.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон омад, истиқбол гирифт.

Сарони ду давлат дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҳам мулоқот карданд.

Баъди мулоқот президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дари боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро дар шаҳри Душанбе боз карданд. Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Дар давоии ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ва вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.

Сипас, роҳбарони ду кишвар дар ҳамин шаҳр дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан карданд. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки 16,4 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дошта, дар токзори он асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ ҳамзамон дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёнидани ғалладонагиҳо низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Панҷшанбе, 27 Сентябр 2018 15:06

Нигаронии СММ аз афзоиши ДИИШ

Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид, ки бар зидди терроризм мубориза мебарад, мегӯяд, гурӯҳи ДИИШ, ки хавфаш дар Афғонистон фаъолтар шудааст, хатараш дар Осиёи Марказӣ зиёдтар мешавад. 

Дар гузориши ҳафтуми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди  хатари ДИИШ ба амният ва суботи ҷаҳон, ки чанде пеш нашр шуд, омадааст, ки “бо вуҷуди муқобилаи нерӯҳои афғон, эътилофи байналмилалӣ ва Толибон бо гурӯҳи ДИИШ, ин созмон ба талошҳояш барои густариши ҳузур дар Афғонистон идома дод. Айни замон нерӯҳои асосии ин гуруҳ дар вилояти шарқии Кунар ва Нангарҳор ҷойгир шудаанд ва дар вилояти Ҷузҷону дигар вилоятҳои шимолии кишвар ҳузур доранд”.

Барои Тоҷикистон, ки зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандонаш дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат мекунанд, ин хатар то кадом андоза ҷиддӣ буда метавонад? Ин дар ҳолест, ки чанде қабл ҳамла ба сайёҳони хориҷиро дар Тоҷикистон гурӯҳи тундрави ДИИШ ба ӯҳда гирифта буд.  

Коршиносони хатари ин гурӯҳ ба Осиёи Марказиро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳолат метавонад, ки вазъи субот дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро низ зери суол қарор диҳад.     

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, айни замон дар Афғонистон 10 ҳазор нафар ҷангиёни ДИИШ қарор доранд, ки ин боиси нигаронӣ аст ва онҳо метавонанд вазъи суботро дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ноором гардонанд. Ӯ мегӯяд, ки “дар Афғонистон беш аз 22 ҳаракатҳои зидди ҳам амал мекунанд, ки фаъолияти аксарияти онҳо дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва онҳо барои ситонидани қасос барои ин амали роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд вазъро дар якҷоягӣ бо ДИИШ ноором гардонанд”. 

Дар ҳамин ҳол мақомоти тоҷик аз ҷомеаи байналмилалӣ хостори маҳви гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон шудааст. Ин амал бесабаб нест, чун Тоҷикистонкишварест, ки дар он шурӯъ аз солҳои 2012-2013 инҷониб гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун афзоиш ёфтааства яқин аст.

Ба ақидаи коршиноси масоили динӣ, Саидаҳмад Қаландаров шавқи ДИИШ ба Осиёи Марказӣ ва махсусан ба Тоҷикистон нав набуда, ин гурӯҳ аз аввали шакл гирифтан ва ба низом даровардани сафи ҷонибдоронаш дар Шарқи наздик аз усулҳо хосаи таблиғ истифода мебарад. 

Тибқи гуфтаи муаллифони гузориши СММ хатари дигаре, ки гурӯҳи тундрави ДИИШ барои кишварҳои минтақа эҷод мекунад, ин аст, ки ҷангҷӯён Афғонистонро ба ҳайси майдони тарҳрезии ҳамлаҳо истифода баранд. Коршиноси тоҷик, Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд, дар шимол гирд омадани қувваҳои ДИИШ махсусан барои Тоҷикистон таҳдиди ҷиддиро пеш меорад, чун Тоҷикистон дар хатти аввали марз бо Афғонистон ҷой дорад. Ӯ мегӯяд, ки “воқеан як таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Марказӣ, хусусан барои Тоҷикистон ҷо дорад. Чаро махсусан Тоҷикистон? Зеро мо дар хатти аввали марз бо Афғонистон қарор дорем. Аз ин сабаб, эҳтимолияти тавсеаҳо ва фитнаҳо барангехтан дар марз, ки ба воситаи гумоштаҳову зархаридҳо дар қаламрави ҳама ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аз эҳтимол берун нест”. 

