.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Чоршанбе, 19 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мувофиқи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бо мақсади пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, риояи қоидаҳои ҳаракати  роҳ аз сӯи ронандагону пиёдагардон ва таҳияву ба танзим овардани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии воситаҳои нақлиёт амалиёт ҷараён дорад.

Танҳо дар  даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр 424 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудаанд. Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар  бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт  боздошт гардидаанд.

Дар даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуда, нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардидааст ва онҳо дар ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ба шаш нафар ронанда иҷозатномаи махсус, ки маблағи он 15 ҳазор сомониро ташкил дод, дода шудааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Баъд аз сафар ба Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, ки аз кори мақомоти ин вилоят эрод гирифта шуд, президенти Тоҷикистон бо фармони худ расиони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз вазифа озод кард ва ба ҷойи онҳо нафарони дигарро таъйин намуд.

Дар фармони 18-уми сентябр ба имзо расида, омадааст, ки Маҳтобшозода Арамбегим Бозор аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуда, Шамиров Кишвар Ғуломрасулович раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шавад.

Дар идома, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор гардида, ҷойи ӯро дар ин вазифа Додихудоев Фарух Муборакшоевич гирифтааст.

Ҳамчунин, Султонноёбов Юсуф Юсуфович аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуда, Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович раиси ин ноҳия таъйин гардидааст.

Дар акс Маҳтобшозода Арамбегим Бозор

 

Шумо дар Хабари-рӯз

Рӯзи 18-уми сентябри соли равон дар толори “Ҳафт авранг”-и сафорати Афғонистон дар Душанбе бахшида ба ёдбуди ду абармарди ин кишвар - Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ, ки саҳми онҳо дар сулҳи тоҷикон низ намоён аст, “Ҳафтаи шаҳид” баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад шумораи зиёди донишмандон, фарҳангиён, дипломатҳо ва рӯзноманигорон ширкат доштанд. Ҳамзамон, намояндагон аз Тоҷикистону Афғонистон, ки бевосита бо шахсияти ин ду нафар шиносоӣ доштанд, суханону ёддоштҳои худро баён намуда, руҳи ин ду шахси арзандаи афғонро шод намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур ҳама аз қаҳрамониву ҷонфидоиҳои ин ду абармард суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ дар сафорати Афғонистон, дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи шаҳид» таҷлил мегардад.

Аҳмадшоҳи Масъуд, 9-уми сентябри соли 2001 ҳангоми як ҳамлаи интиҳорӣ аз ҷониби ду зархариди араб вобаста ба шабакаи «Ал-қоида», дар минтақаи Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор ба шаҳодат расид.

Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шурои Олии Сулҳи Афғонистон ва собиқ президенти ин кишвар низ бар асари як инфиҷор 20-уми сентябри соли 2011 дар Кобул кушта шуд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Ба далели нарасидани муассисаҳои томактабӣ аз ҷамъи умумии кӯдакони вилояти Хатлон ҳамагӣ 2,8 дарсадашон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд.

Корманди Сарраёсати омори вилояти Хатлон Аминзода Салоҳиддин мегӯяд, дар вилояти Хатлон 514 ҳазору 515 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора ҳамагӣ 14 ҳазору 601 нафар ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Боқӣ 97 дарсад  аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд.

“Ввилояти Хатлон 1 ҳазору 570 деҳа ва 133 ҷамоат дорад, ки дар бештари онҳо муассисаи томактабӣ мавҷуд нест”, – изҳор дошт Аминзода.

Ба гуфти сармутахассиси муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Хосият Миралиева яке аз сабабҳои фарогирии ками кӯдакони хатлонӣ ба муассисаҳои томактабӣ дар фурӯхта шудан, ё бо дигар мақсад истифода шудани муассисаҳои томактабӣ мебошад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.