.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Тухтаев, ки ҳамзамон муваққатан вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро бар дӯш гирифтааст, футболбозони кишвари моро ба Банғола мебарад.

Имрӯз, 26 сентябр, таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, ба мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

Барои тайёрӣба мусобиқаи мазкур Алишер Тухтаев 24 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда даъват кардааст.

Дастаи мунтахаби миллии кишвар 29 сентябр ба Дакка сафар мекунад. Дар мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби Непал (2 октябр) ва Фаластин (4 октябр) бозӣмекунад. Дар сурати баромадан ба нимфинал шогирдони Алишер Тухтаев бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” Филиппин, Банғола ё Лаос вомехӯрад.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев;

Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (КМВА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

И.в. сармураббӣ – Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар Дакка

Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Филиппин, Банғола, Лаос.

Шумо дар Хабари рӯз

Тоҷикистон боз бо ду кишвар - Сенегал, Сан-Томе ва Принсипӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо ҳамтоҳояш аз ин ду давлат 24 сентябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ баёнияи муштарак қабул кардааст.

Зимни имзои баёния вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ ва сенегалиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Сенегал Сидики Каба ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Сенегалро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Баёнияи муштаракро дар хусуси барқаро карданимуносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Сан-Томе ва Принсипӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Урбино Хосе Ботелҳо ба имзо расониданд.

Шумо дар Хабари рӯз

Шикастани шишаи мошинҳо ва дуздии ашёҳо аксари сокинони мошиндорро дар шаҳри Душанбе нигарон кардааст.

Сокинони кӯчаи Федина дар маҳаллаи «Автовокзал» дар суҳбат бо «Фараж» аз он изҳори озурдагӣ карданд, ки бори чандум аст, шахсони номаълум шабона шишаҳои мошинҳояшонро шикаста, ашёҳоро медузданд, вале мутаассифона, мақомот дар ошкору ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони содиркунандаи чунин ҷиноятҳо саҳлангорӣ мекунанд.

Онҳо мегӯянд, шаби гузашта низ шахсони номаълум шишаҳои чанд мошинро, ки шабона дар назди бинои истиқоматӣ гузошта шуда буданд, шикаста, пулу ашё ва ҳатто ҳуҷҷати хизматиеро низ бо худ бурдаанд.

Умед, сокини ин маҳалла, ки яке аз ҷабрдидаҳост, мегӯяд, шишаи қафои мошинашро шикаста, онро кофтаанд, вале хушбахтона, ягон чизро надуздидаанд, вале аз дохили мошини ҳамсояааш, пул ва ҳуҷҷати хизматияшро дуздидаанд.  Бино ба гуфти Умед, чунин ҳодиса бо мошини ӯ 7 моҳ пеш рух дода буд. Он замон низ шахсони номаълум шишаи мошинашро шикаста буданд, вале ҳайратовараш он аст, ки боз ҳам чизеро надуздида буданд.

Яке аз ҷабрдидаҳо, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, соати 6-и субҳ аз ҳодиса огоҳ шуда, ба мақомот хабар додааст. «Баъдан кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, баёноти ҷабрдидаҳоро гирифтанд». Ин дар ҳолест, ки аз қисми навбатдории ШВКД-2-и ноҳияи Сино ба занги телефонии «Фараж» гуфтанд, ки аз рух додани чунин ҳодиса хабар надоранд.

Шумо дар Хабари рӯз
Сешанбе, 25 Сентябр 2018 15:56

Tcell ва “Ҷоизаи мусиқии Боб”

«Ҷоизаи мусиқии Боб» озмуни миллии оҳангу сурудҳои асил аст, ки ду сол боз дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Иҷозаи ширкат дар онро ҷавононе ба даст меоранд, ки тарона ва мусиқиро худашон эҷод карда бошанд. Tcell дар ин давра ба шарики собити озмун табдил ёфта, барои дарёфти истеъдодҳо ва рушду такомули санъат мусоидат мекунад. 