Саъдӣ Ворисов, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, нигарониҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа аз тарафи гурӯҳҳои пархошгаре чун ДИИШ ҷой доранд. Вале ба ақидаи ӯ, ДИИШ барои пайдо кардани мавқеъ дар Афғонистон бештар аз пропаганда истифода бурадаст. “Ӯ мегӯяд, ки “ин маънои онро дорад, ки ДИИШ тамоми дастовардҳояшро ба ҳамин восита ба даст овардааст. Яъне, ин гурӯҳи террористӣ натавонистааст, ки минтақаҳои барои ду ҷониб заруриро зери тасарруф дарорад”.  

Вале суоли матраҳ ин аст, ки дар Тоҷикистон хатари гурӯҳи “Толибон” зиёд аст ё аз ДИИШ?        

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНАСМИТ мегӯяд, дар вақти ҳукумронии “Толибон” ба сарҳади Тоҷикистон ҳуҷумҳо сурат нагирифта буданд ва бештари ҳодисаҳое, ки дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон рух медиҳад, ба қочоқи маводи мухаддир марбут аст. Ба гуфтаи ӯ, қочоқи маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории ҳам “Толибон” ва ҳам ДИИШ ба шумор меравад, метавонад ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон мушкилии зиёд эҷод кунад. 

Коршиноси дигари тоҷик, Саидаҳмад Қаландаров мегӯяд, бартарияти “Толибон” аз ДИИШ дар ин аст, ки онҳо дар сари мизи музокира менишинанд, вале ДИИШ чунин корро боре ҳам анҷом надодааст. Ба ақидаи ӯ хавфи ДИИШ аз “Толибон” дида бештар аст. Ба назари ӯ “”аслан Толибон” чанд гурӯҳанд. Аммо аз замони ба майдони фитнаву исён ва ошӯб ворид шудани ДИИШ ҳеҷ надидем, ки дар сари мизи музокира нишаста бошанд. Бинобар ин, хавфи ДИИШ аз онҳо бештар аст”. 

Бояд гуфт, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ солҳост, ки баҳри мубориза бо терроризм дар минқа талош мекунанд, вале ин падида то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Чанде қабл вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро барои мубориза бо терроризм ва ифротгароии динӣ тақвият диҳанд.

Вазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон рӯзи 21-уми июли соли равон дар Қирғизистон мулоқот карданд. Тарафҳо зикр карданд, ки ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ афзоиш дода шавад.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷа беш аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гурӯҳҳои гуногуни ифротиву террористӣ, ба мисли ДИИШ пайвастаанд. Аз ин миқдор 70 нафарашон ба кишвар баргаштаанд.

 

Фарзонаи Умаралӣ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Шумо дар Сиёсат

Startup Weekend ин ҳаракати ҷаҳонии соҳибкорони фаъол ва шавқманд буда, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои дунё баргузор мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ муҳайё сохтани як майдони баҳс ва омӯзиши таҷриба буда, дар он ҷавонони ҳушманд дар бахшу соҳоти мухталиф тарҳҳои вижа, барномаҳои “старт-ап”-и худро муаррифӣ карда, аз соҳибкорони ҳирфаӣ кӯмакӣ техникӣ ва ё ғайритехникӣ мегиранд, баъдан бар пояи ин кӯмакҳо идеяву тарҳояшонро ба маҳсулоти ҳаётӣ ва воқеъӣ табдил медиҳанд.  

Ширкати Tcell тибқи анъана шарик (ҳамкор)-и Startup Weekend буда, шароити заруриро барои  иштирокчиён ва баррасии лоиҳаҳо фароҳам меорад. «Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоӣ ва ба унвони яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), ҳамеша аз чунини иқдомҳои навҷӯёна, хосатан дар қисмат  IT –стартап  дастгирӣ мекард ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.   Зеро чунин оғозкориҳо мушкилоти иҷтимоиро бартараф карда, зиндагии одамонро беҳтару хубтар менамоянд. Ҳамчунин, барои мо дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани одамоне, ки барои беҳбудии муҳити иқтисодии Тоҷикистон  тавассути роҳандозии фанноварии ҷадид кӯшиш менамоянд, аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018, ки чанде қабл дар Душанбе баргузор шуд, махсус ба масоили марбути соҳибкории бонувон иртибот дошт: дар шароити феълӣ ин мавзӯъ афзалияти бештареро ба худ касб мекунад, зеро дар ин авохир духтарони зиёде мавқеъи фаъоли ҳаётиро интихоб менамоянд. Омор низ бозгӯкунандаи ин аст: барои ширкат дар Weekend беш аз 100 дархост аз ҷониби бонувон пешниҳод гардида буд. Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ 70 нафар аз ҷумлаи онҳо, ки синну соли мухталиф дошта аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ (Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон) буданд, ширкат карданд.

