷик низ зери ин бинои валангор мондааст ва аз сарнавишти онҳо иттилое дар даст нест. Танҳо падари хонавода, ки 28 сол доштаву аз ӯ Шуҳрат ном бурда мешавад, зинда берун оварда шудааст. Гуфта мешавад, ки айни замон вазъи саломатии ӯ вахим аст. Ҳасари 24-солаи ӯ бо фарзандонаш Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Сайдмуҳсини 3-сола зери харобаҳои бино будаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Чоршанбе, 02 Январ 2019 10:06

Кӣ омӯзгори сол шуд?

Аз 27-ум то 29-уми декабри соли 2018 озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” баргузор гардид, ки дар он омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Шоева Дилбар ғолиб омад. Дар ин бора корманди Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Аҳмадшоҳи Масъуд хабар дод.

Дар озмун 5 нафар - Куканбекова Мунира, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар, омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоева Дилбар, омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Ҷонибек, омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок карда, аз рӯйи 7 шарт ҳунару маҳорати худро санҷиданд.

Маросими ҷамъбастии озмун бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ, намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм Р.Содиқзода, аъзои кумитаи тадорукот, ҳакамон, рӯзноманигорон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун сурат гирифт.

Тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамон омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Шоева Дилбар ғолиби озмун дониста шуда, “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018” эълон гардид. Ғолиби озмун бо мукофоти рамзӣ, мукофоти пулӣ бо маблағи 4000 сомонӣ ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид.

Инчунин, тамоми иштирокчиёни озмун бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва туҳфаҳои рамзию молии таъсиснамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.