Аз 1 май то 15 августи соли 2018 қабули дархостҳо барои ширкат дар озмун идома дошт. Ҷавонони аз 16 то 28-сола имкони супоридани дархостро тавассути сомонаи www.bobsmusicaward.tj ва пур кардани пурсишнома, инчунин ирсоли матну навори оҳанг (суруд) дар иҷрои муаллифро доштанд. Тайи ин муддат 45 дархост аз мусиқачиёни ҷавони Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ ворид гардид. Ба даври ниҳоӣ 11 нафар, ки аз ҷониби ҳакамон баргузида шуданд, роҳхат гирифтанд.

Ин 11 нафар дар наздиктарин фурсат, аниқтараш 29-сентябри соли равон, соати 17:00 дар “Гала-консерт”-и ниҳоии “Ҷоизаи мусиқии Боб”, ки қарор аст дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шавад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Даромадан (воридшавӣ) барои мухлисон ройгон аст, билетҳоро бепул аз ғурфаҳои филармония дастрас карда метавонед.

Ҳамаи финолистҳо суруди мусиқии муаллифиашонро, ки дар равияҳои мухталифи мусиқӣ ва бо забонҳои гуногун эҷод кардаанд, иҷро менамоянд. Қабл аз “Гала- консерт” барои онҳо дарси вижа (мастер-класс)-ҳо дар мавриди овозхонӣ ва ҳунарнамоӣ аз ҷониби ҳунармандони ҳирфаии санъати Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба ҳайати ҳакамони озмун - Ҷасур Халилов, Иқбол Завқибеков, Кирилл Кузмин, Ширинмоҳ Ниҳолова, M.One – Мастер Исмаил, Беҳруз Зеваров ва Баха 84 шомиланд.

Пас аз ҷамъбасти ҳунарнамоӣ 3 нафар ғолиби озмун муайян гардида, барои рушди ояндаи эҷодиёташон соҳиби мукофоти пулӣ мешаванд. Барандаи мақоми аввал бошад, ҳуқуқ пайдо мекунад, ки маҳсули эҷодашро дар эфири радиои “Ватан” ройгон пахш намояд, инчунин барои ӯ хидмати студияи сабти садо (оҳанг) ва дастгирии мутахассис-продюсер пешниҳод мешавад

Барои Tcell дастгирии  «Ҷоизаи мусиқии Боб» - ҳамчун лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ ҷиҳати бунёд ва эъмори майдон ба ҷавонони боистеъдод, рушди санъату мусиқӣ, дастгирии имкониятҳои онҳо аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст. Ҳадафи озмун– дастгирии мусиқачиёни ҷавон аз ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон, ки дар равияҳои мухталиф суруду оҳанг меофаранд, мебошад. 

Тайи ин ҳама муддат, ки ирсоли дархостҳо идома дошт, Tcell тавассути рақами кӯтоҳи 1414 дастгирии техникиро ба роҳ монда, ба муддаиён тартиб, шарту шароит ва қоидаҳои иштирокро дар озмун мефаҳмонд. Ба ғайр аз ин, воридшавӣ ба сомонаи расмии ҷоиза барои муштариёни  Tcell ройгон сурат мегирифт. Дар чаҳорчӯби дастгирии иттилоотӣ, ширкати Tcell ба аҳолӣ маълумоти заруриро тариқи шабакаҳои гуногун дар бораи ин чорабинӣ пешниҳод сохт. Дар ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ ва эксклюзивӣ низ кормандони ширкат шахсони тавваҷҷуҳдоштаро бо қоидаву шартҳои озмун ошно мекарданд, барои пур кардани суолнома (анкета) кӯмак расониданд.

“Маркази фарҳангии Бохтар” бори дуввум аст, ки озмуни миллии сурудҳои асили “Ҷоизаи мусиқии Боб”-ро бо дастгирии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар ҶТ, Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сафорати Фаронса дар ҶТ, ширкати Tcell ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор менамояд.

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 41

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.