Бонувон ба старт-ап барнома ва ғояҳои зиёди шавқовари иноватсиониро оварданд, ки татбиқи онҳо дар иқтисоду истеҳсолот боиси муҳайё гардидани даҳҳо ҷои кор барои духтарону занон хоҳад шуд. Гуфтанист, аксари ин идея (барнома ва старт-ап)-ҳои пешниҳодшуда дар бахши технологияи иттилоотӣ (ИТ) буданд.

Тӯли се рӯз иштирокдорони Weekend ба баҳсу баррасии идеяҳо ва такмили стартапҳо машғул гардида, аз соҳибкорони муваффақу таҷрибадори кишвар дарси вижа гирифтанд. Зимни ҳамоиш соҳибкорони навроҳ ҳамандешони худро пайдо ва бо онҳо идеяаашонро такмил карданд, дар интиҳо беҳтаринҳои барнома аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дар ин стартап-барнома ашхоси муваффақ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ- Шералӣ Ҷӯрабоев, Заррина Бобоева, Мунира Исамова, Парвина Исҳоқӣ, Фирӯза Мирзоева, Лайло Тағоева ва Езил Агаоғлу барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ баргузор карданд.

Startup Weekend Women Tajikistan 2018 аллакай 5-умин чорабинӣ дар ин сатҳ аст, ки барои бори севвум аз тарафи Асотсатияи иноватсионӣ ва соҳибкории технологӣ (АИСТ) ва бо ҳамшарикии ширкати Tcell, Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон (AmCham), СҒД «Илмхона», САҲА, Mercy Corps ва дастгирии ширкатҳои ҷаҳонии Google for Entrepreneurs-у TechStars ва Eventbrite доир гардид.

Шумо дар Хабари-рӯз

Фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон Обид Шакурзода имрӯз тариқи саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нома навишта, аз мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои хомӯш кардани барқи хонааш шикоят кард.

Ба навиштаи ӯ кормандони барқи ин ноҳия новабаста аз қарздор набудани ӯву боз чанд ҳамсояи дигараш барқи хонаҳоро хомӯш кардаанд. Мутолиаи номаи зер, ки ба унвони Рустами Эмомалӣ равон шудааст, ба хонанда қазияро рӯшан мекунад:

«Ба раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ

аз сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

гузаргоҳи дуюми кӯчаи Неъмат Қарабоев, 13,

ҳуҷраи 43, Обиди Шакурзода

Ҷаноби раиси шаҳр!

Ҳудудан як моҳ пеш, намояндагон аз ҳукумати иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷраҳои моро тақ-тақ заданд, ки барои пул омадаем; мехоҳем бинои истиқоматии шумоёнро рангу бор диҳем ва бинобар таҳлилу бароварди мо, ҳар ҳуҷрае мебояд ба миқдори 530 сомонӣ ба мо бидиҳад. Ман дар суҳбат ба онҳо гуфтам, ки ин ҷамъу тарҳи шумоён аз рӯйи адлу инсоф нест, зеро талабе, ки мекунед, дар қиёс ба маоши муқаррар таносуб надорад. Масалан ман 1700 сомонӣ маош дорам, ва бо ин ҳол ҳамсарам хонашин аст, духтарам табиб, ним баст дар бемористон машғул буда андар моҳ ҳаштод сомонӣ маош мегирад, ва писарам ба таври шартномавӣ донишҷӯ шудааст, ки акнун бояд 4500 сомонӣ ҳаққи шартномаи ӯро пардохт кунам. Гуфтамшон, ки ин ибтикори шумоёнро дар зебогардонии пойтахт шоиста аст ва метавонам 10 дарсади маошамро бароятон диҳам, тавони аз ин беш пулдоданро надорам. Аммо ин гурӯҳ (се чор нафар) аз ҳукумати ноҳия танҳо як гап мегуфтанд: бояд 530 сомониро диҳӣ; онҳо пешниҳоди маро қабул накарданд. Ва бегоҳи дигар боз омада дарамро заданд, ки бояд пул диҳӣ. Сипас ба маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт тамоси телфунӣ гирифтам ва арзи ҳол кардам. Аз маркази матбуоти шаҳрдорӣ фармуданд, ки чунин қароре ки шаҳрвандон барои рангубори беруни бинои истиқоматӣ ҳатман бояд пул пардозанд аз суи шаҳрдории пойтахт гирифта нашудааст ва низ ҳамчунин дастуре барои мақомоти навоҳии пойтахт мабнӣ бар пул ҷамъкардану тармим кардани шаҳрвандон барои беруни бино дода нашудааст. Намояндаи маркази матбуот афзуд, ки ихтиёр доред пул диҳед ва мувофиқи тавон, масалан имкон дошта бошед 5 ҳазор сомонӣ бидиҳед, надошта бошед панҷ сомонӣ бидеҳед ва ё аслан надиҳед. Бегоҳ, ки гурӯҳи пулчини ҳукумати ноҳия боз дарамро заданд, такроран гуфтамшон ки ҳозирам даҳ дарсади маошамро баротон диҳам (170 сомонӣ), аммо қудрати бештарро надорам, ки мавзуъро баротон шарҳ дода будам ва қазияи суҳбат бо намояндаи шаҳрдории пойтахтро ҳам барояшон ёдоварӣ кардам. Аммо қабул накарданду рафтанд.

Инак, пас аз гузашти ду-се ҳафта, дишаб ногоҳ барқи хонаам хомӯш шуд. Берун омадам ва дар даромадгоҳи бино ду нафар аз кормандони умури барқи ноҳияро дидам (аз пӯшокҳои танаашон ва мошини тамғадорашон шинохтам), онҳо гуфтанд, ки барқи хонаатро мо хомӯш кардем. Гуфтамшон, ки бародарон, ман аз барқ қарздор нестам ва мураттабу муназзам ҳазинаи барқро пардохт кардаам. Аммо ин ду корманд гуфтанд, ки гап бар сари ҳазинаи барқ нест, моро ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки маҳз барқи шуморо қатъ кунем. Инак то ин вақти шом мо ҳудудан барқи 35-40 ҳуҷраро қатъ кардем. Гуфтамшон, ки агар ҳукумати ноҳия дастур диҳад, ки хонаи моро оташ занед, оё ин амрро ҳам ба ҷо меоред? Ин устоҳои барқ бо фурӯтанӣ ҷавоб доданд, ки мо маошхӯр ҳастем, ҳич гоҳ хонаи касеро оташ намезанем, аммо агар ин дастурро ба ҷо наорем (яъне қатъкардани барқи хонаҳои мардум), аз кор ронда ва саргардону бемаош хоҳем монд.

Пас, чанд ҳамсояи бебарқи дигарро ҳам вохӯрдам ва қазия равшан шуд: ҳукумати ноҳия ба таври худ маро бо ҳамсару фарзандҳоям ҷазо дода, аз истифодаи барқ маҳрум кардааст ва бо ин кор нишон медиҳад, ки мо чунин қудратро ҳам дорем! Зимнан, ҳафтаи гузашта, дар маъракаи дӯсте дар маҳалли Зарафшони пойтахт будам. Он ҷо ҳам беруни биноҳоро рангубор мекарданд ва пурсидам аз сокинони он ки чанд пул медиҳед барои ин кор. Гуфтанд, ки ҳукумати ноҳия худ ин амалро иҷро кардааст, аз мо чизе дархост накарда. Акнун равшан мешавад, ки дар маъмурияти ҳокимони ноҳия шаҳри Душанбе фазои ба истилоҳ, як бому ду ҳаво ба миён омадааст, ки ин вари бом гармову он вари бом сармо. Бо қатъи барқи хонаҳои мо маъмурони ҳукумати ноҳия сӯи мардум ангушти таҳдид баланд кардаанд, ки дирӯз барқатро қатъ кардаем, ҳоло интизор бош, фардо аз об маҳрум мемонӣ ва пасфардо, боз намедонам аз чӣ чиз маҳрум карданиянд.

Бо арзи ин матлаб, аз Шумо – Рустами Эмомалӣ, раиси муҳтарами шаҳр, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин қазия равшанӣ андозед. Яъне, оё воқиан банда маҷбурам, ки ҳамчун як нафар маошхӯри оилаву сарпарасти чаҳор нафари хонаводаи хеш, ба маъмурони ҳукумати ноҳия беш аз сивусе дарсади маоши худ (530 сомонӣ) бидиҳам? дар ҳоле, ки он гуна арз кардам, худ мушкилоте пеши рӯ дорам?! Ва оё ҳукумати ноҳия, ки маъмуру масъули ободии маҳал ва таъмингари рифоҳу осоиши мардумон аст, ин ҳаққу ҳуқуқро дорад, ки дар сурати пули дархостии онҳоро надодан, барқи хонаи моро қатъ кунад? Магар ин дар меъёри Қонунҳои таъинкардаи давлати мост?

Бо камоли эҳтиром Обиди Шакурзода.

27. 9. 2018.»

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Шӯро

    Ҳафтаи сипаригашта ду ниҳод - Вазорати фарҳанг ва Кумитаи забон…
  • «Шамол»-и Худо

    Инак, моҳи аввали фасли дай фаро расид. Инак, мавсими «рустшавак»…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.